Қисмати 822 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 106-113
Қисмати 822 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 106-113
106
إِنَّ هَـذَا لَهُوَ الْبَلَاءُ الْمُبِینُ
Ба рости ин ҳамон озмоиши ошкор буд.
107
وَفَدَیْنَاهُ بِذِبْحٍ عَظِیمٍ
Мо курбонии бузургеро фадои ӯ кардем.
108
وَتَرَکْنَا عَلَیْهِ فِی الْآخِرِینَ
Ва дар миёни ояндагон барои ӯ "Номи нек" ба ҷо гузотем.
Дар оятҳои қабл гуфтем, ки вақте Иброҳим (а) ва Исмоил (а) омодаи иҷрои фармони илоҳӣ шуданд, Худованд нидо дод, ки эй Иброҳим! Ончиро дар рӯё ба ту фармон додем, бидуни кам ва кост муҳақиқ сохти ва дар роҳи анҷоми вазифа, сустӣ ва кутоҳӣ накарди.
Ин оятҳо мефармояд: қасди Худованд аз фармони забҳи Исмоил (а) ба дасти падар, озмоиши Иброҳим (а) буд, на он,ки Худованд бихоҳад хуни Исмоил (а)ба дасти падараш бар замин рехта шавад, ин озмоише буд барои онки мушахас шавад оё Иброҳим (а) ҳозир аст дар роҳи анҷоми фармони Худованд аз фарзанди азизи худ дил бибурад ё на? Дар воқеъ ҳадафи Худованд, дил буридани Иброҳим (а) аз фарзанд буд на буридани сари ӯ, лизо ҳамин, ки онҳо омодагии худро нишон доданд, Худованд дастур дод, ки Иброҳим (а) ба ҷойи Исмоил (а), қучи бузургро дар роҳи Худо қурбони кунад, то ин суннати Иброҳимӣ дар тули таърих аз ӯ ба ёдгори бимонад, ҳамчунин ба ин хотир буд, ки зоирони хонаи Худо ва касоне, ки дар маросими ҳаҷ дар Макка ширкат мекунанд, дар сарзамини Мино, Иброҳим ва Исмоилро ба ёд оваранд ва дар роҳи Худо қурбонӣ кунанд.
Аз ин ятҳо меомӯзем:
1 – Даст кашидан аз фарзанд ва дил буридан аз алоқаи падар ва фарзандӣ аз сахтарин озмоишҳои илоҳӣ аст, ки Иброҳим (а) ва Исмоил (а) аз ин озмоиш сарбаланд берун омаданд.
2 – Қурбони кардан дар роҳи Худо, аз суннатҳои Иброҳим (а) аст, ки ҳар сола дар иди қурбон дар Макка ва дигар шаҳрҳо ва сарзаминҳои Исломӣ анҷом мешавад.
3 – Чӣ басо инсонҳое, ки суннатҳои ҳасанае аз худ ҷо мегузоранд, ба ҳамин хотир, номашон дар миёни ояндагон ҷовидона ва абадӣ боқи мемонад.
109
سَلَامٌ عَلَى إِبْرَاهِیمَ
Салом бар Иброҳим.
110
کَذَلِکَ نَجْزِی الْمُحْسِنِینَ
Мо некукоронро ингуна подош медиҳем.
111
إِنَّهُ مِنْ عِبَادِنَا الْمُؤْمِنِینَ
Ҳамоно ӯ аз бандагони муъмини мо буд.
Дар идомаи оятҳои қабл, ки баёнгари лутфи вижаи илоҳӣ ба ҳазрати Иброҳим (а) пас аз пирӯзии ӯ дар озмуни забҳи фарзанд буд, ин оятҳо, дуруди илоҳӣ бар он ҳазратро дар тули таърих баён мекунад, сипас мефармояд: ин лутф в иноят, ихтисосе ба ҳазрати Иброҳим (а) надорад ва ҳар кас ба ҳар андоза аз мол ва ҷон ва алоиқи худ дар роҳи Худо бигзарад, машмули подоши илоҳӣ хоҳад шуд.
