Июл 07, 2019 05:22 Asia/Dushanbe

Қисмати 852 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 24-28

24

 

أَفَمَن یَتَّقِی بِوَجْهِهِ سُوءَ الْعَذَابِ یَوْمَ الْقِیَامَةِ وَقِیلَ لِلظَّالِمِینَ ذُوقُوا مَا کُنتُمْ تَکْسِبُونَ

 

Оё касе, ки бо сурати худ, азоби сахти рӯзи қиёматро дур месозад, "Монанди касе аст, ки аз  азоби илоӣ  дар  амон аст?" ва "Дар он рӯз," ба ситамкорон гуфта мешавад: бичашед ончиро, ки ба даст меовардед "Ва анҷом медодед".

 

Дар оятҳои қабл дар поёни охирин оят, ба гурӯҳи ҳидоят ёфтагон ва гумроҳон ишора шуд, ин оят низ дар идомаи оятҳои гузашта ба муқоисаи ин ду гурӯҳ пардохта ва оқибати кори онҳоро дар қиёмат баён мекунад.

Мефармояд: оё касе, ки бо сурати худ, азоби дардноки илоҳиро аз хеш дур мекунад, ҳамонанди касе аст, ки дар он рӯз дар ниҳояти амният ва осоиш басар мебарад?! Дар он рӯз, вазъ ва ҳоли золимони дузахӣ ба гунае дарднок аст, ки бояд бо сурате аз худ дифоъ кунанд, чаро, ки даст ва пойи онҳо баста ва дар ғул ва занҷир аст.

Гарчӣ дар дузах, ҳамаи аҷзои бадани муҷрим дар оташ месӯзад, аммо зикри сурат ба таври хос, ба хотири аҳмият ва ҷойгоҳи муҳими чеҳра дар миёни аъзои бадан аст, аз ҷумлаи он,ки шиносоии инсонҳо аз тариқи чеҳраи онҳо анҷом мегирад, ба илова, сухтагии чеҳра сахтар ва ҳасостар аз сухтагии сойири аъзои бадан аст.

Идомаи оят мефармояд: муҷримон дар қиёмат мавриди хитоб қарор мегиранд, ки натиҷаи корҳои дунявии худро бичашед ва бубинед корҳои шумо чӣ ҳосили баде барои шумо доштааст, ин оят нмегуяд: кайфари аъмолатонро бичашед, балки мефармояд: аъмолатонро бичашед, дуруст монанди ошпазе, ки ғазоеро бад мепазад, барои тазккур ба ӯ гуфта мешавад: худат бичаш, бубин чӣ чизе пухтаи!

Дидани аъмол  ва мувоҷеҳ бо он дар қиёмат, чизе аст, ки дар фарҳанги диннӣ ба он таҷассуми амал гуфта мешавад, яъне таҷассуми корҳои худро дар қиёмат мебини ва мечаши, на он,ки Худованд, чудойи аз аъмолат, туро кайфар диҳад.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Кайфар ва азоби дузах, ҳосили корҳои инсон дар дунёст, ки дар қиёмат ба шакли оташи сузонанда зоҳир мешавад.

 

2 – Инсон дар қиёмат, аъмолеро, ки дар дунё анҷом додааст, мушоҳида мекунад.

 

 

25

 

کَذَّبَ الَّذِینَ مِن قَبْلِهِمْ فَأَتَاهُمُ الْعَذَابُ مِنْ حَیْثُ لَا یَشْعُرُونَ

 

Касоне, ки пеш аз инон буданд "Низ оятҳои моро" такзиб кардан, пас аз онҷо, ки гумон намекарданд, азоб ба суроғашон омад.

 

26

 

فَأَذَاقَهُمُ اللَّـهُ الْخِزْیَ فِی الْحَیَاةِ الدُّنْیَا وَلَعَذَابُ الْآخِرَةِ أَکْبَرُ  لَوْ کَانُوا یَعْلَمُونَ

 

Пас Худованд дар зиндагии дунё, хорӣ ва расвоиро ба онон чашонд ва қатъан азоби охират бузургтар аст, агар медонистед.

 

Ин оят ба вазъи кофирон дар дунё пардохта ва мефармояд: дар тули таърих, касоне, ки паёмбарон ва таолими осмонии онҳоро такзиб кардаанд, дар ҳамин дунё низ азоби илоҳӣ бар онҳо нозил шудааст, чӣ онҳо, ки азобро ба сурати зоҳирӣ дида ва чашидаанд, чӣ онҳо, ки осори ғайри модии онро дарёфт кардаанд.

