Апрел 25, 2019 07:11 Asia/Dushanbe

Қисмати 843 сураи муборакаи " Сод ", ояти 79-83

79

 

قَالَ رَبِّ فَأَنظِرْنِی إِلَى یَوْمِ یُبْعَثُونَ

 

"Иблис гуфт:" Парвардигоро пас маро то рӯзе, ки "Мардум" барангехта мешаванд, муҳлат деҳ.

 

80

 

قَالَ فَإِنَّکَ مِنَ الْمُنظَرِینَ

 

"Худованд" фармуд: ту аз муҳлатёфтагонӣ.

 

81

 

إِلَى یَوْمِ الْوَقْتِ الْمَعْلُومِ

 

То замони муаян ва маълум.

Дар оятҳои қабл гуфтем, ки аз фармони Худованд дар хусуси саҷда бар одам, иблис нофармони кард ва ҳозир ба саҷда бар Одам нашуд, аммо мушкили иблис фақат саҷда накардан набуд, балки ин буд, ки ба ҷойи тавба ва ибрози пушаймонӣ аз кори худ, ки нофармонии Худо буд дар садади исботи бартарии худ бар Одам баромад ва кори худро тавҷиҳ кард, ба ҳамин ҷиҳат аз даргоҳи илоҳӣ ва аз сафи фариштагон ронда шуд.

Ин оятҳо мефармояд: шайтон ба ҳангоми хуруҷ аз даргоҳи илоҳӣ, тақозо кард, ки Худованд то рӯзи қиёмат ба ӯ муҳлат диҳад ва умри ӯ то он замон тулони шавад, албата ин муҳлатхоҳии шайтон барои ҷуброни кори зишти гузаштааш набуд, балки барои гумроҳ кардани инсонҳо буд, то интиқоми худро аз онҳо бигирад. Дар воқе иштибоҳи дигари иблис ин буд, ки ба ҷойи он,ки худро муқассир бидонад, инсонро муқассир донист ва гуфт: ин одам боиси хуруҷи ман аз даргоҳи илоҳӣ шуд!

Ин муҳлатхоҳии иблис, бино ба ҳукумати илоҳӣ, мавриди пазириш воқеъ шуд, аммо на то рӯзи қиёмат, балки то замони муайяне, ки Худо медонад. Ин замон метавонад, поёни ҳаёти башар дар кураи замин бошад, ё рӯзе, ки охирин ҳуҷҷати Худо, имоми замон (а) бар ҳамаи замин ҳоким мешавад ва ё рӯзи дигаре, ки танҳо Худо аз он огоҳ аст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Такаббур ва ғурури иблис боис шуд ба ҷойи талаби бахшиш аз Худованд, дархости муҳлат барои интиқомгирӣ кунад.

 

2 – Барои Худованд, додани умри тулонӣ ба бархе мавҷудот, осон аст. Ӯ ба ҳарки маслаҳат бидонад умри тулонӣ медиҳад, хоҳ некукор бошад ё бадкор.

 

3 – Мушкили иблис нашинохтани Худо ва қиёмат набуд, балки решаи инҳирофи ӯ, рӯҳияи такаббур  ва худбартарбиннӣ ва лаҷоҷат буд.

 

4 – Ин рӯҳия боис шуд, ки иблис дар баробари Худованд биистад ва аз фармони Ӯ сарпечӣ кунад.

 

82

 

قَالَ فَبِعِزَّتِکَ لَأُغْوِیَنَّهُمْ أَجْمَعِینَ

 

"Иблис" гуфт: ба иззатат савганд, ки ҳамаи ононро гумроҳ хоҳам кард.

 

83

 

إِلَّا عِبَادَکَ مِنْهُمُ الْمُخْلَصِینَ

 

Магар бандагони холисшудаат аз "Миёни" онҳоро.

 

Гуфтем, ки шайтон аз Худо хост ба ӯ умри тулони бидиҳад ва Худованд то замони муайяне, ки худ аз он огоҳ аст, ба ӯ фурсат дод, аммо пас аз он, ки Худованд ба ӯ муҳлат дод, шайтон савганд ёд кард, ки ҳадафаш аз ин муҳлатхоҳӣ, иғвогарӣ ва гумроҳ кардани башар аст, на ислоҳи худ ва ҷуброни хатои гузашта.

