Феврал 28, 2019 09:04 Asia/Dushanbe

Қисмати 833 сураи муборакаи " Сод ", ояти 20-25

20

 

وَشَدَدْنَا مُلْکَهُ وَآتَیْنَاهُ الْحِکْمَةَ وَفَصْلَ الْخِطَابِ

 

Ва фармонравоии ӯро устувор кардем ва ба ӯ ҳикмат додем ва каломи "Одилона ва" файсалабахш додем.

 

Дар оятҳои қабл дар бораи ҳазрати Довуд (а) сухан гуфтем, паёмбаре, ки аҳли муноҷоти бисёр бо Парвардигор буд ва кӯҳҳо ва парандагони осмон, дар ин тасбиҳ бо ӯ ҳамнаво мешуданд.

Ин оятҳо мефармояд: Худованд ба ҳазрати Довуд (а), афзун бар ҳукумат, ки ба ҳамаи паёмбарон додааст, мансаби ҳукумат ва қазоват низ атто кардааст. Ба иборати дигар, ҳазрати Довут (а) аз паёмбароне буд, ки набувват ва ҳукуматро бо ҳам дошт.

Ин худ нишон медиҳад, ки ҷамъ миёни дин ва сиёсат имконпазир аст ва паёмбарон танҳо маъмури иблоғи паёми илоҳӣ набуданд, балки ҳарҷо, ки имконпазир буд, худашон иҷрои дастурҳои илоҳиро дар ҷомеъ ба идае мегирифтанд, онҳо фақат дар маъбад ё масҷид наменишастанд ё ба панд ва андарз иктифо намекарданд, балки дар ҳангоми лузум, дар ҷойгоҳи ҳоким, фармонравоӣ мекаданд ва дар ҷойгоҳи қози, ҳукм содир менамуданд.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Ҳукумат бояд барасоси ҳукумат ва адолат бошад то ҳуқуқи Худованд ва мардум ҳар ду муроот шавад.

 

2 – Ҳукумат ва қудрат дар сурати машруият дорад, ки дар ихтиёри инсонҳои солеҳ ва мардони илоҳӣ бошд.

 

 

21

وَهَلْ أَتَاکَ نَبَأُ الْخَصْمِ إِذْ تَسَوَّرُوا الْمِحْرَابَ

 

Оё хабари он додхоҳон, ки аз девори меҳроби "Довуд (а)" боло рафтанд, бату расидааст?

 

22

 

إِذْ دَخَلُوا عَلَى دَاوُودَ فَفَزِعَ مِنْهُمْ قَالُوا لَا تَخَفْ خَصْمَانِ بَغَى بَعْضُنَا عَلَى بَعْضٍ فَاحْکُم بَیْنَنَا بِالْحَقِّ وَلَا تُشْطِطْ وَاهْدِنَا إِلَى سَوَاءِ الصِّرَاطِ

 

Онгоҳ, ки "Ба таври ногаҳон" бар Довуд ворид шуданд ва ӯ аз "Мушоҳидаи" онон ба ҳарос афтод, онон гуфтанд: натарс! "Мо" ду нафари додхоҳ "Ва шакӣ" ҳастем, ки яке аз мо бар дигаре ситам кардааст, пас миёни мо ба ҳақ доварӣ кун ва ситам раво мадор ва моро ба роҳи рост роҳнамоӣ кун.

 

23

 

إِنَّ هَـذَا أَخِی لَهُ تِسْعٌ وَتِسْعُونَ نَعْجَةً وَلِیَ نَعْجَةٌ وَاحِدَةٌ فَقَالَ أَکْفِلْنِیهَا وَعَزَّنِی فِی الْخِطَابِ

Ин бародари ман аст, ки навад ва ну миш "Гусфанди пашимдор" дорад ва ман танҳо як миш дорам ва мегуяд, ки он якеро ҳам ба ман вогузор кун ва дар гуфтугӯ бар ман чира шудааст.

