Июн 29, 2019 05:23 Asia/Dushanbe

Қисмати 851 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 22-23

22

 

أَ فَمَنْ شَرَحَ اللَّهُ صَدْرَهُ لِلْإِسْلامِ فَهُوَ عَلى‏ نُورٍ مِنْ رَبِّهِ فَوَیْلٌ لِلْقاسِیَةِ قُلُوبُهُمْ مِنْ ذِکْرِ اللَّهِ أُولئِکَ فی‏ ضَلالٍ مُبینٍ          

 

Оё касе, ки Худованд синаашро барои "Пазириши" Ислом кушодааст ва баҳраманд аз нуре аз суи Парвардигори хеш аст, "Монанди касе аст, ки дар танҳои таасуб ва лаҷоҷат ва ғурур аст?" пас вой бар онон, ки аз сангдилӣ ёди Худо намекунанд, онон дар гумроҳии ошкоранд.

 

Қуръон ва ваҳӣ осмонӣ ҳамчун донаҳои борон аст, ки бар сарзамини дилҳо нозил мешавад, ҳамонгуна, ки фақат заминаҳои мустаад ва омода, аз қатароти ҳаётбахши борон мунтафиъ мешаванд, танҳо дилҳои аз оятҳои илоҳӣ баҳра мегиранд, ки дар сойяи лутфи Худованд ва худсозӣ, омодагии лозимро ба даст оварда бошанд.

Инсонҳо дар пазириши ҳақ, мавзеи яксоне надоранд. Қуръон, баъзеро соҳиби шарҳи садр ва густардагии рӯҳ ва баъзеро дороии тангӣ ва зайқи садр муаррифи кардааст.

Ин оят ба осори имон ба Худо дар зиндагии инсон пардохта ва мефарммояд: маҳдуд кардани ҷаҳон ба олами модӣ, муҷиби маҳдуд шудани нигоҳи инсон ба зиндагӣ ва ҷавониби гуногуни он аст.

Инсони мункири Худо, саодат ва хушбахтиро дар лазоти модӣ ва манофии  динявӣ мебинанд, лизо руҳаш танг ва маҳдуд аст, аммо инсони муъмин ба Худо, ки муътақид ба олами ғайб аст, дунёро муқадамаи зиндагии охират мебинад ва рӯҳаш аз зарфияти болое бархурдор аст.

Имон ба Худо, зарфитҳои инсонро тавсиа медиҳад ва нигоҳи ӯро боз мекунад. Уфуқи диди чанини инсонӣ, маҳдуд ба умри 70 ё 80 сола нест, ки бо марг поён пазирад, балки ӯ ҷаҳони абадӣ ва бепоён пас аз маргро дар муқобили худ мебинад, рӯҳи чанини инсонӣ боз ва кушода аст ва бо ишораи кутоҳ ё тазаккур ва мавъизае бедор мешавад, ӯ партави нуре, ки аз китоби Худо мегирад, дар торикиҳо ва мушкилоти дунё, роҳи дурустро меёбад ва масири зиндагиро ба саломат тай мекунад.

Дар муқобили ин гуруҳ, афроде ҳастанд, ки ҳатто маҳкамтарин далоил ва олитарин мавоиз дар онҳо таъсире надорад, рӯҳ ва фикри онҳо маҳдуд аст, гӯйи ҳеч ҷойе барои дарёфти ҳақиқат дар вуҷуди онҳо нест, онҳо афроди сангдил ва бе нур ҳастанд, ки ҳидояти илоҳӣ ба қалбашон роҳ наёфтааст.

Албатта бадиҳи аст касоне, ки Худоро инкор мекунанд ё ӯро ба фаромӯшӣ меспоранд, ҳамвора дар изтироб ва нигаронӣ ба сар мебаранд, зеро барои онҳо ба маънои аз даст додани ҳамаи чиз аст.

 

Аз ин оят меомӯзем:

1 – Дар асари имон ба Худо, синаи инсон кушода мешавад ва уфуқи диди ӯ густариш меёбад. Имон, зарфиятҳои инсонро боло мебарад ва касе, ки имон дорад, ҳамвора дар баробари ҳақ таслим аст.

 

2 – Инсони муъмин, бо нури илоҳӣ, ҷодаи пурфароз ва нишеби зиндагиро тай мекунад ва хатари лағзиш ва суқут дар партгоҳҳои зиндагӣ, камтар ӯро таҳдид мекунад.

 

3 – Ширк ва куфр ва инкори ҳақ, муҷиби қазовати қалб мешавад, қазовати қалб низ монеи тобиши нури илоҳӣ бар қалб шуда ва дар натиҷа инсон дар гумроҳӣ ва торикӣ фуру меравад.

 

23

 

اللَّهُ نَزَّلَ أَحْسَنَ الْحَدیثِ  کِتَابًا مُّتَشَابِهًا مَّثَانِیَ  تَقْشَعِرُّ مِنْهُ جُلُودُ الَّذینَ یَخْشَوْنَ رَبَّهُمْ ثُمَّ تَلینُ جُلُودُهُمْ وَ قُلُوبُهُمْ إِلى‏ ذِکْرِ اللَّهِ ذلِکَ هُدَى اللَّهِ یَهْدی بِهِ مَنْ یَشاءُ وَ مَنْ یُضْلِلِ اللَّهُ فَما لَهُ مِنْ هادٍ      

 

Худованд некутарин суханро дар қолаби китобе нозил кард, ки "Оёташ" ҳамонанди якдигар ва мукаррар аст, аз "Тиловати оятҳои" он, пусти касоне, ки аз Парвардигорашон хашият доранд, ба ларза меафтанд, сипас ба ёди Худо, пустҳо ва дилҳои онон нарм мешавад, ин ҳидояти Худост, ки ҳаркиро бихоҳад ба он роҳнамоӣ мекунад ва ҳаркиро Худо "Аз ҳидояти хеш маҳрум сохта ва" гумроҳ кунад, барои ӯ ҳеч роҳнамое нахоҳад буд.

