Қисмати 842 сураи муборакаи " Сод ", ояти 75-78
Қисмати 842 сураи муборакаи " Сод ", ояти 75-78
75
قَالَ یَا إِبْلِیسُ مَا مَنَعَکَ أَن تَسْجُدَ لِمَا خَلَقْتُ بِیَدَیَّ أَسْتَکْبَرْتَ أَمْ کُنتَ مِنَ الْعَالِینَ
"Худованд" фармуд: эй иблис! Чӣ чизе монеи ту шуд, ки бар ончӣ бо дастони худ офаридам, саҷда куни? Оё такаббур карди ё он, ки аз баландмартабагон буди?
76
قَالَ أَنَا خَیْرٌ مِّنْهُ خَلَقْتَنِی مِن نَّارٍ وَخَلَقْتَهُ مِن طِینٍ
Ӯ гуфт: ман аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ офариди ва ӯро аз гил сохти.
Дар оятҳои қабл гуфтем, ки пас аз офариниши аввалин инсон, Худованд ба фариштагон фармон дод дар баробари ӯ саҷда кунанд ва ҳамаги саҷда карданд, ҷуз иблис, ки нофармони кард, ин оятҳо мефармояд: Худованд иблисро бозхост намуд, ки чаро аз саҷда бар одам сарбоз зади? Оё мақом ва ҷойгоҳи ту онқадар оли буд, ки фармони саҷда бар одам шомили ҳоли ту намешуд? Ё он,ки бар асари кибр ва ғурур, ҳозир ба ҳузуъ ва тавозуъ дар баробари одам нашуди?
Аммо иблис ба ҷойи он,ки бипазирад, ки кори ӯ нодурӯст будааст ва аз кори худ изҳори пушаймони ва тавба кунад, одамро мавҷуди пастар аз худ донист, ки лаёқати саҷдаро надорад, ӯ барои исботи ҳарфи худ, ин чунин муқоиса кард ва гуфт: ҷинси ман, ки аз ҷин ҳастам аз оташ аст ва ҷинси одам аз хок ва бадеҳи аст, ки оташ бартар аз хок аст!
Дар хусуси ин муқойисаи иблис, чанд нуктаро бояд ёдовар шавем
Аввалан ин муқоисаи ҳеч мабнои дурӯсте надорад, зеро далили мантиқи ва ақлонӣ вуҷуд надорад, ки собит кунад оташ аз хок бартар аст.
Дувумин барфарз, ки иблис бартар бошад, вақте, ки Худованд фармони саҷда ва тавозеъ дар баробари одамро медиҳад, тарки саҷда, ба маънои нофармонии Холиқ аст, ки бо ҳеч мантиқи дуруст қобили тавҷия ва дифоъ нест.
Севвуман, фармони саҷда бар одам, аз он ҷиҳат набуд, ки ӯ аз хок баромадааст, балки ба ҷиҳати рӯҳи илоҳӣ буд, ки дар ӯ дамида шуда ва аз он ҷиҳат бар ҳамаи мавҷудот бартарӣ ёфтааст.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Ба муҷрим ва хилофкор низ бояд фурсати ҳарф задан дод то решаҳо ва ангезаҳои ҷурми ӯ равшан ва ошкор шавад.
2 – Офариниши инсон, мутамоиз аз сойири мавҷудот аст, на фақат ҷондорон ва ҳайвоноти заминӣ, балки фариштагони осмон ва ҷинниёни номраи низ ба рутба ва ҷойгоҳи инсон намерасанд.
3 – Дар баробари фармони сариҳи Худованд бояд таслим буд ва аз истидлолҳои нодуруст ва ғайри мантиқӣ даст бардошт.
4 – Касоне, ки дар баробари Худо хузӯъ ва тавозӯъ намекунанд ва таслими фармони Ӯ нестанд, решааш навъи такаббур дар баробари Парвардигори ҷаҳон аст.
5 – Нажотпарастӣ ва бартар донистани як нажод бар дигар нажодиҳои башарӣ, навъи тафаккур ва рафтори шайтонӣ аст.
77
قَالَ فَاخْرُجْ مِنْهَا فَإِنَّکَ رَجِیمٌ
Худованд "Ба иблис" фармуд: пас аз он "Ҷойгоҳ" берун шав, ки ту рондашудаи.
78
وَإِنَّ عَلَیْکَ لَعْنَتِی إِلَى یَوْمِ الدِّینِ
Ва лаънати Ман то рӯзи қиёмат бар ту хоҳад буд.
Бо он,ки иблис аз ҷин буд ва бар асари солҳо тоат ва ибодат, дар сафи фариштагон қарор гирифта буд,, аммо нофармонӣ ва саркашии ӯ дар саҷда бар одам, нишон дод, ки дар баробари фармони илоҳӣ таслим ва мутиъ нест ва ончиро худаш мехоҳад, анҷом медиҳад.
Достони саргузашти ӯ мисли касе аст, ки талош карда аз кӯҳи сахт ва саъбул убур боло равад ва ба қула бирасад, аммо дар асари лаҳзаи ғафлат, пояш лағжида ва аз партгоҳ суқут мекунад, иблис низ ба хотири ҳамин нофармонӣ ва лағзиш, аз он ҷойгоҳ суқут кард ва аз даргоҳи илоҳӣ ронда шуд.
Бар асоси ин оятҳо, афзун бар рондашудан аз даргоҳи илоҳӣ, лаънати илоҳӣ низ то рӯзи қиёмат ӯро дарбар мегирад.
Дар инҷо шояд ба зеҳни касе ин саввол хутур кунад, ки чунин кайфари бузурге барои як нофармонӣ, он ҳам саҷда накардан бар одам "На бар Худо" чӣ тавҷиҳе дорад?
Дар поссух бояд гуфт: нофармонии кори хилоф ва нописанд аст, вале муҳимтар аз он, тавҷиҳ кардани нофармони аст, ҳазрати Одам (а) низ дар боғи биҳишт монанде, ки Худованд барои ӯ муҳайё карда буд,
нофармони кард ва аз меваи мамнуа хурд, аммо тафовути одам ва иблис дар ин буд, ки одам, кори нодурӯсти худро тавҷиҳ накард, балки ба сурати ҷидӣ дар садади узрхоҳи ва тавба ва аноба баромад, лизо Худованд тавбаи ӯро пазируфт ва ӯро машмули раҳмати хосаи хеш қарор дод.
Аммо шайтон ба ҷойи тавба ва талаби бахшиш, даст ба тавҷиҳ зад ва машмули лаънати илоҳӣ шуд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Кибр ва ғурур ва фахрфурушӣ, ҳосиле ҷуз маҳрумият аз раҳмати Худо ва неъматҳои Ӯ надорад ва муҷиби суқути инсон аст.
2 – Лозим аст аносири номатлуби ҷомеа ва касоне, ки аз қавонини илоҳӣ саркаши мекунанд, аз иҷтимо тард шаванд.
3 – Масъулятҳо бояд дар ихтиёри афроди дурусткор ва бо имон бошад.
4 – Афроди шайтонсифат, ки дучори ҳасуд ва кина ва ғурур ҳастанд, бояд дар иҷтимоъ туҳқир шаванд.