Март 14, 2019 10:10 Asia/Dushanbe

Қисмати 837 сураи муборакаи " Сод ", ояти 39-43

39

 

هَـذَا عَطَاؤُنَا فَامْنُنْ أَوْ أَمْسِکْ بِغَیْرِ حِسَابٍ

 

"Ва ба Сулаймон гуфтем" ин аттои Мост, беҳисоб ба ҳар, ки хоҳи бибахши ва аз ҳар, ки хоҳи имсок кун.

 

40

 

وَإِنَّ لَهُ عِندَنَا لَزُلْفَى وَحُسْنَ مَآبٍ

 

Ва бе гумон барои ӯ назди Мо мақоми арҷуманд ва саранҷоми некуст.

 

Дар чанд оятҳои гузашта, дар бораи ҳазрати Сулаймон (а) сухан гуфтем, ин оятҳо дар поёни саргузашти ҳазрати Сулаймон (а) мефармояд: Худованд ба ҳазрати Сулаймон (а) сарват ва маканати бисёр ато карда ва аз ӯ хоста буд то онҷо, ки метавонад онро ба ниёзмандони ҷомеа бибахшад ва дар рафъи ниёзҳои онон бикушад, албатта чун Сулаймон (а) паёмбари илоҳӣ буд, бар мабнои адолат амал мекард ва дар тавзеи аттои илоҳӣ, ба ҳар кас ба миқдори ниёзаш мебахшид, бо адолат созгор набуд.

Идомаи оятҳо ба фарҷоми неки ҳазрати Сулаймон (а) ишора акарда ва мефармояд: бо он ҳама қудрат ва сарват ва маканате, ки дар ихтиёри ҳазрати Сулаймон (а) буд, ӯ аз мадори бандагии Худованд хориҷ нашуд ва ҳаргиз ба мардум таҳти ҳокимяташ ситам раво надошт, лизо дар назди Худованд дорои мақом ва манзалаи баландмартаба буд ва оқибат ба хайр аз ин дунё рафт.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Дар ҳукумати илоҳӣ, ҳоким ончиро дар ихтиёр дорад, аттое аз ҷониби Худованд медонад, ки бояд дар хидмати мардум ба кор гирифта шавад.

 

2 – Бархе дорои аз қудрат ва сарват, бо ибодат ва бандагии Худо ва расидан ба қурби илоҳӣ мунофоте надорад, дар ҳукумати илоҳӣ, пешрафт ва тавсиаи модӣ ва баҳрамандӣ аз имконоти табии, мағоирате бо касби камолоти рӯҳӣ ва маънавӣ надорад.

 

41

 

وَاذْکُرْ عَبْدَنَا أَیُّوبَ إِذْ نَادَى رَبَّهُ أَنِّی مَسَّنِیَ الشَّیْطَانُ بِنُصْبٍ وَعَذَابٍ

 

Ва бандаи мо Аюбро ба ёд овар, онгоҳ, ки Парвардигорашро нидо дод, ки шайтон маро ранҷ ва азоб афкандааст.

 

42

 

ارْکُضْ بِرِجْلِکَ هَـذَا مُغْتَسَلٌ بَارِدٌ وَشَرَابٌ

 

"Ба ӯ гуфтем:" пойи худро бар замин бикуб "То чашмаи обе ҷорӣ кунем" ин чашмаи оби хунук барои шустушу ва нушидан аст.

43

وَوَهَبْنَا لَهُ أَهْلَهُ وَمِثْلَهُمْ مَعَهُمْ رَحْمَةً مِنَّا وَذِكْرَىٰ لِأُولِي الْأَلْبَابِ

Ва мо бар асоси раҳмати хеш хонаводаашро ба ӯ бахшида ва баргардонднм ва ҳамонанди онҳоро ба онон афзудем то барои хирадмандон панде бошад.

 

Пас аз саргузашти ҳазрати Сулаймон (а), ки намоди қудрат ва сарват дар миёни паёмбарони илоҳӣ аст, ин оятҳо ба саргузашти ҳазрати Аюб (а) ишора мекунад, ки улгӯйи сабр ва пойдорӣ дар баробари мушкилот аст.

Барасоси ин оятҳо, паёмбари Ислом (с) маъмур шуд, ки зиндагии ҳазрати Аюб (а) – ро барои мардум бозгу куанд то ононро ба сабр ва истиқомат дар баробари сахтиҳои шахсӣ ва иҷтимоӣ даъват кунад.