Лозим ба зикр аст, ки бархе азобҳо, ҷанбаи ҷисмонӣ дорад, монанди азоби қавми Нуҳ (а)  ва қавми Лут (а) ва афроди мисли Фиръавн ва Қорун, аммо бархе азобҳо, ҷанбаи рӯҳӣ ва равонӣ дорад, ба унвони мисол бо ҳамаи имконоте, ки дар ихтиёри ҷомеъаҳои тавсиа ёфтаи имрӯзӣ аст, афсурдагӣ аз бемориҳои шоеъ ва роиҷ дар миёни онҳост, зеро инсоне, ки аз Худо ва маънавият фосила бигирад, ҳеч чиз дар ин дунё ӯро қонеъ ва розӣ намекунад ва пас аз мудате дучори афсурдагӣ мешавад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Бахше аз осори кори муҷримон, дар дунё зоҳир мешавад ва бахше дар охират, ҳамчунин бархе аз азобҳо ҷисмонӣ аст ва баъзе низ ҷанбаи рӯҳӣ ва равонӣ дорад.

 

2 – Гарчӣ бахше аз кайфарҳо дар дунё зоҳир мешавад, вале дар муқоиса бо он, кайфари қиёмат сахтар, густардатар ва мудовимтар аст.

 

3 – Дасти Худованд барои танбеҳи золимон ва мутаҷовизон боз аст ва метавонад онҳоро аз роҳҳое, ки интизор надоранд ва барояшон қобили пешбинӣ нест, муҷозот кунад.

 

27

 

وَلَقَدْ ضَرَبْنَا لِلنَّاسِ فِی هَـذَا الْقُرْآنِ مِن کُلِّ مَثَلٍ لَّعَلَّهُمْ یَتَذَکَّرُونَ

 

Ва ҳамоно Мо дар ин Қуръон, аз ҳар навъ масале задем, шояд, ки панд гиред.

28

 

قُرْآنًا عَرَبِیًّا غَیْرَ ذِی عِوَجٍ لَّعَلَّهُمْ یَتَّقُونَ

 

Қуръони арабӣ "Ва саҳиҳ" бидуни "Ҳеч" инҳироф ва касрӣ, шояд онон парҳезкор шаванд.

 

Ин оятҳо бори дигар ба баҳс дар мавриди вижагиҳои Қуръон боз мегардад ва дар бораи ҷомеияти ин китоби осмонӣ мефармояд: ин Қуръон, ки ҳадафаш ҳидояти мардум аст, ҳар ончӣ, ки дар ҳидояти онҳо ба сӯйи саодат нақш дорад, дар ин китоб омадааст.

Дар воқеъ Қуръон нури ҳидояте аст, ки ҳамвора медурахшад ва роҳро нишон медиҳад.

Шинохти низоми офариниш ва таваҷҷуҳ ба исрор ва шегифтиҳои он, қавонини маҳкам ва равшан барои дурӯст паймӯдани роҳи зиндагӣ, саргузашти олии хубон ва оқибати бади ситамгарон ва саркашон, олами пас аз марг ва додгоҳи бузурги қиёмат, дар бораи ин мавзӯъот ва сойири огоҳиҳое, ки башар барои саодатманд шудан ба онҳо ниёз дорад, намунаҳо ва мисолҳои айнӣ дар Қуръон омадааст, то мардум ба худ оянд ва аз хоби ғафлат бедор шаванд.

 

Сипас дар идомаи тавсифи Қуръон мефармояд: забони ин китоб, забони фасеҳ, равшан ва шивост, оёташ ҳамоҳанг ва таъбироташ гуёст, ҳечгуна инҳироф ва касрие дар он роҳ надорад ва ҳеч тазод ва таноқузе дар матолиби он ёфт намешавад.

Дар поён бояд гуфт, ки ҳадаф аз нузули Қуръон бо ин ҳама авсоф ва вижагиҳо ин аст, ки мардум парҳезкорӣ пеша кунанд ва аз гуноҳон ва корҳои зишт даст бардоранд.

 

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Қуръон, китоби ҷомеъ ва комил аст, ончиро башар ниёз дорад, гирдоварда ва чизеро фуругузор накардааст.

 

2 – Гоҳ забон тамсил ва ташбеҳ, беш аз истидлол дар мардум асар мегузорад, лизо Қуръон барои мавъизаи башар, аз забони тамсил баҳраи бисёр бурдааст.

 

3 – Забони Қуръон, равшан, фасеҳ ва гуёст, ин китоб аз ҳаргуна инҳироф ва каҷӣ ва таноқиз ба дур аст.