Декабр 17, 2018 07:57 Asia/Dushanbe

Қисмати 826 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 139-148

139

وَإِنَّ یُونُسَ لَمِنَ الْمُرْسَلِینَ

Ва ҳамоно Юнус аз фиристодагон буд.

 

140

 

إِذْ أَبَقَ إِلَى الْفُلْکِ الْمَشْحُونِ

Онгоҳ, ки "Аз қавми худ" ба сӯйи киштии пур "Аз бор ва мусофир" гурехт.

 

141

 

فَسَاهَمَ فَکَانَ مِنَ الْمُدْحَضِینَ

Пас бо онон "Сарнишинони кишти" қуръа андохт ва аз бозандагон шуд.

 

Дар оятҳои пешин, саргузашти бархе паёмбарон ба таври хулоса баён шуд, ин оятҳо дар идома ба иҷмол ба саргузашти ҳазрати Юнус (а) мепардозад. Худованд, паёмбароне чун Нуҳ (а) ва Иброҳим (а)  ва Мусо (а) ва Ҳорун (а) ва Илёс (а) ва Лут (а) –ро аз шарри душманонашон наҷот дод, мухоллифони онҳоро мағлуб кард ва ба азоб гирифтор намуд, аммо дар достони ҳазрати Юнус (а), моҷаро ба гунаи дигар рақам хурд, бадин тартиб, ки қавмаш бо дидани нишонаҳои азоб тавба карданд ва Худованд онҳоро машмули лутфи хеш қарор дод ва дар муқобил, Юнус (а) – ро ба хотири тарки қавмаш гирифтори мушкилот кард.

Бар асоси ривоёт, ҳазрати Юнус (а) ҳамонанди дигар паёмбарон, қавмашро аз ширк ва бутпарастӣ ва корҳои нодурӯст барҳазар медошт, аммо онҳо ҳеч таваҷҷуҳе ба суханони ӯ надоштанд ва чанд нафар бештар ба ӯ имон наёварданд. Худованд ба ӯ ваҳйи кард, ки ба зуди азоб бар он қавм нозил мешавад, ӯ ба ҳамроҳи яке аз муъминон, аз шаҳр хориҷ шуд ва ба самти дарё рафт, дар соҳил як киштии пур аз бор ва мусофирро дид ва аз онҳо хост, ки ӯро низ ҳамроҳи худ бибаранд, онҳо низ ӯро савор карда ва ба роҳ афоданд.

Дар васати дарё, наҳанге ба кишти ҳамла кард ва даҳони худро кушуд. Аҳли кишти дарёфтанд, ки яке аз мусофиронро фидо кунанд, вагарна хатар ҳамаи сарнишинони киштиро таҳдид мекунад, онҳо тасмим гирифтанд, ки аз тариқи қуръа, яке аз мусофиронро интихоб карда ва ба даҳони наҳанг бияндозанд то аз кишти ва мусофирони он даст бардорад, қуръа ба номи Юнус (а) афтод ва ба ночор ӯро ба даҳони наҳанг андохтанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Паёмбарон бояд сабр ва таҳаммули болое дошта бошанд ва ҳаргуна камсабрии онон бо гушмоли сахти Худованд мувоҷеҳ мешавад.

 

2 – Ошнои бо таърих ва саргузашти паёмбарон ва миллали пешин, дарсе барои зиндагии имрӯзи мо дар ҷаҳони пур аз зулм ва куфр аст.

 

3 – Дар шароити мусовӣ барои интихоби афроди мавриди назар, метавон аз қуръакашӣ истифода кард, ки дар Ислом низ амри машруъ шумурда мешавад.

 

142

 

 

فَالْتَقَمَهُ الْحُوتُ وَهُوَ مُلِیمٌ

 

Пас "Ӯро ба дарё афканданд" моҳии бузурге ӯро билаид, дар ҳоле, ӯ накуҳиш кунандаи "Хеш" буд.

 

143

 

فَلَوْلَا أَنَّهُ کَانَ مِنَ الْمُسَبِّحِینَ

 

Пас агар ӯ аз тасбиҳгуён набуд.

 

144

 

لَلَبِثَ فِی بَطْنِهِ إِلَى یَوْمِ یُبْعَثُونَ

 

Бетардид то рӯзе, ки барангехта мешаванд "То рӯзи қиёмат" дар шиками моҳи мемонд.

 

Чунон,ки аз оятҳо бармеояд, он наҳанг аз ҷониби Худованд маъмур шуда буд, ки Юнус (а) – ро бибалъад, лизо ба тадбири илоҳӣ, қуръа ба номи Юнус (а) афтод, аммо Худое, ки наҳангро  маъмури балъидани Юнус (а) кардааст, ин қудратро дорад Юнусро то замоне, ки бихоҳад дар шиками он ҳайвон зинда нигаҳ дорад.

