Май 12, 2019 06:46 Asia/Dushanbe

Қисмати 849 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 11-16

11

 

قُلْ إِنِّی أُمِرْتُ أَنْ أَعْبُدَ اللَّـهَ مُخْلِصًا لَّهُ الدِّینَ

 

"Эй Паёмбар!" бигу: ман маъмурам, ки Худоро бипарастам дар ҳоле, ки динро барои Ӯ холис ва пироста кардаам.

 

12

 

وَأُمِرْتُ لِأَنْ أَکُونَ أَوَّلَ الْمُسْلِمِینَ

 

Ва маъмурам, ки  аз нахустин мусалмонон бошам.

 

13

 

قُلْ إِنِّی أَخَافُ إِنْ عَصَیْتُ رَبِّی عَذَابَ یَوْمٍ عَظِیمٍ

 

Бигу: агар Парвардигорамро нофармонӣ кунам, аз азоби рӯзи бузург метарсам.

 

Дар ояти қабл ба аҳмияти тақво ва некукорӣ ва сабр ва пойдорӣ ишора шуд, ки аз нишонаҳои аҳли имон аст, ин оятҳо дар идома, хитоб ба Паёмбари акрам (с) мефармояд: эй Паёмбар! Ба сароҳат ба мушрикон эълом кун ман аз ҷониби Худованд маъмурам, ки дин ва ойини Ӯро аз ҳаргуна ширк холис гардонам ва фақат ва фақат Худоро бандагӣ кунам, ҳамчунин маъмурам, ки дар миёни аҳли имон, пешгом дар парастиши Худо ва дурӣ аз ҳаргуна аъмол ва рафтори

ширколуд бошам.

Идомаи оятҳо мефармояд: ҳар кас аз фармони илоҳӣ српечӣ кунад, ба кайфар гирифтор мешавад ва дар ин робита, тафовуте байни паёмбар ва дигар мусалмонон нест, таслим будан дар баробари дастуроти илоҳӣ, роҳи наҷот аз қаҳри илоҳӣ дар дунё ва охират аст ва дар ин амр, масуляти паёмбар беш аз сойири мардум аст.

Паёмбарон, барои худ имтиёзе бар сойири инсонҳо қоил набуданд ва худро ҳамчун дигар мардум, бандаи Худо ва таслими фармони Ӯ медонистанд, ин худ далеле бар ҳақонияти онҳо будааст.

Бархилофи мудаиёни дуруғини  набувват, ки ба ҷойи он,ки мардумро ба сӯйи Худо даъват кунанд, онҳоро ба сӯйи худ мехонданд ва ё имтиёзоти вижае барои худ қоил буданд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 -  Паёмбарон, маъмури иблоғи паёми Худованд ба мардум ҳастанд, онҳо аз назди худ чизе намегуянд ва ё коре анҷом намедиҳанд.

 

2 – Холис кардани парастиши Худо аз ҳаргуна афкор ва рафтори ширколуд, аз муҳимтарин вазифаҳои паёмбарон будааст.

 

3 – Дар додгоҳи адли илоҳӣ дар қиёмат, тафовуте миёни паёмбарон ва сойри мардум нест ва онон аз имтиёзи хосе бархурдор нестанд.

 

 

14

 

قُلِ اللَّـهَ أَعْبُدُ مُخْلِصًا لَّهُ دِینِی

 

Бигу: ман танҳо Худоро мепарастам дар ҳоле, ки динамро барои Ӯ холис кардаам.

 

15

 

فَاعْبُدُوا مَا شِئْتُم مِّن دُونِهِ قُلْ إِنَّ الْخَاسِرِینَ الَّذِینَ خَسِرُوا أَنفُسَهُمْ وَأَهْلِیهِمْ یَوْمَ الْقِیَامَةِ  أَلَا ذَلِکَ هُوَ الْخُسْرَانُ الْمُبِینُ

 

Пас шумо ҳар чиро ҷуз Ӯ мехоҳед, бипарастед, "Эй паёмбар ба онон" бигу: ҳамоно зиёнкорони "Воқеӣ" касоне ҳастанд, ки худ ва касонашонро дар рӯзи қиёмат зиёнкор кардаанд, огоҳ бошед, ки ин ҳамон зиёни ошкор аст.

