Қисмати 800 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 20-27
Қисмати 800 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 20-27
20
وَجَاءَ مِنْ أَقْصَى الْمَدِینَةِ رَجُلٌ یَسْعَى قَالَ یَا قَوْمِ اتَّبِعُوا الْمُرْسَلِینَ
Ва аз дуртарин нуқтаи шаҳр, марде шитобон омад "Ва" гуфт: эй қавми ман! Аз фиристодагони "Илоҳӣ" пайрави кунед.
21
اتَّبِعُوا مَن لَّا یَسْأَلُکُمْ أَجْرًا وَهُم مُّهْتَدُونَ
Аз касоне пайрави кунед, ки подоше аз шумо намехоҳанд ва худ ҳидоят ёфтаанд.
Дар оятҳои қабл ба талоши расулони илоҳӣ барои ҳидояти мардум ишора шуд, ин оятҳо дар идома мефармояд: бархе аз муъминон ҳозиранд дар дифоъ аз паёмбарони илоҳӣ дар баробари ҳокимони ситамгар то пойи ҷон биистанд ва аз онҳо ҳимоят кунанд.
Фарде ба номи Ҳабиб наҷҷор дар гушае аз шаҳр шунид, ки мардум қасди озор ва азият ва куштани паёмбарони илоҳиро доранд, лизо бо шитоб худро ба маркази шаҳр расонид ва аз дигарон кӯмак хост, ӯ ба унвони як муъмини воқеӣ медонист, ки ҳам бояд худаш аҳлли имон бошад ва ҳам дигаронро ба имон даъват кунад то душманон натавонанд расулони илоҳиро аз байн бибаранд, расулоне, ки қасдашон ҳидояти мардум аст ва ҳеч интизори молӣ ё модӣ аз онҳо надоранд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Дифо аз дин ва раҳбарони ҳақ аз вазифаҳои аҳлли имон аст .
2 – дар дифоъ аз дин, танҳо ва бе ёвар будан, монеи анҷоми вазифа нест, гоҳе бояд як тана ҳаракат кард, дар роҳи дифоъ аз ҳақ, аз камии теъдоди ёрон набояд ҳаросид.
3 – Аз касоне, пайрави кунем, ки ҳидоят ёфта ба ҳақ ҳастанд ва ба дурустии роҳи онҳо итминон дорем.
22
وَمَا لِیَ لَا أَعْبُدُ الَّذِی فَطَرَنِی وَإِلَیْهِ تُرْجَعُونَ
Чаро напарастам касеро, ки маро офаридааст ва ҳамагӣ ба сӯйи Ӯ боз гардонда мешавед.
23
أَأَتَّخِذُ مِن دُونِهِ آلِهَةً إِن یُرِدْنِ الرَّحْمَـنُ بِضُرٍّ لَّا تُغْنِ عَنِّی شَفَاعَتُهُمْ شَیْئًا وَلَا یُنقِذُونِ
Оё ба ҷойи Ӯ маъбудонеро баргузинем, ки агар "Худованди" Раҳмон бихоҳад зиёне ба ман бирасонад, шафоати онҳо камтарин суде барои ман надорад ва маро наҷот нахоҳанд дод?
24
إِنِّی إِذًا لَّفِی ضَلَالٍ مُّبِینٍ
Дар ин сурат ман дар гумроҳии ошкоре хоҳам буд.
