Қисмати 806 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 66-70
Қисмати 806 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 66-70
66
وَلَوْ نَشَاءُ لَطَمَسْنَا عَلَى أَعْیُنِهِمْ فَاسْتَبَقُوا الصِّرَاطَ فَأَنَّى یُبْصِرُونَ
Агар бихоҳем фуруғи дидгонашонро маҳв мекунем, пас онгоҳ, ки дар роҳ сабқат мегиранд, чигуна хоҳанд дид?
67
وَلَوْ نَشَاءُ لَمَسَخْنَاهُمْ عَلَى مَکَانَتِهِمْ فَمَا اسْتَطَاعُوا مُضِیًّا وَلَا یَرْجِعُونَ
Ва агар бихоҳем ононро дар ҷойи худ масх мекунем, ба гунае, ки на битавонанд ба роҳи худ идома диҳанд ва на баргарданд.
Дар оятои қабл, ба наҳви ҳузури муҷримон дар додгоҳи қиёмат ва гувоҳии аъзои бадани онон ишора шуд, ин оятҳо мефармояд: кайфари Худованд фақат дар қиёмат нест, агар Худованд бихоҳад дар ҳамин дунё низ афроди мухталиф ва гунаҳкорро кайфар медиҳад ва аз муҷозоти онҳо оҷиз нест.
Худованд агар бихоҳад ба чашмони онон пардае меафканад, ки тавоноии дидан надошта бошанд, ҳамон роҳеро, ки ҳар рӯз мерафтанд, наметавонанд бираванд, чӣ расад ба он, ки бихоҳанд дар роҳ рафтан, аз дигарон пеши бигиранд ва ин гучактарин муҷозоти онҳо хоҳад буд, ҳамчунин агар Худо ирода кунад, метавонад онҳоро ба муҷасаммаҳои бе рӯҳ табдил кунад, ки тавони ҳечгуна ҳаракате надошта бошанд, на битавонанд ба ҷулу ҳаракат кунанд ва на ба ақаб боз гарданд.
Шояд ин ду кайфар дар қиёмат низ бошад, зеро муҷримон аз ёфтани роҳи биҳишт, ки роҳи саодати абадӣ аст оҷизанд ва дар саҳрои маҳшар, дучори ҳайрат ва саргардонӣ мешаванд, онҳо дар баробари иродаи Худо, қудрати ҳаракат ё фирор аз азоб ва натоиҷи бади аъмоли худро надоранд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Инсон дар дунё низ, аз қаҳр ва азоби илоҳӣ мусаван нест, лизо набояд аз хатари муҷозоти илоҳӣ ва аз даст додани неъматҳо ғофил бошад.
2 – Худованд дар дунё, инсонҳоро ҷуз дар мавориди хос муҷозот намекунад то ҳаққи ихтиёр ва интихоб аз онҳо салб нашавад.
68
وَمَن نُّعَمِّرْهُ نُنَکِّسْهُ فِی الْخَلْقِ أَفَلَا یَعْقِلُونَ
Ҳар касро умри тулонӣ диҳем, ӯро дар офариниш вожагуне мекунем "Фаромушӣ, нотавонӣ, ва сустӣ ба суроғаш меояд" оё намеандешанд?
Дар идомаи ояти қабл, ки яке аз муҷозотҳои илоҳӣ дар дунё ишора кард, ин оят мефармояд: албатта ҳамаи иинсонҳо дар пайравӣ, дучори заъф ва нотавонии ақл ва ҷисм мешаванд ва ба ҳолати кудаки боз мегарданд, ин дар воқеъ ишора ба ин аст, ки дар синини ҷавонӣ ва миёнсолӣ бояд роҳи дурӯстро интихоб кард ва онро паймуд, орзӯйи ин,ки дар дар пайравӣ ба роҳи ҳақ боз мегардем ва инсони хубе мешавем, орзӯи хаёлӣ ва ғайри воқеӣ аст.
Аз сӯйи дигар, инсон набояд гумон кунад бо тулони шудани умр, тавон ва қудрати ӯ афзуда мешавад, ҳамаи инсонҳо, ҳатто ҳокимон ва подшоҳон, дар даврони пирӣ дучори чунон заъф ва нотавони мешаванд, ки ҳамонанди кудакон бояд касе ба онон ғазо бидиҳад ё либосашонро таъвиз кунад, пас қабл аз он, ки даврони пирӣ ва нотавонӣ фаро расад, бояд фурсатро ғанимат шумурда ва ба андозаи тавони худ, корҳои мусбат ва созанда анҷом диҳем ва барои худ ва ҷомеа судман бошем.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Тулонӣ шудани умр, барои инсон қудрат намеоварад, балки умри тулонӣ, масири бозгашт аз қулаи қудрат ва тавоноӣ ба сӯйи заъф ва нотавонӣ аст.
