Июл 23, 2018 05:25 Asia/Dushanbe

Қисмати 810 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 1-6

Ин сура (Соффот) дар Макка нозил шуда ва сивву ҳафтумин сураи Қуръони Карим аст, дар ин сура ҳамонанди дигар сураҳои Маккӣ, бештарин таъкид бар мабоҳиси эътиқодӣ аст, на аҳком ва дастуроти диннӣ, саргузашти паёмарони пешин дар мубориза бо ширк ва куфр, ба вижа бутшикании ҳазрати Иброҳим ( а), дар ин сура матраҳ шудааст. Дар ин сура, ҳамчунин боварҳои нодуруст дар робита бо ҷин ва фариштагон, мавриди мазаммат қарор гирифтааст.

            

بِسْمِ اللَّـهِ الرَّحْمَـنِ الرَّحِیمِ                  

 

1

وَالصَّافَّاتِ صَفًّا

Савганд ба сафбастагон, ки сафи "Муназам ва устувор" бастаанд.

 

2

 فَالزَّاجِرَاتِ زَجْرًا

Ва савганд ба боздорандагон ки "Дигаронро аз гуноҳ" ба шидат боз медоранд.

 

3

 فَالتَّالِیَاتِ ذِکْرًا                                                                                                                                    

Ва савганд ба тиловаткунандагони зикр "Ва оятҳои илоҳӣ"

4

 

إِنَّ إِلَـهَکُمْ لَوَاحِدٌ

 

Ки қатъан маъбуди шумо ягона аст.

 

5

 

رَّبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَیْنَهُمَا وَرَبُّ الْمَشَارِقِ       

 

Парвардигори осмонҳо ва замин ва ончӣ миёни он ду аст ва Парвардигори машриқҳо.

 

Ин сура бо чанд савганд оғоз мешавад то таваҷҷуҳи инсонро ба худ ҷалб кунад, равшан аст, ки Худованд ниёзе ба савгандхурдан надорад ва аҳли имон сухани Ӯро бидуни савганд мепазиранд, аммо савганди илоҳӣ, нишонаи азаммат ва аҳмияти мавзӯи  мавриди савганд ва барои таваҷҷуҳ додан ба он аст.

Худованд дар ин оятҳо ба гурӯҳҳое аз фариштагон қасам мехурад, ки дар иблоғи ваҳйи осмонӣ ба паёмбарон нақше доранд ва инсонҳо ва шаётинро аз ҳаргуна нуфуз дар ваҳйи илоҳӣ ва дахл ва тасарруф дар он боз медоранд, то паёмбарон ваҳйиро ба шакли комил ва саҳиҳ дарёфт кунанд ва ба мардум иблоғ намоянд.

Аввалин вижагии ин гурӯҳ аз фариштагон, ҳаракат дар суфуфуи муназзам аст, ба гунае, ки Худованд ба азамати он савганд хурдааст, табии аст мо инсонҳо шинохти таҷрибӣ аз фариштагон надорем то назми онҳоро дарк кунем, аммо ташкили сифат, баёнгари назм ва омодагии фавқулода аст, чунон, ки суфуфи неруҳои низомӣ, омили назм дар ҳаракати сипоҳиён ва муҷиби омодагии онҳо барои анҷоми дастуроти фармондеҳҳо мешавад.

Фариштагон дар суфуфи муназам, омодаи иҷрои дастуроти илоҳӣ ҳастанд, ҳар монееро аз сари роҳ бармедоранд ва фармони илоҳиро иҷро мекунанд, пас аз ин савгандҳо, Қуръони Карим мефармояд:

Парвардигори осмонҳо ва замин ва ҳамаи мавҷудот, Худои ягона аст ва ҳеч шарике дар олам надорад, на фариштагон ва ҷинниён ва на мавҷудоти дигари заминӣ ва осмонӣ, дар офариниш ва парвариши ин ҳастӣ нақше надоранд, Ӯ на фақат офаридгор аст, балки тадбири умури ҳамаи мавҷудот ва низоми ҳоким бар онҳо ба дасти Ӯст.

Нуқтаи дигаре, ки дар ин оятҳо ба он ишора шуда, ин, ки дар замин машриқҳои мутаадад вуҷуд доранд ва хуршед ҳар рӯз дар замон ва макони мутафовит ва дар фосилаи муайян аз рӯзи қабл тулуъ мекунад. Ин тағироти рӯзона, муназзам ва барасоси муҳосиботи комилан дақиқ аст, ин тағироти ҳама ба тадбири Ӯст, ки барои замин ва хуршед, мадори муаян карда ва ҳар кадом бо суръати хос дар мадори худ ҳаракат мекунанд , ки натиҷаи ин ҳаракатҳои муназзам, машриқҳо ва мағрибҳои мутаадад дар нуқоти мухталифи замин аст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Назм дар корҳо, аз арзишҳои мавриди таъкиди дин аст, ки омили ваҳдат ва қудрат ва суръат дар кор мешавад.

 

2 – Ҳамвора дар масири ҳадаф мавонее вуҷуд дорад, ки бояд  барои рафъи онҳо саъй ва талош кард ва даст аз ҳадаф барандошт.

 

3 – Худованд ҳам офаридгори ҷаҳон аст ва ҳам тадбиркунандаи умури ҳастӣ аст.

 

4 – Ҳамаи ҳастӣ таҳти мудирияти як воҳид аст.

 

5 – Ҳамоҳангӣ миёни замин ва осмон ва дигар махлуқоти ҷаҳон, беҳтарин нишонаи ягонагии Худованд аст.

 

 

6

  إِنَّا زَیَّنَّا السَّمَاءَ الدُّنْیَا بِزِینَةٍ الْکَوَاکِبِ

 

Мо осмони дунёро ба зевари ситорагон оростем.

 

Ба дунболи таъкид бар яктоии Парвардигори осмонҳо ва замин дар оятҳои қабл, ин оят мефармояд: мо осмони болои сари шуморо, ки наздиктарин осмон ба шумост бо ситорагон зинат кардаем.

Ҳақиқат ин аст, ки зиндагӣ дар шаҳрҳои шулуғ ва пур ҷамъият, муҷиб шуда, ки башар имрӯз ба хотири рушнойии хиёбонҳо, манзилҳо, мағозаҳо ва сойири муҳитҳои шаҳрӣ дар шабҳо ситорагонро набинанд, аммо дар шабҳои торик, осмон дар биёбонҳо ва рустоҳо, ҷилваи бисёр диданӣ дорад ва инсонро шигефтзада ва мутаҳайир месозад, ҳам зебост ва ҳам бо азамат.

Гуё Худованд дар ин оят, ситорагонро ба чароғҳое ташбеҳ карда, ки барои чароғонӣ дар маросими ҷашн истифода мешаад.

Ситорагоне, ки бисёре аз онҳо аз фавосили бисёр дур чашмак мезананд ва равшан ва хомуш мешаванд ва бархе низ нури собит ва мондгор доранд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Гироиш ба зинат ва зебоӣ, аз тамойлоти фитрии башар аст, лизо баҳрагирӣ аз зинат ва зебойии манозири табии, мавриди таъйиди Қуръон аст.

 

2 – Зебоиҳои осмон ва ситорагон, нишонае аз қудрат ва азамати Парвардигори ҷаҳонофарин аст.

 

3 – Таваҷҷуҳ ба осмон ва ситорагон ва шинохт ва мутолиаи ҳарчӣ бештар дар мавриди онҳо, шохае аз улум аст, ки ҳамвора мавриди таъкиди мутафаккирон ва донишмандони дини Ислом будааст.