Март 13, 2019 11:49 Asia/Dushanbe

Қисмати 836 сураи муборакаи " Сод ", ояти 34-38

34

 

وَلَقَدْ فَتَنَّا سُلَیْمَانَ وَأَلْقَیْنَا عَلَى کُرْسِیِّهِ جَسَدًا ثُمَّ أَنَابَ

 

Ва мо Сулаймонро озмӯдем ва бар тахти ӯ ҷасади "Беҷон аз фарзандаш" афкандем, пас ба даргоҳи Худо тавба кард.

 

35

 

قَالَ رَبِّ اغْفِرْ لِی وَهَبْ لِی مُلْکًا لَّا یَنبَغِی لِأَحَدٍ مِّن بَعْدِی إِنَّکَ أَنتَ الْوَهَّابُ

 

Ва гуфт: Парвардигоро маро биёмӯрз ва ба ман фармонравоӣ ва ҳукумате ато кун, ки пас аз ман сазовори ҳеч кас набошад, ба дурӯсти ту бисёр бахшандаи.

 

Дар идомаи оятҳои қабл, ки дар бораи алтофи Худованд ба ҳазрати Сулаймон (а) буд, ин оятҳо ба яке аз озмунҳои сахти Сулаймон (а) ишора дорад, албатта аз онҷо, ки моҷарои ин озмун дар худи оятҳои Қуръон наёмадааст, ба ривоётҳо дар ин бора муроҷиа ва муваҷҷаҳтарини онҳоро баён мекунад.

Ҳазрати Сулаймон орзу дошт, ки фарзандони зиёде насибаш шавад то аз миёни онҳо яке аз фарзандони шуҷоъ ва бурумандашро ба ҷонишинии худ интихоб кунад то пас аз вай ҳукуматашро идома диҳад, аммо чун дар ин хоста аз Худо ғофил шуд ва ба ҷойи таваккул бар Худо ва хости Ӯ, ба хост ва иродати хеш такя кард, Худованд бар ӯ сахт гирифт ва ҳеч фарзанде аз ҳамсаронаш мутаваллид нашуд, ҷуз фарзанди ноқисулхулқа, ки онро ҳамчун ҷасади беҷон дар баробари ӯ афканданд.

Бо дидани ин саҳна, Сулаймон (а) мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҷун аз Худо ғофил шуда ва ба фарзанд дил баста, Худованд низ уро гирифтори ин озмӯн сохтааст, лизо аз ғафлати худ тавба ва иноба кард ва ба сӯйи Худо боз гашт.

Дар бархе ривоятҳо низ омада, ки худи Сулаймон (а) гирифтори бемории шадиде шуд ва ҳамчунин ҷасади берӯҳ бар тахташ афод.

Идомаи оятҳо мефармояд: ҳазрати Сулаймон (а) пас аз талаби омӯрзиш ва бахшиш аз Худованд, аз Ӯ хост, ки дар ҳуқуматаш умури хориқулодае рух диҳад то ҳамчун муъҷизоти сойири паёмбарон, далили набувват ва рисолати ӯ аз ҷониби Худо бошад, амре, ки мушобеҳи он дар сойири ҳукуматҳо рух намедиҳад ва аз ин ҷиҳат фармонравоии Сулаймон (а) – ро аз дигар фармонравоён мутамойиз месозад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Озмоиш яке аз сунатҳои илоҳӣ аст, ки муҷиби сайқалӣ шудани рӯҳ ва қурб ба даргои Парвардигор аст, лизо ҳамаи инсонҳо ҳатто паёмбарон ва авлиёи илоҳӣ озмоиш мешаванд ва ҳечкас аз ин амр мустасно нест.

 

2 – Бархе анбиё, илова бар он,ки масъуляти паёмбарӣ ва ҳидоятгарии мардумро бар уҳда доштанд, бар мардум ҳукумат ва фармонравоӣ мекарданд ва ин ду бо якдигар мунофоте надорад.

 

3 – Дар дуо ба чизҳои кам қонеъ набошем, балки бояд ҳамонанди ҳазрати Сулаймон (а), ҳимати мо баланд бошад ва аз Худо дархостҳои муҳим дошта бошем.

 

36

 

فَسَخَّرْنَا لَهُ الرِّیحَ تَجْرِی بِأَمْرِهِ رُخَاءً حَیْثُ أَصَابَ

Пас мо бодро мусаххари ӯ сохтем, ки ба фармони ӯ ҳарҷо мехост нарм ва ором равон мешуд.

 

37

 

وَالشَّیَاطِینَ کُلَّ بَنَّاءٍ وَغَوَّاصٍ

 

Ҷинҳои саркашро "Ороми ӯ сохтем" ҳар банно ва ғаввосӣ "Аз онҳо" – ро

 

38

 

وَآخَرِینَ مُقَرَّنِینَ فِی الْأَصْفَادِ

 

Ва гурӯҳи дигаре аз ҷинниҳоро, ки дар ғул ва занҷира ба ҳам баста буданд "Таҳти фармони ӯ даровардем".

 

Ин оятҳо нишон медиҳад хостаи ҳазрати Сулаймон (а) иҷобат шуд ва Худованд имконот ва қудратҳои вижаеро дар ихтиёри ӯ қарор дод, ки ҳеч ҳукумате қабл аз ӯ ва баъд аз ӯ дар ихтиёр надоштааст, амрҳои хориқулода ва муъҷиза гунае, ки нишон диҳандаи илоҳӣ ва истисноӣ будани ҳукумати ӯст.

Тасхири бод ба унвони маркабе роҳвор, аввалин муҳаббате буд, ки Худованд ба Сулаймон (а) атто кард. Бод, тахти Сулаймон (а) – ро баланд мекард ва ба ҳарҷо, ки ӯро ирода менамуд, вайро мерасонд. Ҳамчун ҳавопаймоҳои имрӯзе, ки бар фарози осмон ҳаракат мекунанд ва масирҳои тулониро дар замоне андак тай мекунанд.

Дуввумин муҳаббати Худованд ба ҳазрати Сулаймон (а), тасхири ҷин барои анҷоми корҳои мухталифи хадамоте буд. Бар асоси ин оятҳо, шаётини ҷиннӣ дар тасхири Сулаймон (а) буданд, гурӯҳе аз ҷинҳо дар корҳои сохтумонӣ ҳамчун пулҳо ва садҳо кор мекардан ва гурӯҳе дар дарё ба хидмат машғул буданд.

Гурӯҳе аз чинҳо низ аз фармони ӯ тамарруд карда ва саркашӣ карданд, ки онҳоро дар зиндон нигаҳдорӣ мекард ва ҳамчун дигар зиндониён дар  заннҷир буданд.

Ба ин тартиб, Худованд аз рӯйи лутфи худ ва аз роҳи эъҷоз, ҳамаи нирӯҳои табиӣ, инсонӣ ва ҷинниро таҳти султаи Сулаймон (а) даровард.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Чин дорои ақл ва шуур ва тахасус аст, лизо башар дар анҷоми бархе аз корҳои худ, метавонанд аз тавоноиҳои ӯ баҳра бибарад.

 

2 – Дар мудирияти кишварҳо ё иҷрои тарҳҳои муҳим, истифода аз тавон ва тахасусси нерӯҳои коромади бисёр зарурӣ аст.

 

3 – Афрод ва гурӯҳое, ки ба ҷомеа осеб мерасонанд ва муҷиби ихлол дар низоми иҷтимои мешаванд, бояд боздошт шуда ва таҳти кунтрул қарор гиранд, коре, ки Сулаймон (а) бо ҷинҳои мутамаррид ва саркаш кард.