Январ 29, 2019 08:01 Asia/Dushanbe

Қисмати 828 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 161-173

161

 

فَإِنَّکُمْ وَمَا تَعْبُدُونَ

 

Пас шумо ва ончӣ мепарастед.

 

162

 

مَا أَنتُمْ عَلَیْهِ بِفَاتِنِینَ

 

Наметавонед "Мардумро" бар зидди Ӯ "Худо" гумроҳ кунед.

 

163

 

إِلَّا مَنْ هُوَ صَالِ الْجَحِیمِ

 

Магар касеро, ки "Ба ихтиёри худ" ба дузах дарояд "Дузахӣ бошад"

 

Дар оятҳои қабл, сухан аз бовариҳои нодурӯсти мушрикон дар бораи фариштагон ва ҷинниён буд, ин оятҳо мефармояд: шумо бутпарастон наметавонед дигаронро бо афкори нодурӯсти худ мунҳариф ва гумроҳ кунед, зеро солиҳони ақл ва мантиқ ва дилҳои пок, суханони шуморо намепазиранд ва зеро бори ҳарфҳои ғайри мантиқии шумо намераванд.

Албатта касоне, ки бихоҳанд роҳи дузахиёнро дар пеш гиранд, метавонанд бо ихтиёри худ, пайрави ойинин мушрикон шаванд ва масири инҳирофии ононро дунбол кунанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Худованд, инсонро озод офарид, инсон дар интихоби роҳ ва ойини зиндагии хеш аз ирода ва ихтиёр бархурдор аст ва ҳеч кас наметавонад дигареро дар интихоби роҳ маҷбур кунад.

 

2 – Интихоби роҳ бо инсон аст, аммо ҳар роҳеро, ки башар интихоб кунад, поён ва фарҷоми он аз ихтиёри ӯ хориҷ аст, лизо инсон наметавонад роҳи куфр ва зулм ва ширкро дар пеш гирад ва интизор дошта бошад, ки ба биҳишти абадӣ роҳ ёбад.

164                         

 

وَمَا مِنَّا إِلَّا لَهُ مَقَامٌ مَّعْلُومٌ

 

Ва ҳеҷ як аз мо "Фариштагон" нест, магар он,ки барои ӯ "Мақом ва" ҷойгоҳи муаян аст.

 

165

وَإِنَّا لَنَحْنُ الصَّافُّونَ

                                                                                . Ва моем, ки "Барои анҷоми фармони Худо" ба саф истодаем

  166

 

وَإِنَّا لَنَحْنُ الْمُسَبِّحُونَ»

 

Ва моем, ки тасбиҳгуйёни "Ӯ" ҳастем.

 

Мушрикон бовариҳои нодурӯсте дар бораи фариштагон доштанд, онҳо духтаронро мавҷудоти заиф ва паст мешумурданд ва фариштагонро духтарони Худо мепиндоштанд ва аз ин тариқ онҳоро ба Худо нисбат медоданд.

Ин оятҳо аз забони фариштагон мефамояд:

Бар хилофи тасаввури шумо бутпарастон, мо фариштагони чинсияти духтар ва писар надорем ва мавҷудоти қавие ҳастанд, ки Худованд барои ҳар гуруҳ аз таколиф ва масулятҳоеро муаян карда ва мо омодаи анҷоми фармони Ӯ ҳастем, мо Худоро аз ҳаргуна афкор ва бовариҳои нодурӯсти шумо мушрикон, пок ва муназзаҳ медонем ва ҳамвора тасбиҳгу ва ситоишгари Ӯ ҳастем.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Худованд умури оламро аз тариқи асбоб ва мусабаботи модӣ ва маънавӣ идора мекунад ва фариштагон нақши муҳиме дар идораи умури олам доранд.

 

2 – Фариштагон фарзанди Худо нестанд, онҳо махлуқи Худованд ҳастанд, ки маъмуряти иҷрои фармони Ӯро бар уҳда доранд ва барои анҷоми ин кор, бо назм ва инзиботи хосе саф мекашанд.

