Апрел 11, 2019 07:06 Asia/Dushanbe

Қисмати 839 сураи муборакаи " Сод ", ояти 49-58

49

 

هَـذَا ذِکْرٌ  وَإِنَّ لِلْمُتَّقِینَ لَحُسْنَ مَآبٍ

 

Ин як ёдовари аст ва ҳамоно барои парҳезкорон бозгаштҳои некӯ хоҳад буд.

 

50

 

جَنَّاتِ عَدْنٍ مُّفَتَّحَةً لَّهُمُ الْأَبْوَابُ

 

Боғҳои ҷовидонае, ки  дарҳояш ба рӯйи онон кушудааст.

 

51

 

مُتَّکِئِینَ فِیهَا یَدْعُونَ فِیهَا بِفَاکِهَةٍ کَثِیرَةٍ وَشَرَابٍ

 

Дар онҷо "Бар тахтҳо" такя мезананд "Ва" меваҳои фаровон ва нушидани дар онҷо металабанд.

 

Дар чанд оятҳои қабл, саргузашти бархе паёмбарони илоҳӣ баён шуд, ин оятҳо ибтидо дар ҷамъбандии оятҳои гузашта мефармояд: ҳадаф аз баёни саргузашти пешиниён, тазаккур аст, зеро яке аз аҳдофи нузули Қуъон, зикр ва ёдованрӣ аст.

Идомаи оятҳо мефармояд: алтофи Худованд танҳо ба паёмбарон ихтисос надорад, баки ҳамаи касоне, ки роҳи тақвои илоҳиро дар пеш гиранд, оқибати некӯйе хоҳанд дошт. Худованд сахтиҳоеро, ки онҳо дар дунё кашидаанд, дар қиёмат ҷуброн карда ва ба корҳои некашон подош медиҳад, агар дар дунё ба хотири риояти ҳалол ва ҳаром, аз бархе лаззот ва хушиҳо даст кашидаанд, Худованд дар қиёмат онҳоро аз болотарин лаззатҳо ва неъматҳо баҳраманд месозад.

 

Албатта рифоҳ ва хушиҳои динявӣ зудгузар аст ва бо беморӣ ва марг поён меёбад, аммо Биҳишт ва лаззоти он, абадӣ аст ва нуқтаи поёне барои он вуҷуд надорад. Онҳо, ки дар дунё, пайваста дар ҳоли талош ва кушиш будаанд, Худованд дар қиёмат мавқеияти муносиб барояшон фароҳам мекунад то адли илоҳӣ дар бораи бандагонаш таҷассум ёбад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Нақли таърихи гузашта, барои саргармӣ нест, балки бояд мойяи бедорӣ ва ҳушёрии инсон шавад.

 

2 – Тули зиндагӣ чандон муҳим нест, балки масалаи асоси чигунагӣ поён ёфтани зиндагӣ аст, тақво василаи хушии оқибатӣ аст, лизо парҳезкорон ва порсоён, танҳо гуруҳе ҳастанд, ки Худованд ваъда додааст, ба фарҷоми неку даст меёбанд.

 

 

3 – Дарҳои раҳмати илоҳӣ ба рӯйи биҳиштиён боз аст ва ончиро талаб кунанд, дар ихтиёри онҳост.

 

52

 

وَعِندَهُمْ قَاصِرَاتُ الطَّرْفِ أَتْرَابٌ

 

Ва дар канорашон ҳамсароне аст, ки танҳо ба шавҳаронашон чашм медузанд ва ҳам син ва соланд.

 

53

 

هَـذَا مَا تُوعَدُونَ لِیَوْمِ الْحِسَابِ

Ин аст ончӣ барои рӯзи ҳисоб ба шумо ваъда дода мешавад.

 

54

 

إِنَّ هَـذَا لَرِزْقُنَا مَا لَهُ مِن نَّفَادٍ

 

Дар ҳақиқат, ин рӯзии мост, ки барои он поёне нест.

 

Дар идомаи оятҳои қабл, ки неъматҳои биҳиштеро тавсиф мекард, ин оятҳо ба ниёзи инсон ба ҳамсар ҳатто дар Биҳишт ишора карда ва мефармояд: Худованд барои биҳиштиён ҳамсарони пок ва зебо қарор дода, ки фақат ба ҳамсари худ таваҷҷуҳ доранд ва аз дигарон дилбуридаанд ва ҳам син ва соли ҳамсари худ ҳастанд.

