Феврал 17, 2018 11:29 Asia/Dushanbe

Қисмати 798 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 10-12

10

 

وَسَوَاءٌ عَلَیْهِمْ أَأَنذَرْتَهُمْ أَمْ لَمْ تُنذِرْهُمْ لَا یُؤْمِنُونَ

 

Ва барои онон яксон аст, ки ҳушдорашон диҳи ё ҳушдорашон надиҳи, онон имон намеоваранд.

 

 

11

 

إِنَّمَا تُنذِرُ مَنِ اتَّبَعَ الذِّکْرَ وَخَشِیَ الرَّحْمَـنَ  بِالْغَیْبِ  فَبَشِّرْهُ بِمَغْفِرَةٍ وَأَجْرٍ کَرِیمٍ

 

Фақат касеро ҳушдор медиҳи, ки аз зикри "Қуръон" пайравӣ кунад ва дар ниҳон аз "Худои" Раҳмон битарсад, пас ӯро ба омурзиш ва подоши неку башорат деҳ.

 

Дар оятҳои қабл, оятҳо аз кайфари сахти кофирон ва мушрикон дар қиёмат хабар дод, ин оятҳо мефармояд, ки маншаи ин кайфар, иннод ва лаҷоҷате аст, ки онҳо бо ҳақ доштанд, ба гунае, ки ё ҳозир ба шунидани суханони Паёмбар (с) ва мантиқи гуёи ӯ набуданд, ё агар мешуниданд, тавҷеҳ намекарданд, гуё суханони он ҳазратро нашунидаанд, лизо тафовуте намекунад, ки Паёмбар (с) онҳоро инзор кунад, ё инзор накунад, зеро онҳо биноро бар ин гузоштаанд, ки имон наёваранд, дили онҳо ҳамчун замини сахте аст, ки оби борон дар он фурӯ намеравад ва табиатан дар чунин замине ҳеч гиёҳе намеруяд ва рушд намекунад.

Идомаи оятҳо мефармояд: ҳушдор дар касе таъсир мекунад ва барои ӯ судманд аст, ки ҳозир ба пазириши тазаккур ва ёдоварӣ ва пайравӣ аз он бошад. Оятҳои Қуръон, ҳама мояи тазаккур аст ва Паёмбар (с) низ дар оятҳои мутаадад, "Музаккир"  ба маънои тазаккурдиҳанда ва ёдоварикунанда номида шудааст.

Усулан бисёре аз маориф ва ҳақоиқи диннӣ, дар фитрати илоҳии инсон ниҳода шуда, вале омиле муҷиб мешавад, ки инсон аз онҳо ғафлат кунад. Худованд  барои ғафлатзидои аз инсон ва ёдоварии он шинохтҳои фикрӣ, паёмбарон ва китобҳои осмониро фиристод то ҳар кас, ки ба дунболи ҳақиқат аст, ҳидоят шавад ва аз гумроҳи наҷот ёбад, табии аст касе, ки дар паёмҳои паёмбарони илоҳӣ таамул кунад ва дар онҳо бияндешад, дар ҳама ҳол, ҳам дар ошкор ва ҳам дар ниҳон, Худоро дар назар мегирад ва камтар гирифтори хато ва хилоф мешавад.

Рафтори Худованд бо чунтн инсоне низ барасоси мағфират ва каромат аст, хатоҳояшро мепушонад ва некиҳояшро подоши неку медиҳад.

 

 

Аз иноятҳо меомӯзем, ки:

 

Итмоми ҳуҷат бар ҳамаи мардум аст, аммо эҳтимол таъсир фақат дар касоне аст, ки ҳозир ба пазириши панд ва андарз ва ба дунболи ёфтани ҳақиқат ҳастанд.

 

2 – Қуръон, китоби тазаккур ва ёдоварӣ аст то фақат хуфтаи инсон бидор шавад ва аз авомили ғафлатзо наҷот ёбад.

 

3 – Нишонаи имони воқеи ба Худованд. Парво доштан аз Ӯ, дар дарун ва ниҳон аст, на фақат дар зоҳир ва дар ҳузури мардум.

