Апрел 30, 2019 08:07 Asia/Dushanbe

Қисмати 845 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 1-4

بسم الله الرحمن الرحیم                   

 

Сураи Зумар си ва нуҳумин сураи Қуръони Карим аст, ин сура дар Макка нозил шудааст ва монанди дигар сураҳои макӣ, бештари оятҳои он дар бораи мавзӯоти эътиқодӣ назири тавҳид ва миод ва набувват аст.

 

1

تَنزِیلُ الْکِتَابِ مِنَ اللَّـهِ الْعَزِیزِ الْحَکِیمِ

 

Нозил шудани "Ин" китоб, аз сӯйи Худованди Азиз ва Ҳаким аст.

 

2

 

إِنَّا أَنزَلْنَا إِلَیْکَ الْکِتَابَ بِالْحَقِّ فَاعْبُدِ اللَّـهَ مُخْلِصًا لَّهُ الدِّینَ

 

Мо ин китобро ба ҳақ ба сӯйи ту нозил кардем, пас Худоро парастиш кун, дар ҳоле, ки дини "Худ" – ро барои Ӯ холис кардаи.

 

Ин оятҳо ба ҷойгоҳи Қуръон дар мактаби Ислом ишора карда ва мефармояд: Қуръон, каломи Худост, на каломи ҳазрати Муҳаммад (с) чунон,ки китобҳои осмонии қаблӣ низ суханони паёмбароне чун ҳазрати Мусо (а) ва ҳазрати Исо (а) набудааст, балки каломи Худо будааст, ҳадафи нузули ин китоб низ, ҳамчунин китобҳои қаблӣ, ҳидояти мардум ба сӯйи шинохти дурӯст аз Офаридгори ҷаҳон ва зудудани ҳаргуна инҳироф аз асли яктопарастӣ будааст.

Башар ба таври фитрӣ ва табии медонад, ки ҷаҳон дорои офаридгор аст, аммо дар шинохти ин Холиқ дучори иштибоҳ мешавад. Ӯ ё ашёъ ва афродро шарики Худо дар офариниши ҷаҳон медонад ё онҳоро дар тадбир ва идораи умури олам, шарики Худо мепиндорад, лизо Қуръон омадасат то Худои ҳақиқии ҷаҳонро ба дур аз анвои пирояҳо ва хурофот муаррифӣ кунад.

Равшан аст китобе, ки аз сӯйи Худованд нозил шудааст, матолибаш комилан бар ҳақ ва дуруст аст ва аз ҳар сухани ботил ва нодурӯстӣ пок ва пироста аст, зеро Ӯ Азиз ва Ҳаким аст ва ҷуз илм ва ҳикмат аз Ӯ содир намешавад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Гарчӣ Худоро бо чашмони худ намебинем, аммо бо хондани оятҳои Қуръон, сухани Ӯро мешунавем ва бо таамул ва тафаккур дар он, ба дурӯстӣ ва ҳақонияти он пай мебарем.

 

2 – Изати воқеӣ дар сойяи илм ва ҳикмат ба даст меояд ва ин ду "Изат ва ҳикмат" мулозим ва ҳамроҳи якдигаранд.

 

3 – Бандагии Худо бояд холисона ва барасоси дини ҳақ ва ба дур аз ҳаргуна ширк ва куфр ва хурофа бошад.

 

3

 

أَلَا لِلَّـهِ الدِّینُ الْخَالِصُ  وَالَّذِینَ اتَّخَذُوا مِن دُونِهِ أَوْلِیَاءَ مَا نَعْبُدُهُمْ إِلَّا لِیُقَرِّبُونَا إِلَى اللَّـهِ زُلْفَى إِنَّ اللَّـهَ یَحْکُمُ بَیْنَهُمْ فِی مَا هُمْ فِیهِ یَخْتَلِفُونَ  إِنَّ اللَّـهَ لَا یَهْدِی مَنْ هُوَ کَاذِبٌ کَفَّارٌ

 

Огоҳ бошед, ки дини холис аз они Худост ва онон, ки ба ҷойи Худо, сарпарастон ва маъбудҳое баргузиданд "Мегуянд:" мо онҳоро намепарастем магар барои он,ки моро ҳарчӣ бештар ба Худо наздик кунанд, бетардид, Худованд дар бораи ончӣ, ки бар сари он ихтилоф доранд, миёни онон доварӣ хоҳад кард, албатта Худо касеро, ки дуруғгӯйи носипос аст, ҳидоят намекунад.