 

Дар идомаи оятҳои гузашта, ин оят ибтидо ба чанд вижагии Қуръон, ишора карда ва сипас ба муқоисаи ҳолатҳои муъминон ва кофирон пардохтааст, ки оятҳои қабл низ дунбол мешуд.

Оятҳои Қуръон, ихтилофе бо ҳам надоранд ва ҳеч ояте бо ояти дигар зидият надорад, лизо монанд ва созгор бо якдигаранд, ҳамонгуна, ки холиқ ва махлуқ, бо якдигар қобили муқоиса нестанд, сухани холиқ низ қобили муқоиса бо сухани махлуқ нест ва Қуръон, каломи Холиқ ва беҳтарин сухан аст, каломи Худованд дар Қуръон, аз як сабк ва сиёқи воҳид ва монанд, пайравӣ мекунад, ки онро аз сухани дигар афрод ҳатто Паёмбари акрам  (с) мутамоиз месозад, бо он,ки Қуръон бар забони Паёмбар (с) ҷори шуда ва мусалмонон онро аз забони Паёмбар (с), шунидаанд, аммо тафовути бисёре аст миёни оятҳои Қуръон ва аҳодиси Паёмбар, (с) ки дар манобии ҳадисе гирдоварӣ шудааст.

Бо он,ки ҳамаи оятҳо аз як назар шабиҳи якдиранд ва ҳадафи воҳидеро дунбол мекунанд, аммо равиши Қуръон ин аст, ки дар бисёре аз маворид, оятҳои он, ду рӯйи мутазод як мавзӯъро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, яъне барасоси  қоидае, ки мегуянд: ҳарчизе бо зидаш шинохта мешавад, шеваи Қуръон ин аст, ки маорифи мустаҳкам ва мантиқии ҳақро бо меъёрҳои суст ва бепояи ботил муқоиса мекунад. Қуръон ҳамчунин паёмадҳои интихоби роҳи ҳақ бо ботилро ёдовар мешавад то мардум бо шинохти ду тараф ва муқоисаи онҳо, худ беҳтаринро интихоб кунанд.

Ба унвони мисол, бахше аз оятҳо дар бораи имон ва муъминон аст ва бахше дар бораи куфр ва кофирон, бахше аз оятҳо дар бораи подошҳои илоҳӣ аст ва бахше дар бораи кайфарҳо ва азобҳо, бахше марбут ба авомири илоҳӣ аст, ки баёнгари умури ҳалол ва воҷиб аст ва бахше дар мавриди навоҳии илоҳӣ аст, ки баёнгари умури ҳаром ва ношоиста аст, ҳамчунин бахше аз оятҳо дар бораи ҳидоят ва авомили он ва бахше низ дар бораи гумроҳӣ ва авомили он аст.

Қуръон бо ин равиш муқоисаи, инсонҳоро тарғиб мекунад то вуҷуҳи мусбат ва манфии ҳар чизеро биписанданд ва беҳтарин роҳро баргузинанд.

Нуктаи дигар он,ки инсонҳои муъмин дар ҳолати миёни хавф ва раҷо басар мебаранд, онҳо бо нигоҳ ба нуқоти заъф ва костаҳо ва хатоҳои худ, гирифтори турш ва хашият мешаванд ва бо таваҷуҳ ба лутфи илоҳӣ, ба раҳмат ва мағфирати Ӯ умедвор шуда ва дилашон ором мегирад.

Бетардид, оятҳои Қуръон барои ҳамаи мардум нозил шудааст, аммо танҳо касоне, ки ба дунболи пазириши ҳақ бошанд, аз ҳидояти он баҳраманд мешаванд ва касоне, ки ҳақро инкор кунанд, аз ҳидояти илоҳӣ маҳрум монда ва гирифтори гумроҳӣ ва залолат мешаванд.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Қуръон, беҳтарин ва некутарин гуфтор аст.

2 – Оёти Қуръон, ихтилофе бо ҳам надоранд ва ҳадафи воҳидеро дунбол мекунанд, онҳо ба якдигар шабоҳат доранд ва ҳеч ноҳамоҳангӣ ва тазоде дар байни оятҳо ба чашм намехурад.

 

3 – Аҳли имон ба ҳангоми тиловати оятҳо азоб, дучори хавф ва тарс мешавад ва бо тиловати оятҳои раҳмат, умедвор мегардад.

 

4 – Худованд, асбоби ҳидоятро барои ҳамаи инсонҳо фароҳам кардааст ва Қуръон барои ҳидояти идаи хос нозил нашудааст.

 

5 – Қуръон китоби ҳидояти ҳама аст ва ҳама ба он дастрасӣ доранд, аммо танҳо касоне, ки дунболи пазириши ҳақ бошанд, аз нури ҳидояти он баҳраманд мешаванд.