 

4 – Касоне, ки ба ҳушдорҳои паёмбарон таваҷҷуҳ кунанд, машмули раҳмати илоҳӣ шуда ва ба онҳо биҳишт башорат дода мешавад.

 

12

 

إِنَّا نَحْنُ نُحْیِی الْمَوْتَى وَنَکْتُبُ مَا قَدَّمُوا وَآثَارَهُمْ  وَکُلَّ شَیْءٍ أَحْصَیْنَاهُ فِی إِمَامٍ مُّبِینٍ

 

Ҳамоно мо мурдагонро зинда мекунем ва ончиро аз пеш фиристоданд ва тамоми осорашонро менависем ва ҳамаи чизро дар китоби равшан баршумурдаем.

 

Яке аз муҳимтарин ҳушдорҳои паёмбарон ва китобҳои осмонӣ,дар бораи қиёмат ва ҳисобрасии аъмол аст, бадин маъно, ки инсон пас аз марг, дар олами дигар зинда мешавад ва дар бораи ончӣ, ки анҷом додааст, мавриди бозхост ва савол қарор мегирад, табии аст лозимаи ҳузур дар додгоҳи қиёмат, сабти ҳамаи аъмоли инсон дар дунёст то ҳисобраси онҳо сурат гирад.

Усулан дар низомҳои додрасӣ ва қазоии дунё, фақат корҳои муҷримона кайфар дода мешавад, он ҳам дар ҳадди худ ҷурм ва осори ошкори он, дар ҳоле, ки додгоҳи қиёмат, ҳам корҳои неки инсонро месанҷад ва подош медиҳад, ҳам корҳои зишти ӯро бозхост мекунад ва кайфар медиҳад, ҳам осори зоҳирии аъмоли инсонро мебинад, ҳам осоре, ки мумкин аст даҳҳо ва садҳо сол пас аз марги ӯ аз корҳои вай ба ҷо монда бошад.

Фарз кунед фарде муртакиби қатл шавад, додгоҳ фақат кайфари қатлро содир мекунад, дар ҳоле, ки ҳамсар ва фарзанди мақтул гирифтори мушкилоти адидати "Шумурдашуда, бисёр" иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мешаванд, ки то даҳҳо сол пас аз кушта шудани ӯ гиребонгири онҳост. Дар низоми қазоии имрӯзи дунё, ин мушкилот дар кайфари хост дида намешавад ва барои мушкилоти баъдии хонаводаи мақтул, муҷозоте барои қотил дар назар гирифта намешавад, дар ҳоле, ки дар додгоҳи адли Худованд, паёмадҳо ва осори баъди амали инсон дар дарозмудат низ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.

Идомаи оят барои таъкид бар сабти аъмоли инсонҳо, мефармояд: ҳамаи чиз дар лавҳи маҳфуз эҳсоъ мешавад ва чизе аз қалам намеафтад, аз онҷо, ки ин лавҳи маҳфуз, дар қиёмат пешвои ҳамаи фариштагони илоҳӣ дар кайфар ва подоши инсонҳо, ва меъёре барои санҷиши аъмоли нек ва бади афрод аст, дар ин оят аз он ба "Имом" таъбир шудааст.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Парвандаи аъмоли инсон, пас аз марги ӯ то замони барпои қиёмат боз аст, осори корҳои ӯ пас аз маргаш низ идома дорад ва дар парвандаи аъмоли ӯ дарҷ мешавад.

 

2 – Дар фарҳангӣ Исломӣ, инсон фақат масули корҳое нест, ки анҷом медиҳад, балки ӯ дар баробари осор ва табаоти корҳояш дар хонавода ва иҷтимои низ посухгӯ  аст

3 – Додгоҳи илоҳӣ дар қиёмат, барасоси ҳадс ва зан ва гумон нест, балки барасоси мустанадоти дақиқ аст, ки мактубшуда ва ҳеч кам ва костае дар он роҳ надорад.