Октябр 11, 2018 06:17 Asia/Dushanbe

Қисмати 823 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 114-122

114

 

وَلَقَدْ مَنَنَّا عَلَى مُوسَى وَهَارُونَ

 

Ва ба рости мо бар Мусо ва Ҳорун миннат ниҳодем.

 

115

 

وَنَجَّیْنَاهُمَا وَقَوْمَهُمَا مِنَ الْکَرْبِ الْعَظِیمِ

 

Ва он ду ва қавмашонро аз андуҳи бузург наҷот додем.

 

116

 

وَنَصَرْنَاهُمْ فَکَانُوا هُمُ الْغَالِبِینَ

 

Ва ононро ёрӣ кардем, пас онон пирӯз шуданд.

Дар оятҳои қабл, Қуръони Карим бархе аз неъматҳоеро ёдовар шуд, ки Худованд ба ҳазрати Иброҳим (а) атто карда буд, ин оятҳо дар бораи алтофи Худованд ба ҳазрати Мусо (а) ва бародараш Ҳорун аст. Ибтидо ба сурати кулли мефармояд, ки Худованд ононро машмули неъматҳои худ сохт ва сипас мавориди ин неъматҳоро баён мекунад. Аввалин лутфи Худованд ба Мусо (а) ва Ҳорун  ва қавмаш бани исроил, озодии онҳо аз чанголи Фиръавн ва атрофиёнаш ва пирӯзияшон бар душманон буд.

Фиръавн ҳокими хунрез ва ситамгари Миср, мардонро ба бардагӣ ва бекорӣ мекашид, занонро ба канизӣ мегирифт ва писаронро сар мебурид. Дар чунин шароите ҳазрати Мусо (а) аз ҷониби Худованд маъмурият ёфт, ки қавми бани исроилро наҷот диҳад, ӯ бо имоне ба Худо тавонист асбоби озодии ононро фароҳам кунад ва онҳоро аз ин ранҷ ва андуҳи бузург раҳоӣ бахшад.

Ба далили лутфи Худованд ва ёрии Ӯ, бани исроил аз руди Нил гузаштанд ва Фръавн ва лашкариёнаш дар об ғарқ шуданд, ба ин тартиб, онон бо дасти холи бар Фиръавн ва сипоҳиёни то бани дандон мусалаҳи ӯ пирӯз шуданд ва аз чанголи Фиръавни ситампеша раҳоӣ ёфтанд, пас аз нобудии фиръавниён, бани исроил бар амвол ва дороиҳо, боғҳо ва кохҳои онҳо даст ёфтанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Ёди алтофи илоҳӣ ба паёмбарони пешин, сабаби оромиш ва дилгармии муъминон дар тули таърих мешавад.

 

2 – Бартараф шудани ғам ва андуҳ ва фишорҳои равонӣ ва расидан ба оромиши руҳӣ аз неъматҳои бузурги илоҳӣ аст.

 

3 – Паёмбарон ва авлиёи Худо, ҳамвора ба фикри мардум таҳти ситам ҳастанд, барои онҳо дилсузӣ мекунанд ва худро дар ранҷ ва андуҳи онон шарик медонанд, мардони Худо, замоне аз нигарони осуда мешаванд, ки инсонҳои мазлум аз султаи ситамгарон ва зургуён раҳоӣ ёбанд ва дар роҳатӣ басар баранд.

 

 

117

 

وَآتَیْنَاهُمَا الْکِتَابَ الْمُسْتَبِینَ

 

Ва ба он ду, китоби равшангар додем.

 

118

 

وَهَدَیْنَاهُمَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِیمَ

Ва он дуро ба роҳи рост ҳидоят кардем.

119

 

وَتَرَکْنَا عَلَیْهِمَا فِی الْآخِرِینَ

 

Ва барои он ду дар миёни ояндагон, "Номи нек" ба чо гузоштем.