 

24

 

قَالَ لَقَدْ ظَلَمَکَ بِسُؤَالِ نَعْجَتِکَ إِلَى نِعَاجِهِ وَإِنَّ کَثِیرًا مِّنَ الْخُلَطَاءِ لَیَبْغِی بَعْضُهُمْ عَلَى بَعْضٍ إِلَّا الَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَقَلِیلٌ مَّا هُمْ وَظَنَّ دَاوُودُ أَنَّمَا فَتَنَّاهُ فَاسْتَغْفَرَ رَبَّهُ وَخَرَّ رَاکِعًا وَأَنَابَ

 

"Довуд" гуфт: бетардид, ӯ бо дархости миши ту ба мишҳои худаш, ба ту ситам кардааст ва албатта бисёре аз шарикон бар якдигар ситам мекунанд, магар касоне, ки имон оварда ва корҳои шойиста анҷом додаанд ва онон андак ҳастанд, Довуд (а) донист, ки Мо ӯро "Бо ин моҷаро" озмоиш кардаем, пас аз Парвардигораш омӯрзиш хост ва ба рукуъ дарафтод ва тавба кард.

 

25

 

 فَغَفَرْنَا لَهُ ذَلِکَ وَإِنَّ لَهُ عِندَنَا لَزُلْفَى وَحُسْنَ مَآبٍ

 

    Пас  Мо он "Қазовати аҷулона" – ро бар ӯ бахшидем ва батардид ӯ назди Мо тақарруб ва саранҷоми нек дорад.

 

Тибқи оятҳои қаблӣ, Худованд мансаби қазоватро ба ҳазрати Довуд (а) ато кард. Ин оятҳо ба моҷарое ишора мекунад, ки ду нафари шокӣ назди ҳазрати Довуд (а) омаданд ва аз он ҳазрат хостанд миёни онҳо ба таври одилона доварӣ кунад.

Албата шеваи омадани онҳо одӣ набуд, онон медонистанд, ки муҳофизони Довуд (а) иҷоза намедиҳанд, ки ҳар вақт онҳо мехоҳанд назди Довуд (а) бираванд, лизо ҳангоми намоз ва муноҷот, ки Довуд (а) дар меҳроб ба ибодат машғуд буд, аз девори пушти меҳроб боло рафтанд ва ногаҳон назди ӯ ҳозир шуданд ҳамин амр боис шуд, ки Довуд (а) ҳаросон шавад ва гумон кунад онҳо қасди бад доранд ва мехоҳанд ӯро бикушанд, аммо онҳо гуфтанд: эй Довуд (а) натарс, мо ду нафар шокӣ ҳастем, барои додхоҳӣ ва доварӣ низди ту омадем.

Вуруди ногаҳонии онҳо ва саҳнаи ҳаяҷоне, ки бавуҷуд омад, муҷиб шуд, ки Довуд (а) пас аз шунидани сухани шокӣ, бидуни он,ки посухи муттаҳамро бишнаванд, шитобзада ҳукум кунад, ки ӯ "Мутаҳам" зулм карда ва чизеро, ки ҳақаш набуда, дархост кардааст.

Ҷолиб он,ки мутаҳам низ сухане нагуфт ва эътирозе накард ва ҳар ду аз назди Довуд (а) рафтанд.

Пас аз рафтани онҳо Довуд (а) мутаваҷҷеҳ шуд, ки одоби қазоватро ба дурӯстӣ ба ҷо наёварда ва пеш аз шунидани сухани мутаҳам, алайҳи ӯ ҳукум содир кардааст, лизо назди Худованд тавба кард ва Худованд тавбаи ӯро пазируфт.

 

Аз ин оятзо меомӯзем:

 

1 – Тарафайни низоъ ва ихтилоф бояд аз қози бихоҳанд, ки барасоси ҳақ ва адл қазоват кунад, на он,ки ҳар тараф бо фишор бар қози бихоҳад, ки ба нафъи ӯ ҳукум содир кунад.

 

2 – Иҷрои адолат дар ҷомеа, омили ҳидояти мардум ба роҳи мустақим ва масунияти онҳо аз ифрод ва тафрит ва каҷравӣ аст.

 

3 – Инсон, ҳарис ва зиёдаталаб аст ва ҳаргиз аз мол ва сарват ва лаззатҳои дунё сер намешавад, ба ҳамин далил маъмулан афроди сарватманд пеш аз дигарон барои гирдоварии мол ҳирс меварзанд.

 

4 – Қазоват ба муҳит ва шароити ором ниёз дорад, дар ҳолати ҳаяҷонангез ва дилҳараовар набояд қазоват кард, чаро, ки муҷиби аҷала ва дастпоҷагӣ дар доварон мешавад ва чӣ басо пушаймони низ ба бор овард.

 

5 – Иқтисоди солим дар сойяи имон ва амали солиҳ аст, лизо агар афроди ҷомеае ба Худо имон надошта бошанд, мумкин аст барои касби манофеи бештар, ҳуқуқи якдигарро зоеъ кунанд.