Юунус (а) ҳангоме, ки дид наҳанг ба ӯ осебе нарасонда ва дар шиками моҳи зинда аст, мутаваҷҷеҳи асли моҷаро шуд, ӯ ба даргоҳи Худованд рӯй овард ва ба хотири кутоҳияш дар анҷоми вазифа, ба тавба ва иноба ва истиғфор пардохт.

Иқрор ва эътирофи ӯ ҳамроҳ бо надомат ва пушаймони ва сарзаниши худ, боис шуд, ки Худованд асбоби наҷоти ӯро фароҳам кунад, пас наҳанг ба соҳил омад, даҳони худро боз кард ва Юунус (а) аз шикками он хориҷ шуд, табии аст агар афви илоҳӣ шомили ҳоли Юнус (а) намешуд, ӯ то қиёмат дар шиками он моҳии бузург мемонд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Гоҳе ҳайвонот барои анҷоми кори аҷиб  аз ҷониби Худованд маъмур мешаванд

Ҳангоми мувоҷҷеҳ шудан бо мушкилот ва тангноҳон, фирор аз масъулят, роҳкушо нест, чӣ басо ин кор, мушкилоти бузургтареро ба бор меоварад.

 

2 – Истиғфор ва тасбеҳи Худованд ва рӯй овардан ба даргоҳи Ӯ, аз роҳҳои наҷот аз мушкилот ва гирифториҳо аст, ҳамонгуна, ки ҳазрати Юнус (а) пас аз гирифтор шудан дар шиками моҳие, ки ҷойи торик ва зулумотӣ буд, ба Худованди ягона рӯй овард ва аз Ӯ талаби афв ва бахшиш кард.

 

 

145

 

فَنَبَذْنَاهُ بِالْعَرَاءِ وَهُوَ سَقِیمٌ

Пас ӯро дар ҳоле, ки бемор буд, ба замини хушке афкандем.

 

146

 

وَأَنبَتْنَا عَلَیْهِ شَجَرَةً مِّن یَقْطِینٍ

Ва бар ӯ бутае аз каду рӯйёнидем.

 

147

 

وَأَرْسَلْنَاهُ إِلَى مِائَةِ أَلْفٍ أَوْ یَزِیدُونَ                                 

Ва ӯро ба сӯйи яксад ва ҳазор нафар ё бештар фиристодем.

 

148

 

فَآمَنُوا فَمَتَّعْنَاهُمْ إِلَى حِینٍ

 

Пас имон оварданд ва то мудате ононро комёб ва баҳраманд кардем.

 

Ин оятҳо, ки поёни саргузашти Юнус (а) дар шиками моҳи баён мекунад, мефармояд: ба фармони Худованд, наҳанг ба соҳили дарё омад ва Юнус (а) – ро аз даҳон берун афканд. Юнус (а), ки ба таври табии бисёр заиф ва ранҷур шуда буд, тавони ҳаракат надошт ва дар ҳамонҷо дароз кашид. Худованд бутаи кадуе дар канори ӯ рӯйёнид ва бо баргҳои бузург бадани ӯро пушонд то ҳам аз гармои офтоб дар амон бимонад ва ҳам пусти ӯро илтиём бахшад.

Бо ин тадбири илоҳӣ, Юнус (а) наҷот пайдо кард, ӯ тадриҷи саломати худро боз ёфт ва омодаи бозгашт ба сӯйи қавмаш шуд, ҳангоме ба шаҳр ва диёри худ расид, бо камоли тааҷуб дид, ки ҳамон мушрикон ва бутпасатон умуман Худопараст шуданд ва азоб низ нозил нашудааст, балки Худованд ба онон муҳлат додааст то поёни умр ба таври тибии зиндагӣ кунанд ва аз он баҳра бигиранд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Қавми Юнус (а) ба хотири тавба ва имон ба Парвардигор машмули лутфи илоҳӣ шуданд, дуо ва тасбеҳи Юнус (а) ҳам сабаби бархурдории ӯ аз лутф ва имдоди илоҳӣ шуд.

 

2 – Ҳечгоҳ аз тавба ва бозгашти бадкорон ноумед нашавем ва бо онон қаҳр накунем, чӣ басо онҳо дар як лаҳза бедор ва мутаҳаввил шаванд ва боз гарданд.

 

3 – Тавба аз хатоҳои гузашта, заминасози комёбӣ дар оянда аст, қавми Юнус (а) тавба карданд, лизо Худованд қаҳри худро боз гирифт ва ононро комёб сохт.