 

Дар идомаи оятҳои қабл,ки паёмбар фармуд: ман маъмурам дини Худоро холисона муаррифӣ кунам ва Худоро бо ихлоси комил бипарастам, дар ин оятҳо мефармояд: ман дар амал низ чунин кардаам, зеро аввалан фақат Худоро мепарастам. На ғайри Худоро, сониян дар ин парастиш ҳеч чиз ва ҳечкасро шарики Ӯ қарор намедиҳам.  Онгоҳ хитоб ба мушрикон мефармояд: ман шуморо ба дини пок ва холис даъват кардаам, ҳол, ки онро намепазиред, ҳарчиро мехоҳед бипарастед ва бидонед, ки дучори зиён ва хусрони бузурге шудаед, зеро бо парастиши ғайри Худо, дарвоқеъ худ ва хонаводаатонро ба зиёни ошкор дар қиёмат гирифтор кардаед.

Гумон накунед, ки хасороти молӣ, бузургттарин хасорот аст, балки хасороти воқеӣ дар охират аст, рӯзе, ки инсони бадкор мутаваҷҷеҳ мешавад, ки истиъдодҳо, имконоти Худододӣ ва ҳамаи сармояҳои вуҷудияшро беҳбуд аз даст дода ва ба ҷойи каси камолот ва расидан ба саодати абадӣ, чизе ҷуз хасорот ба даст наёвардааст, ба илова, ҳеч роҳе барои ӯ вуҷуд надорад то хатоҳои гузаштаро ҷуброн кунад, ин ҳамон хусрони ошкор аст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Паёмбарон, дар анҷоми дастуроти илоҳӣ пешқадам буданд, онҳо пеш аз дигарон ва бо ҳамаи вуҷуд, фаромини илоҳиро иҷро мекарданд, ҳаргиз ин чунин набуда, ки онҳо мардумро ба ҳақ даъват кунанд ва худашон дар амал пойбанд ба он набошанд.

 

2 – Аз муҳимтарин масулятҳои паёмбарон, холис ва пироста кардани дини Худо аз анвои ширк, бидъат, хурофа ва таҳриф аст, чаро, ки инҳо аз офатҳои бузурги дин ба шумор мераванд.

 

3 – Паёмбарон маъмури расондани паёми Худо ба ҳамаи мардум ҳастанд, аммо медонанд гуруҳе аз мардум сухани ҳақи ононро намепазиранд, бо ин ҳол, маъюс ва пушаймон намешаванд ва аз идомаи кор даст барнемедоранд.

 

4 – Инсон, на фақат дар баробари худ, балки дар баробари хонаводааш низ масул аст, тарбияти фарзандон барасоси омӯзаҳо ва арзишҳои диннӣ, яке аз вазифаҳои волидайн дар хонавода аст.

 

16

 

لَهُم مِّن فَوْقِهِمْ ظُلَلٌ مِّنَ النَّارِ وَمِن تَحْتِهِمْ ظُلَلٌ ذَلِکَ یُخَوِّفُ اللَّـهُ بِهِ عِبَادَهُ  یَا عِبَادِ فَاتَّقُونِ

 

 

Барои онҳо, аз болои сарашон сойяи бониҳои аз оташ, ва аз зери пояшон "Низ" сойяи бониҳои "Аз оташ" аст, ин кайфаре аст, ки Худо бандагонашро ба он бим медиҳад, эй бадагони Ман! Аз Ман парво кунед.

 

Ин оят вазъияти зиёнгорони воқеӣ дар қиёматро тавсиф карда ва мефармояд: шуълаҳои оташи дузах, ононро аз ҳар сӯ иҳота карда ва ҳеч роҳи гурезе надоранд, ин дар қақиқат, ҳушдоре аст ба ҳамаи инсонҳо, ки агар дар дунё парҳезкорӣ пеша накунанд ва аз Худо парво надошта набошанд, мумкин аст дар қиёмат гирифтори чунин сарнавишт дарданоке шаванд.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Куфр ва ширк ва фаромӯш кардани Худо, муҷиби бадбахтӣ ва фалокати инсон мешавад, касе, ки дар дунё роҳи ширк ва куфрро дар пеш гирад, дар охират, қаҳр ва ғазаби илҳоҳӣ шомили ҳоли ӯ мешавад, ки ба сурати оташи сузонанда ӯро дарбар мегирад.

 

2 – Танҳо роҳи раҳои аз оташи дузах, парҳезкорӣ ва дурӣ ҷустан аз гуноҳ аст, гуноҳ ба манзалаи модаи оташзое аст, ки фақат бо пешгирӣ аз он, метавон монеи барофрухтани оташи ҷаҳанам шуд.