 

3 – Дар олами фариштагон барои ҳаряк аз онҳо, мақом ва манзалат ва масуляти хос ва силсила маротиби муаяне вуҷуд дорад.

167

 

وَإِن کَانُوا لَیَقُولُونَ

"Мушрикон" ба таъкид мегуфтанд.

 

168

 

لَوْ أَنَّ عِندَنَا ذِکْرًا مِّنَ الْأَوَّلِینَ

Агар пандномае аз "Навъи китобҳои" пешиниён назди мо буд.

 

169

 

لَکُنَّا عِبَادَ اللَّـهِ الْمُخْلَصِینَ

Мо низ ҳатман аз бандагони холисшудаи Худо будем.

 

170

 

فَکَفَرُوا بِهِ  فَسَوْفَ یَعْلَمُونَ

Аммо "Ҳангоме, ки Қуръон барои онон омад" ба он кофир шуданд ва ба зуди хоҳанд донист.

 

Дар ривоятҳои таърихӣ омадааст, ки пеш аз биъсати Паёмбари Ислом (с) ва нузули Қуръони Карим, мушрикони Макка ба яҳудиён ва масиҳиёни сокин дар Ҷазиратулараб мегуфтанд: агар Худованд барои мо паёмбар ва китобе бифиристад, мо низ ба Ӯ имон оварда ва аз Ӯ пайравӣ мекунем.

Ин оятҳо мефармояд: Худованд дар воқеъ чунин кард ва Қуръони Каримро барои ҳидояти онон нозил фармуд, аммо онҳо ба баҳонаҳои мухталиф зери бори ҳақ нарафтанд ва роҳи инкорро дар пеш гирифтанд, лизо ба зудӣ натиҷаи кори худро хоҳанд дид.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Худованд барои итмоми ҳуҷҷат бар мардум, паёмбарон ва китобҳои осмониро фиристодааст то касе барои куфр ва ширки худ ва инҳироф аз роҳи ҳақ, баҳона надошта бошад ва тақсирро ба гардани Худованд наяндозад.

 

2 - Мудаиёни дуруғин бисёранд, афроде ҳастанд, ки дар сухан идаъо мекунанд динро мепазиранд, аммо дар амал зери бори ҳақ намераванд ва бо дин мухолифат мекунанд.

 

 

171

وَلَقَدْ سَبَقَتْ کَلِمَتُنَا لِعِبَادِنَا الْمُرْسَلِینَ

 

Ва бешак ваъдаи мо барои бандагони фиристодаи мо аз пеш муаян шудааст.

 

172

 

إِنَّهُمْ لَهُمُ الْمَنصُورُونَ

 

Онон қатъан ёришудагонанд.

 

173

وَإِنَّ جُندَنَا لَهُمُ الْغَالِبُونَ

 

Ва бегумон сипоҳи мо пирӯзанд.

 

Дар идомаи оятҳои пеш, ки сухан аз куфр ва инкори мушрикон буд, ин оятҳо мефармояд: аҳли имон дучори шак ва тардид дар эътиқодоти худ ва ё заъф ва сустӣ дар амал нашаванд, зеро Худованд ваъда додааст, ки агар аҳли имон дар пирӯзӣ аз паёмбарон, истиқомат биварзанд ва пойдор ва устувор бимонанд, дар ниҳоят, ҳақ пирӯзшуда ва ботил шикаст хоҳад хурд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Сунати Худованд, пирӯзии ҳақ бар ботил ва ғалабаи имон бар куфр аст.

 

2 – Пирӯзии паёмбарон ва мактаби онҳо бар макотиб ҳатми аст, ба иборати дигар, ояндаи башарит бо пирӯзии паёмбарон ва шикасти ҳатмии душманони онҳо рақам хоҳад хурд.

 

3 – Муъминон гарчӣ андак бошанд, аз ёрии Худованд бархурдоранд, вале кофирон аз ин пуштибонӣ баҳрае надоранд.