Октябр 14, 2018 10:20 Asia/Dushanbe

Қисмати 824 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 123-132

123

وَإِنَّ إِلْیَاسَ لَمِنَ الْمُرْسَلِینَ

 

 

Ва ба рости Илёс аз фиристтодагони "Мо" буд.

 

124

 

إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ أَلَا تَتَّقُونَ

Онгоҳ, ки ба қавмаш гуфт: оё парво намекунед?

 

125

 

أَتَدْعُونَ بَعْلًا وَتَذَرُونَ أَحْسَنَ الْخَالِقِینَ

Оё бути баълро мехонед ва беҳтарин офаринандагонро раҳо мекунед?!

 

126

 

اللَّـهَ رَبَّکُمْ وَرَبَّ آبَائِکُمُ الْأَوَّلِینَ

 

Худоро, ки Парвардигори шумо ва Парвардигори падарони пешини шумост.

 

Пас аз саргузашти ҳазрати Иброҳим (а) ва Мусо (а), ин оятҳо ба саргузашти ҳазрати Илёс ишора карда ва мефармояд: аввалин сухани ӯ бо қавмаш, парҳез аз ширк ва бутпарастӣ ва ҳаргуна зулм ва фасод буд, амре, ки афроди бепарво гирифтори он ҳастанд ва бар асари он, даст ба корҳои зишт ва нораво мезананд.

У виҷдони бутпарастиро мавриди хитоб қарор дода ва мегуфт: чигуна аст, ки шумо бутеро, ки бо дасти худ метарошед, мавриди парастиш ва ниёиш қарор медиҳед, аммо Холиқи худро фаромуш мекунед? Оё бутҳо қудрати офариниши чизеро доранд, ки ин гуна дар баробари онҳо таъзим мекунед?! Оё шумо ва падаронатон ё фарзандонатон тавассути онҳо офарида шудаанд? Чаро Худоеро, ки Парвардигори шумо ва падаронатон ва мудаббири умури олам аст, раҳо карда ва ба суроғи аҷсоми беҷон ва бехосият меравед?

Чӣ басо бутпарастон барои тавҷиҳи кори худ, ба сираи ниёгонашон дар парастиши бутҳо истинод мекардаанд, вале ҳазрати Илёс дар посухи онҳо мегуфт: падарон ва ниёгони шумо низ офаридаи Худованд ҳастанд, на бутҳо

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Ҳамаи паёмбарони илоҳӣ башарро ба Худопарастӣ ва нафии парастиши ҳар чизе ҷуз Худо даъват кардаанд.

 

2 – Парастиш, фақат сазовори беҳтарин офаринандаҳо яъне Офаридгори ягонаи олами ҳастӣ аст.

3 – Сарлавҳаи даъвати паёмбарон ва зербанои ҳамаи камолот, тақво ва парҳезкорӣ аст.

 

4 – Паёмбарон дар бархурд бо мардум, талош мекарарданд, ки бо тарҳи савволҳои сода, муқоиса ва қобили фаҳм, онҳоро аз хоби ғафлат бедор кунанд, чунонки  муқоисаи бутҳои беҷон ва бе хосият, бо Офаридгори доно ва Тавонои ҳастӣ, виҷдонҳоро бедор мекунад.

 

127

 

فَکَذَّبُوهُ فَإِنَّهُمْ لَمُحْضَرُونَ

 

Пас ӯро такзиб карданд ва бе шак онон "Барои кайфар" эҳзор хоҳанд шуд.

 

128

 

إِلَّا عِبَادَ اللَّـهِ الْمُخْلَصِینَ

 

Ҷуз бандагони холисшудаи Худо.

 

129

 

وَتَرَکْنَا عَلَیْهِ فِی الْآخِرِینَ

 

Ва барои ӯ дар миёни ояндагон "Номи нек" барҷой гузоштем.

