Қисмати 804 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 51-58
Қисмати 804 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 51-58
51
وَنُفِخَ فِی الصُّورِ فَإِذَا هُم مِّنَ الْأَجْدَاثِ إِلَى رَبِّهِمْ یَنسِلُونَ
Ва дар сур дамида шавад, пас ногоҳ онҳо аз қабрҳо шитобон ба сӯйи Парвардигорашон мераванд.
52
قَالُوا یَا وَیْلَنَا مَن بَعَثَنَا مِن مَّرْقَدِنَا هَذَا مَا وَعَدَ الرَّحْمَـنُ وَصَدَقَ الْمُرْسَلُونَ
Мегуянд: вой бар мо, чӣ касе моро аз хобгоҳамон барангехт? Ин ҳамон аст, ки Худои Раҳмон ваъда дода аст ва паёмбарон рост гуфтанд.
53
إِن کَانَتْ إِلَّا صَیْحَةً وَاحِدَةً فَإِذَا هُمْ جَمِیعٌ لَّدَیْنَا مُحْضَرُونَ
Бале, ҷуз як бонк нест, пас ногаҳон ҳамагӣ назди мо ҳозир шаванд.
Дар оятҳои қабл ба ин мавзӯъ ишора шуд, ки ҷаҳони мавҷуд ба хости Худованд, поён меёбад ва ҳамаи сокинони замин, бо сайҳаи азими осмонӣ мемиранд ва ҷон медиҳанд.
Ин оятҳо мефармояд: ба хости Худованд, бори дигар бо сайҳаи осмонӣ ҳамаи мардум зинда мешаванд ва аз замин бармехезанд.
Замин ҳамчун модари бордор, навзодони худро зойимон мекунанд, яъне инсонҳои хуфта дар хок аҷзои баданашон дар хок пароканда шуда, мононди нутфаҳое, ки дар раҳми модарон рӯшд мекунанд, парвариш ёфта ва ба сурати инсонҳои комил офарида мешаванд.
Табии аст инсонҳои ҳозир дар саҳнаи қиёмат, ба чашми худ, қудрати илоҳӣ дар офариниши дубораи мурдагонро мебинанд ва ваъдаи илоҳиро, ки паёмбарон дар дунё ба онҳо дода буданд, тасдиқ мекунанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Миод ҷисмонӣ аст ва инсонҳо бо бадани ҳамонанди бадани динявӣ дар қиёмат маҳшур мешаванд.
2 – Қиёмат, рӯзи ҳасрат аст, ҳасрати куффор аз бединӣ ва ҳасрати муъминон аз кам корӣ аст.
3 – Қиёмат, арзаи ҳузури ҳамаи инсонҳои таърих дар як замон ва макон аст.
54
فَالْیَوْمَ لَا تُظْلَمُ نَفْسٌ شَیْئًا وَلَا تُجْزَوْنَ إِلَّا مَا کُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Имрӯз ба ҳеч кас заррае ситам намешавад ва ҷуз ончиро анҷом медодед, ҷазо дода намешавед.
55
إِنَّ أَصْحَابَ الْجَنَّةِ الْیَوْمَ فِی شُغُلٍ فَاکِهُونَ
Аҳли биҳишт дар он рӯз, ба хуши "Ва шодмонӣ" машғуланд.
56
هُمْ وَأَزْوَاجُهُمْ فِی ظِلَالٍ عَلَى الْأَرَائِکِ مُتَّکِئُونَ
Онон ва ҳамсаронашон дар зери сояҳо бар тахтҳо такя мезанонд.
57
لَهُمْ فِیهَا فَاکِهَةٌ وَلَهُم مَّا یَدَّعُونَ
Дар ончо "Ҳаргуна" мева барои онон муҳайё аст ва ҳар ончӣ бихоҳанд барояшон фароҳам аст.
58
سَلَامٌ قَوْلًا مِّن رَّبٍّ رَّحِیمٍ
Салом, сухане аст аз "Сӯйи Парвардигори Меҳрубон.
Ҳузур дар қиёмат, барои ҳозир шудан дар додгоҳи адли илоҳӣ аст то ҳар кас мутобиқ бо афкор ва ақоид ва аъмолаш дар дунё, ба кайфар ё подош бирасад, лизо Қуръон мефармояд: дар ин додгоҳ ҳама чиз барасоси мизони илоҳӣ санҷида мешавад ва заррае ба касе зулм раво дошта намешавад, некон ба подоши корҳои шоистаи худ мерасанд ва бадон уқубат меёбанд.
Оятҳо сипас ба тавсифи ҳоли биҳиштиён пардохта ва бархе неъматҳои биҳиштиро, ки баро мо сокинони дунё қобили дарк ва фаҳм аст, ном мебарад. Неъматҳое аз ҷинси хурок, пушок, маскан ва ҳамсар, ки нишонаи рифо ва осоиш ва оромиш аст.
Неъматҳое, ки мутобиқ бо хост ва иродаи биҳиштиён аст ва аз ҳар чизе, ки аз он лаззат мебаранд, барояшон фароҳам мешавад, бе он, ки дучори дилзадагӣ ва хастагӣ шаванд.
Албатта дар канори неъматҳои модӣ, алтофи маънавӣ низ вуҷуд дорад, саломи илоҳӣ, ки нишонаи раҳмати хоси Худованд ба биҳиштиён аст,чунон оромиш дар онҳо эҷод мекунад, ки аз ҳар неъмати модӣ бартар ва болотар аст.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Қиёмат, рӯзи зуҳур ва бурузи адли илоҳӣ аст ва ҳар кас фориғ аз нисбатҳо ва вобастагиҳои дунявӣ ба ҷазои аъмолаш мерасад.
2 – Биҳишт, саросар хушӣ ва шодмонӣ аст ва ғам ва андуҳ дар он роҳ надорад.
3 – Дар биҳишт низ, инсонҳо зиндагии хонаводагӣ доранд ва ҳамсарон аз якдигар ком мегиранд.
4 –Дар биҳишт, ҳечгуна маҳдудияте барои инсон вуҷуд надорад ва ҳар чӣ ӯ бихоҳад ва орузӯ кунад, бароварда мешавад.