Январ 30, 2019 09:14 Asia/Dushanbe

Қисмати 830 сураи муборакаи " Сод ", ояти 1-4

بسم الله الرحمن الرحیم

Бо поён ёфтани сураи "Соффот" сураи "Сод"  - ро оғоз мекунем, ин сура си ва ҳаштумин сураи Қуръони Карим аст ва 88 оят дорад.

 

 

 

1

ص وَالْقُرْآنِ ذِی الذِّکْرِ

 

Сод, савганд ба Қуръон, ки муштамил бар зикр "Ҳақоиқ ва маориф" аст.

 

2

 

بَلِ الَّذِینَ کَفَرُوا فِی عِزَّةٍ وَشِقَاقٍ

 

Оре, касоне, ки куфр варзиданд, сахт дар саркашӣ ва ситезанд.

 

Ин сура низ ҳамонанди 28 сураи дигари Қуръон, бо ҳуруфи мақтаа оғоз шудааст, қаблан дар тавзеҳи ояти аввали сураи Бақара гуфтем, ки маъмулан пас аз ин ҳуруф, аз азамати Қуръон сухан ба миён омадааст, зеро Қуръон аз ҳамин ҳуруфи алифбо, ки дар ихтиёри ҳамаи инсонҳост таълиф ёфта, бо ин ҳол, муъчизае аст, ки ҳеч башаре натавониста ва наметавонад ҳамонанди онро биёварад.

Ин сура низ пас аз ҳарфи Сод, дар тавсифи Қуръон мефармояд: ин китоб, саросари зикр ва ёдоварӣ аст.

Лозим ба зикр аст, ки инсони бисёре аз ҳақоиқро бо фитрати поки Худододии худ медонанд, аммо ғафлат ва ҳаво ва ҳавас ва ғароизи дарунӣ ё авомили берунӣ, муҷиб мешавад, ки инсон онҳоро ба фаромушӣ биспорад, вале тиловати Қуръон ва таваҷҷуҳ ба муҳтавои оятҳо боис мешавад инсон аз ғафлат бадар ояд ва мутазаккир шавад. Ҳамчунин мумкин аст ҳақоиқеро, ки инсон барасоси омузаҳои диннӣ пазруфта аст, монанди барпойи қиёмат, мавриди ғафлат ва фаромушӣ қарор гирад, лизо бахши зиёде аз оятҳои Қуръон, ончиро пас аз марг бар инсон мегузарад, дар муносибатҳои мухталиф ба ӯ ёдовари мекунад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Савганди Худованд ба Қуръон, нишонаи азамати ин китоб ва ҳақоният оварандаи он аст.

 

2 – Қуръони Карим, виҷдони хуфтаи инсонро бедор ва донистаҳои фаромушшудаашро ба ӯ ёдоварӣ мекунад.

 

3 – Қуръон барои тазаккур ва ҳидояти мардум омадааст, аммо гуруҳе аз инсонҳо аз рӯйи ғурур ва такаббур ва инод ҳозир ба пазируфтани ҳақ нестанд.

 

 

             

3

 

کَمْ أَهْلَکْنَا مِن قَبْلِهِم مِّن قَرْنٍ فَنَادَوا وَّلَاتَ حِینَ مَنَاصٍ

 

Чӣ бисёр ақвомеро, ки пеш аз онҳо нобудашон кардем, пас фарёд сар доданд, аммо дигар вақти гурез набуд.

 

4

 

وَعَجِبُوا أَن جَاءَهُم مُّنذِرٌ مِّنْهُمْ  وَقَالَ الْکَافِرُونَ هَـذَا سَاحِرٌ کَذَّابٌ

Ва аз ин,ки ҳушдор диҳандае аз худашон ба суроғи онҳо омада, тааҷуб карданд ва кофирон гуфтанд: ин ҷодугари дуруғгӯст.

 

Мухотабони аввалияи  оятҳои Қуръон, мушрикони Макка буданд, ин оятҳо ба онҳо ҳушдор медиҳад агар ба фарҷоми ақвоми дигар таваҷҷуҳ кунед, хоҳад дид, ки ҳар кадом гирифтори ширк ва куфр будаанд, мавриди қаҳр ва ғазаби илоҳӣ қарор гирифта ва ҳеч роҳи фирор ва наҷоте наёфтаанд.

Идомаи оятҳо мефармояд: аммо ҳангоме, ки паёмбар (с) оятҳои Қуръонро бар мушрикон мехонад ва ба онҳо ҳушдор медод, онҳо ба ҷойи ин,ки аз сарнавишти ақвоми пешин дарси ибрат бигиранд ва дар оятҳо андешида ва роҳи ҳидоятро биёбанд, ӯро ҷодугар ва дуруғгӯ мехонданд.

Дар китобҳои ривоӣ омадааст, ки сарони Қурайш назди Абутолиб амуи Паёмбари акрам (с) рафтанад ва гуфтанд: фарзанди бародарат ҷавонони моро мунҳариф карда ва худоёни моро зери саввол бурдааст, агар ӯ ба дунболи шуҳрат ё сарват аст, мо ҳозирем ӯро сарватмандтарин марди Қурайш кунем, ба шарти он, ки аз ин ҳарфҳои худ даст бардорад.

Вақте Абутолиб, паёми мушриконро ба Паёмбар (с) расонд, он ҳазрат фармуд: агар инҳо хуршедро дар дасти рости ман ва моҳро дар дасти чапи ман қарор диҳанд то аз ин сухан даст бардорам, ҳаргиз чунин нахоҳам кард, ман ё сухани худро дар ҷомеа нуфуз медиҳам ё дар роҳи он кушта мешавам, ҳангоме, ки Абутолиб, пойдорӣ ва истиқомати Паёмбар (с) ро дар роҳи худ дид, арз кард, дар роҳи худ бимон, ки ман низ ҳаргиз даст аз ёрии ту барнахоҳам дошт.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Куфр ва ширк агар аз рӯйи инод ва лаҷоҷат бошад, сабаби ҳалокати инсон дар дунё низ мешавад.

 

2 – Дар баробари қудрат ва иродаи илоҳӣ, ҳеч паноҳгоҳе вуҷуд надорад.

3 – Таваҷҷуҳ ва иноба то қабл аз нузули қаҳри илоҳӣ корсоз аст, вале баъд аз он, ҳеч асар ва фоидае надорад.

 

4 – Паёмбарон бояд аз ҷинси худи мардум бошанд то бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳо ва вежагиҳое, ки байни инсонҳо муштарак аст, битавонанд улгӯ ва сармашқи муносибе барои онҳо бошанд.

 

5 – Тувҳин ва туҳмат, аз ройиҷтарин шеваҳои куфор барои муқобила бо аҳли имон аст, вақте, ки онҳо паёмбарони Худоро ҷодугар ва дуруғгӯ мехонанд, пайравони паёмбарон низ, бояд омодагӣ барои мувоҷҷеҳ шудан бо ҳаргуна тувҳин ва туҳматеро дошта бошанд.