Қисмати 831 сураи муборакаи " Сод ", ояти 5-11
Қисмати 831 сураи муборакаи " Сод ", ояти 5-11
5
أَجَعَلَ الْآلِهَةَ إِلَـهًا وَاحِدًا إِنَّ هَـذَا لَشَیْءٌ عُجَابٌ
"Сарони ширк гуфтанд: оё ӯ ба ҷойи худоён, Худои Воҳиде қарор додааст? Ин ба ростӣ чизи аҷибе аст.
6
وَانطَلَقَ الْمَلَأُ مِنْهُمْ أَنِ امْشُوا وَاصْبِرُوا عَلَى آلِهَتِکُمْ إِنَّ هَـذَا لَشَیْءٌ یُرَادُ
Бузургонашон ба роҳ афтоданд ва гуфтанд: биравед ва бар парастиши худоёни худ пойдор бимонед, ин чизе аст, ки "Аз шумо" хоста шудааст.
7
مَا سَمِعْنَا بِهَـذَا فِی الْمِلَّةِ الْآخِرَةِ إِنْ هَـذَا إِلَّا اخْتِلَاقٌ
Мо чунин чизеро дар охирин ойин нашунидаем, ин танҳо як ойини сохтагӣ аст.
Дар оятҳои қабл гуфтем, ки бузургони ширк дар Макка, ҳозир ба шунидан ва пазириши суханони паёмбари Ислом набуданд ва барои он,ки аз гароиши мардум ба он ҳазрат ҷилавгирӣ кунанд, Паёмбарро ҷодугар ва дуруғгӯ муарифӣ мекарданд.
Ин оятҳо мефармояд: онҳо ба мардум мегуфтанд: шумо ин ҳама худо доред, ва барои ҳар коре ба яке аз онҳо таваҷҷуҳ мекунед, аммо ин Паёмбар (с) мехоҳад ҳамаи ин худоёнро аз шумо бигирад ва танҳо як Худоро ҷойгузини онҳо кунад, ки нодиданӣ аст ва наметавонед Ӯро бубинед ва ламс кунед.
Агар мехоҳед ба муроди худ бирасед, бояд дар ойини бутпарастӣ пойдор бимонед, даст аз ин бутон барнадоред, ва ба ҳарфҳои аҷиби ин мард "Паёмбар" гуш надиҳед, зеро суханони ӯ ҳеч собиқаи қаблӣ надорад, ончӣ пешиниён дар бораи роҳ ва равиши парастиш ба мо омӯхтаанд, ҳамин будааст ва мо дар шеваи парастиши онон чунин ойине намебинем.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Муҳимтарин вазифаи паёмбарон, нафеӣ худоёни дуруғин ва исботи Худои яктост, амре, ки дар назди мушрикон ва мункирон, аҷиб ва ғариб ба назар меояд.
2 – Аксари мардум дӯст доранд ба шеваи падаронашон зиндагӣ кунанд, барои онҳо дастбардоштан аз ақоиди гузашта ва пазириши роҳ ва ойини ҷадид дар зиндагӣ, сахт ва боварнакарданӣ аст.
3 – Сардамдорони куфр, дар мавриди ҳақ шубҳаафканӣ ва фитнаангезӣ мекунанд, онҳо бо таблиғоти манфӣ ва гумроҳкунанда, мардумро аз ҳузур дар иҷтимооте, ки дар онҳо ҳарфи ҳақ гуфта мешавад, барҳазар медоранд, онҳо пойдорӣ бар инҳироф ва гумроҳиро тарвич мекунанд.
8
«أَأُنزِلَ عَلَیْهِ الذِّکْرُ مِن بَیْنِنَا بَلْ هُمْ فِی شَکٍّ مِّن ذِکْرِی بَل لَّمَّا یَذُوقُوا عَذَابِ»
Оё аз миёни ҳамаи мо Қуръон бар ( фақат) ӯ нозил шқдааст ? балки онон дар бораи Қуръони ман дар шак ҳастанд. Балки онон ҳануз азоби маро начашидаанд.
Яке аз баҳонаи мушрикони Макка барои эҷоди тардид дар ҳақонияти Паёмбари ислом (с) ин буд, ки мегуфтанд бо вуҷуди ин ҳама бузургони Қурайш, чигуна аст ки фарди ятим ки на сарвате дорад ва на унвон ва ҷойгоҳе мавриди ваҳӣ илоҳӣ қарор гирад. Агар ҳам қарор буд ки Худованд фариштагонро бар касе нозил кунад,бояд аз миёни бузургони Қурайш фардеро интихоб мекард,ки саршинос ва бонуфуз ва соҳиби мол ва сарвати бисёр бошад.
