Қисмати 829 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 174-182
Қисмати 829 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 174-182
174
فَتَوَلَّ عَنْهُمْ حَتَّى حِینٍ
Пас то мудате аз онон "Кофрон" рӯй бигардон.
175
وَأَبْصِرْهُمْ فَسَوْفَ یُبْصِرُونَ
Ва ононро бингар, ки ба зуди "Кайфари аъмоли худро" хоҳанд дид".
176
أَفَبِعَذَابِنَا یَسْتَعْجِلُونَ
Пас оё онҳо барои азоби мо шитоб мекунанд?
177
فَإِذَا نَزَلَ بِسَاحَتِهِمْ فَسَاءَ صَبَاحُ الْمُنذَرِینَ
Пас ҳаргоҳ, ки "Азоби мо" ба остонаи онон фуруд ояд, бим додашудагон чӣ бад субҳгоҳе хоҳанд дошт.
Дар оятҳои қабл, ба пирӯзии ҳақ бар ботил ва ёрони паёмбарон бар кофирон ва мункирон ишора шуд, ин оятҳо дар идома хитоб ба Паёмбари Ислом (с) мефармояд: мудати кӯтоҳ аз мушрикон ва кофирон рӯй бигардон ва онҳоро ба ҳоли худ раҳо кун, то он,ки ё мутазаккир шаванд ва боз гарданд, ё Худованд худ ба ҳисоби онҳо бирасад ва азоби худро бар онҳо нозил намояд.
Баъд мефармояд: онҳо ба зуди натиҷаи корҳояшонро хоҳанд дид ва аҳли имон низ шикаст ва зиллати онҳоро мушоҳида хоҳанд кард, албатта кофирон ҳамвора аз рӯйи тамасхур ва нобовари мегуянд: ин азобе, ки шумо ваъда медиҳед, чӣ замоне хоҳад омад? Гуйё онҳо дар нузули азоб аҷала доранд, дар ҳоле, ки вақти азоб нозил шавад, ҳақиқатро дар меёбанд, аммо дигар ҳеч суде надорад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Эъроз аз мухолифон, аз рӯйи эъроз ё таҳдид, яке аз шеваҳои паёмбарон аст, дар роҳи тардид ва ислоҳи афроди лаҷуҷ, гоҳ бояд барои мудате онҳоро ба ҳоли худ роҳо кард, то шояд мутанабеҳ шаванд ва ба роҳи ҳақ боз гарданд.
2 – Қаҳр ва эъроз аз мухолифон бояд мувақати ва аз рӯйи мантиқ бошад "Набояд доимӣ ё ба қасди интиқомгирӣ бошад" то роҳ барои ислоҳ ва бозгашти афроди лаҷуҷ ва гумроҳ баста нашавад.
3 – Мункирони дин ва маонидон дар ҳамин дунё, таъми талхи шикастро хоҳанд чашид то мойяи ибрати дигарон шаванд, муъминон низ оқибати ононро мушоҳида хоҳанд кард.
178
وَتَوَلَّ عَنْهُمْ حَتَّى حِینٍ
Ва то мудате аз онон рӯй бигардон.
179
وَأَبْصِرْ فَسَوْفَ یُبْصِرُونَ
Ва бингар, ки ба зудӣ "Кайфари аъмоли худро" хоҳанд дид.
180
سُبْحَانَ رَبِّکَ رَبِّ الْعِزَّةِ عَمَّا یَصِفُونَ
Пок ва муназзаҳ аст Парвардигорат, Парвардигори соҳиби иззат, аз он,чӣ "Уро ба он" тавсиф мекунанд.
181
وَسَلَامٌ عَلَى الْمُرْسَلِینَ
Ва салом бар фиристодагон.
182
وَالْحَمْدُ لِلَّـهِ رَبِّ الْعَالَمِینَ
Ва ҳамд ва ситоиш, махсуси Худованде аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
Барои таъкид бар матолиби пешин бори дигар хитоб ба Паёмбари Ислом ва аҳли имон мефармояд: ононро, ки дар баробари ҳақ лаҷоҷат меварзанд ва ҳозир ба шунидан ва пазириши ҳақ нестанд, барои мудате ба ҳоли худ раҳо кунед ва мунтазир бошед, ки Худованд онҳоро ба ҷазои корҳояшон хоҳад расонд.
Оятҳои поёни сураи Соффот мефармояд: иззат ва қудрат аз они Парвардигори туст ва дар ниҳоят, аҳли имон азиз хоҳанд шуд ва куффор ва мушрикин таъми зиллатро хоҳанд чашид.
Агар аҳли имон ба Худо таваккул кунанд ва танҳо ба Ӯ такя намоянд, мутмаин бошанд, ки Худованд онҳоро дар баробари кофирон пирӯз хоҳад кард. Худое, ки аз ҳаргуна заъф ва нотавонӣ муназзаҳ аст ва бар ҳар он,чӣ ирода кунад тавоност.
Ба гувоҳи таърих, Худованд ҳамроҳи ҳомӣ ва ёвари фиристодагонаш буда ва онҳоро машмули салом ва амони худ қарор додааст, лизо бояд он Худои соҳиби иззат ва азамматро, ки мудаббири олами вуҷуд аст, мавриди ҳамд ва ситоиш қарор дод.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Ваъдаҳои Худованд дар мавриди кайфари маонидон, ҳатмӣ ва қатъӣ аст ва набояд дар бораи он шак кард.
2 – Иззати пойдор ва мондагор аз они Парвардигор аст ва касоне, ки бандаи Худо бошанд, азиз ва пойдор хоҳанд буд.
3 – Танҳо Парвардигори ҷаҳониён шойистаи ситоиш аст, зеро Ӯ Молик ва Мудаббири тамоми олами ҳастӣ ва сарчашмаи ҳамаи камолот ва зебоиҳост.