Март 07, 2018 09:32 Asia/Dushanbe

Қисмати 799 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 13-19

13

 

وَاضْرِبْ لَهُم مَّثَلًا أَصْحَابَ الْقَرْیَةِ إِذْ جَاءَهَا الْمُرْسَلُونَ

 

Ва барои онҳо, аҳли он шаҳрро мисол бизан, ҳангоме, ки паёмбарон бар онҷо омаданд.

 

 

14

 

إِذْ أَرْسَلْنَا إِلَیْهِمُ اثْنَیْنِ فَکَذَّبُوهُمَا فَعَزَّزْنَا بِثَالِثٍ فَقَالُوا إِنَّا إِلَیْکُم مُّرْسَلُونَ

 

Онгоҳ, ки ду нафар "Аз паёмбарони худ"- ро бар сӯйи онон фиристодем ва ҳар дуро такзиб карданд, сипас бо сеюмин "Паёмбар, он дуро" тақвият кардем, онон гуфтанд: мо "Аз тарафи Худо" ба сӯйи шумо "Ба рисолат" фиристода шудаем.

Оятҳои гузашта ба муқоисаи рафтори муъминон ва кофирон дар бароибари таълимҳои паёмбарони илоҳӣ пардохт, ин оятҳо дар идома мефармояд: эй паёмбар! Барои ибрат гирифтани мушрикони Макка, намунае аз уммтҳои пешинро баён кун, ки чандин паёмбар маъмури ҳидояти онҳо шуданд, аммо он мардум аз рӯйи иннод ва лаҷоҷат, даъвати онҳоро напазируфтанд ва бо ҳамагӣ ба мухолифат бархостанд, гӯйё ҳозир набуданд бипазиранд, ки Худованд касеро ба унвони паёмбари ба сӯйи мардум фиристодааст, онҳо гумон мекарданд Худованд онҳоро ба ҳоли худ вогузор карда ва муҷозанд ҳар чиро мехоҳанд ва мефаҳманд, анҷом диҳанд.

Лизо паёмбарони илоҳӣ, ҳамвора бар ин нукта таъкид доштанд, ки мо аз сари худ иқдом накардаем балки аз ҷониби Худо маъмурят ёфтаем, ки шуморо ба сӯйи Ӯ даъват кунем, мо расул ва паёмоваре беш нестем ва чизе барои худ намехоҳем.

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Мутолиаи саргузашти қавмҳои гузашта ва сарнавишти онҳо, чароғи роҳи ояндагон аст.

 

2 – Паёмбарон барои анҷоми рисолати худ, ба суроғи мардум мерафтанд ва мунтазир набуданд, ки мардум ба суроғи онҳо биёянд.

 

3 – Бархе вақтҳо, чанд паёмбар ҳамзамон ба сӯйи як қавм фиристода мешуданд ва ба ҳидояти мардуми он мепардохтанд.

 

 

15

 

قَالُوا مَا أَنتُمْ إِلَّا بَشَرٌ مِّثْلُنَا وَمَا أَنزَلَ الرَّحْمَـنُ مِن شَیْءٍ إِنْ أَنتُمْ إِلَّا تَکْذِبُونَ

Мушрикон гуфтанд: шумо ҷуз башаре монанди мо нестед ва Худои раҳмон чизе "Барои шумо" нозил накардааст, шумо ҷуз дуруғ намегуед.

 

 

16

 

قَالُوا رَبُّنَا یَعْلَمُ إِنَّا إِلَیْکُمْ لَمُرْسَلُونَ

 

"Паёмбарон" гуфтанд: Парвардигори мо медонад, ки мо ба сӯйи шумо "Ба рисолат" фиристода шудаем.

 

 

17

 

وَمَا عَلَیْنَا إِلَّا الْبَلَاغُ الْمُبِینُ

Ва бар мо ҷуз иблоғи ошкор, вазифаи дигаре нест.

Дар баробари даъвати паёмбарон, мункирон ва кофирон мантиқе надоранд ҷуз он, ки бигуянд: шумо бо мо чӣ тафовуте мекунед? Шумо низ инсоне ҳамонанди мо ҳастед ва агар Худо мехост касеро барои ҳидояти мо бифиристад, бояд фариштае муқарраб бошад на инсоне монанди худамон, ба таъбири дигар, кофирон мехостанд бигуянд: мо зери бори касе, ки мисли худамон аст намеравем ва бояд фиристодаи Худо аз бартар ва мутафовит бошад.

Дар ҳоле, ки агар фариштае маъмури ҳидояти башар мешуд, ҳамин афрод мегуфтанд: дастуротеро, ки  дар бораи хурданиҳо ва пушиданиҳо ва равобити миёни зан ва мард ва ғайра медиҳанд, худаш амал намекунад ва фақат ба мо дастур медиҳад.

