Январ 10, 2019 07:10 Asia/Dushanbe

Қисмати 827 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 149-160

149

 

فَاسْتَفْتِهِمْ أَلِرَبِّکَ الْبَنَاتُ وَلَهُمُ الْبَنُونَ

"Эй  Паёмбар!" аз онон "Мушрикон" бипурс: оё духтарон барои Парвардигорат ва писарон барои онон аст?

 

150

 

أَمْ خَلَقْنَا الْمَلَائِکَةَ إِنَاثًا وَهُمْ شَاهِدُونَ

Оё мо фариштагонро муанас офаридем ва онон нозир буданд?

 

151

أَلَا إِنَّهُم مِّنْ إِفْکِهِمْ لَیَقُولُونَ

Огоҳ бошед, ки онон аз сари туҳмат мегуянд.

 

152

 

وَلَدَ اللَّـهُ وَإِنَّهُمْ لَکَاذِبُونَ

Худо фарзанд оварда ва албатта онон дуруғгӯянд.

Сураи соффот то инҷо, саргузашти чанд паёмбари иллоҳӣ ва қавмашро бозгу кард, ин оятҳо ба бовариҳои нодурӯсти мушрикони Макка ишора дорад ва мефармояд: онон Худоро монанди башаре мепиндоштанд, ки соҳиби фарзанд аст ва фариштагон духтарони Ӯ ҳастанд ва бадингуна Худоро бо инсон муқоиса мекарданд.

Ин оятҳо дар мақоми нафии ин бовариҳои нодуруст мефармояд: шумо мушрикон аз фарзанди духтар танафур доштаед ва онро шум медонистед ва агар метавонистед фарзанди духтарро зинда ба гур мекардед, ҳол чигуна аст, ки вақте мехоҳед фарзандеро ба Худо нисбат диҳед, духтаронро ба Ӯ нисбат медиҳед ва писаронро барои худ мехоҳед?

Равшан аст, ки дар назди Худо духтар ва писар яксон аст ва ҳечкадом бар дигаре бартари надорад, аммо Қуръон барои муҷодала бо мушрикон, бо мантиқи худи онон сухан мегуяд.

Идомаи оятҳо мефармояд: оё ин иддаои шумо далиле ҳам дорад? Оё шумо ҳангоми офариниши фариштагон ҳузур доштаед ва мушоҳида кардаед, ки фариштагон аз ҷинси духтар ҳастанд? Чаро бар асоси зан ва гумон ба Худо чунин нисбатҳои духтар ё писар будани он баҳс ва ҷадал мекунед?

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

1 – Паёмбарон саъй доштанд бо тарҳи саввол аз мушрикон  ва мункирон, ононро ба тафаккур водоранд то мутанабеҳ шуда ва ба нодурусти будани ақоиди худ пай бибаранд.

 

2 – Бар хилофи нақошиҳои роиҷ дар миёни пайравони баъзе аз адён, ки дар онҳо фариштагон бо чеҳра ва андоми занона нишон дода мешаванд, барасоси оятҳои Қуръон ин пиндори нодуруст  ва мушрикона аст ва бо рӯҳи Қуръон созгор нест.

 

 

153

 

أَصْطَفَى الْبَنَاتِ عَلَى الْبَنِینَ

Оё Худо духтаронро бар писарон тарҷиҳ додааст?

 

154

 

مَا لَکُمْ کَیْفَ تَحْکُمُونَ

Шуморо чӣ шудааст? Чигуна ҳукум мекунед?

 

155

 

أَفَلَا تَذَکَّرُونَ

Пас мутазаккир намешавед?

 

156

 

أَمْ لَکُمْ سُلْطَانٌ مُّبِینٌ

Оё шумо "Бар идъои худ" далили равшане доред?

 

157

 

فَأْتُوا بِکِتَابِکُمْ إِن کُنتُمْ صَادِقِینَ

 

Пас агар рост мегуед, китобатонро биёваред.

 

Дар идомаи оятҳои қабл, ин оятҳо мефармояд: чигуна шумо фариштагонро духтар пиндошта ва ба Худо нисбат медиҳед? Оё гумон мекунед, ки Худо духтарро бар писар бартарӣ дода ва фарзанди писар барои худ интихоб накардааст? Оё вақти он нарисда, ки аз ин хурофот ва суханони бепоя даст бардоред ва мутазаккир шавед? Андаке андеша дар ин мавзӯъ, ботил ва беэътибор будании онро равшан мекунад ва ниёзе ба тафаккури бисёр нест.

