Апрел 30, 2018 04:36 Asia/Dushanbe

Қисмати 803 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 45-50

45

 

وَإِذَا قِیلَ لَهُمُ اتَّقُوا مَا بَیْنَ أَیْدِیکُمْ وَمَا خَلْفَکُمْ لَعَلَّکُمْ تُرْحَمُونَ

 

Ҳангоме, ки ба онҳо гуфта шавад аз ончӣ пеши рӯйи шумост ва аз ончӣ ба дунболи шумост битарсед, шояд мавриди раҳмати илоҳӣ қарор гиред, "Эътино намекунанд".

 

46

 

وَمَا تَأْتِیهِم مِّنْ آیَةٍ مِّنْ آیَاتِ رَبِّهِمْ إِلَّا کَانُوا عَنْهَا مُعْرِضِینَ

 

Ва ҳеч ояте аз оятҳои Парвардигорашон барои онҳо намеояд магар он,ки аз он рӯйгардон мешаванд.

 

Дар чанд оятҳои қабл, нишонаҳои қудрат ва азамати Худованд дар ҳастӣ баён шуд, ин оятҳо дар идома мефармояд: гурӯҳе аз мардум ба ҷойи таваҷҷуҳ ба Худованд ва паёмбарон ва пандгирифтан аз нишонаҳои илоҳӣ, дар пайи эъроз ва рӯйгардонӣ аз ҳақ ҳастанд, ҳангоме, ки чунин афроде хоста мешавад муроқиби корҳо ва рафторҳои худ бошанд то гирифтори кайфарҳои дунявӣ ва азоби ухравӣ нашаванд, таваҷҷуҳе намекунанд ва ҳамчунон ба корҳои нодурӯсти худ идома медиҳанд, дар ҳоле, ки агар аз кори худ даст бардоранд ва ба сӯйи ҳақ бозгарданд, машмули лутф ва раҳмати илоҳӣ мешаванд ва Худованд хатоҳои гузаштаи онҳоро нодида мегирад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 - Нишонаҳои Худо дар ҳастӣ бисёр аст. Аммо пазириш ва бовари мардум андак аст.

 

2 – Роҳи дарёфти раҳмати лоҳӣ ҳамвора боз аст, магар он, ки инсон дарҳои раҳматро ба рӯйи худ бибандад.

 

 

47

 

وَإِذَا قِیلَ لَهُمْ أَنفِقُوا مِمَّا رَزَقَکُمُ اللَّـهُ قَالَ الَّذِینَ کَفَرُوا لِلَّذِینَ آمَنُوا أَنُطْعِمُ مَن لَّوْ یَشَاءُ اللَّـهُ أَطْعَمَهُ إِنْ أَنتُمْ إِلَّا فِی ضَلَالٍ مُّبِینٍ

Ҳаргоҳ ба онон гуфта шавад: аз ончӣ Худованд рӯзии шумо карда, инфоқ кунед, касоне, ки куфр варзиданд ба муъминон мегуянд: оё касеро итъом кунем, ки агар Худо мехост, ӯро итъом мекард? Шумо дар гумроҳии ошкоре ҳастед.

 

Ин оят ба яке аз намунаҳои каҷфаҳми ва лаҷоҷати кофирон ишора карда ва мефармояд: яке аз дастурҳои Худованд ба муъминон, инфоқ ба ниёзмандон аст, ки ҳар инсони оқил ва мустафо, неку буданд ин корро мефаҳманд ва тасдиқ мекунад. Аммо бархе кофирони лаҷуҷ, ҳамин дастури Худовандро мавриди суол қарор дода мегуянд: чаро Худованд ба шумо дастур медиҳад ба ниёзмандон ғазо ва пушок диҳед? Чаро худаш ин корро намекунад? Лобуд худаш намехоҳад, ки ниёзмандон сер бошанд?

Равшан аст ин ишколҳо ва саволҳо ношӣ аз хушки мағзӣ ва руҳияи лаҷоҷати онҳост, вагарна равшан аст, ки ҳамаи чизи мо ҳатто ончиро, ки ба ниёзмандон мебахшем, аз ризқ ва рӯзӣ аст, ки Худо ба мо додааст ва мо аз худ чизе надорем, ҳар чӣ аз ақл ва андеша ва андомҳои бадан дорем, ҳамаро Худованд ба мо муҳаббат карда ва мо ба воситаи онҳо соҳиби қудрат ва сарват ва имконот шудаем.