 

Дар идомаи ояти қабл, ки дар бораи ихлос дар дин буд, ин оят бо таъкид бар он меафзояд: дин ва ойини холисро танҳо аз Худо метавон дарёфт кард ва ончӣ сохтаи зеҳн ва фикри башар бошад, омехта бо ширк ва хурофа ва инҳироф аст, ин фақат Худованд аст, ки метавонад худро ба дурустӣ ба инсон муаррифӣ кунад ва роҳи саҳеҳи ибодат ва бандагиро ба ӯ биёмӯзад.

Ҳамчунин, ончиро Худо мепазирад, дин холис аст ва ҳаргуна ширк ва риё дар фикр ва амал боис мешавад корҳои нек низ мавриди пазириши Ӯ воқеъ нашавад, чунон,ки Расули Худо дар посух касеро, ки ба он ҳазрат гуфт: мо амволи худро ба ниёзмандон мебахшем то мардум аз мо ба некӣ ёд кунанд, фармуд: Худованд танҳо кореро мепазирад, ки холис барои Ӯ бошад.

Идомаи оят ба яке аз нишонаҳои дур шудан аз ихлос дар дин ишора карда ва мефармояд: мушрикон ба гумони ин,ки инсон наметавонад ба таври мустақим Худоро бихонад ва бо Ӯ иртибот барқарор кунад, бархе махлуқот Ӯро унвони воситаҳои муқадас миёни худ ва Худо мепарастидан ва дар ибодати Худо, шарик мекарданд, дар ҳоле, ки Худованд ҳаргиз чунин иҷозае надода ва онҳо ба дуруғ ва барасоси афкори инҳирофӣ ва ширкомез чунин нисбатеро ба Худо медиҳанд ва ғайри Худоро мепарастидан.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Макотиби сохтаи башар, ҳар қадар ҳам маънавӣ ва ирфонӣ бошанд, бо анвои хурофот ва инҳирофоти фикрӣ ва амалӣ омехтаанд ва ойини пок ва холис, танҳо аз сӯйи Худои Бузург нозил шудаст.

 

2 – Мунҳарифони фикрӣ, инҳирофоти худро тавҷеҳ мекунанд то битавонанд дигаронро ба ойини худ ҷазб кунанд, чунон,ки бутпарастон, бутҳоро восита миёни худ ва Худо мешуморданд.

 

3 – Худоҷӯйи ва тақарруб ба Худо, маҳбуби ҳамагон аст, аммо дар шева ва равшани ин тақарруб, идаи зиёде ба хато мераванд.

 

4

 

لَّوْ أَرَادَ اللَّـهُ أَن یَتَّخِذَ وَلَدًا لَّاصْطَفَى مِمَّا یَخْلُقُ مَا یَشَاءُ  سُبْحَانَهُ هُوَ اللَّـهُ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ

 

Агар Худо мехост "Барои Худ" фарзанде бигирад, қатъан аз он чӣ меофаринад, ончиро мехост бармегузид, "Аммо" Ӯ муназзаҳ аст "Аз ин,ки фарзанде дошта бошад" Ӯ Худованди Ягонаи Қаҳор аст.

 

Дар идомаи ояти қабл, ки яке аз нишонаҳои ширк дар парастиши Худоро баён кард, ин оят мефармояд: бархе мушрикон низ фариштагонро духтарони Худо пиндошта ва онҳоро мепарастиданд, чунон,ки масиҳиён низ, ҳазрати Масиҳро, ки фарзанди Марям аст, писари Худо пиндошта ва ӯро мепарастанд.

Дар ҳоле, ки Худованд ҳеч фарзанде надорад ва пок ва муназзаҳ аст аз ин,ки фарзанде дошта бошад, агар мехост яке аз махлуқоташро ба фарзанди бигирад, онро эълом мекард то ҳама бишносанд ва ӯро ҳам ибодат кунанд.

Илова бар он, Худо мавҷуди Якто ва Ягона аст ва ҳеч мавҷуде наметавонад мисл ва шабеҳ ва монанди Ӯ бошад то фарзанди Ӯ маҳсуб шавад. Ӯ бар ҳамаи чиз ғолиб ва мусаллат аст ва дар баробари Ӯ қудрате вуҷуд надорад, то Ӯ ниёзманди мисл ва монанд ва ё фарзанд бошад.

 

1 – Худованд, на фарзанд дорад, на фарзандхонда, чаро, ки фарзанд хостан, нишонаи ниёз аст, дар ҳоле, ки Ӯ бениёзи мутлақ аст ва ҳеч ниёзе надорад, ки яке аз махлуқоташро ба фарзанди бигирад.

 

2 – Худованд, ягона ва беҳамтост ва ҳеч мавҷуде шабеҳ ва монанди Ӯ нест, лизо ҳар фикр ва ақидае, ки барои Худо, мисл ва монанде фарз кунад, бо яктоӣ ва ягонагии Худо носозгор буда ва аз бунёни мардуд аст.