Қисмати 825 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 133-138
Қисмати 825 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 133-138
133
وَإِنَّ لُوطًا لَّمِنَ الْمُرْسَلِینَ
Ва ҳамоно Лут низ яке аз фиристодагони "Мо" буд.
134
إِذْ نَجَّیْنَاهُ وَأَهْلَهُ أَجْمَعِینَ
Онгоҳ, ки ӯ ва ҳамаи хонаводаашро наҷот додем.
135
إِلَّا عَجُوزًا فِی الْغَابِرِینَ
Ҷуз пиразане, ки дар миёни боқимондагон "Дар шаҳр" буд.
136
ثُمَّ دَمَّرْنَا الْآخَرِینَ
Сипас дигаронро нобуд кардем.
Дар идомаи оятҳои пешин, ки саргузашти бархе паёмбарон дар ин сураи "Софот" баён шуд, ин оятҳо ба иҷмол, ба саршузашти ҳазрати Лут (а) ва қавмаш мепардозанд. Он қавм дар шимоли минтақаи Ҳиҷоз ва дар масири Макка ба Шом зиндагӣ мекарданд, ҳар рӯз корвонҳои тиҷорӣ аз ин масир рафт ва омад мекарданд ва аз канори диёри онон мегузаштанд.
Аз назари таърихӣ низ барасоси оятҳои Қуръон, ҳазрати Лут (а) дар замони ҳазрати Иброҳим (а) буда ва мубаллиғи ойин ва шариъати он ҳазрат будааст.
Ин оятҳо ба бахши поёни саргузашти ҳазрати Лут (а) ва қавмаш пардохта, мефармояд: ҳангоме, ки азоби илоҳӣ бар он қавми гунаҳкор низил шуд, касоне, ки ба ӯ имон оварда ва аҳли ӯ маҳсуб мешуданд, аз нузули азоб хабардор шуданд, онҳо ҳамроҳи ҳазрати Лут (а) аз шаҳр хориҷ шуда ва наҷот ёфтанд, аммо мардуме, ки афроди фосид буданд, аз нузули азоб хабар надоштанд, онҳо дар хонаҳои худ буданд, ки қаҳри илоҳӣ, ононро аз замин ва осмон фаро гирифт ва хонаҳои онҳо бар сарашон вайрон шуд.
Идомаи оятҳо бар ин нукта ишора дорад, ки ҳамсари ҳарати Лут (а) ба ҷиҳати ҳамкорӣ бо он қавми гунаҳкор ва розӣ будан ба корҳои зишти онҳо, сарнавишти мушобеҳи он қавм дошт ва равобити хонаводагӣ натавонист ӯро наҷот диҳад, зеро мелоки меҳр ё ғазаби илоҳӣ, риояти усул ва арзишҳои диннӣ ва ахлоқӣ аст, пайвандҳои хонаводагӣ ва хешовандӣ нақше дар ин маврид надорад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Баёни саргузашти ақвоми гузашта дар Қуръон, дар воқеъ табйини сунатҳои илоҳӣ ҳаким бар таърих аст то мояи ибрати наслҳои мухталифи башар шавад.
2 – Ҳисоби паёмбарон, аз ҳисоби ҳамсарон ва фарзандонашон ҷудост ва равобити хонаводагӣ, таъйинкунандаи сарнавишти инсонҳо нест ба иборате, вобастагии физикӣ ба танҳои сабаби наҷот нахоҳад шуд.
3 – Аҳли имон ва пайравони фикрӣ ва илмии паёмбарон, ҳар чанд аз ақвом ва наҷотҳои дигар бошанд, аз хонадони онҳо маҳсуб мешаванд, ба акс низ агар фарзанд ва ҳамсари паёмбарон, беимон бошанд, аз аҳли байти онҳо маҳсуб намешаванд.
137
وَإِنَّکُمْ لَتَمُرُّونَ عَلَیْهِم مُّصْبِحِینَ
Ва шумо субҳгоҳон аз канори "Вайронаҳои шаҳри" онон мегузаред.
138
وَبِاللَّیْلِ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
Ва "Низ" шомгоҳон, пас оё намеандешед?
