Қисмати 832 сураи муборакаи " Сод ", ояти 12-19
Қисмати 832 сураи муборакаи " Сод ", ояти 12-19
12
کَذَّبَتْ قَبْلَهُمْ قَوْمُ نُوحٍ وَعَادٌ وَفِرْعَوْنُ ذُو الْأَوْتَادِ
Пеш аз эшон қавми Нуҳ ва Од ва Фиръавни соҳиби қудрат, анбиёро такзиб карданд.
13
وَثَمُودُ وَقَوْمُ لُوطٍ وَأَصْحَابُ الْأَیْکَةِ أُولَـئِکَ الْأَحْزَابُ
Ва "Ҳамчунин" қавми Самуд ва Лут ва мардуми Айка "Қавми Шуайб", онон "Низ" гуруҳҳои "Мухолиф" буданд.
14
إِن کُلٌّ إِلَّا کَذَّبَ الرُّسُلَ فَحَقَّ عِقَابِ
Ҳар як аз онон, паёмбарнро такзиб карданд, пас оқибати "Ман бар онон" муҳақиқ шуд.
Дар оятҳои қабл ба ин ишора шуд, ки бузургони Макка ҳозир набуданд нузули ваҳйи бар Паёмбари Ислом (с) ро бипазиранд ва худро сазовор ва шойиста барои ин кор медонистанд, ин оятҳо хитоб ба Паёмбари Ислом (с) мефармояд: инҳо аввалин гуруҳе нестанд, ки дар баробари даъвати ту меистанд, балки ҳамаи паёмбарони пешин бо чунин мушкиле мувоҷеҳ будаанд, чаро, ки соҳибони сарват ва қудрат гумон мекарданд онҳо лаёқати дарёфти ваҳйиро доранд, лизо ҳозир набуданд нузули ваҳйиро ба афроде, ки мисли умуми мардум аз қудрат бархурдор набуданд, бипазиранд.
Аммо онҳо аз ин нукта ғофиланд, ки касоне, ки Паёмбари Худоро бубинанд ва сухани ӯро бишнаванд ва ба ҳақонияти ӯ пай бибаранд, агар аз рӯйи инод ва лаҷоҷат ва худхоҳӣ ва ҳасодат ҳозир ба пазириши ҳақ набошанд, Худованд онҳоро да ҳамин дунё кайфар мекунад, чунон,ки қами Нуҳ (а) дар об ғарқ шуданд ва қавми Од (а) бо тундбодӣ сахт аз по дар омаданд. Фиръавниён низ дар амвоҷи хурушони Нил ғарқ шуданд, бархе аз ақвоми дигар низ ба сарнаиштҳое мушобеҳи дучор шуданд. Қавми Самуд (а), ҳазрати Солиҳ (а) – ро такзиб карданд, қавми Лут (а) бар фасод ва фаҳшо ва корҳои зишт исрор варзиданд ва қавми Шуъайб (а), ки дар манотиқи хуш об ва ҳаво ва пурдарахт зиндагӣ мекарданд, дар баробари пандҳо ва андарзҳои Шуъайб (а) истодаанд, аммо дар поёни ҳамаи ин ақвом ба кайфари илоҳӣ гирифтор шуда ва ба ҳалокат расиданд.
Аз ин ятҳо меомӯзем:
1 – Мутолиаи таърихи ақвоми гузашта ва поёни кори онҳо, мавриди таваҷҷуҳ ва таъйди Қуръони Карим аст, то мойяи такзиб ва ибрати инсонҳо шавад.
2 – Ҳамаи инсонҳо аам аз ҳокимон ва қудратмандоне чун Фиръавн ё афроди одӣ ва кам тавон, дар баробари қаҳри илоҳӣ, нотавон ва оҷизанд.
3 – Ситез ва лаҷоҷат бо ҳақ саранҷоме ҷуз зиллат ва ҳалокат надорад.
15
وَمَا یَنظُرُ هَـؤُلَاءِ إِلَّا صَیْحَةً وَاحِدَةً مَّا لَهَا مِن فَوَاقٍ
Ин кофирон ҷуз як сайҳаи "Осмонӣ" – ро интизор намекашанд, ки ҳеч "Муҳлат ва" бозгаште дар он нест.
16
وَقَالُوا رَبَّنَا عَجِّل لَّنَا قِطَّنَا قَبْلَ یَوْمِ الْحِسَابِ
Ва онҳо "Аз рӯйи тамасхур" гуфтанд: Парвардигоро пеш аз "Расидани" рӯзи ҳисоб, ҳарчӣ зудтар саҳми моро "Аз азоб" ба мо бидеҳ.
Да идомаи оятҳои қабл ин оятҳо мефармояд: саркашӣ ва хирасарии мушрикон ва кофирон ба гунае аст, ки гуё мунтазири сайҳаи осмонӣ ҳастанд, ки ногаҳон бар онҳо нозил шавад ва ононро нобуд кунад, зеро онҳо саранҷоми ақвоми гузаштаро медонанд ва бо ин ҳол, аз ситезаҷӯйи ва лаҷоҷат даст бармедоранд.
Рафтори онҳо дар баробари Паёмбари Ислом, шабеҳи рафтори кофирони давраҳои гузашта дар баробари паёмбарони пешин аст, пас бояд мунтазири кайфаре ҳамонанди муҷозоти онон бошанд, кайфаре, ки ҳаргоҳ биёяд, роҳе барои бозгашт боқӣ намегузорад ва ҳамаи чизро аз байн мебарад.
