Август 01, 2019 08:05 Asia/Dushanbe

Қисмати 853 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 29 -32

29

ضَرَبَ اللَّـهُ مَثَلًا رَّجُلًا فِیهِ شُرَکَاءُ مُتَشَاکِسُونَ وَرَجُلًا سَلَمًا لِّرَجُلٍ هَلْ یَسْتَوِیَانِ مَثَلًا  الْحَمْدُ لِلَّـهِ  بَلْ أَکْثَرُهُمْ لَا یَعْلَمُونَ

 

 

Худованд ( барои ширк ва тавҳид ) масале задааст, марде,ки чанд молики носозгор дар моликияти ӯ шарик ҳастанд ( ва ҳар як ӯро ба коре мегуморанд ) ва марде,ки танҳо таслими як нафар аст ( ва фақат аз ӯ дастур мегирад ) ,оё ин ду дар  масал яксонанд? Ҳамд ва ситоиш махсуси Худованд аст, вале бештари онон намедонанд.

 

Худованд  дар ояҳои қабл ( ояи 27 сураи Зумар ) фармуд,ки ; Мо дар Қурон аз ҳар масале овардаем то мардум мутаззакир шаванд. Ин оят дар қолиби як тамсил,симои мушрикон ва вазъияти нобасомони онҳоро тарсим мекунад.

Мефармояд; фарз кунед бардаеро,ки чанд арбоб дорад ва ҳаркадом дастуре ба Ӯ медиҳанд. Яке мегуяд; ин корро бикун ва дигаре мегуяд,ки ҳамон корро накун. Ӯ ҳайрон ва саргардон мешавад, ки чӣ кунад ва ба амр ва наҳии кадом арбоб тартиби асар диҳад? Ӯ ба фармони ҳар кадом аз арбобҳо бетаваҷуҳӣ кунад, аз ҷониби вай мавриди танбия ва муҷозот қарор мегирад ва аз ғизо ва либос ва дигар эҳтиёҷоти зиндагӣ маҳрум мешавад.

Аммо дар муқобили, ин оя ба бардае низ ишора мекунад,ки фақат як арбоб дорад ва вазифае ҷуз Ӯ надорад. Табии аст,ки ин барда, ҳеҷгоҳ дучори ҳайрат ва саргардонӣ дар амал намешавад ва ҳамвора аз сӯи арбобаш мавриди ҳимоят қарор мегирад ва ниёзҳои табии ӯ бароварда мешавад.

Ҳазрати Юусуф низ дар зиндон,барои даъвати зиндониён ба яктопарастӣ, аз шабияи ҳамин тамсил истифода кард ва ба онон гуфт; Оё худоёни мутаадад ва пароканда беҳтаранд ё Худои ягонаи муқтадир ?- оре ! вазъияти мушрикон ва мувваҳидон ингуна аст. Ширк, инсонро дучори ҳайрат ва саргардонӣ мекунад ва оромиш ва итминони даруниро аз ӯ мегирад. Аммо инсони мувваҳид, танҳо мутеъ ва фармонбардори як худост ва танҳо ба лутфи Ӯ умедвор аст. Албата мутаасифона бисёре аз мардум дар зиндагии худ,ҳеҷ таваҷуҳе ба тафовути ширк ва тавҳид надоранд ва аз он ғофиланд. Онҳо ба ҷои дур шудан аз авомили ширк ва рӯй овардан ба сӯи тавҳиди ҳақиқӣ, ҳар рӯз ба касе ё чизе дил намебанданд,дар воқеъ худро асири ин ва он карда ва даст ва пои худро муҳкам мебанданд.

Аз ин оя меомӯзем;

Ин сони мувваҳид,дар корҳои худ, фақат дар фикри касби хушнудии худои бузург аст, аммо мушрик,дар фикри ҷалби ризояти афроди мутаадад аст ва ба таври табии, розикардани ҳамаи онҳо имконпазир нест. Зеро хостаҳо ва салиқаҳои афрод бисёр мутафовит аст.

Осори ширк ва тавҳид, танҳо ба қиёмат ихтисос надорад. Дар ҳамин дунё низ, агар муқоиса кунем мебинем,ки инсонҳои мувваҳид,аз зиндагии ором ва саршор аз умед бархурдоранд, аммо мушрикон дучори нигаронӣ ва изтироб ҳастанд.

