Май 03, 2018 04:44 Asia/Dushanbe

Қисмати 805 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 59-65

59

وَامْتَازُوا الْیَوْمَ  أَیُّهَا الْمُجْرِمُونَ

 

Эй гумроҳон ва муҷримон, имрӯз "Аз некукорон" ҷудо шавед.

 

Дар оятҳои қабл, Қуръони Карим ҷойгоҳи некӯкоронро дар биҳишт тавсиф намуда, ҷойгоҳе, ки осоиши ҷисмӣ ва оромиши рӯҳии инсонҳои некро ба дунбол дорад, ин оят дар идома мефармояд: дар он рӯз, сафи бадкорон аз некукорон ҷудо шуда ва ба роҳи дигаре мераванд, роҳе, ки ба азоби дузах меанҷомад ва ҷуз талхӣ ва сахтӣ фарҷоме надорад, онон лаззатҳо ва шаҳватҳои зудгузари дунёро ба қиёмати азоби ҷовидони охират хариданд ва албатта имрӯз натиҷаи интихоби нодурусти худро мебинанд зеро қиёмат, ҷойгоҳи адли илоҳӣ аст ва маъно надорад, ки хубон ва бадон дар як радиф ва дар канори ҳам бошанд, он гуна, ки дар дунё бо ҳам зиндагӣ ва маошират доштанд.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Қиёмат, рӯзи ҷудоии инсонҳо барасоси афкор ва ақоид ва аъмоли онҳост, чӣ басо волидайн ва фарзандоне, ки аз якдигар ҷудо шаванд ва чӣ басо афроди ғайри хешовандие, ки дар канори якдигар қарор гиранд.

 

2 – Қиёмат, рӯзи таҳқиқи ваъдаи илоҳӣ дар мавриди кайфари бадкорон ва подоши некӯкорон аст.

 

 

 

 

 

60

 

أَلَمْ أَعْهَدْ إِلَیْکُمْ یَا بَنِی آدَمَ أَن لَّا تَعْبُدُوا الشَّیْطَانَ إِنَّهُ لَکُمْ عَدُوٌّ مُّبِینٌ

 

Эй фарзандони Одам! Магар бо шумо аҳд накардам, ки шайтонро напарастед "Ва аз ӯ итоат накунед", ки ӯ барои шумо душмани ошкоро аст?

 

61

وَأَنِ اعْبُدُونِی هَـذَا صِرَاطٌ مُّسْتَقِیمٌ

 

Ва танҳо Маро бипарастед, ки роҳи мустақим ҳамин аст.

 

62

 

وَلَقَدْ أَضَلَّ مِنکُمْ جِبِلًّا کَثِیرًا  أَفَلَمْ تَکُونُوا تَعْقِلُونَ

Аммо шайтон гурӯҳи зиёде аз шуморо гумроҳ кард, оё таақул намекардед?

 

Ин оятҳо хитоб ба гунаҳкорон ва хатокороне аст, ки дар арзаи қиёмат ҳозир шудаанд ва суфифи онҳо аз муъминон ҷудо шудааст, ин хитоб аз ҷониби Худованд, ҳамроҳ бо маломат ва сарзаниш аст, ки чаро аз дастуроти шайтон пайравӣ карда ва роҳи Худоро ба фаромушӣ супоридед?

Қуръон, ин хитоби илоҳиро ёдовари аҳд ва паймонӣ медонад, ки Худованд дар оғози офариниши башар, аз ҳамаи инсонҳо гирифтааст, замоне, ки ҳазрати Одам ва ҳамсараш Ҳаво дар биҳишт гирифтори фиреб ва найранги шайтон шуданд, Худованд ба онҳо гушзад кард, ки ҷаро дучори васвасаи шайтон шудед ва чизеро хурдед, ки шуморо аз он манъ карда буд? Магар намедонед, ки шайтон душмани шумост?

Инсон бар асоси фитрат ва сиришти илоҳӣ худ медонад, ки анҷоми корҳои зишт бо инсонияти ӯ созгор нест ва ҳар кас таҳти ҳар унвон, инсонро ба ингуна корҳо даъват кунад, шайтон аст, чӣ аз ҷинси инсон бошад, ё на, фитрати илоҳии башар, ӯро аз бадиҳо наҳӣ мекунад ва ба итоат аз фаромини Худо фаро мехонад.

