Қисмати 834 сураи муборакаи " Сод ", ояти 26-28
Қисмати 834 сураи муборакаи " Сод ", ояти 26-28
26
یَا دَاوُودُ إِنَّا جَعَلْنَاکَ خَلِیفَةً فِی الْأَرْضِ فَاحْکُم بَیْنَ النَّاسِ بِالْحَقِّ وَلَا تَتَّبِعِ الْهَوَى فَیُضِلَّکَ عَن سَبِیلِ اللَّـهِ إِنَّ الَّذِینَ یَضِلُّونَ عَن سَبِیلِ اللَّـهِ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِیدٌ بِمَا نَسُوا یَوْمَ الْحِسَابِ
Эй Довуд! Мо туро ҷонишин "Ва намояндаи" худ дар замин қарор додем, пас миёни мардум ба ҳақ доварӣ кун ва аз ҳавои нафс пайравӣ макун, ки туро аз роҳи Худо мунҳариф мекуад, бегумон касоне, ки аз роҳи Худо мунҳариф мешаванд, барояшон азоби сахте аст, барои он,ки рӯзи ҳисобро фаромӯш кардаанд.
Дар оятҳои қабл гуфтем, ки моҷарое барои Довуд (а) паёмбар пеш омад, ки ӯ фаҳмид дар қазоват миёни ду бародар, диқати лозимро ба харҷ надода ва дар изҳори назар ва судури ҳукум аҷала намудааст, лизо ба даргоҳи Худованд рӯй овард ва талаби бахшиш кард.
Ҳамин рӯҳияи хузӯъ ва хушӯъ дар баробари Ҳақ Таоло боис шуд, ки Худованд ӯро бибахшад ва ҷойгоҳи Довуд (а) назди Ӯ маҳфуз бимонад.
Ин оят мефармояд: эй Довуд (а) мо, ки ба ту мақоми рисолат додем, дар вуқуъ туро ҷонишини худ дар замин қарор додаем, пас бояд тибқи омӯзаҳои мо рафтор куни ва аъмол ва рафторат ойинаи сифоти илоҳӣ бошад, пас бояд муроқиб боши, ки дар қазоват миёни мардум барасоси ҳақ ва адл доварӣ куни, гирифтори ҳавои нафс нашави ва чизеро, ки худат дӯст дори, бар ҳақ тарҷеҳ надиҳи, чаро,ки ин кор боис мешавад аз роҳи Худо, ки ҳамон ҳақ аст, мунҳариф шави.
Равшан аст, ки паёмбарони илоҳӣ маъсум ҳастанд ва аз роҳи Худо мунҳариф намешаванд, аз ин оят метавон фаҳмид, ки мақоми исмат, ихтиёр ва озодии амалро аз паёмбарон салб намекунад ва онҳо метавонанд ҳамонанди дигар инсонҳо муртакиби хато ва гуноҳ шаванд, лизо Худованд ба онҳо ҳушдор медиҳад, ки агар муроқиби нафси худ набошанд, мумкин аст ба ҷойи роҳи Худо, аз нафси худ пайравӣ кунанд ва ба кайфари сахти илоҳӣ гирифтор шаванд.
Ин оят ба дунболи оятҳои пешин ба баҳси қазоват дар миёни мардум пардохтааст, бар ин асос касе, ки дар замин ҳукумат мекунад, бояд дар ҳамаи шууни ҷомеа бар пойяи ҳақ ва адл амал кунад, албатта лозимаш ин аст, ки чунин касе ба усул ва аҳкоми дини Худо муроҷиа кунад, на он тавр, ки худаш меписандад ва ҳавои нафсаш металабад, зеро дар ин сурат, ҳуқуқи мардуми фидои хостаҳои қудратмандон ё ҳокимон мешавад.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Дин аз сиёсат ҷудо нест ва яке аз шууни паёмбарон, ҳукумат бар мардум ва тадбири умури ҷомеа будааст, гарчӣ фақат барои идаи андаке аз онҳо шароити муносиб барои ташкили ҳукумат фароҳам шудааст.
2 – Малок ва меъёри асосии қавонин ва аҳкоми қазоӣ бояд ҳақ бошад, на хостаҳои ҳокимон ё қазоват.
3 – Агар ҳаво ва ҳавас дар кор бошад, ҳақ ба ҳошия меравад.
