Қисмати 801 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 28-35
Қисмати 801 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 28-35
28
وَمَا أَنزَلْنَا عَلَى قَوْمِهِ مِن بَعْدِهِ مِن جُندٍ مِّنَ السَّمَاءِ وَمَا کُنَّا مُنزِلِینَ
Ва мо баъд аз ӯ бар қавмаш ҳеч лашкаре аз осмон нафиристодем ва Пеш аз ин ҳамфуру фиристанда набудем Суннати мо пеш аз ин ҳам чунин набуд.
29
إِن کَانَتْ إِلَّا صَیْحَةً وَاحِدَةً فَإِذَا هُمْ خَامِدُونَ
Танҳо як сайиҳаи осмонӣ буд, ногаҳон ҳамагӣ хомуш шуданд.
30
یَا حَسْرَةً عَلَى الْعِبَادِ مَا یَأْتِیهِم مِّن رَّسُولٍ إِلَّا کَانُوا بِهِ یَسْتَهْزِئُونَ
Афсус бар ин бандагон! Ки ҳеч паёмбаре барои "Ҳидояти" онон наёмад, магар он, ки ӯро истиҳзоъ карданд.
Дар оятҳои қабл гуфтем, ки мардуми шаҳри Антокия дар минтақаи Шом, паёмбаронеро, ки барои ҳидояти онон омада буданд, мавриди озор қарор дода ва рисолати онҳоро такзиб карданд, онҳо марде ба номи Ҳабибро, ки ба дифоъ аз паёмбарони илоҳӣ бархоста буд, ба шаҳодат расонданд.
Худованд дар ин оятҳо мефармояд: мардуме, ки паёмбаронро такзиб карданд ва он марди Худоро куштанд, истиҳқоқи азоб доштанд, он ҳам азоби дунявӣ, лизо ба фармони илоҳӣ сайиҳаи осмонӣ нозил шуд ва ононро ба ҳалокат расонд.
Усулан ҳалок кардани ақвоми мунҳариф ва хатокор барои Худованд кори саҳл ва осон аст ва ниёз ба идда ва иддат ва лашкари осмонӣ надорад, лозим нест Худованд лашкаре аз фариштагон бифиристад то онҳоро ба ҳалокат бирасонад, балки бо иродаи Ӯ чунон садои муҳибе аз замин ва осмон бармехезад, ки ҳамаро хомуш месозад то дигар на ҳаракате аз касе сарзанад ва на сухане аз даҳоне барояд, идомаи оятҳо мефармояд: ҳасрат ва надомат бар бандагони Худоаст, ки ба ҷойи пазириши ҳидояти илоҳӣ, бо рафтори худ, асбоби ҳалокати хешро фароҳам меоваранд, рафторе, ки бо тамасхур ва истиҳзоъ оғоз мешавад ва ба озор ва азият ва куштани авлиёи Худо меанҷомад.
Аз иноятҳо меомӯзем:
1 - Агар ҷомиае авлиёи Худоро мавриди таҳқир ва тамасхур ва озор қарор диҳад, мунтазири нузули қаҳри илоҳӣ бошад, ки мумкин аст ногаҳонӣ бошад.
2 – Аз таҳдиди зургуйён ва мустакбирон натарсем ва даст аз ҳақ барнадорем, агар Худо бихоҳад онҳо дар замони кӯтоҳое нобуд мешаванд.
3 – Ба хотири тамасхури дигарон, имони мо мутазалзил нашавад ва дар анҷоми вазифаҳои диннӣ кӯтоҳи накунем, тамоми паёмбарон мавриди тамасхур қарор гирифтанд, аммо ҳечгоҳ аз ҳақ даст барнадоштанд.
31
أَلَمْ یَرَوْا کَمْ أَهْلَکْنَا قَبْلَهُم مِّنَ الْقُرُونِ أَنَّهُمْ إِلَیْهِمْ لَا یَرْجِعُونَ
Оё надиданд чӣ бисёр наслҳоеро пеш аз онон ҳалок кардем, ки онҳо ба сӯйи инон "Куффор" барнамегарданд?
32
وَإِن کُلٌّ لَّمَّا جَمِیعٌ لَّدَیْنَا مُحْضَرُونَ
Ва ҳамаи онон "Дар қиёмат" назди мо эҳзор мешаванд.
