Март 03, 2019 07:47 Asia/Dushanbe

Қисмати 835 сураи муборакаи " Сод ", ояти 29-33

29

 

کِتَابٌ أَنزَلْنَاهُ إِلَیْکَ مُبَارَکٌ لِّیَدَّبَّرُوا آیَاتِهِ وَلِیَتَذَکَّرَ أُولُو الْأَلْبَابِ

 

"Ин" китоби мубораке аст, ки онро ба сӯйи ту фурӯ фиристодем то дар оятҳои он тадаббур кунанд ва хиратмандон панд гиранд.

 

Дар оятҳои қабл гуфтем, ки ҳамнизомии офариниш ва ҳамнизомии кайфар ва ҷазо барасоси ҳақ ва адл аст, лизо Худованд некон ва бадонро  яксон намебинад, ин оят дар идома мефармояд: Қуръон китобе аст, ки барои табйини ҳадафи офариниш нозил шуда ва мойяи рӯшт ва таолии ҳамаи инсонҳост, албатта  касоне, ки дар он тадбир кунанд ва аз ақл ва андеша барои фаҳми ояташ кумак бигиранд, ба умқи дастуроти илоҳӣ, ки саросари ҳикмат, пай мебарад ва роҳи зиндагии саодатмандонаро меёбанд, зеро инсонҳои ғофил аз Худо ва худ, дар воқеъ афроди мурдаанд, гарчӣ ба зоҳир зинда бошанд ва ҷисми онҳо аз рӯшт ва наму бархурдор бошад.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Ҳадафи нузули Қуръон, тадаббур ва тафаккур дар оятҳои илоҳҳӣ аст, гарчӣ тиловати оятҳои он низ баракат дар зиндагии инсон мешавад.

 

2 – Бар хилофи тасаввур касоне, ки ваҳйиро носозгор бо ақл ва хирад медонанд, ваҳйи илоҳӣ мутобиқ бо ақл ва хирад аст ва дар Қуръон, ҳеч амри мухолиф бо ақл ёфт намешавад. Дар воқеъ ваҳйи ба ин хотир нозил шуда, ки инсонҳоро ба рӯшд ва таолӣ бирасонад, на он,ки ақлро таътил кунад ё сарситез бо он дошта бошад.

 

3 – Аҳли хирад бо тадаббур дар оятҳои Қуръон, ба аҳком ва рамзҳои он пай мебаранд.

 

 

30

 

وَوَهَبْنَا لِدَاوُودَ سُلَیْمَانَ  نِعْمَ الْعَبْدُ إِنَّهُ أَوَّابٌ

 

Ва ба Довуд Сулаймонро бахшидем, чӣ неку бандае! Ӯ бисёр руҷуъ кунанда "Ба Худо" буд.

 

31

 

إِذْ عُرِضَ عَلَیْهِ بِالْعَشِیِّ الصَّافِنَاتُ الْجِیَادُ

 

"Ёд кун" он гоҳ, ки дар поёни рӯз "Наздики ғуруб" аспони тундрав бар ӯ арза шуд "Ва ӯ машғули сон дидан буд".

 

32

 

فَقَالَ إِنِّی أَحْبَبْتُ حُبَّ الْخَیْرِ عَن ذِکْرِ رَبِّی حَتَّى تَوَارَتْ   بِالْحِجَابِ

 

  Пас гуфт: ман ин аспонро ба хотири Парвардигорам дӯст дорам "Ва ҳамчунон ба онҳо нигоҳ мекард" то "Аз дидгонаш" пинҳон шуданд.

 

33

رُدُّوهَا عَلَیَّ  فَطَفِقَ مَسْحًا بِالسُّوقِ وَالْأَعْنَاقِ

 

"Сипас дастур дод" онҳоро назди ман бозгардонед, пас шуруъ кард ба даст кашидан бар соқҳо ва гарданҳои аспон.

Ин оятҳо дар ибтидо аз фарзанде ба номи Сулаймон (а) барои ҳазрати Довуд (а) хабар медиҳад, фарзанде, ки ҳамчун худи ӯ бандаи хуби Парвардигор буд ва ҳамвора ба даргоҳи Худованд руҷуъ мекард.

Сипас ба азамати қудрат ва ҳукумати Сулаймон (а) ва сон дидани ӯ аз лашкар бо асбони тезрав ва чобук ишора мекунад, мефармояд: Сулаймон ҳангоме, ки аспон ва саворон дар баробари ӯ ража мерафтанд, ба ҷойи он,ки дучори ғурӯр ва такаббур шуда ва барои худ қудрат ва маканатеро тасаввур кунад, ба худ ва атрофиёнаш мегуфт: ман ин аспонро ба хотири Худо дӯст дорам то мойяи ҳифзи амнияти ҷомеа ва василаи ҷиҳод бо душманон бошанд.

Сулаймон (а) чунон машғули тамошои ҳаракати аспон буд то аз дидгонаш пинҳон шуданд, ӯ дастур дод бори дигар аспонро бозгардонанд, ин бори ӯ худ ба истиқболи аспон рафт, онҳоро навозиш мекард ва бар сар ва гардани онҳо даст мекашид, коре, ки маъмулан соҳибони аспҳо ҳангоми пиёда шудан аз асп анҷом медиҳанд ва дар воқеъ навъи ибрози алоқа ба асп ва қадрдонӣ аз он аст.

Албатта мутаасифона барасоси бархе ақволи нодурӯст, ин оятҳо ба гунае дигар тафсир шуда ва дар мавриди ин моҷаро, нисбатҳои норавое ба ҳазрати Сулаймон (а) додаанд.

Масалан дар бархе манобиъ омадааст: Сулаймон (а) чунон ғарқи тамошои аспон шуд, ки хуршед ғуруб кард ва намози асрро аз даст дод, онгоҳ аз Худо дархост кард, ки хуршед боз гардад то ӯ намозашро бихонад, чигуна метавон пазируфт, ки сон дидан аз лашкар боис шавад, ки Сулаймон (а), намозашро фаромӯш кунад то он,ки хуршед ғуруб намояд?

Равшан аст, ки ингуна ақвол, нодурӯст аст ва ин корҳо ҳатто аз як инсони одӣ пазируфтанӣ нест, чӣ расад ба бандаи солиҳ ва баргузидаи Худо, ҳазрати Сулаймон (а) паёмбаре, ки Худованд дар ҳамин оятҳо, ба сароҳат ӯро бандаи худи Худо ва бисёр тавбакунанда хонда ва мавриди тамчид қарор додааст, ин ақвол бо муҳтавои оятҳо созгор надорад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Болотарин мақоми инсон, бандагӣ ва руҷуъ ба даргоҳи илоҳӣ аст, лизо дар Қуръон, ба таври мукарар аз вожаи "Абд" дар мавриди паёмбарон истифода шудааст.

 

2 – Таваҷҷуҳи вижа ба ҳофизони амният, аз вазифаҳои ҳокимони ҷомеа аст, лизо баргузории маросиме мисли ража ва сон дидан аз нерӯҳо ва таҷҳизоти низомӣ, кори писандида аст, чаро, ки раҳбарони ҷомеа бояд аз камият ва кайфияти нерӯҳои размӣ ва соз ва барги низомӣ огоҳи ёбанд ва дар баробари душманон қудратнамоӣ кунанд.

 

3 – Қудрат ва ҳукумат, агар дар дасти мардони Худо ва инсонҳои солеҳ ва дурӯсткор бошад, омили таҷовуз ва султае намешавад, зеро онҳо қудратро дар роҳи Худо ва фақат барои Худо мехоҳанд.