Май 12, 2018 07:37 Asia/Dushanbe

Қисмати 807 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 71-76

71

 

أَوَلَمْ یَرَوْا أَنَّا خَلَقْنَا لَهُم مِّمَّا عَمِلَتْ أَیْدِینَا أَنْعَامًا فَهُمْ لَهَا مَالِکُونَ

 

Оё надиданд, ки ончӣ дастҳои мо эйҷод карда, барои онон чаҳор пойёне офаридем, ки онҳо молики он ҳастанд?

 

72

 

وَذَلَّلْنَاهَا لَهُمْ فَمِنْهَا رَکُوبُهُمْ وَمِنْهَا یَأْکُلُونَ

 

Ва чаҳорпоёнро барои онҳо ром кардем, аз бархе саворӣ мегиранд ва аз бархе тағзия мекунанд.

 

 

 

 

73

 

وَلَهُمْ فِیهَا مَنَافِعُ وَمَشَارِبُ  أَفَلَا یَشْکُرُونَ

 

Ва дар онҳо барои мардум баҳраҳои дигаре "Чун пашм ва пуст" ва нушиданиҳое аст. Пас чаро сипос намегузоранд?

 

Ин оятҳо, яке аз алтоф ва неъматҳои Худованд ба инсонҳоро баён карда ва нақши ҳайвонотро дар зиндагии иинсон бармешумурад, гарчӣ бахши умдае аз ҳайвонот роми инсон нестанд ва дар дарё ва хушки зиндагӣ мекунанд, аммо бархе ҳайвоноти ром ва мусаххари инсон ҳастанд, ки башар худро молики онҳо дониста ва ба ҳар наҳв, ки хоҳад аз онҳо баҳра мегирад, лозим ба зикр аст, ки баҳраҳои башар аз чаҳорпоён дар асри тамадун ва пешрафти башар, на танҳо коста нашуда, балки ба гунае бештар низ шудааст.

Агар дар қадим аз шири гов ва гусфанд, чанд қалам нушидани ё хурдани таҳия мешуд, имрӯза башар даҳҳо фаровардаи лабаниро фақат аз шири ин ҳайвонот тавлид мекунад.

Анвои либос ва киф ва кафш аз пашм ва пусти ҳайвонот тавлид мешавад, дар асри ҳозир бо он,ки аз бархе маводи маснуӣ, пушок ва либос ва бархе дигар аз мояҳтоҷи инсон таҳия мешавад, ҳануз либосҳое, ки аз пуст ва пашми ҳайвонот тавлид мешавад, марғубият ва матлубияти худро аз даст надодааст.

Ҳам ин, ки дар бисёре аз нуқтаҳои ҷаҳон ва ҳатто дар артишҳои пешрафта, ҳайвоноте чун асб ва шутур беҳтарин васила барои убур аз минтақаҳои сахти куҳистонӣ ва кавирӣ ва интиқоли коло ва таҷҳизот дар ингуна навоҳи маҳсуб мешавад.

Бахши умдае аз тағзияи инсон вобаста ба чаҳорпоён аст, дастгоҳи хилқат, ин ниёзи башарро аз тариқи таволид ва таносил ба мавқеи ин ҳайвонот, ба наҳви муносиб бароварда кардааст.

Ҳақиқат он аст, ки башар сипосгузори ин неъмати бузург нест ва камтар касе токунун  фикр кардааст, ки агар рӯзии ин ҳайвонот набошанд ва ё роми башар набошанд чӣ иттифоқе хоҳад афтод.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Офариниши чаҳорпойёни назири гов ва гусфанд ва шутур ва ғайра барои инсон аст, лизо агар ҳайвонот ба вежа чаҳорпойён набошанд, зиндагии инсон бо мушкил мувоҷеҳ мешавад, аммо агар инсон бар рӯйи кураи замин набошад, ҳайвонот дучори мушкил намешаванд.

 

2 – Вуҷуди ҳайвонот ва ром будани онҳо дар баробари инсон, аз неъматҳои илоҳӣ аст, чун агар ром набуданд, баҳрагирии инсон аз онҳо дар мавориди назири таҳияи гушт ва лабаниёт ва ғайра бо мушкилоти бисёр ҳамроҳ мешуд.

