Қисмати 846 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 5-6
Қисмати 846 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 5-6
5
خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِالْحَقِّ یُکَوِّرُ اللَّیْلَ عَلَى النَّهَارِ وَیُکَوِّرُ النَّهَارَ عَلَى اللَّیْلِ وَسَخَّرَ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ کُلٌّ یَجْرِی لِأَجَلٍ مُّسَمًّى أَلَا هُوَ الْعَزِیزُ الْغَفَّارُ
Ӯ осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид, шабро бар рӯз дар мепечад ва рӯзро бар шаб дар мепечад ва хуршед ва моҳро мусаххар ва ром кард, ҳар як то мудати муайяне дар ҳаракатанд, бидонед, ки Ӯ Азиз ва бисёр омурзандааст.
Дар оятҳои қабл, сухан аз ягонагии Худованд дар офариниш ва тадбири умури ҳастӣ буд ва ин,ки борҳо, аъмол ва рафторҳои диннӣ бояд аз ҳаргуна ширк ва хурофот пок ва холис шавад то мавриди пазириши Худованд қарор гирад. Ин оят дар тавсифи Худованди Якто мефармояд: офариниши ҳамаи ситорагон ва сайёраҳо, аз ҷумла хуршед ва моҳ, ба дасти Ӯ сурат гирифта ва қавонине, ки Ӯ вазъ карда бар онҳо ҳоким аст, мадорҳое, ки ҳар шаб аз ситорагон ва хуршед ва моҳ дар он ҳаракат мекунанд, аз сӯйи Худованд таъйин шуда ва осор ва табаоти мушахасе доранд, ба унвони мисол аз натоиҷи гардиши замин ба гирди худ ва хуршед, падид омадани шаб ва рӯз ва фаслҳои мухталифи сол аст.
Бетардид, ҳамаи ин офаринишҳо, барасоси ҳикмат ва ҳадафи бузург сурат гирифтааст, на он, ки маҷмуаи ҳайратовари ҳастӣ ба сурати тасодуфӣ ва бидуни ҳадаф ба вуҷуд омада бошад, лизо ибтидои оят бар ҳақ будани низоми офариниш таъкид мекунад.
Идомаи оят, мефармояд: ҳаракати каррот, "Ҳамлаҳо, дифоъҳо" ҳисобшуда ва дорои замонбандӣ аст, ҳаракати онҳо дар мадори худ то замони муайяне идома хоҳад ёфт ва саранҷом рӯзе аз ҳаракат боз хоҳанд истод.
1 – Ҳам низоми таквин ва офариниш, барасоси ҳақ ва ҳадафманд аст "Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин оят" ҳам низоми ташриъ ва нузули китобҳои осмонӣ барасоси ҳақ будааст, "Бо таваҷҷуҳ ба ояти 2 ин сура".
2 – Гардиши муназами карроти осмонӣ дар мадори худ, ҳисоб шуда ва таҳти фармони илоҳӣ аст, ин ҳаракат то замоне аст, ки Худованд муқаддар ва муайян кардааст.
6
خَلَقَکُم مِّن نَّفْسٍ وَاحِدَةٍ ثُمَّ جَعَلَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَأَنزَلَ لَکُم مِّنَ الْأَنْعَامِ ثَمَانِیَةَ أَزْوَاجٍ یَخْلُقُکُمْ فِی بُطُونِ أُمَّهَاتِکُمْ خَلْقًا مِّن بَعْدِ خَلْقٍ فِی ظُلُمَاتٍ ثَلَاثٍ ذَلِکُمُ اللَّـهُ رَبُّکُمْ لَهُ الْمُلْکُ لَا إِلَـهَ إِلَّا هُوَ فَأَنَّى تُصْرَفُونَ
Ӯ шуморо аз як тан офарид, сипас ҳамсарашро аз ҷинси ӯ падид овард ва барои шумо аз чаҳорпоён, ҳашт завҷ фуру фиристод. Ӯ шуморо дар шикамҳои модаронатон, офаринише пас аз офариниши дигар, дар миёни торикиҳои сегона меофаринад. Ин аст Худо, Парвардигори шумо, фармонравоии "Олами ҳастӣ" аз они Ӯст. Ҷуз Ӯ ҳеч маъбуде нест, пас чигуна аз ҳақ баргардонида мешавед? "Ва ба бероҳа меравед?"
Дар идомаи ояти қабл, ки дар бораи офариниши карроти осмонӣ буд, ин оят дар бораи офариниши мавҷудоти заминӣ аз ҷумла инсон ва ҳайвонот мефармояд: ҳамаи шумо аз як инсони воҳид офарида шудаед, ки ҳамсараш низ аз ҷинси худи ӯ будааст, решаи ҳамаи инсонҳо ба Одам (а) ва Ҳавво боз мегардад, ки аввалин инсонҳои рӯйи кураи замин буданд ва насли башар аз он ду нафар густариш ёфтааст.
Сипас ба ҳайвоноти аҳлие, ки таъминкунандаи гушт ва лабаниёт ва либос ва маркаби инсон аз ҳазорон сол пеш токунун будаанд, ишора карда ва мефарояд: ин Худо аст, ки бароои рифои ҳоли башар, чаҳор навъ ҳайвонро роми ӯ қарор дод: гов ва гусфанд ва буз ва шутур, ки нар ва модаи ҳар кадом аз ин чаҳорпоён, ба наҳва дар хадамоти башар ҳастанд.
Дар идомаи оят ба саоҳили офариниши инсон дар шиками модар ишора карда ва мефармояд: дар маконе, ки аз диди падар ва модар, пинҳон аст, навзод дар миёни се лояи маҳкам пушидааст. Худованд нутфаро марҳала ба марҳала парвариш медиҳад ва онро аз сурате ба сурати навзоди комил ба дунё биёяд.
Поёни оят хитоб ба мункирони вуҷуди Худо ва касоне, ки барои Ӯ шарик қоил мешаванд, мефармояд: ин аст Худое, ки ҳам офаридгори шумост ва ҳам Парвардигори шумо ва ҳеч кас ҷуз Ӯ қудрати чунин офариниш ва паваришро надорад, пас чаро шумо мунҳариф шуда ва ба суроғи дигарон меравед?
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Ҳамаи инсонҳо аз ҳар қавм ва наҷот ва ранг ва забон, аз як падар ва модар ва аз як ҷинс ва реша ҳастанд, лизо бо ҳам баробаранд.
2 – Гар чӣ зан ва мард аз назари ҷинсӣ тафовутҳое бо ҳам доранд, аммо ҳар ду аз як навъ ҳастанд ва дар инсоният ва касби камолоти инсонӣ яксонанд.
3 – Офариниши инсон дар чанд марҳала анҷом мегирад ва даврони ҷанинии ӯ, аз муъҷизоти пинҳони Худованд аст, бо таваллуди навзод, азамати ин иъҷози Худованд, ошкортар мешавад.
4 – Худованд, Холиқи мо, мудаббири умури мо ва молики вуҷуди мост, ҳамаи неъматҳоро аз Ӯ бидонем, ба Ӯ имон биёварем ва фақат ба Ӯ такя кунем, зеро дигарон низ монанди мо, махлуқи Ӯ ва мамлуки Ӯ ҳастанд.