2 – Умри инсон маҳдуд аст ва орзӯҳои ӯ бисёр, касе барандааст, ки аз умри маҳдуди худ бештарини баҳраро бибарад.
3 – Ончӣ инсонро наҷот медиҳад, андеша ва таақули дуруст аст, вале ҳар ончӣ, ки сабаби ғафлати инсон аз гузарони умр аз ҷумла даврони ҷавонӣ шавад, дар ҳақиқат омили бадбахтӣ ва ҳалокати ӯст.
69
وَمَا عَلَّمْنَاهُ الشِّعْرَ وَمَا یَنبَغِی لَهُ إِنْ هُوَ إِلَّا ذِکْرٌ وَقُرْآنٌ مُّبِینٌ
Мо ба ӯ шеър наомӯхтем ва шоистаи ӯ ҳам нест, ин ҷуз мояи зикр ва Қуръони равшан нест.
70
لِّیُنذِرَ مَن کَانَ حَیًّا وَیَحِقَّ الْقَوْلُ عَلَى الْکَافِرِینَ
То ҳар, киро "Дилаш" зиндааст, ҳушдор даҳад ва гуфтори "Худо" дар бораи кофирон муҳақиқ шавад.
Пас аз оятҳои марбут ба тавҳид ва миод, ин оятҳо дар бораи ҳақонияти набуват аст ва мефармояд: ончӣ, ки мо бар ҳазрати Муҳаммад (с) нозил мекунем, шеър нест ва Паёмбари акрам шоир нест, гарчӣ бисёре аз оятҳои Қуръон ба вежа сураҳои охари Қуръон дорои вазн ва оҳанги хосе аст, аммо ба гувоҳии таърих, Паёмбар (с) шоир набуда ва шеър нагуфтааст.
Албатта туҳмати шоир будан ба Паёмбар, на аз он ҷиҳат буд, ки Қуръон ҳолати шеърӣ дошт, балки барасоси як бовари нодуруст дар миёни аъроб буд, ки гумон мекарданд шоирони бо ҷиниён иртибот доранд ва аз ин тариқ шеърро меомӯзанд, аз онҷо, ки сухани Паёмбар (с) барои онҳо ҷадид ва ноошно буд, он ҳазратро мутаҳм мекарданд, ки чун шоирон, таҳти таъсири ҷиниён қарор гирифта ва ин суханони аҷибро ба забон меоваранд.
Идомаи оятҳо мефармояд: ончӣ бар забони Паёмбар ҷорӣ мешавад, каломи илоҳӣ аст, ки мояи тазаккур ва ёварӣ барои мардум аст ва ҳар, киро ҷуёи ҳақ ва ҳақиқат бошад бо инзор ва ҳушдор аз хатарот ва осебҳои ҳавои нафс ва шайтон ҳифз мекунад, албатта ин оятҳо, ки ба гуши кофирон мерасад, дар онҳо таъсире надорад, зеро руҳияи куфр ва лаҷоҷат бо ҳақ, чунон вуҷудашонро фаро гирифта, ки гуё фикр ва қалбашон санг шуда ва ҳарфи ҳақ дар он фуру намеравад, бо ин ҳол, боис мешавад ҳуҷҷут бар онҳо тамом шуда ва дар қиёмат, нагуянд: ҳарф ба гуши мо нарасида буд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Қуръон, шеър ва шоиреро нафе намекунад, балки шоир будани Паёмбар ва шеър будани Қуръонро нафе мекунад.
2 – Қуръон шеър нест, ки бар пояи тахилоти шоирона таълиф шуда бошад, каломи Худованди Ҳаким аст ва бар ҳикмат ва мантиқ устувор аст.
3 – Касоне, ки ҳақро напазиранд, мурдагоне беш нестанд, арзиши инсон ба бедори дилӣ ва покии рӯҳи ӯст, лизо инсонҳое, ки аз имони ҳақиқи баҳра доранд, зиндадил ҳастанд ва аз ҳаёти воқеӣ бархурдоранд ва кофирон, ҳамчун мурдагон аз ҳаёти воқеӣ маҳруманд, чаро куфр дилро мемиронад.