Май 04, 2019 09:11 Asia/Dushanbe

Қисмати 848 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 9-10

9

 

أَمَّنْ هُوَ قَانِتٌ آنَاءَ اللَّیْلِ سَاجِدًا وَقَائِمًا یَحْذَرُ الْآخِرَةَ وَیَرْجُو رَحْمَةَ رَبِّهِ  قُلْ هَلْ یَسْتَوِی الَّذِینَ یَعْلَمُونَ وَالَّذِینَ لَا یَعْلَمُونَ  إِنَّمَا یَتَذَکَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ                                          

 

"Оё чунин касе беҳтар аст" ё касе, ки дар тули шаб дар ҳоли саҷда ва қиём ба ибодат машғул аст "Ва" аз охират метарсад ва ба раҳмати Парвардигораш умедвор аст? Бигу: оё касоне, ки медонанд ва касоне, ки намедонанд, яксонанд? Танҳо хирадмандон мутаззакир мешаванд.

 

Дар оятҳои қабл, Қуръон дар бораи инсоне сухан гуфт, ки фақат дар ҳангоми сахтӣ ва фишор, Худоро ёд мекунад ва дар ғайри он сурат, Худоро фаромӯш карда ва ё ба Ӯ куфр меварзад. Ин оят дар мақоми муқоиса мефармояд: оё чунин фарде бо касе, ки дар ҳама ҳол, чӣ дар сахтӣ ё рифо, ба ёди Худост, яксон аст? Ҳамон касе, ки нимаҳои шаб аз хоб бармехезад ва ба намоз ва ибодат машғул мешавад, то раҳмати илоҳиро ба сӯйи худ ҷалб кунад ва аз азоби дузах дар амон бимонад.

Яке аз веижагиҳои авалийи Худо, қиём дар шаб барои хондани намоз ва дуо ва тиловати Қуръон аст, бархе инсонҳои оддӣ, намозҳои воҷибро ба кароҳат ба ҷо меоваранд ва бо сахти рӯза мегиранд, дар ҳоле, ки бархилофи чунин афроде, муъминони ҳақиқӣ, ки ба Худо ва қиёмат имони устувор доранд, на фақат намоз ва сойири ибодати воҷибро бо шур ва шавқ анҷом медиҳанд, балки барои анҷоми намозҳои мустаҳаб низ нимаҳои шаб аз хоб бармехезанд ва ба ибодат ва ниёиш дар даргоҳи Худованд машғул мешаванд.

Табии аст ин даста аз афрод, ҳам ба раҳмати Худованд умедваоранд, ҳам аз азоби Ӯ ҳаросноканд, онон дар ҳолати миёни хавф ва риҷоъ зиндагӣ мекунанд, ҳамин ҳолат боис мешавад на аз раҳмати Худованд маъюс ва ноумед шаванд ва на дар мавриди раҳмати бепойёни илоҳӣ дучори ғурур шаванд.

Идомаи оят хитоб ба Паёмбари Акрам (с)  мефармояд: ба мардум эълом кун,ки инсонҳои доно бо инсонҳои нодон яксон нестанд, танҳо инсонҳои бархурдор аз ақли солим, тафовути ин ду даста аз инсонҳоро медонанд, чунин афроде панд мепазиранд ва масири саодатро бармегузинанд.

 

Аз ин оят меомғзем:

 

1 – Дар фарҳанги Қуръонӣ, шаб танҳо барои хобидан ва оромидан нест, балки фурсати муносиб барои халват ва роз ва ниёз бо Худованд низ ҳаст.

2 - Олимон ва доноёни воқеӣ, аҳлли ибодат ва роз ва ниёз бо Худо ҳастанд.

3 – Дар мавриди бим аз азоби илоҳӣ ё умед бар раҳмати Худованд, бояд ҳади иътидол риоят шавад, чунонки мардони Худо, ҳам аз охират бим доранд ва ҳам ба фазл ва раҳмати илоҳӣ умедваоранд.

