Май 13, 2019 07:55 Asia/Dushanbe

Қисмати 850 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 17-21

17

 

وَالَّذِینَ اجْتَنَبُوا الطَّاغُوتَ أَن یَعْبُدُوهَا وَأَنَابُوا إِلَى اللَّـهِ لَهُمُ الْبُشْرَى فَبَشِّرْ عِبَادِ

 

Ва касоне, ки аз бандагии тоғут иҷтиноб карда ва ба сӯйи Худо бозгаштанд, барои онон башорат деҳ.

 

18

 

الَّذِینَ یَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَیَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ  أُولَـئِکَ الَّذِینَ هَدَاهُمُ اللَّـهُ  وَأُولَـئِکَ هُمْ أُولُو الْأَلْبَابِ

 

Онон, ки суханро мешунаванд ва беҳтарини онро пайравӣ мекунанд, ононанд, ки Худо ҳидояташон карда ва ононанд ҳамон хирадмандон.

 

Қуръон дар ин оятҳо низ, аз равиши муқоиса баҳрагирифтааст, зеро дар барномаҳои қабл, сухан аз мушриконе буд, ки ба далели таассуб ва лаҷоҷат, ҳозир набуданд ҳақро бипазиранд ва ба Худо имон биёваранд, аммо дар инҷо сухан аз бандагоне аст, ки ҳақиқатҷӯ ҳастанд, касоне,ки вақте ҳақро фаҳмиданд, онро пазирифтанд ва ба сӯйи Худо бозгарштанд ва машмули раҳмати илоҳӣ шуданд.

Албатта имони воқеи, дар гарави дурӣ аз парастиши ҳар чизе ҷуз Худост, чӣ бутҳои сангӣ ва чубӣ чӣ ҳавои нафси дарунӣ ва чӣ итоат аз ҳокимони золим ва бадкор туғён ба маънои таҷовуз ва таадӣ аз ҳад ва марз аст ва дар фарҳангӣ Қуръонӣ, иҷтиноб аз тоғут, ба маънои дурӣ ҷустан аз ҳаргуна ширк ва бутпарастӣ ва ҳавопарастӣ ва таслим нашудан дар баробари ҳокимони ситамгар ва қудратҳои султаталаб ва зургуст.

Ин оятҳо, сипас ба гуруҳи хос аз багдагони Худо ишора кардааст, ки бо канор гузоштани лаҷоҷат ва таассуботи беҷо, ба суханони мухталиф гуш карда ва бо кумаки ақл ва хирад, беҳтарини онҳоро бармегузинанд, онҳо ташнаи ҳақиқат ҳастанд, ҳарҷо онро биёбанд, бо тамоми вуҷуд аз он истиқбол мекунанд ва аз чашмаи зулоли он менушанд ва сероб мешаванд, онҳо на танҳо толиби ҳақ ҳастанд, балки дар миёни суханон, некутарин ва беҳтарини онҳоро интихоб карда ва аз он пайравӣ мекунанд.

Дар воқеъ ин оятҳо, ба озодандешии мусалмонон ва интихобгарии онҳо дар масоили мухталиф ишора мекунад, афроди хирадманд ба ҷойи мавзӯъгирӣ дар баробари ҳарфи ҳақ, онро мешунаванд ва пас аз он,ки ҳақро ёфтанд, дар баробари он, таслим мешаванд, ин худ, нишонаи ақл ва хирад аст.

Ба таъбири Қуръон, ин афрод, касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон карда ва онҳо хирадмандонанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Шарти имони воқеӣ ба Худо, иҷтиноб аз пазириши салтаи тоғутҳо ва дурӣҷустан аз онҳост.

 

2 – Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ақвол ва суханони мухталтф, бояд ба муҳтавои онҳо таваҷҷуҳ кард, на гуяндаҳои он суханон ва ҷойгоҳ ва шахсияти онҳо ва дар байни суханон низ, бояд некутарини онҳоро баргузид.

