Май 20, 2018 04:47 Asia/Dushanbe

Қисмати 809 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 81-83

81

 

أَوَلَیْسَ الَّذِی خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِقَادِرٍ عَلَى أَن یَخْلُقَ مِثْلَهُم  بَلَى وَهُوَ الْخَلَّاقُ الْعَلِیمُ

 

Оё касе, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, қодир нест, ки ҳамонанди онҳоро биёфаринад? Оре ва Ӯ офаринандаи донст.

 

Дар оятҳои қабл, Қуръони Карим ба нишонаҳое аз қудрати Худованд дар офариниши инсон аз нутфа ва падид овардани оташ аз дарахтони сабз ишора карда, ин оят ба қудрати Худованд дар офариниши осмонҳо ва замин ишора намуда ва мефаармояд: агар шумо дар қудрати Худованд шак доред, ки оё метавонад инсонҳои мурдаро дубора пас аз марг зинда кунад, чаро ба азамати осмонҳо ва замин наменигаред, ки чигуна барпо шуда ва барасоси як низоми шигифтангез дар ҳоли чархиш ва гардиш аст? Вусъат ва азамати ҳастии ҷаҳон аст, ки кураи замин дар муқоиса бо он ҳамчун донаи қум дар як биёбони васеъ ва паҳновар аст, худи замин ҳам анвои мавҷудоти рез ва дуруштро дарбар гирифтааст, назири куҳҳо ва дарёҳои бузург, даштҳо, рудхонаҳо ва маъданҳо, ҳайвоноти хушкӣ ва дарёӣ ва анвои гиёҳон ва дарахтон, ки шумориши онҳо аз тавони инсонҳо хориҷ аст.

Оё бо дидани ин ҳамаи азамат дар ҳастӣ, бо ҳам дар ин, ки Худо битавонад дубора шуморо дар қиёмат зинда кунад, шак ва тардид доред? Дар дунё нутфа дар шиками модар ба навзод ва инсони комил табдил мешавад, аммо дар охират, ҳамонанди донае, ки дар дили хок кошта мешавад, баъди ҷавона зада ва аз хок берун меояд, заррае, ки аз ҳар инсон боқӣ монда, ба қудрати Худованд аз дили хок  бармеояд ва инсоне шабиҳи он, ки дар дунё буда, зоҳир мешавад.

Агар ин шубҳа матраҳ шавад, ки зарраҳои бадан дар олами парокандашуда ва макони он номушахас аст, бояд таваҷҷуҳ дошта бошем, ки Худованд бар ҳамаи олам иҳота дорад, бар ҳамаи чиз огоҳ аст ва чизе аз илми Ӯ хориҷ нест, лизо метавонад зараҳои бадани инсонро дар ҳарҷо, ки пароканда шуда, гирдоварӣ карда ва муҷададан ӯро зинда кунад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Дар бархурд бо шубҳаҳои мункирон, метавон ба ҷойи посухи мустақим аз шеваи савол ва парастиш баҳра гирифт ва виҷдони онҳоро бедор кард, то худашон ҷавобро биёанд.

 

2 – Офариниш ниёз ба илм ва қудрат дорад ва Худованд дар дунё ва охират, аз илм ва қудрати бепоён бархурдор аст.

 

3 – Касе, ки ҳастии боазаматро бо низоми шигефтангези он офарида, метавонад дубора инсонҳоро дар қиёмат зинда кунад.

 

 

82

 

إِنَّمَا أَمْرُهُ إِذَا أَرَادَ شَیْئًا أَن یَقُولَ لَهُ کُن فَیَکُونُ

 

Фармони Ӯ чунин аст, ки ҳар гоҳ чизеро ирода кунад, танҳо ба он менуяд: бош, пас бе даранг мавҷуд мешавад.

 

Дар идомаи ояти қабл, ин оят бар қудрати илоҳӣ таъкид карда ва мефармояд: офариниши ошёъ барои Ӯ осон аст, чунин нест, ки офариниши осмон, коре сахт ва офариниши як мурча барои Ӯ осон бошад, балки ҳамаи чиз дар назди Ӯ яксон аст ва бо ирода ва хости Ӯ ҳар мавҷуде имкони вуҷуд пайдо мекунад. Ба иборати дигар, миёни иродаи Ӯ ва эҷоди ашёъ фосилае нест ва ба қавли маъруф, мисли як чашм барҳам задан аст.

Мо инсонҳо низ метавонем ончиро мехоҳем, дар зиҳни худ тасаввур кунем ва миёни иродаи мо ва эҷоди он тасвир, фосилае нест, аммо дар олами хориҷ аз зиҳни худ, қодир ба чунин коре нестем, вале Худованд ҳарчиро ирода кунад, бе даранг онро дар олами хориҷ таҳқиқ мебахшад.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Офариниши ҳамаи ашёъ аз бузург ва хурд ё сода ва печида, барои Худои Тавоно яксон аст.

 

2 – Худованд, ҳастибахш аст ва мавҷудотро аз адам ба вуҷуд меоварад, ба иборате, модаи мавҷудот ва сурати онҳоро ҳамзамон падид меоварад, аммо офариниши мо инсонҳо, фақат суратбахше аст ва ҳаргиз қодир нестем мавҷудотро аз адам эҷод кунем.

 

 

83

 

فَسُبْحَانَ الَّذِی بِیَدِهِ مَلَکُوتُ کُلِّ شَیْءٍ وَإِلَیْهِ تُرْجَعُونَ

 

Пас муназзаҳ аст касе, ки моликият ва ҳокимияти ҳар чизе ба дасти Ӯст ва ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешавед.

 

Ин оят, ки охирин ояти сураи Ёсин  аст, дар як ҷамъбадии куллӣ мефармояд: моликият ва ҳокимияти мутлақи ҳастӣ азони Худост ва Ӯ аз ҳаргуна нотавонӣ ва заъф ва сустӣ муназзаҳ ва мубаррост, бинобарин ҳеч кас набояд дар қудрати Ӯ бар офариниш дубораи инсонҳо дар қиёмат, дучори шак ва тардид шавад ва қатъан ҳама ба сӯйи Ӯ боз мегарданд, барфарзи маҳол агар инсон молики вуҷуди худ буд, шояд тавоне барои муқобила бо ин иродаро илоҳӣ дошт, аммо дар ҳақиқат инсон молики вуҷуди худ нест, ӯ мамлук аст ва аз худ ҳеч надорад, инсон ҳатто дар омаданаш ба дунё ва рафтанаш аз он, иродае аз худ надорад, пас чӣ далил ин гуна дар бораи қиёмат эҷоди тардид мекунад?

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Чигуна Худоро дар пояи қиёмат нотавон мепиндоред? Дар ҳоле, ки Ӯ қодир бар анҷоми ҳар коре аст ва аз ҳаргуна нотавонӣ муназзаҳ аст.

 

2 – Оғоз ва анҷоми ҳастӣ, фақат ба дасти Худост, офариниш аз Ӯ оғоз шуда ва ҳама чиз ба сӯйи Ӯ боз мегардад.