Идомаи оятҳо мефармояд: дар рӯзи ҳисоб, ки барои ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад ва бояд дар муқобили корҳое, ки дар дунё анҷом додаанд, ҳисоб пас бидиҳанд, танҳо парҳезкорон аз мавоҳиби биҳиштӣ баҳраманд мешаванд, ваъдаи илоҳӣ дар бораи онон таҳқиқ хоҳад ёфт ва ваъдаҳои Худованд тахаллуфнопазир аст. Нуктаи дигар он,ки неъматҳо ва рӯзиҳои илоҳӣ дар Биҳишт, бепоён аст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Вежагии ҳамсари хуб он аст, ки ба ғайри шавҳари худ чашм надузад ва дида ва дили ӯ танҳо мутаваҷҷеҳи ҳамсараш бошад.

 

2 – Неъматҳои биҳиштӣ, ҳам дорои ҳисоб ва китоб аст ва ҳам доимӣ аст.

 

3 – Миод, ҷисмонӣ аст, дар Қиёмат, инсон аз навъи ҷисми шабеҳи ҷисми дунявӣ бархурдор аст, ӯ меваҳои лазиз тановул мекунад ва аз ошомиданиҳо менушад, ҳамчунин бо доштани ҳамсарони зебо, хостаҳои ҷинсӣ бароварда мешавад.

 

55

 

هَـذَا وَإِنَّ لِلطَّاغِینَ لَشَرَّ مَآبٍ  

 

Ин "Подоши биҳиштиён аст" ва барои туғёнгарон, бадтарин бозгаштгоҳ аст.

 

56

 

جَهَنَّمَ یَصْلَوْنَهَا فَبِئْسَ الْمِهَادُ    

 

Дузах, ки дар он ворид мешаванд, чӣ бад оромгоҳе аст.

 

57

 

هَـذَا فَلْیَذُوقُوهُ حَمِیمٌ وَغَسَّاقٌ 

Ин оби ҷушон ва чурк обе аст, ки бояд онро бичашанд.

 

58

 

وَآخَرُ مِن شَکْلِهِ أَزْوَاجٌ  

 

Ва "Ҷуз инҳо" анвои дигаре аз ҳамин гуна азобҳо "Барои онҳост".

 

Шеваи Қуръон ин аст, ки фарҷоми некон ва бадонро дар канори ҳам матраҳ мекунад то мухотаб, бо муқоисаи он ду, бо чашми боз роҳ ва равиши зиндагии худро интихоб кунад, дар инҷо низ пас аз баёни неъматҳое, ки биҳиштиён аз он баҳраманд мешаванд, мефармояд: аммо касоне, ки аз ҳадди худ таҷовуз карда ва аҳли туғён ва саркашӣ шудаанд, дар қиёмат кайфари сахте дар интизори онҳост, ба ҷойи нушиданиҳои лазиз ва гувороии Биҳишт, оби ҷушон ва чурк оби баданашонро менушанд.

Ҷойгоҳашон дузах аст, ҷойе, ки ҳамаи бадкорон дар он гирд меоянд ва буйи тааффун аз ҷисм ва ҷонашон сарозер аст, албатта азоби дузахиён, маҳдуд ба оби ҷушон ва оташи сузон нест, балки анвоъ ва ақсоми бисёр дорад, ки муҷиб мешавад дузахиён ҳамвора да ранҷ ва сахтӣ бошанд ва ҳечгоҳ азоб барои онҳо одӣ нашавад.

 

Аз ин ятҳо меомӯзем:

 

1 – Оқибатандешӣ боис мешавад, ки инсон дар интихоби роҳи зиндагӣ дақиқ ва ҳушёр бошад ва дар баробари дастуроти Офаридгори ҷаҳон, туғён ва саркашӣ накунад.

 

2 – Кайфарҳои илоҳӣ, ҳамчун подошҳои Ӯ, мутанавеъ ва гуногун аст ва ҳечгоҳ барои дузахиён ба сурати одӣ дарнамеояд.

 

3 – Муроқиб бошем кайфар сахт ва мондагори қиёматро ба қимати лаззоти кутоҳмудат ва зудгузари дунё нахарем.