 

3 – Миёни ақл аз як сӯ ва ваҳйи ва омӯзаҳои диннӣ аз сӯйи дигар, тазод ва таоризи вуҷуд надорад, ҳар ду ҳуҷҷати Худо ва роҳнамоии башар ба сӯйи саодат ва растагорӣ ҳастанд.

 

4 – Ислом, тарафдори озодандешӣ ва интихоби огоҳонаи роҳи зиндагӣ барасоси ақл ва мантиқ аст.

 

19

 

أَفَمَنْ حَقَّ عَلَیْهِ کَلِمَةُ الْعَذَابِ أَفَأَنتَ تُنقِذُ مَن فِی النَّارِ

 

Пас оё касе, ки фармони азоб бар ӯ ҳатмӣ шуда, "Роҳи раҳои аз он дорад" оё ту касеро, ки дар оташ аст, наҷот медиҳи?

 

20

 

لَـکِنِ الَّذِینَ اتَّقَوْا رَبَّهُمْ لَهُمْ غُرَفٌ مِّن فَوْقِهَا غُرَفٌ مَّبْنِیَّةٌ تَجْرِی مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ  وَعْدَ اللَّـهِ  لَا یُخْلِفُ اللَّـهُ الْمِیعَادَ             

 

Вале касоне, ки аз Парвардигорашон паво доштанд, барои онон ғурфаҳое "Дар Биҳишт" аст, ки болои онҳо ғурфаҳои дигар бино шуда ва зери онҳо наҳрҳо ҷори аст, "Ин" ваъдаи Худост ва Худо хулфи ваъда намекунад.

 

Аз онҷо,ки Паёмбар (с), муштоқи ҳидоят ва наҷоти ҳамаи мардум аз ҷумла гумроҳон ва мушрикон буд ва аз инҳироф ва каҷравии онҳо бисёр ранҷ мебарад. Ин оятҳо хитоб ба Паёмбари Акрам (с) мефармояд: оё гумон дори метавони касонеро, ки бо интихоби нодурӯсти худ, роҳи дузахро дар пеш гирифтаанд, аз оташ наҷот диҳи? Ҳаргиз чунин нест, онҳое. Ки тамоми роҳҳои иртиботии худро бо Худо буридаанд, роҳи наҷоте надоранд, ҳатто паёмбар ҳам наметавонад коре барои онҳо бикунад.

Аммо дар муқобили ин гурӯҳ, касоне, ки аҳлли имон ва тақво ҳастанд, дар қиёмат ҷойгоҳи воло доранд ва дар боғҳо ва қасрҳои Биҳишти мутанаъиманд. Зиндагии онҳо дар Биҳишт. Ба дур аз ҳаргуна ранҷ ва андуҳ ва нороҳати аст ва дар амният ва осойиш ва рифои комил ба сар мебаранд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Маъмурияти аслии паёмбарон, ҳидояти мардум ба сӯйи ҳақ ва нишон додани роҳи дуруст зистан ба онҳост. Дар айни ҳол, саодат ва наҷоти мардум дар ихтиёри паёмбарон нест ва ба рафтор в амалкарди худи афрод бастаги дорад.

 

2 – Касе, ки бо таассуб ва инод ва лаҷоҷат, роҳи шинохти ҳақро бар худ бубинад, дар ҳақиқат, роҳи наҷот ва растагориро бар худ масдуд кардааст.

 

3 – Агар ба Худо имон дорем, ваъдаҳои ӯро дарбораи Биҳишт ва ҷаҳанам, қатъӣ, ва дуруст бидонем ва муроқиби корҳои худ бошем.

