Қисмати 840 сураи муборакаи " Сод ", ояти 59-66
Қисмати 840 сураи муборакаи " Сод ", ояти 59-66
59
هَـذَا فَوْجٌ مُّقْتَحِمٌ مَّعَکُمْ لَا مَرْحَبًا بِهِمْ إِنَّهُمْ صَالُو النَّارِ
Инҳо гуруҳе "Аз пайравони шумо" ҳастанд, ки ҳамроҳи шумо вориди дузах мешаванд, "Онҳо дар посух мегуянд:" хуш омаде барои онон нест, зеро, ки онҳо ба оташ дарафтанд.
60
قَالُوا بَلْ أَنتُمْ لَا مَرْحَبًا بِکُمْ أَنتُمْ قَدَّمْتُمُوهُ لَنَا فَبِئْسَ الْقَرَارُ
"Пайравон ба раҳбарон" гуянд: балки хушомад бар шумо мабод, ки шумо ин азобро аз пеш барои мо фароҳам кардед, ва чӣ бад қароргоҳе аст.
61
قَالُوا رَبَّنَا مَن قَدَّمَ لَنَا هَـذَا فَزِدْهُ عَذَابًا ضِعْفًا فِی النَّارِ
Ва мегуянд: Парвардигоро ҳар кас ин азобро барои мо фароҳам сохтааст, ба азоби ӯ дар оташ ду баробар бияфзо.
Дар ояҳои қабл, бархе кайфарҳои ситамгарон ва туғёнгарон дар қиёмат баён шуд, ин оятҳо дар идома мефармояд: дузахиён аз тозаворидин истиқбол намекунанд, балки ба онҳо нешзабон мезананд ва онҳоро сарзаниш мекунанд. Бар асоси оятҳои Қуръон, ҳам пешвоёни гумроҳе, пайравони худро сарзаниш мекунанд ва ҳам пайравон, пешвоёнро муқасири дузахӣ шудани худ шумурда, онҳоро мавриди лаън ва нафрин қарор медиҳанд.
Маъмурони дузах ба сардмадорони куфр ва ширк мегуянд: инҳо ҳамон пайравони шумо дар дунё ҳастанд, ки имрӯз ба сурати гуруҳӣ ҳамроҳи шумо ва ба дунболи шумо вориди дузах мешаванд, онҳо, ки дар дунё пайрав ва дунболарави шумо буданд, имрӯз дар дузах низ бо шумо ҳастанд ва ҳамагӣ дар оташ хоҳед сухт.
Ин як расми умуми аст, ки вақте ҷамъе ба ҷойе ворид мешаванд, ҳозирон ба онҳо хушомад мегуянд, аммо сардмадорони куфр ва ширк, ки қаблан вориди дузах шудаанд, ба касоне, ки дар ҳоли вуруд ба он ҳастанд, мегуянд: ба дузах хуш наомадед ва касоне, ки дар ҳоли вуруд ба дузах ҳастанд, ба руасо ва пешвоёни худ, мегуянд: худатон низ хуш наёмадед, шумо будед, ки моро ба инҷо кашондед ва гирифтори азоби дузах кардед, сипас аз Худованд мехоҳанд, ки азоби пешвоёнашон ду баробар шавад, зеро онҳо мусаббаби гумроҳӣ ва бадбахтии пайравон будаанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Дузахиён якдигарро сарзаниш мекунанд ва аз ҳам мутанаффиранд, ҳар гуруҳ тарафи муқобилро муқасир медонад ва ба якдигар носазо мегуянд.
2 – Қиёмат, таҷассуми корҳое аст, ки инсон дар дунё анҷом додааст, ӯ натиҷаи аъмоли хешро дар онҷо мушоҳида мекунад.
3 – Гуноҳи худро наметавон ба гардани дигаре андохт, гарчӣ сардмадорони куфр ва туғён муқасиранд ва азоби онҳо бештар аст, аммо ин ба ҳеч ваҷҳ салби масъулят аз пайравон ва ҳаводорон намекунад пайравон, ки чашми баста аз сарони куфр ва зулм итоат мекунанд, худашон низ мақсуранд ва ҳар ду гуруҳ ба оташи дузах гирифтор мешаванд.
62
وَقَالُوا مَا لَنَا لَا نَرَى رِجَالًا کُنَّا نَعُدُّهُم مِّنَ الْأَشْرَارِ
Ва мегуянд: чаро мардонеро, ки мо ононро аз ашрор мешумурдем, "Дар оташи дузах" намебинем?
63
أَتَّخَذْنَاهُمْ سِخْرِیًّا أَمْ زَاغَتْ عَنْهُمُ الْأَبْصَارُ
Оё мо "Ба ноҳақ" ононро ба масхара мегирифтем, ё "Онҳо дар дузаханд ва" чашмҳо "И мо" ба онҳо намеафтанд?