 

Ҳамонанди бисёре аз ақвоми гузашта, аксарияти қавми ҳазрати Илёс (а) низ рисолати ӯро такзиб карданд ва ҳозир нашуданд, ки пандҳо ва насоиҳи ӯро дар мавриди лузуми тарки бутпарастӣ бипазиранд. Қуръон мефармояд: фарҷоми чунин такзибе, олуда шудан ба анвои гуноҳон ва корҳои зишт ва дарёфти кайфари илоҳӣ аст, танҳо гуруҳи андаке, ки ба Илёс (а) имон оварданд ва Худоро холисона парастиданд, наҷот ёфтанд.

Идомаи оятҳо мефармояд: Худованд заҳматҳои паёмбаронашро арҷ мениҳад ва номи онҳоро ба неки ёд мекунад то андеша ва роҳ ва равиши он бузургмардон дар тули таърих зинда ва ҷовидон бимонад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Меъёри саодат, зиндагии динявии афрод нест, балки саранҷоми кори онҳо дар қиёмат мушахас мешавад, ки оё онҳо аҳли саодат ва наҷотанд ё дузахӣ ҳастанд.

 

2 – Парастиши холисонаи Худо ва ихлос дар амал, роҳи наҷот ва растагорӣ аст ва инсонро аз кайфари илоҳӣ мераҳонад, нохолисӣ дар роҳи Худо, инсонро аз расидан ба мақсад боз медорад.

 

130

سَلَامٌ عَلَى إِلْ یَاسِینَ

Салом ва дуруд бар Илёс.

 

131

 

إِنَّا کَذَلِکَ نَجْزِی الْمُحْسِنِینَ

Мо некукоронро нигуна подош медиҳем.

 

132

 

إِنَّهُ مِنْ عِبَادِنَا الْمُؤْمِنِینَ

Ҳамоно ӯ аз бандагони муъмини мо буд.

 

Қуръон пас аз баёни саргузашти ҳазрати Илёс мефармояд: Худованд бар паёмбараш Илёс (а) дуруд мефиристад, албатта дар ояти 130 ба ҷойи Илёс (а), илёсин омада, ки ду номи як паёмбар аст, монанди Сино ва синин, ки ҳар ду номи як сарзамин ҳастанд.

Дар қисматҳои қаблии ин сура ба саргузашти баъзе аз паёмбарони пешин ишора шуд, дар поёни нақли достони ҳар як аз онҳо, Худованд имони неруманд ва холиси он инсонҳои бузургро ёдовар шуд, аз талош ва некукории онҳо тақдир кард ва фармуд: ин суннати мост, ки кори некукоронро ҷуброн карда, ба онҳо подош медиҳем. Дар поёни оятҳои марбут ба ҳазрати Илёс (а) низ Қуръон ба ҳамин мавзӯъ ишора карда ва мефармояд: талошҳо ва заҳматҳои ҳамаи касоне, ки дар роҳи Худо қадам бардоранд ва ба дунболи кори нек ва хайррасонӣ ба мардум бошанд, фаромуш намешаванд, ин сунати Худованд аст, ки некукоронро ба наҳви муносиб подош диҳад ва кори неки онҳоро ҷуброн кунад, чӣ паёмбар бошанд ва чӣ афроди одӣ, албатта ба ин шарт, ки дар масири илоҳӣ гом бардоранд ва аҳли имон бошанд, вагарна касе, ки Худоро инкор кунад ва ҳозир ба таслим ва таъзим Холиқи худ набшад, агар кори хайре ҳам анҷом диҳад, барои мардум дунё анҷом дода ва подоши онро дар қолаби ҳамон сипос ва ташакури онон дар ин ҷаҳон дарёфт мекунад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Салом кардан ба паёмбарон ва авлиёро аз Худованд биёмӯзем.

 

2 – Лутф ва инояти Худованд ба аҳли эҳсон ва некукорӣ, аз суннатҳои илоҳӣ аст ва ҳамвора ҷуброн дорад.

 

3 – Ҳар кас Худоро бандагӣ кунад ва аҳли имон ва эҳсон бошад, салом ва дуруди илоҳиро дар тули таърих дарёфт мекунад.