Дар идомаи оятҳои қабл, ин оят ҳамаи инсонҳоро хитоб қарор дода ва мефармояд: чаро таърихи ақвоми гузашта ва сарнавишти онҳоро мутолиа намекунед? Магар намебинед, ки ақвоми бисёре пеш аз шумо омада ва ҳамагӣ аз байн рафтаанд, чӣ басо бархе аз онҳо соҳиби қудрат ва сарват ва тамадун будаанд, аммо имрӯз ҳеч асаре аз онҳо боқӣ намондааст ва роҳе барои бозгашт ба дунё ва ҳамроҳе бо инсонҳои имрӯзро надоранд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Аз тавсияҳои Қуръон, мутолиаи таърихи ақвом ва миллали гузаштааст, албатта мутолиае, ки мояи панд ва ибрат бошад, на тафриҳ ва саргармӣ!
2 – Сунатҳои илоҳӣ дар таърих собит ва муаян аст ва сарнавиштҳо ба якдигар шабоҳат дорад, лизо дидани як саҳна, метавонад улгуи саҳнаҳои дигар бошад.
3 – Пас аз марг, ҳеч роҳе барои бозгашт ба дунё вуҷуд надорад лизо ақида ба таносух, ки барасоси он, пайравони ойини ҳинду муътақиданд инсонҳо пас аз марг дар қолаби колбади дигар ба дунё меоянд, аз назари Қуръон қобили қабул нест.
33
وَآیَةٌ لَّهُمُ الْأَرْضُ الْمَیْتَةُ أَحْیَیْنَاهَا وَأَخْرَجْنَا مِنْهَا حَبًّا فَمِنْهُ یَأْکُلُونَ
Ва замини мурда барои онҳо нишонае аст, мо онро зинда кардем ва донае аз он хориҷ сохтем, ки мехуранд.
34
وَجَعَلْنَا فِیهَا جَنَّاتٍ مِّن نَّخِیلٍ وَأَعْنَابٍ وَفَجَّرْنَا فِیهَا مِنَ الْعُیُونِ
Ва дар он боғҳое аз дарахтони хурмо ва ангур қарор додем ва дар он чашмаҳо равон сохтем.
35
لِیَأْکُلُوا مِن ثَمَرِهِ وَمَا عَمِلَتْهُ أَیْدِیهِمْ أَفَلَا یَشْکُرُونَ
То аз меваи он ва ончӣ дастонашон ба амал овардааст бихуранд, пас оё сипос намегузоранд?
Оятҳои пешин ба мавзӯи миод ва ҳузури бандагон дар пешгоҳи Худованд ишора карда, ин оятҳо мефармояд: яке аз беҳтарин нишонаҳои миод дар дунё, зинда шудани замини мурда пас аз марг аст, замин дар замистон мемирад ва ҳеч маҳсуле намедиҳад, аммо баҳор, замини зинда ва бо тароват мешавад ва анвоъ ва ақсоми гиёҳон ва дарахтон аз он меруяд ва ҳар сол ин ҷараён такрор мешавад, дар зимистон ҳеч нашу ва намое, ки нишон диҳандаи ҳаёти гиёҳон аст, аз онҳо дида намешавад, аммо бо тулуи офтоби баҳорӣ, гулҳо мешукуфанд ва дарахтон сарсабз мешаванд.
Ҷолиб аст, ки башар рӯйи ин кураи хокӣ низ, вобаста ба ҳаёти гиёҳон аст, агар рӯзе гиёҳон аз байн бираванд ва ҳайвонот бимиранд, инсон, ки умдаи ғазои худро аз гиёҳон ва ҳайвонот таъмин мекунад, тавони мондан ва бақо нахоҳад дошт
Дар миёни хурданиҳо низ Қуръон ба хурмо ва ангур таваҷҷуҳи вижае дорад ва аз онҳо ба унвони неъматҳои вижаи илоҳӣ ба башар ном мебарад, шояд аз он ҷиҳат аст, ки ин ду мева, ғазои комил маҳсуб мешаванд ва дорои анвои витаминҳои мавриди ниёзи бадан ҳастанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Табиат, китоби офариниши Худованд аст, ки мутолиаи амиқи ҳар барги ин китоб, инсонро ба шинохти офаридгори ҷаҳон роҳнамои мекунад.
2 – Миоди инсонҳо дар дунё қобили таҷриба нест, аммо миоди гиёҳон ва дарахтон қобили руият ва таҷриба аст.
3 – Инсон бо баҳрабардори аз анвои меваҳо ва хурокиҳо, бояд сипосгузори Худованд бошад, аммо мутаасифона бисёре аз мардум носипоси мекунанд.