Сентябр 13, 2018 04:23 Asia/Dushanbe

Қисмати 821 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 102-105

102

 

فَلَمَّا بَلَغَ مَعَهُ السَّعْیَ قَالَ یَا بُنَیَّ إِنِّی أَرَى فِی الْمَنَامِ أَنِّی أَذْبَحُکَ فَانظُرْ مَاذَا تَرَى قَالَ یَا أَبَتِ افْعَلْ مَا تُؤْمَرُ  سَتَجِدُنِی إِن شَاءَ اللَّـهُ مِنَ الصَّابِرِینَ

 

Пас чун "Исмоил ба синне расид, ки" дар кор ва кушиш, падарашро ҳамроҳӣ мекард, падар гуфт: писарам! Ман дар хоб мебинам, ки туро забҳ мекунам, пас бингар назарат чист? "Онро чигуна мебинӣ?" гуфт: эй падар! Ончиро маъмур шудаи анҷом деҳ, ки агар Худо бихоҳад маро аз собирон хоҳи ёфт.

 

Дар оятҳои қабл гуфтем, ки ҳазрати Иброҳим (а) аз Худованд хост ба ӯ фарзандони солеҳ ато фармояд, ин оят мефармояд: фарзандеро, ки Ӯ ато намуд, ҳангоме, ки ба сини навҷавонӣ ва шукуфоӣ расид, Худованд аз тариқи руъё ба ҳазрати Иброҳим (а) фармон дод, ки фарзандашро дар роҳи Худо забҳ кунад.

Табии аст лозимаи ин кор, илова бар ризояти падар, ризоят ва пазириши фарзанд низ буд, лизо он ҳазрат ба фарзадаш Исмоил (а) гуфт: чунин фармоне ба ман дода шудааст, оё омодагии пазириши ин кори сахтро дори ё на? Назари ту чист? Забҳи фарзанд ба дасти падар?!

Ба таври табии, инсонҳои одӣ дар баробари ин дастури илоҳӣ, ин савволҳоро матраҳ мекунанд: Худоё ин чӣ чизе аст, ки аз ман мехоҳӣ?! Агар мехости ин тавр шавад, аз ибтидо чунин фарзандеро ба ман намедоди, агар ҳам қарор аст ин фарзанд дар роҳи ту кушта шавад, чаро ман, ки падари ӯ ҳастам ин корро анҷом диҳам?!

Аммо паёмбарон, қабл аз он,ки паёмбар бошанд, банда ва таслими фармони Худованд ҳастанд, аз назари онҳо Ӯ Худои доно ва ҳаким аст, ки ҳар фармоне диҳад, баромада аз илм ва ҳикмати бепоёни Ӯст, лизо далиле надорад, ки ман бо огоҳӣ ва дониши маҳдуди худ, далили ин фармони Ӯро ба таври комил дарк кунам.

Посухи Исмоили навҷавон низ ҳамин аст, ки падарҷон, ончиро Худо фармон дода анҷом бидеҳ, равобити падар ва писарӣ ва авотифи башариро канор бигзор ва ба фикри анҷоми махмуряти худ бош. Гар чӣ ин кор сахт аст, аммо дар роҳи иҷрои фармони Парвардигори ягонаи олам, ҳамаи сахтиҳоро ба ҷон мехарам ва собир ва шакибо ҳастам.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Руъёи паёмӣарон, навъе ваҳйи илоҳӣ бар онон аст, аммо дар мавриди дигар лизо афроди одӣ наметавонанд ба истиноди хобе, ки дидаанд, барои худ ё дигарон таклиф таин кунанд.

 

2 – Дилбастагӣ ба фарзанд набояд монеи анҷоми дарстуроти илоҳӣ ва ё иртикоби гуноҳ ва нофармонии Худо шавад.

 

3 – Амал ба вазифа, ниёзманди сабр ва пойдори аст, набояд ба хотири сахтии кор, аз фармони Худо сарпечӣ кард.

 

103

 

فَلَمَّا أَسْلَمَا وَتَلَّهُ لِلْجَبِینِ

 

Пас чун ҳар ду таслими "Фармони илоҳӣ" шуданд ва Иброҳим (а), пешонии фарзандро бар хок ниҳод "То забҳаш кунад".

 

104

 

وَنَادَیْنَاهُ أَن یَا إِبْرَاهِیمُ

Ӯро нидо додем, ки эй Иброҳим!

 

105

قَدْ صَدَّقْتَ الرُّؤْیَا  إِنَّا کَذَلِکَ نَجْزِی الْمُحْسِنِینَ

 

Ҳақо, ки руъёятро таҳақуқ бахшиди "Ва амри моро итоат бахшидӣ" мо некукоронро ингуна подош медиҳем.

 

Пас аз эъломи омодмгии Исмоил (а) барои иҷрои фармони илоҳӣ, ки баёнгари таслим будани падар ва писар дар баробари Худованд буд, Иброҳим (а) фарзандашро барои забҳ кардан ба сурат бар хок хобонд ва муқадамоти корро фароҳам сохт, дар он лаҳза нидо омад, ки эй Иброҳим (а), мо сарбуридани фарзандро аз ту намехостем, балки дил буридан аз фарзандро мехостем, ки ту дар ин озмуни душвор пирӯз шуди, ту ончиро дар руъё ба ту фармон додем, бедуни кам ва кост муҳақиқ сохти ва нишон доди, ки ҳам қасд ва ангезаи дастури илоҳиро дорӣ ва ҳам дар роҳи он, ҳеч сустӣ ва кутоҳӣ намекуни.

Гарчӣ Исмоил (а) забҳ нашуд, аммо нияти Иброҳим (а) ин буд, ки фарзандашро дар роҳи Худо забҳ кунад, ҳамин нияти ӯ кофӣ буд ва ба ҷойи амал, мавриди қабул қарор гирифт.

Усулан дар фарҳанги диннӣ, баҳо ва арзиши ҳар коре, вобаста ба ният ва ангезаи анҷоми он аст то онҷо, ки нияти муъмин барои анҷоми кори хайр бо арзиштар аз амали ӯ шумурда шудааст.

 

Аз ин оят мермӯзем:

 

1 – Таслим будан дар баробари Худо ва дастуроти Ӯ, яке аз камолоти паёмбарон ва авлиёи лоҳӣ аст, усулан коре мавриди ситоиш  аст, ки бо таслим дар баробари Худо ва ризоят ҳамроҳ бошад.

 

2 – Гоҳ дастуроти илоҳӣ барои озмоиши инсон аст.

 

3 – Барои расидан ба камолоти маънавӣ, ҳад ва марзе вуҷуд надорад, гоҳ як навҷавон метавонад ба суръат маротиби камолро паймуда ва дар ин роҳ, ҳампои авлиёи бузурги илоҳӣ гом бардорад.

 

4 – Эҳсон, фақат ҷанбаи молӣ надорад. Гузашт аз ҷон дар роҳи Худо низ навъе эҳсон аст.