Илова бар сиришти дарунии инсон, нигоҳ ба беруни ва тафаккур дар таърихи гузаштагон низ нишон медиҳад, ки инсонҳои бисёре гирифори гуноҳ ва фасод шуданд, ки саранҷоми онҳо гумроҳӣ ва ҳалокат буд, агар дар зиндагии чунин афроде мутолиа кунем, дар меёбем, ки иллати аслии гумроҳии онҳо, пайравӣ аз хурофот ва итоат аз афроди мунҳариф ва каҷ андеш будааст.

 

Аз иноятҳо меомӯзем:

 

1 - Худованд аз тариқи фитрат ва ақли дарунӣ ва паёмбарони берунӣ, аз инсон паймон гирифта, ки ҳаргиз роҳи шайтоонро дунбол накунад.

 

2 – Вазъияти инсон, ҳамвора аз ду ҳол хориҷ нест, ё бандаи Худост ё бандаи шайтон.

 

3 – Дар ҳар намоз аз Худо мехоҳем, ки моро ба роҳи рост ҳидоят кунад, барасоси ин оятҳо, роҳи мустақим, ҳамон масири итоат аз Худо ва ибодати Ӯст.

 

4 – Бояд аз андеша ва таақул, на фақат барои умури рафоии зиндагӣ, балки барои шинохти таърихи гузаштагон ва ибрат гирифтан аз сарнавишти талхи фиребхурдагони шайтон, баҳра ҷуст.

 

 

63

 

هَـذِهِ جَهَنَّمُ الَّتِی کُنتُمْ تُوعَدُونَ

 

Ин ҳамон дузахе аст, ки ба шумо ваъда дода мешавад.

 

 

64

 

اصْلَوْهَا الْیَوْمَ بِمَا کُنتُمْ تَکْفُرُونَ

 

Имрӯз вориди он шавед, ба хотири куфре, ки доштаед.

 

65

 

الْیَوْمَ نَخْتِمُ عَلَى أَفْوَاهِهِمْ وَتُکَلِّمُنَا أَیْدِیهِمْ وَتَشْهَدُ أَرْجُلُهُم بِمَا کَانُوا یَکْسِبُونَ

Имрӯз бар даҳонҳояшон муҳр мениҳем ва дастҳояшон бо мо сухан мегуянд ва пайҳояшон ба корҳое, ки анҷом медоданд гувоҳӣ медиҳанд.

 

Дар идомаи оятҳои қабл дар бораи вазъияти муҷримон дар қиёмат, ин оятҳо мефармояд: паёмбарон дар дунё, ваъдаи Худо дар бораи подоши некӯкорон ва кайфари бадкоронро ба мардум иблоғ карда буданд, вале бисёре аз мардум ин ваъдаро бовар намекарданд ва онро ба  тамасхара мегирифтанд, ҳоли онҳо имрӯз таҳқиқи он ваъдаро ба чашми худ дар арсаи қиёмат мушоҳида мекунанд, на фақат дузахро мебинанд, балки ба он ворид шуда ва сузандагии оташро бо тамоми вуҷуд ламс мекунанд.

Дар додгоҳи адли илоҳӣ, ниёзе ба сухан гуфтани муҷримон нест, ки бихоҳанд чизеро китмон ё инкор кунанд, зеро ба ҷойи забон, даст ва пой ва дигар аъзо ва ҷавориҳи онҳо ба сухан дармеоянд ва ончиро анҷом додаанд, бозгу мекунанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Паёмбарон, бар ҳамаи мардум итмоми ҳуҷҷат карда ва пайваста хатари дузахро ба онон иблоғ кардаанд.

 

2 – Дар қиёмат, даҳон, ки василаи сухангуфтан аст, баста мешавад ва даст ва по ба сухан меоянд.

 

3 – Аъзои бадани инсон, дорои навъи дарк ва шууранд, лизо ончиро бар онҳо мегузарад, сабт ва забт мекунанд ва дар қиёмат онро бозгу менамоянд.