Чунон, ки дар китобҳои тафсирӣ ва ривоӣ омадааст, Худо ба ҳазрати Аюб (а) неъмати бисёр дод ва ӯ низ бандаи шукургузор буд, амммо Худованд ӯро ба озмоиши сахт гирифтор сохт то собит кунад, ки Аюб (а) дар ҳамаи ҳол бандаи шукургузори Ӯст, чӣ дар рифо бошад ва чӣ дар ранҷ ва сахтӣ, лизо ба тадриҷ амвол ва зироат ва гусфандони Аюб (а) аз байн рафт ва худаш низ дучори бемории сахте шуд, ба тавре, ки ҳатто фарзандаш аз тарси ибтило ба беморӣ, аз ӯ дурӣ гузиданд.

Дар чунин шароите, шайтон дар миёни мардум ба дуруғ шойеъ кард, ки Аюб (а) ба хотири нофармонии Худо гирифтори ин ҳамаи сахтӣ ва беморӣ шудааст ва агар ӯ бандаи хуби Худо буд, ба чунин балое гирифтор намешуд, ки ҳатто фарзандонаш ӯро тарк кунанд, шароити пеш омади дар хонаводаи Аюб (а) ва неши забони мардум, ки ба хотири васвасаҳои шайтон сурат гирифта буд, ӯро дар тангнои бисёр сахте қарор дод ва муҷиби ранҷиши шадиди ӯ шуд.

Ӯ, ки дар тамоми даврони сахтӣ ва ранҷ, лаб ба шикоят накушуда ва ҳамвора шукургузори Парвардигори олам буд, як рӯз Худовандро нидо зад ва аз сӯйи занни мардум, ки ба далили васвасаҳои шайтон эҷод шуда буд, шиква кард, аммо ба таври мустақим дархостеро аз Худо матраҳ накард.

Худованд барои наҷоти Аюб (а) аз неши забони мардум, ба шакли муъҷизаи осойи бемории ӯро шифо дод то ҳама бидонанд, ки Аюб (а) мавриди лутфи Худо будааст, на мағзуби даргоҳи Ӯ ба ӯ дастур дод дар ҳамонҷо, ки нишастааст, пой бар замин бикубад то ба қудрати илоҳӣ чашмаи оби зулол ва гуворои ҷорӣ шавад. Албатта моҷарои ҷори шудани чашмаи об барои Аюб (а), шабеҳи достони Исмоил (а), фарзанди Иброҳим (а) аст, вақте, ки Ҳоҷар, ҳамсари Иброҳим (а) аз ёфтани об барои фарзандаш ноумед шуд, ба қудрати Худованд, зери пойи Исмоил (а), ки дар канори ханаи Худо, дар Макка аз фарти ташнагӣ даст ва по мезад, ҷашмае аз оби гуворо зоҳир шуд, номи ин ҷашма замзам аст ва ҳам акнун низ ҷараён дорад.

Аммо идомаи достон, пас аз ҷори шудани оби чашма, Худованд аз Аюб (а) хост, ки худро дар он об шустушу диҳад ва аз он биёшомад то бемориаш беҳбуд ёбад. Ба ҳарҳол, бо пирӯзии Аюб (а) дар ин имтиҳони илоҳӣ, Худованд дубора неъматҳои худро ба ӯ бозгардонд ва лутф ва раҳматашро бар ӯ тамом кард, ӯ саломати ҷисми хешро ба таври комил ба даст овард ва зиндагиаш равнақи дубора ёфт.

Равшан аст, ки саргузашти пурфароз ва нишеби Аюб (а), мойяи дарс ва ибрат барои хирадмандон аст то ба доштаҳои худ мағрур нашаванд, зеро чӣ басо дар як лаҳза, ҳамаи онҳо аз даст биравад.

Ин достон дар айни ҳол ба мо меомӯзад, ки дар сахтиҳо ва бемориҳо ҳаргиз аз лутф ва раҳмати Худо маъюс нашавем, зеро рафъи мушкилот ва сахтиҳо барои Худованд, саҳл ва осон аст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Ошнои бо таърихи гузаштагон, ба вижаи паёмбарони илоҳӣ, созанда ва дарсомӯз аст, чаро, ки ошнои бо мушкиллоти дигарон, мойяи тақвияти рӯҳияи сабр ва шикебои дар инсон аст.

 

2 – ранҷҳо ва мусибатҳо, майдоне барои васвасаи шайтон аст, гоҳ шайтон ба василаи сахтиҳо ва тангиҳо кушиш мекунад инсонро аз роҳи мустақим мунҳариф кунад.

 

3 – Дуо, сираи авлиёи Худо ва ҷилвае аз ибодат ва бандагӣ дар баробари Офаридгори Ҳастӣ аст, пас барои рафъи мушкилот ва гирифториҳо дуо кунем.