Равшан аст ки ин сухан, мантиқи дунёпарастон аст ки ҳамаи чизро бомелокҳои моддӣ месанчанд ва гумон мекунанд ки ҳар кас аз сарват ва қудрати бештаре бархурдор аст, шоистагии ҳидоят ва ҳокимияти чомеъаро дорад.
Дар ҳоле,ки равшан аст ҳидояти илоҳӣ, амри маънавӣ аст ва лозимааш доро будани рӯҳи пок ва фитрати солим аст. Лизо Худованд беҳтар медонад ки чи касе вочиди шароит аст ва метавонад рисолати ӯро бар уҳда гирифта ва ба анчом расонад.
Поёни оя мефармояд, онҳо ки аз рӯи душмани ва лаҷоҷат ё ҳасодат, ҳозир ба пазириши ҳақ нестанд, кайфари илоҳиро хоҳанд чашид ва натиҷаи инкори ҳақро мушоҳида хоҳанд кард.
Аз ин оя меомузем
1 Аз решаҳои инкори ҳақ ва напазируфтани он, ва худбартарбини аст.
Гоҳ фард бар асари худбузургбини гумон мекунад ки ончи дигарон доранд, ҳақи уст ва ӯ дар расидан ба он ҳақ,бар дигарон бартарӣ доштааст. Шак ва тардид амри табии аст. Албата дар ҳангоми шак, инсон бояд таҳқиқ ва барраси кунад то барояш равшан ва шак ва тардид бартараф шавад. Ба ҳарҳол, сарфи шак дар чизе, наметавон онро нафӣ ва инкор кард.
9
أَمْ عِندَهُمْ خَزَائِنُ رَحْمَةِ رَبِّکَ الْعَزِیزِ الْوَهَّابِ
Магар ганҷинаҳои раҳмати Парвардигори Азиз ва бахшандаи ту назди онҳост?
10
أَمْ لَهُم مُّلْکُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَیْنَهُمَا فَلْیَرْتَقُوا فِی الْأَسْبَابِ
Ё фармонравои осмонҳо ва замин ва ончӣ миёни онҳост, аз они эшон аст? "Агар чунин аст" бо ҳар васила "Мумкин аст, ба осмонҳо" боло бираванд "Ва аз нузули ваҳӣ бар касе, ки Мо мехоҳем, ҷилавгирӣ кунанд".
11
جُندٌ مَّا هُنَالِکَ مَهْزُومٌ مِّنَ الْأَحْزَابِ
Инҳо лашкари кучак ва шикастхурда аз аҳзобанд.
Ин оятҳо дар идомаи оятҳои қабл, хитоб ба мункирони ваҳӣ бар Паёмбари Ислом (с) мефармояд: магар Худованд таъйини паёмбаронро ба уҳдаи онон гузоридааст, ки ҳар касро онон мойил буданд, ба ӯ ҳукми набуват диҳад ва ҳар касро, ки онон нахостанд, ҳукми набуватро аз ӯ боз ситонад.
Бархе инсонҳо чиқадар худхоҳ ва худбузургбин ҳастанд, ки гумон мекунанд ҳамаи чизро медонанд ва қудрати ташхиси ҳамаи чизро доранд, то ҷойе, ки барои Худо таъйини таклиф мекунанд ва ҳатто ба худ иҷоза медиҳанд дар мавриди аҳком ва дастуроти илоҳӣ изҳор кунанд, ки кадом дурӯст аст ва кадом надурӯст!
Идомаи оятҳо хитоб ба Паёмбар (с) ва муслимон мефармляд: аз суханони нобаҷойи ин мушрикон, дучори захф ва сустӣ нашавед, зеро инҳо гурӯҳи андак аз миёни аҳзоб ва гуруҳҳои мухталиф ҳастанд, ки дар баробари ҳақ истодаанд ва мувафақ нашуданд нидои ҳақталабонаи паёмбаронро хомӯш кунанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Ҳидояти мардум аз тариқи паёмбарон, ҷилвае аз раҳмати густардаи илоҳӣ аст.
2 – Низоми ташриъ ва қонунгузорӣ барои инсон, танҳо ба дасти Худое аст, ки холиқи низоми ҳастӣ ва тадбиркунандаи умури олам аст.
3 – Аҳзоб ва гуруҳҳое, ки дар баробари ҳақ меистанд, дар ниҳоят маҳкум ба шикаст ва нобудӣ ҳастанд, гарчӣ дар зоҳир дорои қудрат бошанд.