Қисмати 802 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 36-44
Қисмати 802 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 36-44
36
سُبْحَانَ الَّذِی خَلَقَ الْأَزْوَاجَ کُلَّهَا مِمَّا تُنبِتُ الْأَرْضُ وَمِنْ أَنفُسِهِمْ وَمِمَّا لَا یَعْلَمُونَ
Муназаҳ аст Худое, ки тамоми завҷҳоро офарид, аз ончӣ замин меруёнад ва аз худашон "Аз нафсҳои башар" ва аз ончӣ намедонанд.
Дар оятҳои қабл, Қуръони Карим, ба бархе нишонаҳои тавҳид дар табиат ишора кард, ин оят дар идома ба яке аз аслҳои муҳими ҳоким бар низоми офариниш яъне қонуни завҷият ишора карда ва мефармояд: завҷият дар гиёҳон ва ҳайвонот ва инсонҳоро Худованд қарор додааст ва шумо онро медонед, аммо дар чизҳои дигаре низ қонуни завҷият ҳоким аст, вале шумо намедонед. Худованде, ки чунин қудрате дар офариниш дорад ва таксир ва таволиди мавҷудотро аз тариқи завҷият таъмин кардааст, аз ҳаргуна айб ва нуқс пок ва мубарро аст ва ниёз ба шарик ва ҳамкори дар офариниш надорад.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Худованде, ки холиқи завҷият аст, худ аз ҳаргуна завҷ ва шарике дар олам ба дур аст, Ӯ якто ва бе назир аст.
2 – Инсон дар умури ҷисмӣ ва ғаризӣ, дар радифи дигар мавҷудот аст ва аз ин ҷиҳат, бар онҳо бартарӣ надорад.
3 – Илми инсон маҳдуд аст ва ҳануз бисёре аз ҳақоиқи ҳастӣ бар ӯ макшуф нашудааст.
37
وَآیَةٌ لَّهُمُ اللَّیْلُ نَسْلَخُ مِنْهُ النَّهَارَ فَإِذَا هُم مُّظْلِمُونَ
Ва нишонаи "Дигар" барои онон шаб аст, ки рӯзро "Монанди пуст" аз он бармекунем, пас "Ба ногоҳ" онон дар торикӣ фурӯ мераванд.
38
وَالشَّمْسُ تَجْرِی لِمُسْتَقَرٍّ لَّهَا ذَلِکَ تَقْدِیرُ الْعَزِیزِ الْعَلِیمِ
Ва Хуршед ба сӯйи қароргоҳи худ дар ҳаракат аст, ин барасоси тақдир "Ва андозагирии" Худои Азизи Доност.
39
وَالْقَمَرَ قَدَّرْنَاهُ مَنَازِلَ حَتَّى عَادَ کَالْعُرْجُونِ الْقَدِیمِ
Ва барои Моҳ низ манзилгоҳҳое муқаррар кардаем, то ҳамчун шохаи кӯҳнаи хурмо, ҳилоли шакл ва зардранг баргардад. "Ва ба тадриҷ бадри комил шавад".
40
لَا الشَّمْسُ یَنبَغِی لَهَا أَن تُدْرِکَ الْقَمَرَ وَلَا اللَّیْلُ سَابِقُ النَّهَارِ وَکُلٌّ فِی فَلَکٍ یَسْبَحُونَ
На Хуршедро сазост, ки ба Моҳ расад ва на шаб бар рӯз пеши мегирад ва ҳар кадом дар мадори муаяне шиноваранд.
Ин оятҳо, ба ҳаракати муназами ин ду кураи осмонӣ яъне Хуршед ва Моҳ ишора карда, ки Худованд онҳоро дар мадори муаяне қарор дода ва ҳаҷм ва суръати онҳоро ба андозаи муаяне муқаррар кардааст, башар дар шаб ва рӯз, бо чашмони худ, Моҳ ва Хуршедро дар осмон мушоҳида мекунад, ҷолиб он, ки ҳаракати Хуршед ва Моҳ ва Замин дар мадорҳои муаян ва ҳисобшуда, ба гунае танзим шудааст, ки ҳаргиз бо якдигар бархурд ва тасодуф намекунанд ва халале дар низоми табиат ба вуҷуд намеояд.
Табиат кураи хокии мо, торикӣ ва зулмат аст, зеро аз худ нуре надорад, он қисмат аз замин, ки дар муқобили Хуршед қарор мегирад, ба воситаи партавҳои Хуршедӣ равшан мешавад. Дар воқеъ бо тулуи офтоб, бахше аз замин равшан шуда ва дар онҷо рӯз оғоз мешавад, аммо бо гардиши Замин ба даври худ, кам – кам офтоб ғуруб мекунад ва Замин дубора дар торикӣ фуру меравад, гуё партави Хуршед, либоси сафеде аст, ки ҳар рӯз ба тани Замин мекунанд ва ба ҳангоми ғуруб, онро аз тани Замин бармекананд.