 

30

 

إِنَّکَ مَیِّتٌ وَإِنَّهُم مَّیِّتُونَ

 

Бе  шак ту хоҳи мурд ва онҳо ( низ) хоҳанд мурд

 

 

31

 

ثُمَّ إِنَّکُمْ یَوْمَ الْقِیَامَةِ عِندَ رَبِّکُمْ تَخْتَصِمُونَ

Сипас шумо рӯзи қиёмат назди Парвардигоратон ба муҷодила хоҳед пардохт.

 

Поёни мувваҳидон ва мушрикон,ҳар ду марг аст ва ҳеҷ инсоне рӯи замин , зиндагии абадӣ нахоҳад дошт. Ҳатто паёмбарон,ки баргузидагони Худо ҳастанд,аз ин қонуни умуми истисно нестанд. Агар душманони Паёмбари ислом (с), интизори марги Ӯро мекашанд, бидонанд,ки онҳо низ хоҳанд мурд. Чунон чи дар ояи 34 сураи Анбиё мефармояд; Эй паёмбар ! оё агар ту бимирӣ,онҳо ҷовидон хоҳанд монд?

Аммо бо марг, кори инсон тамом намешавад ва марг дарвозае аст ба қиёмат/ дар онҷо муъминон ва мушрикон бо якдигар рӯ ба рӯ шуда ва дар бораи ҳақ ва ботил будани ақоиди худ бо якдигар ба баҳс ва муҷодила мепардозанд. Гуё мушрикон, ҳануз ҳозир ба пазириши ботил будани афкор ва орои худ нестанд ва дар мақоми дифоъ аз рафторҳои хеш бармеоянд. Албата туле намекашад,ки Худованд миёни онҳо доварӣ карда ва таклифи ҳар гурӯҳро мушахас мекунад.

Аз ин оя меомӯзем;

Марг суннати қатъии Худованд барои ҳамаи инсонҳост ва ин суннат, истисно бардор нест.

Дар додгоҳи қиёмат,гурӯҳҳои мухталиф алайҳи якдигар сухан мегуянд ва дар садади мутаҳам сохтани дигарон ва табрааи худ бар меоянд, аммо дар он рӯз,доварӣ ба дасти худои доно ва тавоно ва одил аст ва миёни мардум ба ҳақ доварӣ мекунанд.

 

32

 

فَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن کَذَبَ عَلَى اللَّـهِ وَکَذَّبَ بِالصِّدْقِ إِذْ جَاءَهُ  أَلَیْسَ فِی جَهَنَّمَ مَثْوًى لِّلْکَافِرِینَ

Пас кист ситамгортар аз касе,ки бар худо друғ баст ва сухани  ростро чун ба сӯи Ӯ омад, такзиб кард? Оё барои кофирон дар дузах ҷойгоҳе нест?

 

Дар идомаи ояҳои қабл,ки дар бораи ҳузури ҳамаи мардум дар додгоҳи қиёмат буд, ин оя ба гурӯҳе аз мардум ишора мекунад,ки сухани ҳақро,ки Худованд ба сӯи онон фиристод, такзиб карданд ва ҳозир ба пазириши он нашуданд.

Афроди беимоне,ки вуҷуди Худоро нафӣ мекунанд,ё мушриконе,ки ба хотири ақоиди ширколуди худ,нисбатҳои нодурусте ба Худо медиҳанд,ҳар ду гурӯҳ, сухани ҳақро такзиб карда ва онро дуруғ мешуморанд. Ба таври табиӣ корҳои бад ва нодурусти ин афрод дар дунё,онҳоро ба сӯи дуруғ мекашонад.

Аммо бар хилофи ин такзиб кунандагон, гурӯҳи муъминон ҳастанд,ки сухани ҳақро тасдиқ карда ва ба он имон оварданд.

Аз ин оя меомӯзем;

Болотар аз зулми иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, зулм ба фикр ва фарҳанги ҷомиа аст. Боризтарин намунаи ин навъ зулм, дуруғ бастан бар Худо ва такзиби сухани ҳақ аст.

Душманӣ ва лаҷоҷат ва таасуби нобаҷо,аз авомиле ҳастанд,ки муҷиб мешаванд инсон дар баробари ҳақ биистад ва бетаваҷуҳ ба дуруст ва нодуруст будани калом, онро нафӣ ва инкор кунад.