Дар воқеъ, Худованд масуляти сайр кардани ниёзманддон ва гуруснагонро бар души ағниё ва сарватмандон гузоридааст, чунон,ки вазифаи ғазо додан ба навзодро ба уҳдаи модар гузорида ва шири мавриди ниёзи навзодро дар синаи ӯ фароҳам кардааст.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Агар бидонем ончӣ дорем, ризқ ва рӯзии Худост на мулки мо осонтар мебахшем ва инфоқ мекунем.

 

2 – Яке аз нишонаҳои имон, инфоқ аст ва касе, ки инфоқ намекунад, гирифтори куфр ва куфрон шудааст.

 

3 – Нигариши нодурусти фард дар мавриди инфоқ муҷиб мешавад кореро, ки умум мардум онро неку ва писандида мешуморанд, аз назари ӯ коре нодуруст ва инҳирофӣ қаламдод шавад.

 

 

48

 

وَیَقُولُونَ مَتَى هَـذَا الْوَعْدُ إِن کُنتُمْ صَادِقِینَ

 

Кофирон мегуянд: агар рост мегуед, ин ваъдаи "Қиёмат" кай фаро мерасад?

 

 

49

 

مَا یَنظُرُونَ إِلَّا صَیْحَةً وَاحِدَةً تَأْخُذُهُمْ وَهُمْ یَخِصِّمُونَ

 

Онон ҷуз як сойиҳаи "Осмонӣ" – ро интизор намекашанд, ки ононро фаро хоҳад гирифт, дар ҳоле, ки ба ҷидол"Дар умури динявӣ" машғуланд.

 

50

فَلَا یَسْتَطِیعُونَ تَوْصِیَةً وَلَا إِلَى أَهْلِهِمْ یَرْجِعُونَ

 

Пас дар он ҳол на тавони васияте доранд ва на метавонанд ба сӯйи хонаводаҳояшон боз гарданд.

 

Дар оятҳои қабл, ки рӯҳияи лаҷоҷат бархе кофирон нисбат ба дастуроти Худовандро баён кард, ин оятҳо мефармояд: ин афрод, қиёматро низ ба тамасхара мегиранд ва мегуянд: шумо, ки намедонед қиёмат чӣ замоне барпо мешавад, пас чаро доиман аз он метарсед ва муроқиби корҳои худ ҳастед? Агар воқеан қиёмат ҳаст, чӣ замоне аст то мо ҳам мунтазири фаро расидани он бошем?

Қуръон дар посух ба ин баҳонаҷуйиҳо мефармояд: надонистани замони вуқуи як амр, далиле бар адами вуқуи он нест, ба унвони мисол мардуми сокин дар манотиқи зилзилахез намедонанд, ки чӣ замоне зилзила меояд, аммо медонанд, ки вуқуи заминларза амри ҳатмӣ аст, лизо ҳамвора омодаи он ҳастанд.

Қиёмат барасоси илм ва қудрати илоҳӣ барпо мешавад ва башар дар он нақше надорад, ҳар замон, ки Худованд ирода кунад, дар як лаҳза, тамоми осмонҳо ва замин фурӯ мепошад ва ҳеч касро ёрии муқовимат дар баробари он ё фарор аз он нест, ин масала ба қадри сариъ ва ғофилгирона иттифоқ меафтад, ки на касе фурсат дорад ба назди хонаводааш бозгардад ё барои пас аз худ тавсия ва супорише бикунад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Мункирони қиёмат, далиле бар адами имкони вуқуи он надоранд, лизо саъйи мекунанд бо тарҳи бархе саволҳо, ба гумони худ, онро зери савол бибаранд.

2 – Қиёмат, ваъдаи илоҳӣ аст ва мушахас набудани замони вуқуи он, далиле бар воқеъ нашудани он нест.

 

3 – Поёни дунё ва оғози қиёмат дар ҳоле хоҳад буд, ки мардум саргарми ҷидол ва кашмокаши рӯзона ҳастанд.

 

4 – Бо поёни дунё, ҳамаи бандаҳо ва вобастагиҳои дунявӣ ва равобити хонаводагӣ аз ҳам гусаста мешавад, дар қиёмат ҳар кас худаш, ҷудо аз падар ва модар ё ҳамсар ва фарзанд, кайфар ё подоши дарёфт мекунад.