64
إِنَّ ذَلِکَ لَحَقٌّ تَخَاصُمُ أَهْلِ النَّارِ
Ин муҷодалаи аҳли оташ, ҳатмӣ ва воқеъ шудани аст.
Дузахиён дар дунё, худро инсонҳои дорои шахсият ва ҷойгоҳи иҷтимои бартар мешуморанд, онҳо гумон мекарданд, ки бисёре аз аҳли имон, аз афроди паст ва фурумояи ҷомеа ва дур аз илм ва камол ҳастанд, онҳо дар ҳар фурсате инсонҳои шойистаро ба истиҳзоъ гирифта ва бо забон ва рафторашон онҳоро тамасхур мекарданд.
Ин оятҳо мефармояд: гуё онҳо интизор доранд, акнун, ки худашон дузахӣ шудаанд, муъминонро низ дар дузах бубинанд, аммо чун аҳли имонро дар оташ намебинанд, мегуянд: оё мо ба ноҳақ онҳоро масхара мекардем ва онҳо акнун дар Биҳишт ҷой доранд? Ё он,ки онҳо дар дузах ҳастанд, вале мо онҳоро намебинем?
Имрӯз низ сардмадорони низоми султа ва қудратҳои истиъморӣ, интизор доранд дар баробари зулм ва ситаме, ки дар нуқоти мухталифи ҷаҳон мекунанд, милатҳои таҳти ситам аз худ вокунише нишон надиҳанд ва таслими фарҳанг ва арзишҳои онҳо бошанд, агар ҳам идае аз афроди бо имон ва адолатхоҳ барои мубориза бо зулм ва дифоъ аз ҳуқуқи ситамдидагон, дар баробари қудратҳои султаҷуй биистанд, онҳоро афроди шурур ва шуришӣ мехонанд, ки дар садади ихлол дар назми ҷаҳонӣ ҳастанд.
Аз ин ятҳо меомӯзем:
1 – Чӣ басо афроде, ки дар дунё мавриди тамасхур қарор мегиранд, аммо дар қиёмат ҷузви наҷотёфтагон ҳастанд. Онҳо ба Биҳишт мераванд, вале масхаракунандагони онҳо роҳи дузах мешаванд.
2 – Барасоси зоҳири афрод дар дунё қазоват накунем, чӣ басо афрод ба зоҳири пасти имрӯз, ки дар қиёмат, аз мақом ва ҷойгоҳи воло бархурдор хоҳанд шуд.
65
قُلْ إِنَّمَا أَنَا مُنذِرٌ وَمَا مِنْ إِلَـهٍ إِلَّا اللَّـهُ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ
Бигу: ман фақат бимдиҳандаам ва ҳеч маъбуде ҷуз Худованди Ягонаи Қаҳор нест.
66
رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَیْنَهُمَا الْعَزِیزُ الْغَفَّارُ
Парвардигори осмонҳо ва замин ва ончӣ миёни он ду аст, шикастнопазир ва бисёр омӯрзанда.
Дар поёни оятҳое, ки дар бораи кайфари дузахиён сухан мегуфт, Худованд ба Паёмбари Ислом (с )мефармояд: ман низ ба шумо ҳушдор медиҳам, ки аз гузаштагон ибрат бигиред ва аз ширк ва куфр даст бардоред. Бидонед, ки маъбуди дигаре ҷуз Худованди Якто нест, Худое, ки қудрати Ӯ бе интиҳо аст ва ҳеч кас дар баробари Ӯ ёрои муқовамат надорад. Ӯ, ки Холиқи осмон ва замин ва тадбиркунандаи ҳамаи амрҳои олам аст ва албатта дар канори қудрати беҳамто ва шикастнопазир, нисбат ба хатокороне, ки ба сӯйи Ӯ боз гарданд, бисёр омӯрзанда ва меҳрубон аст.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Дар канори башорат, бояд инзор ва ҳушдор низ бошад то пардаҳои ғафлат аз дили инсон зудуда шавад, аз ончӣ, ки инсон дар зиндагии худ бо баъзе хатарҳо ва авомили гумроҳкунанда рӯ ба рӯ аст, тазаккур ва ҳушдор метавонад муҷиби бедорӣ ва ҳушёрӣ ва раҳоии ӯ аз каҷиҳо ва инҳирофот шавад.
2 – Ҳамаи ҷаҳон, таҳти як мудирият ва ирода аст ва қудрат ва тааббири Парвардигори олам бар тамоми ҳастӣ ҳоким ва ҷорӣ аст.
3 – Худованд ҳам қудрати бепоён дорад, ҳам раҳмати беинтиҳо, бар хилофи низомҳои дунявие, ки маъмулан соҳибони қудрат дар онҳо, аҳли лутф ва раҳмат нестанд.