Идоми оятҳо мефармояд: мушрикон, нузули кйфари илоҳӣ дар дунё ва барпойи адли илоҳӣ дар қиёматро инкор мекунанд ва лизо бо ҳолати тамасхур ва истиҳзоъ мегуянд: ба Худоятон бигуйед, ки ҳарчӣ зудтар ҳисоби моро бирасад ва моро ба кайфари аъмоламон бирасонад.
Чаро сабр кунем то бимирем ва дубора зинда шавем ва он вақт кайфар бубинем, мо мехоҳем дар ҳамин дунё кайфари корҳоямонро бубинем.
Аз ин оятҳо мемӯзем:
1 – Касе, ки сарнавишт ва поёни кори гузаштагонро медонад ва дар айни ҳол дар баробари Худо ва расулаш меистад, гуё мунтазири нузули азоб аст ва бо пойи худ ба сӯйи ҳалокат гом бармедорад.
2 – Ғурур ва лаҷоҷати кофирон боис мешавад, ки боварҳои диннии аҳли имонро ба тамасхур бигирад ва ба ҷойи истифода аз далил ва мантиқ, онҳоро мавриди истиҳзоъ қарор диҳанд.
3 – Тавба ва бозгашт то қабл аз нузули азоб имконпазир аст, аммо бо омадани азоб, дигар тавба пазируфта намешавад.
17
اصْبِرْ عَلَى مَا یَقُولُونَ وَاذْکُرْ عَبْدَنَا دَاوُودَ ذَا الْأَیْدِ إِنَّهُ أَوَّابٌ
"Эй Паёмбар!" бар ончӣ мегуянд шакибо бош ва бандаи мо Довудро, ки дорои қудрат буд, ёд кун, ӯ бисёр табакунанда "Ва аҳли иноба ва истиғфор" буд.
18
إِنَّا سَخَّرْنَا الْجِبَالَ مَعَهُ یُسَبِّحْنَ بِالْعَشِیِّ وَالْإِشْرَاقِ
Мо кӯҳҳро мусаххар кардем, ки дар шомгоҳон ва бомдодон бо ӯ тасбиҳ мегуфтанд.
19
وَالطَّیْرَ مَحْشُورَةً کُلٌّ لَّهُ أَوَّابٌ
Ва парандагонро "Низ" гирд овардем "Ва мусаххари ӯ кардем ҳамроҳи ӯ тасбиҳи Худо гуянд" ва ҳамагӣ бозгашт кунанда ба сӯйи Ӯ "Ва Худоро ситоишгар" буданд.
Дар идомаи оятҳои пешин дар хусуси бадгӯйи ва тамасхури мухолифон, ин оятҳо мефармояд: ҳатто ҳазрати Довуд (а), ки дорои ҳукумати азим ва қудратманд буд, аз неши забони мардум дар амон набуд, лизо ибтидо мефармояд: эй Расули Худо! Ва эй аҳли имон! Дар баробари тамасхур ва истиҳзои душманон сабр кунед ва бидонед, ки саранҷом шумо пирӯзи хоҳед шуд.
Дигар он,ки ҳазрати Довуд (а) ҳамвораҳ дар ҳоли дуо ва муноҷот бо Парвардигор буд, ӯ ба хости Худованд дорои қудрат ва ҳукумати густурдае буд то онҷо, ки Худованд кӯҳҳои беҷон ва паранагонро ба гунае роми ӯ карада буд, ки ба ҳангоми тасбиҳи илоҳӣ бо ӯ ҳамнаво шуда ва Худоро ёд мекарданд.
Барасоси оятҳои Қуръон, ҳамаи мавҷудоти ҳастӣ дар ҳоли тасбиҳи Худованд ҳастанд, албатта ин тасбиҳ барои мо ношинохта ва ғайри қобили дарк аст. Аз оятҳои ин сура бармеоял, ки ҳангоми тасбеҳи ҳазрати Довуд (а), сойири мавҷудот низ бо ӯ ҳамнаво шуда ва он ҳазрат тасбиҳи онҳоро дарк мекардааст.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Истиҳзоъ ва таблиғоти душманон алайҳи ҳақ ва ҳомиёни он, сахт ва шадид аст ва ҳамвора идома дорад.
2 - Муъминон набояд ба хотири тамасхур ва нешзабон душман, аз худ заъф ва сустӣ нишон диҳанд, балки бояд дар муқобили тамасхур ва суханони таънаомези онҳо сабр дошта бошанд ва бар усул ва бовариҳои худ маҳкам ва устувор биистанд.
3 – Қудрати ҳукумат, барои инсон васвасаангез ва хатарнок аст, магар он,ки ӯ пайваста ба даргоҳи илоҳӣ иноба ва тавба ва тазаруъ кунад ва худро бандаи Худо бидонад.
4 – Кофирон гарчӣ лаҷоҷат кунанд ва дар баробари Худо сари таъзими Худо фруд наёваранд, аммо бояд бидонанд, ки ҳамаи мавҷудоти ҳастӣ аз ҷумла ҷамодот ва ҳайвонот низ дар ҳоли тасбиҳи Худованд ҳастанд, агар инсон бандаи воқеии Худо шуд, ҳастӣ низ бо ӯ ҳамнаво мешавад.