Марде, ки дар ҳимоят аз паёмбарони илоҳӣ ба миёни шаҳр омад ва аз мардум кӯмак мехост, дар дифоъ аз ақоиди тавҳидии худ гуфт: ҳеч далиле намебинам, ки бутҳо ва маъбудони хаёлии шуморо бипарастам, дар ҳоле, ки медонам Худои меҳрубон маро офарида ва агар бихоҳам касеро парастиш кунам, бояд ӯро бипарастам, парастиши холиқ , ҳам барасоси ҳукми ақл аст ва ҳам мувофиқ бо нидои фитрати дарун, дар ҳоле, ки парастиши маъбудҳои шумо, ҳечгуна мабное надорад, зеро агар касе бихоҳад зиёне ба ман бирасонад, онҳо наметавонанд хатарро аз ман дафъ кунанд ва агар касе бихоҳад суде ба ман бирасонад, онҳо наметавонанд монеъ шаванд, табии аст канор гузоштани ҳукми ақл ва фитрат, муҷиби гумроҳӣ аст ва ҳеч таваҷҷуҳе барои ин кор вуҷуд надорад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Парастиши Холиқ амре қобили пазириш аст, аммо парастиши маъбудҳои дигар, ҳеч тавҷиҳи ақлонӣ надорад.
2 – На фақат оғози офариниш, балки поёни умри инсон низ ба дасти Худост, пас сазовор аст Ӯро бипарастем ва ин парастиш, мувофиқ бо ақли инсон ва нидои фитрати дарунии ӯст.
25
إِنِّی آمَنتُ بِرَبِّکُمْ فَاسْمَعُونِ
"Эй мардум" ман ба Парварвардигоратон имон овардам, пас ба суханони ман гуш фаро диҳед.
26
قِیلَ ادْخُلِ الْجَنَّةَ قَالَ یَا لَیْتَ قَوْمِی یَعْلَمُونَ
"Саранчом уро шаҳид карданд ва" ба ӯ гуфта шуд: ба биҳишт ворид шав, гуфт: эй кош қавми ман медонистанд.
27
بِمَا غَفَرَ لِی رَبِّی وَجَعَلَنِی مِنَ الْمُکْرَمِینَ
Ки Парвардигорам маро омурзид ва маро аз гиромидоштагон қарор дод.
Марди муборизе, ки ба ҳимоят аз паёмбарони илоҳӣ бархоста буд, пас аз баёни далоили худ, эълом кард, ки ман ба ин паёмбарон имон овардаам ва шуморо ба ҳимоят аз онҳо даъват мекунам, пас хуб ба суханонам таваҷҷуҳ кунед ва дар онҳо бияндешед.
Аммо кофрони лаҷуҷ, ки ҳозир ба шунидани сухани ҳақ набуданд, ӯро ба шаҳодат расонданд ва ба хаёли худ аз пандҳо ва андарзҳои ӯ осуда шуданд, аммо Худованд фармон дод, ки ӯро ба биҳишт ворид кунанд, биҳишти барзахе, ки то рӯзи қиёмат идома дорад, бандагони солиҳи Худованд, ки шаҳид шудаанд то он рӯз дар ин биҳишт сокин мешаванд.
Дар робита бо зинда будани шаҳидон, Худованд дар ояти 169 сураи Оли Умрон мефармояд: ҳаргиз гумон накунед касоне, ки дар роҳи Худо кушта шуданд, мурдагонанд, балки онҳо зиндаанд ва дар назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд.
Он марди бо имон чунон хайрхоҳи қавмаш буд, ки ҳатто барои онҳое, ки қотили ӯ буданд, дилсӯзӣ мекард ва орзӯ дошт, ки онҳо ҳидоят шаванд ва роҳи саодатро биёбанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Дар дифоъ аз дин ва раҳбарони диннӣ, истодагӣ то пойи ҷон ва шаҳодат дар роҳи Худо лозим аст.
2 – Мардони Худо хайрхоҳи мардум ҳастанд, онҳо бо ҳамаи сахтиҳо ва озорҳое, ки аз мардум мебинанд, барои онҳо саодатро орзӯ мекунанд, на азобро.
3 – Шаҳидони роҳи Худованд, аз ҳаёти вижае "Дар олами барзах" то қиёмат бархурдоранд, онҳо аз мавоҳиб ва рӯзиҳои Худо дар биҳишти барзах мутанаим ҳастанд.