Албатта дар шаб ҳам, Худованд торикии мутлақро барои аҳлли замин нахостааст, лизо бо қарор додани ойинаи бузург чун Моҳ дар баробари Хуршед, бахше аз партави онро аз тариқи Моҳ ба Замин мунъакис мекунад. Моҳ чун чароғи ғоб, бо нури андаки худ, ба сокинони бахше аз замин, ки дар шаб фуру рафтааст, осоиш ва оромиш мебахшад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Низоми ҳоким ба табиат, ҳаракати Моҳ ва Хуршед ва Замин ва пайдоиши шаб ва рӯз ва сойири падидаҳои табиӣ, аз наишонаҳои Худованди Доно ва Тавоно аст.
2 – Мадорики ҳаракат ва суръат гардиши Хуршед ва Моҳ ва Замин, бар минои андозагирӣ ва муҳосибаи дақиқ аст, қатъан амре тасодуфӣ ва бедуни барнома нест.
3 – Ҳолатҳои моҳ аз ҳилол то бадри комил, ба тадбири Худованди Ҳаким аст, бар асоси оятҳои дигари Қуръон, ҳолатҳои мухталифи моҳ, тақвими табии барои муҳосибаи аём ва моҳ ва сол аст.
41
وَآیَةٌ لَّهُمْ أَنَّا حَمَلْنَا ذُرِّیَّتَهُمْ فِی الْفُلْکِ الْمَشْحُونِ
Нишонаи "Дигар" барои онон, ин аст, ки мо фарзандонашонро дар киштиҳои пур аз бор савор кардем.
42
وَخَلَقْنَا لَهُم مِّن مِّثْلِهِ مَا یَرْکَبُونَ
Барои онон чизҳои дигаре ҳамонанди кишти офаридем, ки бар он савор мешаванд.
43
وَإِن نَّشَأْ نُغْرِقْهُمْ فَلَا صَرِیخَ لَهُمْ وَلَا هُمْ یُنقَذُونَ
Ва агар бихоҳем ононро ғарқ мекунем ба гунае, ки на фарёдрасе бар эшон бошад ва на наҷот дода шаванд.
44
إِلَّا رَحْمَةً مِّنَّا وَمَتَاعًا إِلَى حِینٍ
Магар он, ки "Бори дигар" раҳмати мо шомили ҳолашон шавад ва то муддате "Дигар аз зиндагӣ" бархурдор бошанд.
Ин оятҳо ба падидаҳои бузурге чун уқёнусҳо ва дарёҳо ишора карда ва мефармояд: киштиҳои кучак ва бузурге, ки бор ва мусофирро ҷобаҷо мекунанд, нишонаҳое аз қудрати Парвардигор аст, чаро, ки Худованд обро ба гунае офарида, ки ин ҳаҷм аз бор ва мусофир бидуни он,ки дар он фуру раванд ва ғарқ шаванд, ба роҳати бар пушти он савор шуда ва масирҳои дур ва наздикро тай мекунанд.
Албатта васоили дигаре низ барои ҳамл ва нақл вуҷуд дорад, ки бархе офаридаи Худованд аст, ҳамчун шутур ва баъзе аз чорпоёни дигар, аммо дар дунёи пешрафтаи имрӯзӣ, бо вуҷуди анвои худравҳо, ҳавопаймоҳо ва қаторҳо, боз ҳам пештарин ҳаҷми бор тавасути куштиҳо ҷобаҷо мешавад, имрӯза агар куштиҳои ҳамли маводи ғазоӣ ва колоҳои мавриди ниёзи мардум ва ё нефткашиҳои бузург дар уқёнусҳо ба ҳаракат дарнаёянд, зиндагии башар бо мушкил мувоҷеҳ мешавад.
Ҳоло агар Худованд ин вежагии обро аз он бигирад, тамоми куштиҳо бо бор ва мусофиронашон дар дарё ғарқ мешаванд ва ҳеч кас ҷуз Худо наметавонад онҳоро наҷот диҳад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Васоили нақилаи заминӣ ва дарёӣ аз ниёзҳои табиӣ ва аввалияи башар аст, ки Худовнд бо лутф ва тадбири худ, бистарҳои лозимро барои истифодаи башар аз онҳо фароҳам кардааст.
2 – Неъматҳоро лутфи Худо бидонем, на талаби мо аз Худо, ба неъматҳое, ки дар ихтиёри мост, мағрур нашавем, чаро, ки мумкин аст ба қаҳри илоҳӣ гирифтор гардем.