 

Пас аз неъмати озодӣ аз истибдоди фиръавнӣ, дар ин оятҳо бузургтарин неъмат, ки нузули китоби осмонӣ барои ҳидояти ҷомеа ба сӯйи саодати дунё ва охират аст, мавриди таваҷҷуҳ ва таъкид қарор гирифтааст.

Равшан аст, ки ҷомеаи раҳо шуда аз султаи фиръавнӣ ниёзманди қонун ва раҳбари илоҳӣ аст то сомон ёбад ва бори дигар гирифтори истимдод ва истикбор нашавад, лизо нузули таврот, ки қавонини мавриди ниёзи қавми бани исроил дар он мавҷҷуд буд ва ниёз доштани раҳбари тавоно чун Мусо (а), бузургтарин муваҳиди илоҳӣ бар қавми бани исроил буд то ҷомеаи солим ва рӯ ба такомул ташкил шавад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Наҷоти мардум аз салтаи зулм ва истибдод, роҳро  барои ҳидояти онҳо ба сӯйи Худо ҳамвортар мекунад.

 

2 – Китобҳои осмонӣ, роҳи дурусти зистро ба инсон меомузад, албатта ба шарте, ки дучори дасткорӣ, таҳриф ва инҳироф нашаванд.

 

2 – Худованд дар Қуръон аз фариштагони худ таҷлил акарда ва номи нек, яке аз сармояҳои иҷтимоии тамоми паёмбарон дар тули таърих будааст.

 

120

سَلَامٌ عَلَى مُوسَى وَهَارُونَ

Салом бар Мусо ва Ҳорун

 

121

 

إِنَّا کَذَلِکَ نَجْزِی الْمُحْسِنِینَ

Мо ин гуна некукоронро подош медиҳем.

 

122

 

إِنَّهُمَا مِنْ عِبَادِنَا الْمُؤْمِنِینَ

 

Ҳамоно он ду аз бандагони муъмини мо буданд.

 

Дар поёни ин бахш аз оятҳое, ки дар бораи ҳазрати Мусо (а)  ва Ҳорун буд, Худованд ба онон салом ва дуруд фиристод ва онро дар Қуръон зикр карда то дарсе бошад барои аҳли имон, ки ҳамвора ба паёмбарони лоҳӣ дуруд бифиристанд ва аз заҳамоти он бузургворон қадрдони кунанд.

Дар идомаи оятҳо мефармояд: лутф ва инояти мо ба ин ду паёмбар ва аҳли имон, амре мустамар ва пойдор аст ва ҳар кас дар тули таърих, бо имон, пок ва дурусткор бошад ва ба мардум неки кунад, машмули чунин инояте хоҳад шуд.

Охирин оят дар бораи ҳазрати Мусо (а) ва Ҳорун ба дарачаи бандагӣ ва таслим будани онон ишора карда ва мефармояд: онҳо аз бандагони бо имони мо буданд, ин таъбир  дар бораи умуми паёмбарон дар Қуръон ба кор рафтааст ва онон ба унвони абд ва бандаи Худо тавсиф шудаанд.

Вожаи абд, ки муқобили он вожаи муввалӣ аст, баёнгари таслими маҳз будани паёмбарон дар баробари дастуроти Худост, бар хилофи бисёре аз мардум, ки дар баробари дастуроти Худованд таслим нестанд ва фақат дастуротеро амал мекунанд, ки илат ва ҳикмати онро бидонанд ва бифаҳманд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

1 – Дуруд ва салом ба мардони илоҳӣ, кори писандидае аст, ки Худованд ба мо омӯхтааст ва ин бадон маъност, ки он инсонҳои бузург ин саломҳоро дарёфт мекунанд.

 

2 - Ҳар гуна иқдом дар ҷиҳати табйини маъорифи дин ва ҳидояти ҷомеа,навъе эҳсон аст, ки ин аз вижагиҳои мардони Худост.

 

3 - Алтофи илоҳӣ ба некукорон, як суннат ва ҷараёни мустаммар дар тули таърих будааст.