Май 02, 2019 05:40 Asia/Dushanbe

Қисмати 847 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 7-8

7

 

إِن تَکْفُرُوا فَإِنَّ اللَّـهَ غَنِیٌّ عَنکُمْ وَلَا یَرْضَى لِعِبَادِهِ الْکُفْرَ وَإِن تَشْکُرُوا یَرْضَهُ لَکُمْ  وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَى ثُمَّ إِلَى رَبِّکُم مَّرْجِعُکُمْ فَیُنَبِّئُکُم بِمَا کُنتُمْ تَعْمَلُونَ إِنَّهُ عَلِیمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ     

 

Агар куфрон кунед, "Пас бидонед" Худо аз шумо бениёз аст ва барои бандагонаш носипосиро намеписандад ва агар шукургузор бошед, онро барои шумо меписандад, ва ҳеч гунаҳкоре бори "Гуноҳи" дигареро барнамедорад, сипас бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Парвардигоратон аст ва шуморо ба ончӣ анҷом медодед, огоҳ хоҳад кард, зеро Ӯ ба ончӣ дар синаҳост, огоҳ аст.

 

Дар ояти қабл, Қуръони Карим ба неъматҳои Худованд дар офариниши инсон ва чаҳорпоён ишора кард, ин оят ба мавзӯи сипосгузорӣ пардохта ва мефармояд: бархе афрод, неъматҳоро аз Худо мебинанд ва дар ҳамаи ҳол шокир ва сипосгузоранд, аммо бархе афрод, ё аз неъматҳо ғофиланд ва фақат аз онҳо истифода мекунанд, ё агар ба неъматҳо таваҷҷуҳ доранд, онҳоро аз тарафи Худо намедонанд, онҳо тасаввур мекунанд неъматҳое, ки дар ихтиёрашон аст, маҳсули талош ва кушиши худи онҳост, лизо дар садади шукургузорӣ барнамеоянд.

Дар ҳоле, ки бадиҳи аст Худованд ниёзе ба шукр ва сипоси инсонҳо надорад, бадин маъно, ки агар ҳамаи мардуми дунё куфр биварзанд ва Худоро инкор кунанд, ё ҳама носипосӣ кунанд, барои Ӯ тафовуте надорад, зеро Худованд, ниёзе ба вуҷуди мо надорад, чӣ расад ба сипосгӯзории мо.

Ҳақиқат ин аст, ки агар Худованд бандагонашро ба шукр ва сипос аз неъматҳояш мукаллаф сохтааст, ба ин далил нест, ки Ӯ ниёзманди сипосгузории инсонҳост, балки ба хотири он аст, ки рӯҳияи шукургузорӣ, муҷиби рӯшди ахлоқӣ ва маънавии инсонҳо мешавад, лизо Қуръон дар канори фармон ба шукур ва сипосгузорӣ аз Худо, мефармояд: аз заҳматҳои падар ва модарат низ шукургӯзорӣ кун: "آن اشکر لی و لوالدیک" "Луқмон ояти 14"

Идомаи оят ба як асли куллӣ дар рафторҳои инсон ишора карда ва мефармояд: ҳар кас бояд масуляти корҳои хешро бипазирад ва дар баробари кардаҳои худ посухгӯ бошад, ҳечкас ҳақ надорад масуляти корҳои худро ба дигарон вогузор карда ва аз зери бори масулят шона холи кунад, зеро Худованд дар қиёмат гуноҳи касеро бар души дигаре намеандозад ва барасоси илми худ ба ботини афрод ва рафторҳое, ки аз онҳо сарзада, ононро мавриди бозхост ва муҳокима қарор медиҳад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Дастуроти диннӣ ҳамчун намоз ва рӯза, ба ҳеч ваҷҳ нишонаи ниёзи Худованд ба ибодати мо нест, балки ҳамонгуна, ки муалим барои рӯшди илми донишомӯзон барои онҳо таколиф ва тамринҳои муайян мекунад, дастуроти Худованд низ барои таолии маънавии инсонҳост.

 

2 – Худованд барасоси адл бо бандагонаш рафтор мекунад ва ҳар кас подош ё кайфари корҳои худашро мебинад, ба ҳамин далил, нисбатҳои қавмӣ ва нажодӣ ва хонаводагӣ ва ғайра дар қиёмат корсоз нест.