Ҳар кас аҳли имон буда ва дар масири бандагии Худо, таслими маҳзи Ӯ бошад, ҳамчунин ҳазрати Иброҳим (а) машмули дуруд ва лутфи Худованд қарор мегирад ва ин амр дар тули таърих ҳамвора идома дорад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Худованд дар Қуръон ба паёмбаронаш салом кардааст, аммо дар мавриди паёмбари Ислом, ҳам Худо ва фариштагонаш бар он ҳазрат дуруд ва салавот мефиристанд ва дар ҳамин росто, Худо аз аҳли имон низ хостааст ҳамвора бар ӯ дуруд ва салавот бифиристанд.
2 – Ҳаргуна кори нек, подоши илоҳиро дар дунё ва охират ба дунбол дорад.
3 – Низоми кайфар ва подоши илоҳӣ, дорои қонун ва сунати мушахас аст на он,ки амре салиқаи ва мавридӣ бошад.
112
وَبَشَّرْنَاهُ بِإِسْحَاقَ نَبِیًّا مِّنَ الصَّالِحِینَ
Ва ӯро ба Исҳоқ, башорат додем, ки паёмбаре аз солиҳон буд.
113
وَبَارَکْنَا عَلَیْهِ وَعَلَى إِسْحَاقَ وَمِن ذُرِّیَّتِهِمَا مُحْسِنٌ وَظَالِمٌ لِّنَفْسِهِ مُبِینٌ
Ва бар ӯ ва бар Исҳоқ, баракат ва хайр ато кардем ва аз дудмони он ду бархе некукоронанд ва "Бархе" ошкоро ба худ ситам мекунанд.
Қуръон дар оятҳои қабл, ба Исмоил (а), фарзанди Иброҳим (а) ишора дошт ва дар он оятҳо, аз Исмоил (а) ба унвони навҷавонӣ сабур ва бурдбор ёд кард, аммо ин оятҳо дар бораи фарзанди дигари ҳазрати Иброҳим (а), яъне Исҳоқ (а) аст, ки Худованд ваъдаи паёмбарии ӯро ба ҳазрати Иброҳим (а) дода буд.
Паёмбарон, ки ҳамчун дигар паёмбарон, аз солиҳон ва некони рӯзгори худ буд, лизо лутф ва инояти вижаи илоҳӣ шомили ҳоли ӯ шуд. Баракат дар ҳама чиз, дар умр ва зиндагӣ, дар насл ва зурия, дар андеша ва мактаб, зеро баракат ба маънои хайр мондагор ва бодавом аст, яке аз он хайрҳои мондагор ин буд, ки паёмбарони бани Исроил аз насли Исҳоқ (а) буданд, албатта Паёмбари Ислом аз насли Исмоил (а) буд.
Дар интиҳои ин оятҳо мефармояд: албатта ҳамаи фарзандон аз насли Исҳоқ (а), некукорон набуданд, балки гуруҳе низ золим ва гунаҳкор буданд, ин аз муқтазиёти ирода ва ихтиёри башар аст, ки бо вуҷуди варосати пок, метавонад гузинаҳои нодурустро интихоб карда ва роҳи хилофро дар пеш гирад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Дар хонадони паёмбарон низ мумкин аст фарзандони ноаҳл вуҷуд дошта бошанд, доштани пайванди насабӣ ё хонаводагӣ бо паёмбарон ё инсонҳои пок ва дурусткор, лузуман ба маънои ҳидоят ёфтани афрод нест, мумкин аст падар аз баргузидагони даргоҳи Худо бошад, вале фарзанди ӯ аз роҳи ҳақ мунҳариф бошад.
2 – Дуои ҳазрати Иброҳим (а) дар мавриди фарзандон ва дудмонаш, заминаи дарёфти бисёре аз алтофи илоҳӣ дар Исмоил ва Исҳоқ ва наслҳои баъди онон шуд, мо низ ҳамвора барои солиҳ будани шоистагии фарзандон ва наслҳои ояндаи худ дуо кунем.