Апрел 22, 2019 09:24 Asia/Dushanbe

Қисмати 841 сураи муборакаи " Сод ", ояти 67-74

67

قُلْ هُوَ نَبَأٌ عَظِیمٌ

"Эё Паёмбар!" бигу: ин хабари бузург аст.

 

68

أَنتُمْ عَنْهُ مُعْرِضُونَ

 

Ки шумо аз он рӯйгардонед.

 

69

 

مَا کَانَ لِیَ مِنْ عِلْمٍ بِالْمَلَإِ الْأَعْلَى إِذْ یَخْتَصِمُونَ

 

Барои ман дар бораи олами боло ҳеч огоҳӣ "Ва донише" набуд, онгоҳ, ки "Дар бораи хилқати одам" муҷодала мекарданд.

 

70

 

إِن یُوحَى إِلَیَّ إِلَّا أَنَّمَا أَنَا نَذِیرٌ مُّبِینٌ

 

Ба ман чизе ваҳӣ намешавад, магар аз онрӯ, ки ман ҳушдордиҳандаи ошкорам.

 

Дар оятҳое, ки чанд оятҳои гузашта мавриди барраси қарор гирифт, аз Биҳишт ва Дузах ва авзоъ ва аҳволи биҳиштиён ва дузахиён сухан ба миён омад, ин оятҳо мефармояд: инҳо умури ғайбӣ аст, ки ҷуз аз тариқи ваҳӣ, роҳе барои шинохти онҳо вуҷуд надорад ва ин ваҳйи пас аз нузул бар Паёмбар (а) ба сурати мактуб дар қолаби Қуръон ироа шудааст, лизо ибтидо мефармояд: эй Паёмбар ба мушрикон бигу: ин Қуръон, хабари бузурге аст, ки шумо ба воситаи куфратон ба Худо, аз он рӯй гардондед ва ҳозир ба шунидани суханони ман ва таамул дар он нестед, дар ҳоле, ки ман ин матлабро аз ҷониби худ намегуям, балки ҳамаи онҳо бар ман ваҳӣ шуда то ба шумо дар бораи оянда ва ончӣ пеши рӯйи шумост, ҳушдор диҳам, ман аз ҷониби худ, илми ғайб надорам ва ҳамонанди шумо чизе аз умури ғайбӣ намедонам, магар он, ки Худованд бар ман ваҳӣ кунад, чунончӣ, ки аз моҷарои муҷодалаи фариштагон дар ҳангоми офариниши одам, иттилое надоштам ва Худованд маро огоҳ сохт.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Дар умури эътиқодӣ, пазириш ё эърози мардум, нишонаи ҳақоният ё бутлони он андеша ва ақида нест.

 

2 – Манбаи огоҳии паёмбарон аз умури ғайбӣ, ваҳйи Парвардигор аст, ба таври мусаллам, илм ва огоҳии паёмбарон аз умури ғайбӣ, мутлақ нест, балки ба мизоне аст, ки Худованд бихоҳад ва ба онҳо ваҳйи кунад.

 

71

 

إِذْ قَالَ رَبُّکَ لِلْمَلَائِکَةِ إِنِّی خَالِقٌ بَشَرًا مِّن طِینٍ

 

Онгоҳ, ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: Ман башареро аз гил меофаринам.

 

72

 

فَإِذَا سَوَّیْتُهُ وَنَفَخْتُ فِیهِ مِن رُّوحِی فَقَعُوا لَهُ سَاجِدِینَ

 

Пас ҳамин, ки ӯро низом бахшидам "Ва андомашро неку ва устувор сохтам" ва аз рӯҳи худ дар ӯ дамидам, барои ӯ ба саҷда дарафтед.

 

Дар идомаи оятҳои қабл, ки ба гуфтугуи фариштагон дар бораи як мавзуи муҳим ишора дошт, ин оятҳо мефармояд ин гуфтугу дар бораи хилқати одам буд, қазия аз ин қарор буд, ки Худованд ҳангоми офариниши Одам, мавзӯъро бо фариштагон дармиён гузошт ва ба онон гуфт: Ман қасд дорам аз об ва хок, мавҷуди ҷадид биёфаринам, ки бо дигар ҷондорон ва ҳайвонот тафовути асоси дорад ва он ин,ки аз рӯҳи Худам дар он медамам, лизо бояд дар баробари ин мавҷуди ҷадид саҷда кунед ва бартарии ӯро бар худатон бипазиред.

