Апрел 29, 2019 04:35 Asia/Dushanbe

Қисмати 844 сураи муборакаи " Сод ", ояти 84-88

84

 

قَالَ فَالْحَقُّ وَالْحَقَّ أَقُولُ

 

"Худованд" фармуд: ба ҳақ савганд ва ҳақ мегуям.

 

85

 

لَأَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنکَ وَمِمَّن تَبِعَکَ مِنْهُمْ أَجْمَعِینَ

 

Ки дузахро аз ту ва ҳар кадом аз онон, ки аз ту пайравӣ кунад, аз ҳамаги пур хоҳам кард.

 

Дар оятҳои қабл гуфтем ҳангоме, ки иблис аз даргоҳи илоҳӣ берун ронда шуд, эълом кард то замоне, ки зинда аст, инсонҳоро гумроҳ мекунад то интиқоми худро аз онҳо бигирад.

Дар ин оятҳо, Худованд дар посухи иблис мефармояд: ҳақ ин аст, ки танҳо касоне, ки аз ту пайравӣ карда ва дунболаравии васвасаҳои ту бошад, гумроҳ мешаванд, онҳо дар қиёмат вориди дузах хоҳанд шуд, аммо онон, ки такя бар ақл ва фитрати поки илоҳӣ, гирифтори васвасаҳои ту нашаванд ва ба ҷойи пайравӣ аз ту, аз паёмбарони илоҳӣ ва таолими ҳақи онҳо пайравӣ кунанд, дар қиёмат ҳамроҳи ту нахоҳанд буд ва аз дузах раҳои хоҳанд ёфт.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Худованд, ҳам худаш ҳақ аст, ҳам суханаш ҳақ аст ва усулан ҳар чизе ҳақ буданашро аз Худо мегирад.

 

2 – Дар қиёмат, ҳар гуруҳ бо пешвои фикрии худ маҳшур мешавад, хубон бо хубон ва некон ва бадон бо бадон ва ашрор.

86

 

قُلْ مَا أَسْأَلُکُمْ عَلَیْهِ مِنْ أَجْرٍ وَمَا أَنَا مِنَ الْمُتَکَلِّفِینَ

 

"Эй Паёмбар" бигу: бар ин "Рисолат ва иблоғи дин" ҳеч подоше аз шумо наметалабам ва аз касоне нестам, ки чизеро аз назди худ месозанд "Ва ба Худо нисбат медиҳанд".

 

87

 

إِنْ هُوَ إِلَّا ذِکْرٌ لِّلْعَالَمِینَ

 

Ин "Куръон" ҷуз тазаккуре барои ҷаҳониён нест.

 

88

 

وَلَتَعْلَمُنَّ  نَبَأَهُ بَعْدَ حِینٍ

 

Ва қатъан пас аз мудате, хабари онро хоҳед донист.

 

Ин оятҳо, поёни бахши сураи Сод аст ва бар чанд нуктаи муҳим ва асосӣ дар робита бо ҳадафи биъсати расули Худо (с) ва нузули Қуръони Карим таъкид мекунад. Бар асаси ин ятҳо, бар хилофи мудаиёни дуруғини набувват, ки бо ангезаҳо ва матомеи модӣ ва дунявӣ, идаъои набувват мекунанд, ҳамаи паёмбарон ва аз ҷумла Паёмбари Ислом (с) ба сароҳат эълом медоранд, ки ҳеч интизоре аз мардум надоранд, на тақдир ва ташакури забонӣ, на подоши модӣ ё маънавӣ, на мол ва мақом ва на ҳеч чизи дигар.

Онҳо худро воситаи иблоғи паёмбари илоҳӣ ба мардум муаррифи мекунанд ва худ ҳеч нақше дар муҳтавои ин паём надоранд, ин бархилофи ақидаи бархе аст, ки идаъо мекунанд, паёмбарон инсонҳои хубе буданд, ки корҳои хубро ба исми Худо ба мардум иблоғ мекунанд то аз ин тариқ мардумро ба анҷоми онҳо тарғиб кунанд.

Ҳақиқат ин аст, ки рафтор ва гуфтори паёмбарон дар миёни мардум рӯзгори худ, багунае будааст, ки ҳатто мухолифонаш низ ҳеч нуқтаи заъфе дар зиндагии онҳо пайдо намекарданд, вагарна дар бораи он бузургнамоӣ карда ва алайҳи онон ба ифшогарӣ мепардохтанд, паёмбарон на танҳо ба дунболи манофеи моддӣ набуданд, балки дар роҳи таблиғи дини Худо, озор ва азияти бисёр медиданд ва чӣ басо дар ин роҳ низ ҷони худро фадо мекарданд.

Ин оятҳо мефармояд: ҳадафи паёмбарон ва китобҳои осмонӣ, хориҷ сохтани мардум аз ғафлат ва зулум аст. Ғафлатҳое, ки ношӣ аз дилбастагӣ ба дунё ва умури дунявӣ аст ва муҷиб мешавад инсон аз олами пас аз марг ва қиёмат ғофил шавад ва ё бо инкори ҳақ, гирифтори зулуми куфр ва ширк гардад.

Охирин ояти сураи Сод, мухолифонро мавриди хитоб қарор дода ва мефармояд: агар ҳам ба сухани ҳақ имон наёваранд ва онро ҷиддӣ нагиред, ба зуди ҳақонияти онро дарк хоҳед кард, аммо он рӯз, дигар барои шумо суде надорад, зеро роҳе барои ҷуброни гузашта надоред.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Касоне,  дар ки кори таблиғи дин ҳастанд, бояд ҳамчун паёмбарон, ҳечгуна тавақуи модӣ ва интизоре аз мардум надошта бошанд ва ин шарти лозим барои тавфиқи онҳо дар расондани паёми ҳақ аст.

 

2 – Такаллуф дар гуфтор ва рафтор ва маошират, монеи мувафақият дар таблиғи дин мешавад, дин бояд бо забони сода, равшан, ҳама фаҳм ва ба шакле, ки қобили амал ва аҷр аст, барои мардум табйин шавад, вагарна муҷиби заҳмати инснҳо ва гурези онҳо аз дин мешавад.

 

3 – Рисолати Паёмбари Ислом (с) ва Қуръон, ҷаҳонӣ ва фаро миллияти аст ва ба қавми араб ё касоне, ки дар асри Паёмбар (а) мезистанд, ихтисос надорад.

 

4 – Қуръони Карим, китоби панд ва андарз ва омили бедорӣ ва ҳушёрии инсонҳо аст.

 

5 – Ҳақонияти Қуръон ва таолими Паёмбари Ислом (с) дар оянда мушахас хоҳад шуд, гарчӣ имрӯз, бархе инсонҳо ин таолими арзишмандро напазиранд.