4 – Чаро, ки ҳавопарастӣ мутародиф бо инҳироф аз масири ҳақ аст, лизо инсонҳои фарҳехта "Адаб омӯхта, илм омӯхта" ҳамвора тамоилоти нафсонии худро кунтрул мекунанд то битавонанд дар умури мухталифи зиндагӣ барасоси ҳақ амал намоянд.
27
وَمَا خَلَقْنَا السَّمَاءَ وَالْأَرْضَ وَمَا بَیْنَهُمَا بَاطِلًا ذَلِکَ ظَنُّ الَّذِینَ کَفَرُوا فَوَیْلٌ لِّلَّذِینَ کَفَرُوا مِنَ النَّارِ
Ва мо осмон ва замин ва ончиро миёни онҳост, беҳуда наёфаридем, ин пиндори касоне аст, ки куфр варзиданд, пас вой бар кофирони аз оташ.
28
أَمْ نَجْعَلُ الَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ کَالْمُفْسِدِینَ فِی الْأَرْضِ أَمْ نَجْعَلُ الْمُتَّقِینَ کَالْفُجَّارِ
Оё касонеро, ки имон оварда ва корҳои шойиста анҷом додаанд, монанди муфсидон дар замин қарор медиҳем, ё парҳезкоронро монанди бадкорон қарор медиҳем?
Дар ояти қабл Худованд хитоб ба ҳазрати Довуд (а) фармуд: дар замин ба ҳақ ҳукумат ва доварӣ кун, зеро ту ҷонишини Мо дар замин ҳастӣ, дар идомаи оятҳо мефармояд: Мо, ки ҷаҳонро барасоси ҳақ офаридем ва ҳеч ботиле дар он роҳ надорад, пас дар замин низ набояд ҷуз ҳақ ҳоким шавад, албатта касоне, ки Худоро қабул надоранд ва вуҷуди Худо ва тадбири Ӯро инкор мекунанд, гумон мекунанд, ки низоми ҳастӣ бидуни ҳадаф ва барнома офарида шуда ва ояндаи мушахас ва муаяне барои он вуҷуд надорад, аммо ҳангоме, ки гирифтори оташи дузах шаванд, дармеёбанд, ки пиндори онҳо аз асоси ботил будааст.
Идомаи оятҳо мефармояд: на фақат низоми офариниш бар асоси ҳақ аст, балки низоми ҷазо ва кайфар ва подош низ барасоси ҳақ ва адл аст, лизо Худованд некон ва бадонро яксон намебинад ва бо онҳо як шева рафтор намекунад.
Табии аст онон, ки Худоро Холиқ ва Ҳокими худ медонанд ва ба рӯзи қиёмат имон доранд, рафторашон дар замин, бо касоне, ки мункири Худо ва қиёмат ҳастанд, мутафовит аст, гуруҳи аввал дар ҷиҳати салоҳ ва ислоҳи худ ва ҷомеа талош мекунанд ва гуруҳи дуввум дар ҷиҳати фасод ва ифсод ҳарчӣ бештар дар замин, гуруҳи аввал дар чорчуби усул ва мавозине, ки Худованд барои башар муаян карда, ҳаракат мекунанд ва гурӯҳи дуввум дар чорчуби манофии модӣ ва шахсӣ натиҷаи дидгоҳи аввал, тақво ва покдоманӣ аст ва натиҷаи дидгоҳи дуввум, густариши фасод ва табоҳӣ дар ҷомеа.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Дар нигариши диннӣ, офариниши ҳадафманд ва ҳакимона аст, аммо дар андешаи ғайри диннӣ, офариниш беҳадаф аст ва дорои ҳеч барномаи аз пеш тароҳӣ шудае нест.
2 – Аз онҷо, ки низоми ҳастӣ бар пойяи ҳақ аст, низом ва қавонини ҳоким бар ҷавомии башарӣ бояд барасоси таолими ҳақ бошад, то ҳамасӯ бо низоми офариниш бошад.
3 – Иқтисодӣ ҳақ, иҷрои адолат дар дунё ва охират аст, яксон дидани хубон ва бадон дар ҷомеа, бо асли адолат носозгор аст.
4 – Нофармонии дастуроти илоҳӣ, сабаби густариши фасод дар замин аст.