Аҷиб он,ки шайтон ба иззати Худованд савганд мехурад, ки башарро гумроҳ кунад, ин,ки иблис идаъо мекунад метавонад ҳамаи инсонҳоро гумроҳ кунад, дар воқеъ авҷи такаббур ӯро дар баробари Худо нишон медиҳад ва ҳоким аз он аст, ки ӯ инсонро заиф ва нотавон мешуморад, дар ҳоле, ки барасоси оятҳои Қуръон, фақат касоне, ки аз шайтон пайравӣ кунанд, гумроҳ мешаванд ва шайтон наметавонад касеро маҷбур ба пайравӣ аз худ кунад, зеро инсонҳо мухторанд ва метавонанд дар баробари васвасаҳои шайтон истодагарӣ кунанд, чунон, ки ояти 20 сураи Сабо тасриҳ мекунад, ки гуруҳе аз муъминон, аз шайтон пайравӣ намекунанд.

Худ шайтон низ пас аз он идъои куллӣ мабни бар гумроҳ кардани ҳамаи инсонҳо, иътироф кард, ки бандагони холиси Худо аз дастраси ӯ ба дуранд ва ҳеч роҳи нуфӯзе бар онон надорад, табии аст анбиё ва имомон, бандагони холиси Худо ҳастанд, онҳо аз ҳаргуна гуноҳ ва хато масун буда ва ба таъбири диннӣ, маъсум ҳастанд, дигар инсонҳо низ ба мизоне, ки холисанд ва ба дунё дилбастагии камтаре доранд, ба ҳамон мизон аз дастраси васвасаҳои шайтонӣ ба дуранд ва дар амон ҳастанд.

Дар бораи ҳукумат муҳлат додани Худованд ба шайтон барои гумроҳ кардани инсонҳо, назароти мухталифе матраҳ шудааст, вале ба иҷмол метавон гуфт, ки Худованд инсонро мавҷуди мухтор офаридааст ва лозимаи ихтор ин аст, ки дар баробари фард, роҳҳои мутафовуте вуҷуд дошта бошад то ӯ битавонад бо иродаи худ, интизоб кунад, аз сӯйи дигар, аз онҷо, ки матлуби Худованд ин аст, ки башар ба камол бирасад, лозимаи расидан ба камол, талош ва кушиш ва истодагӣ ва муқовимат аст, ҳамон гуна, ки барои рӯшд ва камоли илмӣ, бояд роҳатталабиро канор гузош ва бархе сахтиҳоро таҳамул кард, лозимаи рӯшди маънавӣ низ, истодагӣ дар баробари ғароизи саркаши аст, лозим ба зикр аст, ки васвасаҳои шайтонӣ, доиман ҳавоҳои нафсонӣ ва ғароизи инсонро таҳрик мекунад, албатта ҷамъе аз инсонҳои суст унсур ва заифулнафс, таслими ин душмани васвасагар "Яъне шайтон" мешаванд ва чӣ басо иддае низ ба лашкариёни ӯ бипайванданд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Инсон дар тули зиндагии худ, ҳамвора дар маърази хатари шайтон аст ва ҳечгоҳ набояд худро аз он дар амон бубинад, зеро иблис савганд ёд кардааст, ки ҳамаро гумроҳ кунад.

 

2 – Гоҳ як гуноҳ, муқадамаи гуноҳони бузург мешавад, шайтон муртакиби гуноҳе шуд ва он саҷда накардан бар Одам (а) буд, вале ин гуноҳи муқадама гуноҳи бузургтаре шуд ва он ин, ки дар садади иғфол ва васвасаи инсонҳо дар тули таърих баромад.

 

3 – Пок кардани дил аз ғайри Худо ва ихлос дар умр, шарти масуният аз домҳои иблис аст ва инсонро дар баробари васвасаҳои шайтонӣ, емин месозад.