Дар зайли оятҳои қабл гуфтем, ки қавми ҳазрати Лут (а) дар масири корвонҳои тиҷории Макка ба Шом зиндагӣ мекарданд, ин оятҳо мефармод: пас аз нузули азоб бар ин қавм, касоне, ки аз канори ин шаҳр мегузаштанд, медиданд, ки чигуна сокинони шаҳр дар зери оворҳо монда ва ҷон додаанд, он қавми ҳамҷинсбоз ва бадкор буданд.
Дар миёни онҳо идае низ буданд, ки дар баробари ин кори зишт ва нописанди онҳо, сукут карда ва бо ин мункири бузург мубориза намекарданд, лизо ҳамагӣ гирифтори азоб шуданд.
Батаври кулли зиштӣ ва қабоҳатии ин кор дар миёни қавми ҳазрати Лут (а) аз байн рафта буд, онҳо ҳатто ҳазрати Лутро, ки ононро аз ин кори нописанд барҳазар медошт ва ба ҷойи он издивоҷи табииро матраҳ мекаданд, таҳдид мекарданд.
Аҷиб аст, ки бо гузашти чанд ҳазор сол аз моҷарои он қавм, башар имрӯз, ки мудаии пешрафт ва тамаддун аст ва адёнро ба куҳнапарастӣ ва хурофа мутаҳам кунад, худ гирифтори ин рафтори паст ва ҷоҳилона шудааст, аҷибтар он,ки аз нигоҳи мудаиёни тамадуни ҷадид, муҷоз ва қанунӣ шумурдани ин кор дар кишварҳо, аз нишонаҳои пешрафти онҳо дар заминаи демократи ва ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад.
Бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ дошт, ки ҳуқуқи воқеии башар, тобеи ниёзҳои табиии инсон ва созгор бо андомҳои ҷисмонии ӯст ва аз назари физиюлужи, андомои ҷинсии мард ва зан барои робита бо ҷинси мухолиф тароҳӣ шуда ва ҳечгуна таносубе барои иртибот бо ҳамҷинсӣ надорад, лизо ҳар чизе бар хилофи он, мағоир бо физиюлужии бадани инсон ва ниёзҳои табиии ӯст ва бо низоми офариниш дар таоруз аст.
Мумкин аст идае бигуянд: бархе афрод ба ҳамҷинси худ тамоил доранд ва набояд онҳоро аз ин тамоил маҳрум кард, посух равшан аст, оё дар дигар умури ҷинсӣ ва равонӣ, тобеи тамоили афрод мешавем ва масалан иҷоза медиҳем истиъмоли маводи махзар, ки мавриди тамоили инсонҳои бисёре аст, амри муҷоз ва қонунӣ талақи шавад?
Ба иборати дигар, қонун наметавонад тобеи тамоили идае аз афрод бошад, балки ба акс, яке аз вазоифи қонун ин аст, ки ҷулуви тамоилоти ғайри табии ва нобаҷоро бигирад.
Ба унвони мисол имрӯза идае тамоил ба робитаи ҷинсӣ бо бархе ҳайвонот доранд, оё бояд ин кор ҳам қонуни шумурда шавад?
Умуми мардум аз ҷумла ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонот, ин корро ғайри табиӣ ва мағоир бо низоми табиат мешумуранд, лизо бо он мухолифат меварзанд, пас тамоили идае аз афрод ба корӣ, далиле бардурӯст ва ақлонӣ будани он нест ва наметавонад маншаи қонунгузорӣ бошад.
Ба ҳар ҳол, гарчӣ башари имрӯз дар абзори зиндагӣ аз қабили пушок ва маскан ва худрав ва соири васоили рифоҳии пешрафт қобили мулоҳизаи карда, аммо мутаасифона дар равобити инсонӣ пешрафти чандоне надорад, ҳатто дар мавориди пешрафт низ доштааст, ки издивоҷи ҳамҷинсгароён яке аз намунаҳои он аст.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Бо сайр ва сафар ба нуқот таърихӣ ва бостонии ба ҷомонда аз ақвоми пешин ё мутолиа дар саргузашти онҳо, барои зиндагии имрӯзи худ ибрат бигирем.
2 – Умури ибратомез кам нест, мушкил ин аст, ки таваҷҷуҳ аз канори умур мегузарем ва камтар дар онҳо меандешем то ибрат бигирем.