 

3 – бетаваҷҷуҳи ба неъматҳои илоҳӣ муҷибии ғафлат аз рӯҳияи сипосгузорӣ дар баробари Холиқи ҳастӣ мешавад.

 

 

74

 

وَاتَّخَذُوا مِن دُونِ اللَّـهِ آلِهَةً لَّعَلَّهُمْ یُنصَرُونَ

 

Ва ба ҷойи Худованд, худоёнеро "Ба парастиш" гирифтанд, ба ин умед, ки ёрӣ шаванд.

 

75

 

لَا یَسْتَطِیعُونَ نَصْرَهُمْ وَهُمْ لَهُمْ جُندٌ مُّحْضَرُونَ

 

"Дар ҳоле, ки" он худоён, тавони ёрии онҳоро надоранд ва онҳо "Дар қиёмат" барои бутҳо "Чун" сипоҳи эҳзор шудаанд.

 

76

 

فَلَا یَحْزُنکَ قَوْلُهُمْ إِنَّا نَعْلَمُ مَا یُسِرُّونَ وَمَا یُعْلِنُونَ

 

"Эй Паёмбар!" сухани мушрикон туро андуҳгин нкунад, мо ончиро пинҳон медоранд ва ончиро ошкор мекунанд, медонем.

 

Яке аз нишонаҳои носипоси башар дар баробари неъматҳои илоҳӣ, рафтан ба суроғи маъбудҳои дигар аст, ин коре аст, ки мушрикон ба сурати алане ва бархе муъминон ба сурати махфӣ ва нопайдо анҷом медиҳанд.

Ширки зоҳир, он аст, ки инсон бигуяд: ин шахс ё ин шайъро мепарастам, аммо ширки хуфӣ он аст, ки ӯ ҳарфе а парастиш назанад ва ба унвони мисол биггуяд ғайр аз Худо, ин шахс дар зиндагии ман нақше калидӣ доштааст ва агар ӯ набуд ман дар зиндагӣ бадбах ва бечора мешудам, ё бигуяд танҳо ба хотири ёрӣ ва ҳимоятҳои ӯ буд, ки ба инҷо расидам.

Дар ҳоле,ки равшан аст ашёъ ва ашхоси дигар, нақши мустақил аз Худо дар зиндагии инсон надорад ва наметавонанд нақши шарики Худоро бози кунанд, ҳамаи  чиз ба хост ва иродаи Худованд аст ва Ӯ ҳеч шарике надорад, албатта ашёъ ва ашхосро васила қарор медиҳад то аз тариқи онҳо неъмате ба инсон бирасад ва ё хидматеро дарёфт кунад.

Дар идомаи оятҳо мефармояд: рӯзи қиёмат, ки ҳангоми барӯз ва зуҳури ботин корҳои инсон аст, мушрикон пушти сари бутҳо қарор мегиранд, ба гунае, ки гуё бутҳо фармондеҳ ҳастанд ва мушрикон сарбозони лашкари онон, зеро дар дунё чашм ва гӯши баста мутии хурофот ва бидъатҳое буданд, ки мепарастиданд.

Охирин оят хитоб ба расули Худо ва муъминон мефармояд: аз суханони норавои ин мушрикон ва нисбатҳои нодурусти онҳо ба Паёмбар ва Қуръон ва ақоиди динӣ, дучори андуҳ ва ноумеди нашавед, онҳоро ба Худо вогузор кунед, ки Худо аз ҳамаи чиизи онҳо огоҳ аст ва ононро мутаносиб бо ҷурмашон, кайфар медиҳад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Ҳеч чиз ва ҳеч кас дар олами вуҷуд дар арзи Худо нест, ҳама асбоб аам аз модӣ ё ғайри модӣ, воситаҳое аз ҷониби Худои Бузург ҳастанд ва нақш ва таъсири мустақиле дар зиндагии башар надоранд, лизо ширк ҳеч пойя ва асоси мустаҳкаме надорад.

 

2 - Ёри хостан аз дигарон бидуни таваҷҷуҳ ба қудрати илоҳӣ, навъи ширк ва куфр аст, дар ҳақиқат ёри расондани дигарон мунавват ба хост ва иродаи Худованд аст.

 

3 - Муроқиб бошем суханони норавои мухолифони дин, сабаби сустӣ ва ноумедии мо дар анҷоми вазифаҳо ва масулятҳои диннӣ нашавад.