Қисмати 808 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 77-80
Қисмати 808 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 77-80
77
أَوَلَمْ یَرَ الْإِنسَانُ أَنَّا خَلَقْنَاهُ مِن نُّطْفَةٍ فَإِذَا هُوَ خَصِیمٌ مُّبِینٌ
Оё исон надид, ки мо ӯро аз нутфае офаридем? пас ин,ки ситезаҷуйи ошкор шудааст.
78
وَضَرَبَ لَنَا مَثَلًا وَنَسِیَ خَلْقَهُ قَالَ مَن یُحْیِی الْعِظَامَ وَهِیَ رَمِیمٌ
Ва барои мо масале овард ва офариниши худро фаромуш кард, гуфт: чӣ касе устухонҳоеро, ки пусидааст зинда хоҳад кард?
79
«قُلْ یُحْیِیهَا الَّذِی أَنشَأَهَا أَوَّلَ مَرَّةٍ وَهُوَ بِکُلِّ خَلْقٍ عَلِیمٌ
Бигу: ҳамон касе, ки нахустин бор онро офарид, онро зинда хоҳад кард ва Ӯ бар ҳар офаридае огоҳ аст.
Дар ривоятҳои таърихӣ омадааст, ки яке аз мушрикони Макка, тикаи устухони пусидаеро дар даст гирифта ва назди Паёмбари Ислом омад ва гуфт: чӣ касе ин устухони пусидаро, ки агар дар дастам фишор диҳам, хурд ва пудр шуда ва ҷузъе аз хок мешавад, дубора ҳаёт мебахшад? Ин савол вақте пеш меояд, ки инсон қудрати Худоро маҳдуд бубинад ва аз онҷо, ки бар асоси мушоҳидоти инсон дар дунё, чунин иттифоқе рух надода, ӯ мудаи мешавад, ки дар қиёмат ҳам чунин чизе имконпазир нест.
Лизо оятҳои баъди ба ин саволи мункирони миод посух дода ва мефамояд: чигуна шумо қудрати Худоро маҳдуд мепиндоред, дар ҳоле, ки ҳар яке аз шуморо аз нутфаи бисёр рез ва хурд офаридааст? Оё ҳамон Худое, ки тавон дорад аввалин бор чунин кореро анҷом диҳад, аз анҷоми дубораи он оҷиз аст?
Оё гумон мекунед Ӯ намедонад аҷзо ва зурроти бадани инсонҳо дар куҷо пароканда шудааст, то бо равиш ва парвариши муҷадади онҳо, инсонҳоро дубора зинда кунад?
Башар, ки махлуқи Худост, бо илм ва қудрати маҳдуди худ тавонистааст бо кишт ва парвариши сулулаҳои инсонӣ ё ҳайвонӣ дар озмоишгоҳҳо, бофтаҳои сулулиро густариш диҳад, оё Худованди тавоно, ки Холиқи башар аст, наметавонад як зарра аз бадани ҳар инсонеро парвариш дода ва дубора ӯро ҳаёт бахшад? Имрӯз илми башар собит карда, ки дар молекулаи "DNA" сулулвҳои бадани ҳар инсоне, тамоми хусусиятҳои жентикии ӯ наҳуфтааст ва ин вежагиҳо мунҳасир ба фард аст ва ҳаргиз аз байн намеравад.
Имрӯза ҷасадҳо ғайри қобили шиносоии афродро бо гузашти даҳҳо сол аз замони марги онҳо бо баррасии "DNA" сулулаҳои онҳо ва муқоисаи он бо "DNA" хешовандони онҳо ташхис медиҳанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Хусумат бо Худо ва гарданкашӣ дар баробари таълимҳо ва фаромини ӯ, нишонаи ғафлати инсон аз офариниши худ аз нутфаи ночиз ба дасти офаридгор аст.
2 – Мункирони миод, дар воқеъ дар илм ва қудрати Худо барои офариниши дубора шак доранд ва ҳеч далили ақлӣ бар адами имкони миод ироа намекунанд.
3 – Дар баҳси миод, ду нуктаи муҳим бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад: яке қудрати Худован дар офариниши дубораи инснҳо ва дигре илми бепойёни Ӯ ба аъмол ва рафтори инсонҳо.
4 – Савол агар барои донистан ва фаҳмидан бошад, хуб ва писандида аст ва бояд тавассути коршиносони умури диннӣ, ба саволҳо ва шубаҳоти эътиқодӣ посухҳои дуруст дода шавад, аммо агар савол аз рӯйи ғурур ва даҷоҷат бошад, барои дарки ҳақиқат нест, балки барои тамасхур ва истиҳзоъ аст.
80
الَّذِی جَعَلَ لَکُم مِّنَ الشَّجَرِ الْأَخْضَرِ نَارًا فَإِذَا أَنتُم مِّنْهُ تُوقِدُونَ
Ҳамоно касе, ки барои шумо аз дарахти сабз, оташ офарид ва шумо аз он оташ меафрӯзед.
Дар идомаи оятҳои қабл, ки ба қудрати Худованд дар офариниш пардохт, ин оят ба яке аз ҷилваҳои ҷолиби табии ишора карда ва мефармояд: бар асари қавонине, ки Худованд дар табиат вазъ карда, бар асари истикоки шадид шохаҳои дарахтон сабз ба якдигар ҷарақа ва оташ тавлид мешавад, лозим ба зикр аст,ки дар замони қадим, гугирд ва оташафрӯзак дар дастраси башар набуд ва мардум аз тариқи задани сангҳо ба ҳам, ё соиш додани чуби дарахтон ба якдигар ва ҷарақа ҳосил аз истикоки онҳо, оташ меафрӯхтанд.
Агар туфон ва тундбод, муҷиби бархурди шадиди шохаҳои дарахтон ба ҳам шаванд, дар асари ҷараёни электрисити, ҷарақа эҷод мешавад ва дарахтони сабз оташ мегиранд.
Дар ин оят бо он, ки об ва оташ бо якдигар созгоре надоранд, миёни онҳо ҷамъ шудааст, ба иборате, дарахти сабз, ки бо об зинда аст, маншаи оташе мешавад, ки зидди он аст, албатта ҳамин дарахт агар хушк шавад, аз чуби он барои барафрухтани оташ истифода мешавад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Шинохти табиат ва қавонини ҳоким бар он, заминае барои тақвияти имон ба Худо ва қудрати Ӯст.
2 – Нӯр ва гармои офтоб, ки бар шох ва барги дарахтон метобад, аз байн намеравад, балки дар онҳо захира мешавад,ҳангоме, ки чуби дарахтон бо оташ месузад, дарвоқеъ енержии офтоб, ки тайи солиёни дароз дар чуби дарахттон захира шуда, ба шакли ҳаррорати оташ озод шуда ва ба ҷаҳон боз мегардад, ин фароянд, навъе растохези энержӣ дар ин ҷаҳон аст.