Аммао Худованд инсоне монанди дигар инсонҳоро, ки аз ҷиҳоти модӣ ва ниёзҳои башарӣ ҳамонанди онҳост, маъмури ҳидояти мардум кардааст. Ба илова, Худованд, худи паёмбарро муваззаф карда, ки аввалин амалкунанда ба дастуроташ бошад, то мардум тасввур накунанд ончӣ ӯ дастур медиҳад қобили амал ва иҷро нест, агар мушрикон вуҷуди Худоро мепазиранд, иқтизои ҳикмат ва раҳмати Ӯ ин аст, ки фарде аз ҷинси худи башарро маъмури ҳидояти онҳо кунад ва онҳоро ба ҳоли худ раҳо нанамояд, дар ҳоле, ки мушрикон, Худоро раҳмон муаррифӣ мекарданд то бигуянд Худои меҳрубон бар мо сахт намегирад ва таклифе бар мо муқарар намекунад, балки моро ба ҳоли худ вомегузор карда то ҳар чӣ бихоҳем анҷом диҳем!

Посухи паёмбарон ба мухолифон ин буд, ки ҳамон Худое, ки шуморо офарида ва шумо ба Ӯ эътиқод доред, моро фиристода ва мо ҷуз иблоғи дастуроти Ӯ ба шумо вазифаи дигаре надорем, агар мо дуруғгӯ будем, бояд Худованд моро расво мекард ва иҷоза намедод касе ба дуруғ худро паёмбари Ӯ бихонад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Бархе инсонҳо, гумон мекунанд маънои раҳмати илоҳӣ, бе қайд ва шарт ва раҳо будани инсон аст. Дар ҳоле, ки дар низоми хонавода низ падар ва модар, ки мазҳари раҳмат нисбат ба фарзанд ҳастанд, ӯро ба ҳоли худ раҳо намекунанд, балки ӯро барои тарбият ба мадраса мефиристанд ва ба таври мураттаб аз ӯ мехоҳанд, ки таклифҳои дарсии худро анҷом диҳад.

 

2 – Паёмбарон ба дунболи анҷоми вазифаи равшангарӣ ва таблиғи огаҳибахш ҳастанд ва худро зомини натиҷа намедонанд, гарчӣ бисёре аз мардум имон наёварда ва намеоваранд, аммо паёмбарон дар анҷоми вазифаи худ кутоҳӣ намекунанд ва то пойи ҷон меистанд.

 

 

18

 

قَالُوا إِنَّا تَطَیَّرْنَا بِکُمْ  لَئِن لَّمْ تَنتَهُوا لَنَرْجُمَنَّکُمْ وَلَیَمَسَّنَّکُم مِّنَّا عَذَابٌ أَلِیمٌ 

 

Онҳо "Ба паёмбарон" гуфтанд: мо "Ҳузури" шуморо ба фоли бад гирифтем, агар "Аз ҳарфатон" даст барнадоред, қатъан шуморо сангсор хоҳем кард ва шиканчаи дардноке аз мо ба шумо хоҳад расид.

 

 

19

 

قَالُوا طَائِرُکُم مَّعَکُمْ أَئِن ذُکِّرْتُم  بَلْ أَنتُمْ قَوْمٌ مُّسْرِفُونَ

Онҳо  гуфтанд: шумии шумо аз худи шумост, оё  агар панд дода шудед "Ба фоли бад мегиред?" балки шумо мардуми "Мутаҷовиз ва" исрофкоред.

 

Дар идомаи оятҳои қабл, ин оят ба мантиқи мухолифон ишора карда ва мефармояд: онҳо ба ҷойи шунидани сухани паёмбар ва таваҷҷуҳ ба таолими инсонӣ ва ахлоқии онҳо, бо забони таҳқир ва таҳдид бархурд мекунанд ва мегуянд: вуҷуди шумо дар ҷомеа, мояи шумӣ ва бадбахтии мост, ё аз суханатон даст бардоред, ё аз шаҳр берун равед, ё шуморо ба бадтарин ваҷҳ озор медиҳем ва мекушем!

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Такзиб, таҳқир ва таҳдид, мантиқи мухолифон дар баробари даъвати паёмбарон ба сӯйи ҳақ аст.

 

2 – Бовар ба хурофот назири фолгирӣ ва ғайра, аз расмҳои ҷоҳилӣ аст, касе, ки мантиқ надорад, ба хурофот мутавасил мешавад.

 

3 – Куфр ва гуноҳ, мояи бадбахтии инсон мешавад, гарчӣ ба зоҳир дар рифоҳ ва осоиш бошад.

 

4 – Исроф, танҳо дар масраф нест, балки ҳаргуна саркашӣ ва туғён дар баробари ҳақ, таҷовуз аз ҳадди инсоният аст.