Қуръони Карим, пас аз он,ки бовариҳои нодурӯсти мушкрикон дар бораи фариштагонро аз роҳи ақлӣ рад кард, мефармояд: агар аз китобҳои пешин низ далили нақлӣ бар ин иддаои худ доранд, онро арза кунед, дар кадом китоб ё навиштаи осмонӣ аз сӯйи Худо ё паёмбарони илоҳӣ омадааст, ки Худо фарзанд дорад ва фариштагон фарзанди Ӯ ҳастанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Касоне, ки аз нигоҳи онҳо фарзанди духтар бад ва фарзанди писар хуб аст ва онгоҳ духтаронро барои Худо ва писаронро барои худ медонанд, гирифтори ақидаи ботил ва инҳирофе ҳастанд.

 

2 – Ақоид ва бовариҳои инсон дар бораи Худо, бояд мубтанӣ бар далоили ақлӣ ё нақлӣ бошад ва наметавон барасоси зан ва гумон ва пиндорҳои ботил чизеро ба Худо нисбат дод.

 

 

 

158

 

وَجَعَلُوا بَیْنَهُ وَبَیْنَ الْجِنَّةِ نَسَبًا وَلَقَدْ عَلِمَتِ الْجِنَّةُ إِنَّهُمْ لَمُحْضَرُونَ

 

"Мушрикон" байни Худо ва ҷин, нисбате қоил шуданд, дар ҳоле, ки ҷиниён ба хубӣ медонанд, ки "Дар қиёмат"  эҳзор хоҳанд шуд.

 

159

 

سُبْحَانَ اللَّـهِ عَمَّا یَصِفُونَ

Худо муназзаҳ аст аз ончӣ "Онон" тавсиф мекунанд.

 

160

 

إِلَّا عِبَادَ اللَّـهِ الْمُخْلَصِینَ

 

Магар бандагони холисшудаи Худо.

 

Дар идомаи оёятҳое, ки боварҳои нодурӯсти мушриконро баён мекард, ин оятҳо мефармояд: онон миёни Худо ва ҷин низ робита ва нисбатеро қойил буданд, бархе аз мушрикон, ҷинро ҳамсари Худо мепиндоштанд ва бархе аз онҳо, ҷинниёнро ба гунае шарики Худо медонистан ва ҳатто онҳоро мепаристиданд.

Аммо Қуръон ин ақидаи хурофиро сахт инкор мекунад ва мефармояд: чигуна ҷинниён чунин ҷойгоҳе назди Худо доранд, дар ҳоле, ки дар қиёмат барои дарёфти кайфар ва подоши аъмолашон дар додгоҳи илоҳӣ ҳозир шаванд ва бояд посухгӯйи корҳояшон бошанд.

Дар пойён  ин оятҳо, ки бовариҳои нодурусти мушрикон дар бораи Худоро нафӣ кард, Қуръон мефармояд: Худованд аз ҳамаи ин тавсифҳои башарӣ муназзаҳ аст ва ҳеч кас ҷуз паёмбарон ва авлиёи илоҳӣ, ки аз ҳаргуна ширк  ва палидӣ холис шудаанд, наметавонад Худоро ба дурустӣ тавсиф кунад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Инсон агар аз чорчуби ақл ва мантиқ хориҷ шавад, мумкин аст ҳаргуна хурофи ва сухани норавоеро ба Худо ва умури диннӣ нисбат диҳад ва чунон ба бероҳа равад, ки барои Худо ҳамсаре аз ҷинси ҷин қоил шавад.

 

2 – Ҷин мавҷуди воқеӣ аст, ки ҳамонанди инсон оқил ва мукаллаф аст, ӯ дар қиёмат дар пешгоҳи адли илоҳӣ барои расидагӣ ба аъмолаш ҳозир мешавад.

 

3 – Ҳамаи инсонҳо, ҷуз бандагони пок ва холис ва баргузидаи Худо, наметавонанд Ӯро ба дурустӣ ва шойистагӣ тавсиф кунанд.