 

3 – Худованд, аз ниятҳо ва ангезаҳои мо инсонҳо ба хубӣ огоҳ аст ва корҳои моро барасоси он муҳосиба мекунад.

 

 

 

8

 

وَإِذَا مَسَّ الْإِنسَانَ ضُرٌّ دَعَا رَبَّهُ مُنِیبًا إِلَیْهِ ثُمَّ إِذَا خَوَّلَهُ نِعْمَةً مِّنْهُ نَسِیَ مَا کَانَ یَدْعُو إِلَیْهِ مِن قَبْلُ وَجَعَلَ لِلَّـهِ أَندَادًا لِّیُضِلَّ عَن سَبِیلِهِ  قُلْ تَمَتَّعْ بِکُفْرِکَ قَلِیلًا  إِنَّکَ مِنْ أَصْحَابِ النَّارِ 

 

Ва ҳар гоҳ ба инсон осебе бирасад, Парвардигорашро ба ҳол тавба ва иноба мехонад, аммо чун Худованд аз ҷониби худ неъмате ба ӯ атто кунад, ончиро "Ба хотири он" қаблан Худоро мехонад, фаромӯш мекунад ва барои Худо ҳамтоёне қарор медиҳад то "Худ ва дигаронро" аз роҳи Ӯ мунҳариф созад. Бигу: бо куфри худ андаке бархурдор шав, ки ту бешак аз дузахиёнӣ!

 

Дар идомаи ояти қабл, ки сухан аз сипос ё носипосии башар буд, ин оят ба яке аз намунаҳои он ишора карда ва мефармояд: бархе афрод ҳангоме, ки дар зиндагӣ дучори мушкил мешаванд, монанди бемориҳои ҷисмӣ ё мушкилоти иқтисодӣ, Худоро бисёр мехонанд онҳо аз Худованд мехоҳанд, ки мушкилашонро бартараф созад ва агар ин мушкил дар асари гуноҳ ё ғафлате аз онон эҷод шуда, ононро бибахшад ва биёмӯрзад.

Аммо ҳамин афрод, ҳангоме, ки мушкил бартараф шуд ва ё неъмати ҷадиде аз сӯйи Худованд ба онон атто шуд, Худо ва неъматҳояш ва рафъи мушкилоти гузаштаро ба фаромӯшӣ супорида ва саргарми умури динявӣ мешавад.

Гоҳ онҳо ба қадре дар дунё фуру мераванд, ки ба куллӣ Худоро аз ёд бурда ва мепиндоранд дигарон ҳастанд, ки дар зиндагии онҳо нақши муасир ва таъйин кунанда доранд, лизо сойири афродро ҳам ба ҷойи Худо, ба сӯйи онҳо мехонанд ва боиси инҳирофи дигарон низ мешаванд.

 

Аз ин оят меомӯзем:

1 – Дар имонҳои мақтаӣ ва мусаммӣ, ки ба ҳангоми изтирор пеш меояд, инсон фақат дар мақотие аз зиндагӣ ба ёди Худо меафтад, аммо дар умдаи роҳи зиндагӣ, Худоро фаромӯш мекунад, чунин имоне муассир ва корсоз нест.

 

2 – Гарчӣ мушкилоти зиндагӣ, барои инсон сахт ва машақатовар аст, вале барои ӯ фавоиде низ дорад, аз фавоиди муҳими сахтиҳо ин аст, ки инсонро аз хоби ғафлат бедор сохта ва ӯро мутаваҷҷиҳи мабдаъ ва маод мекунад.

 

3 – Инсонҳои кам зарфият, вақте ба рифо ва осоиш мерасанд, мушкилоти қаблӣ ва нақши Худо дар ҳалли он мушкилотро аз ёд мебаранд.

 

4 – Ҳар комёбӣ аз дунё, нишонаи хушбахтии воқеӣ нест, чӣ басо кофирон ва мункирне, ки аз неъматҳои дунявӣ баҳраи фаровон мебаранд, аммо комёбиҳои дунё нисбат ба охират, бисёр ночиз ва андак аст.