Ин гуна ҷисми инсон аз об ва хок аст, амри возеҳ ва равшан аст, зеро тамоми маводи ғазоие, ки бадан аз он ташкил мешавад, мустақим ё ғайри мустақим аз гиёҳоне ҳастанд, ки аз хок баромада ва бо об рӯшд кардаанд, аммо ин ҳақиқат, ки инсон афзун бар ҷисми хокӣ, аз рӯҳи илоҳӣ низ бархурдор аст, баёнгари каромати инсон ва ҷойгоҳи вижаи ӯ ба вадиат ниҳодааст.

Албатта мурод аз дамидани рӯҳи илоҳӣ дар вуҷуди инсон, ин нест, ки чизе аз Худо ҷудо шуда ва ба инсон мулҳақ шудааст! Балки манзур, баёни маншаъ ва решаи рӯҳи инсон аст, ки аз олам болост, на олами хокӣ. Ба баёни дигар, бахше аз сифатҳои илоҳӣ, ки башар зарфият ва омодагии дарёфти онро доштааст, ба ӯ бахшида шудааст, ба унвони мисол, Худованд сифоте чун илм, қудрат, раҳмат ва низ ихтиёр ва иродаро дар ҳади маҳдуди башарӣ ба ӯ атто кардааст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Офариниши фариштагон пеш аз офариниши башар будааст, зеро Худованд қабл аз инсон, бо фариштагон гуфтугу доштааст, вале аз онҷо, ки лаёқат ва шойистагӣ, аз собиқаи муҳимтар аст, башар бар фариштагон бартари дорад.

 

2 – Инсон мавҷуди ду буъди аст, буъди модӣ ва буъди маънавӣ инсон ба хотири буъди руҳии ӯ ва нафхаи илоҳӣ, масҷувди фариштагон шуд, на вижагиҳои ҷисмиаш.

 

3 – Саҷда дар баробари ғайри Худо ҷоиз нест, магар он,ки ба изн ва фармони Худованд бошад, саҷда бар одам, чун ба фармони Худо буд, бандагӣ дар баробари Худост, на бандагии одам!

 

73

 

فَسَجَدَ الْمَلَائِکَةُ کُلُّهُمْ أَجْمَعُونَ

 

Пас фариштагон ҳама бо ҳам саҷда карданд.

 

74

 

إِلَّا إِبْلِیسَ اسْتَکْبَرَ وَکَانَ مِنَ الْکَافِرِینَ

 

Магар иблис, ки такаббур варзид ва аз кофирон шуд.

 

Бар асоси оятҳои Қуръон, фариштагон мавҷудоти мутиъ ва фармонбаранд ва ҳечгоҳ аз дастури Худованд сарпечӣ намекунанд, лизо пас аз судури фармони Худованд мабни бар саҷда бар одам, ҳамагӣ бедаранг дар баробари инсон хузуъ карданд ва аз фармони Худо итоат намуданд, аммо танҳо касе, ки нофармони кард, иблис буд, ки аз рӯйи такаббур ва бузургталабӣ ҳозир нашуд дар баробари инсон хузуъ кунад, зеро ӯ худро бартар ва болотар аз инсон медонист, ин нофармонии иблис сабаб шуд аз мақоми баланде, ки ба даст оварда буд, суқут кунад ва дар сафи кофирон усёнгарон қарор гирад.

Бадеҳи аст агар иблис низ аз ҷинси фариштагон буд, наметавонист нофармони кунад, ҳамин нофармони нишон медиҳад, ки ӯ аз ҷинси фариштагон набуд, балки чунон,ки дар оятҳои дигари Қуръон низ тасриҳ шудааст, ӯ аз ҷинси ҷин буд, чаро, ки барои ҷин монанди инсон, имкони саркашӣ ва усён вуҷуд дорад, дар ривоятҳо омадааст, ки иблис ба хотири ибодат ва итоати тулонии Худованд, дар сафи фариштагон даромада буд ва ба ҳамин ҷиҳат ӯ низ мавриди хитоби Худованд дар саҷда бар инсон қарор гирфт.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Ғурур ва такаббур, метавонад омили суқути фард бошад, ҳатто агар умреро ба дурӯсти гузаронда бошад.

 

2 – Дар ҷамъи хубон ва бо хубон будан, ба танҳои омили наҷот нест, балки ҳар кас бояд бикушад, ки ба маънои воқеи хуб бошад то растагор шавад, чӣ басо фарзандон ва наздикони паёмбарон ва авлиёи Худо, ки аз роҳи ҳақ мунҳариф шуда ва ба партгоҳи фасод ва табоҳи суқут кардаанд.