 

21

 

أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّـهَ أَنزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَسَلَکَهُ یَنَابِیعَ فِی الْأَرْضِ ثُمَّ یُخْرِجُ بِهِ زَرْعًا مُّخْتَلِفًا أَلْوَانُهُ ثُمَّ یَهِیجُ فَتَرَاهُ مُصْفَرًّا ثُمّ  یَجْعَلُهُ حُطَامًا  إِنَّ فِی ذَلِکَ لَذِکْرَى لِأُولِی الْأَلْبَابِ                         

 

Оё надидаи, ки Худованд аз осмон обе фурӯ фиристод ва онро ба сурати чашмаҳое дар замин роҳ дод "Ва равон сохт" онгоҳ ба василаи он киштзорҳое бо рангҳои гуногун берун меоварад, сипас "Он зироат рӯшд мекунад то он,ки" хушк мешавад, пас онро зард мебини, сипас онро ба сурати каҳ ва хошок дар меоварад, бегумон дар ин "Дигаргуниҳо" барои хирадмандон панд ва ёдоварӣ аст.

 

Пас аз муқоисаи кӯтоҳ миёни оқибати кофирон ва муъминон, ин оят бори дигар ба баҳси тавҳид ва миод боз мегардад ва дар миёни далоили тавҳид, ба нузули борон аз осмон ишора кардааст.

Зеро ҳаёти замин дар гарави ҳамин боришҳо аст, агар чунин системе яъне бухор шудани оби дарёҳо, ташкили абрҳо ва ҳаракати онҳо ба сӯйи нуқоти мухталифи замин ва бориши барф ва борон набуд, бештари нуқоти замини хушк ва беоб ва алаф шуда ва идомаи ҳаёт, сахт ва ғайри мумкин мешуд.

Ҳатто сокинони савоҳили дарёҳо ва укёнусҳо низ наметавонистанд оби мавриди ниёзи худро барои кишоварзӣ ва ошомидани таъмин кунанд, зеро оби дарёҳо шур ва дорои имлоҳи фаровон аст ва ҷуз бо абзорҳо ва васоили пурҳазина, наметавон оби онҳоро ширин кард, вале аз онҷо, ки умдаи обҳо ба масрафи кишоварзӣ мерасад, усулан чунин коре мақрун бар сарфа нест.

Аммо дар табиат ин мушкил ба гунае ҳайратангез ҳал шудааст, бадин гуна, ки вақте оби дарёҳо бухор шуда ва боло меравад, имлоҳ ва сойири маводи зойиди он табхир намешавад, бадин тартиб, онҳо аз нохолисиҳо полоиш шуда ва ба сурати барф ва борон меборад, ки обе аст холис, пок, зулол ва омодаи масраф бетардид, ин тадбир офаридгори ҳастӣ аст, ки бадин шакл, обро ба таври табии ширин карда ва имлоҳ ва нохолисиҳои онро мезудоед то мавриди истифодаи инсон ва сойири мавҷудот зинда қарор гирад.

Оби борон дар суфраиҳои зерзаминӣ ва зароти барф дар бистари кӯҳҳо захира шуда ва ба мурур аз тариқи ҷашмаҳо, чоҳҳо ва рӯдҳо ҷорӣ мешавад то мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Бо тафаккур дар ин неъмати бузурги илоҳӣ, ки мойяи ҳаёти башар ва ҳамаи ҷондорон ва гиёҳон рӯйи замин аст, инсон ба азамати Парвардигори Ҳастӣ пай мебарад.

Аз ин оят иномӯзем:

 

1 – Шинохти падидаҳои табии ва дтққат дар онҳо, аз роҳҳои Худошиносӣ аст, лизо набояд дучори ғафлат шуда ва аз канори ин падидаҳо, ба роҳати бигзарем.

 

2 – Аз як об ва хок, дарахтон, гулҳо ва меваҳои ранггоранг ва мутанавеъ ба даст меояд, ки худ нишонаи қудрат ва азамати Парвардигор аст.

 

3 – Аз нишонаҳоои хирадмандӣ он аст, ки илова бар шинохти падидаҳои табии, ба дунболи шинохти сарчашмаи ҳастӣ низ бошем.