 

10

 

قُلْ یَا عِبَادِ الَّذِینَ آمَنُوا اتَّقُوا رَبَّکُمْ  لِلَّذِینَ أَحْسَنُوا فِی هَـذِهِ الدُّنْیَا حَسَنَةٌ  وَأَرْضُ اللَّـهِ وَاسِعَةٌ  إِنَّمَا یُوَفَّى الصَّابِرُونَ أَجْرَهُم بِغَیْرِ حِسَابٍ                                                                  

 

Бигу: эй бандагони ман, ки имон овардаед! Аз Парвардигоратон парво кунед, барои касоне, ки дар ин дунё некӣ кардаанд, "Подоши" неке аст ва замини Худо паҳновар аст "Пас агар дар минтақае барои ҳифзи имон дар фишоред, ҳиҷрат кунед" бетардид, подоши собирон, беҳисоб ва батаври комил дода мешавад.

 

Оятҳои қабл ба муқоиса миёни инсонҳои мағрур ва носипос бо инсонҳои тавбакор ва мутиъ ҳачунин афроди олами боафроди ҷоҳил пардохт, аммо ин оят дар идома ба бархе вижагиҳои бандагони воқеии Худо ишора мекунад, дар раъси ин вижагиҳо ба тақво ишора карда ва мефармояд: нишонаи аҳлли имон, парво аз Парвардигор аст, ҳолате, ки боис мешавад инсон аз Худо шарм ва ҳайё кунад ва дар баробари гуноҳ ва анвои корҳои ношоист, хештандорӣ намояд.

Аммо тақво ба танҳои кофи нест, эҳсон ва некукорӣ ҳам лозим аст, тақво монанди тормузе аст, ки инсонро аз хатарот ва лағзишҳо ва партгоҳҳо ҳифз мекунад ва кори нек, монанди матор пурқудрате аст, ки инсонро ба пеш меронад.

Неки дар гуфтор ва рафтор, лозимаи имон ба Худост, лизо касе, ки идаъои имон дорад, аммо рафтор ва гуфтораш некӯ нест, идаъои ӯ ғайри воқеӣ аст, идаъои чунин касе дар даргоҳи илоҳӣ пазируфта намешавад ва барои корҳои худ, подоше дар охират дарёф намекунад.

Идомаи оят ба омодагии аҳли имон барои ҳиҷрат дар роҳи Худо ишора карда ва мефармояд: ҳаргоҳ барои ҳифзи дини худ дар шаҳр ё минтақае дучори мушкил шудед, ба нуқоти дигар ҳиҷрат кунед, на он,ки дилбастагии шумо ба шаҳр ва ватан, боис шавад дини шумо осеб бубинад, чунон, ки ёрони Паёмбар (с), алорағми ҳамаи сахтӣ ва мушкилот, аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кардан то аз султаи мушрикон хориҷ шаванд ва дини Худоро ёрӣ кунанд.

Бетардид. Ҳиҷрат аз зодгоҳ ва маҳали сукунат ба ҷойи дигар, бо сахтиҳо ва машақатҳое ҳамроҳ аст, лизо идомаи оят мефармояд: касоне,ки ба хотири Худо ин сахтиҳоро таҳаммул карда ва шакибои биварзанд, Худованд низ аз рӯйи лутф ва карамаш, подоши ононро ба таври комил атто мекунад, на барасоси муҳосиба ва санҷиши аъмоли онон.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Имон, тақво ва эҳсон, мулозими якдигаранд ва бедуни вуҷуд ҳаряк аз онҳо, инсон ба саодат намерасад.

 

2 – Агар лозими ҳифзи имон, ҳиҷрат аз хона ва маҳали зиндагӣ бошад, бояд ба хотири Худо ҳиҷрат кунем ва сахтиҳо ва мушкилоти ин корро бипазирем то алтофи илоҳӣ шомили ҳоли мо шавад.

 

3 – Подоши илоҳӣ дар баробари талоши мост, ба қавли маъруф, биҳиштро ба баҳо диҳанд на баҳона, талош ва пойдорӣ, муҷиби рӯшди инсон мешавад ва ӯро ба дараҷаҳои олӣ мерасонад.