Қисмати 854 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 33-37
Қисмати 854 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 33-37
33
وَالَّذِی جَاءَ بِالصِّدْقِ وَصَدَّقَ بِهِ أُولَـئِکَ هُمُ الْمُتَّقُونَ
Ва касе,ки сухани рост овард ва онро бовар кард,ононанд тақвопешагон.
34
لَهُم مَّا یَشَاءُونَ عِندَ رَبِّهِمْ ذَلِکَ جَزَاءُ الْمُحْسِنِینَ»
Барои онон, ҳарчи бихоҳанд назди Парвардигорашон фароҳам аст. Ин аст подоши некукорон.
Мардум дар қиёмат ду даста мешаванд; мувваҳидон ва мушрикон/ дар охирин ояи гузашта,ба сарнавишти мушрикон ишора шуд,ки душманӣ ва лаҷоҷат ва ҳақситезӣ,онҳоро ба сӯи дузах мекашонад. Ин ояҳо дар бораи мувваҳидон аст ва мефармояд; онон сухани ҳақ ва ростро шуниданд ва ба он имон оварданд ва ба тақво расиданд. Онҳо касоне ҳастанд,ки ҳам дар қалб ва каломи илоҳӣ имон доранд ва ҳам бо гуфтор ва рафтори худ, мубалиғи дин ва амалкунандаи ростин ба таъолими дин ҳастанд. Чунин афроде аз ҳаргуна тазоҳур ва риёкорӣ ва нифоқ ва дурӯи ба дуранд.
Дар баробари мушрикон,ки саранҷом гирифтори оташи дузах мешаванд,поёни кори муъминони ростин, роҳ ёфтан ба биҳишт аст. Дар онҷо ҳар чиро бихоҳанд, Худованд барояшон фароҳам кардааст,чи шодиҳо ва хушиҳои моддӣ ва чӣ лаззатҳо ва мақомоти маънавӣ/ табии аст,ки муъминони воқеӣ, аҳли амали солеҳ ва иҳсон ба дигарон ҳастанд ва ин подош ба хотири имони тувам бо амал аст.
Аз ин оятҳо меомӯзем ;
Ростӣ дар гуфтор ва амал, шарти аввалияи имон ба Худост ва дуруғгӯӣ бо рӯҳи имон созгор нест.
Таблиғи дин, дар сурате муасир ва корсоз аст,ки мубалиғ ба гуфтаҳои хеш амал кунад ва илло мумкин аст натиҷаҳои манфӣ низ ба бор оварад.
Алтоф ва неъматҳои иллоҳӣ дар Биҳишт ҳеҷгуна маҳдудияте надорад ва тобеъи ирода ва хости биҳиштиён аст.
Тақво ва эҳсон ( неку корӣ ), ду вожаи пуркорбурд дар Қурон ҳастанд,ки лозимаи якдигаранд.
35
لِیُکَفِّرَ اللَّـهُ عَنْهُمْ أَسْوَأَ الَّذِی عَمِلُوا وَیَجْزِیَهُمْ أَجْرَهُم بِأَحْسَنِ الَّذِی کَانُوا یَعْمَلُونَ
То Худованд, бадтарин амалеро,ки анҷом додаанд, аз онҳо бипушонд ва ононро ба беҳтарин коре,ки анҷом медоданд, подош диҳад.
Яке аз дархостҳои парвопешагон ва некукорон аз худои бузург ин аст,ки корҳои бади ононро бибахшад ва биомӯзад ва беҳтарин корҳояшонро милоки подош қарор диҳад. Худованд низ ин хостаи ононро мепазирад ва бо бахшиши аъмоли гуноҳолуди онҳо, беҳтарин подошро ба онҳо атто мекунад.
Лозим ба ёдоварист,ки тақво ба мафҳуми исмат нест,ки инсони парҳезгорро аз ҳаргуна хато ва лағзиш дур бидорад,балки рӯҳия ва хислате аст,ки муҷиб мешавад инсон дар паи гуноҳ ва нофармонии Худо набошад ва дар баробари корҳое,ки заминасози гуноҳ ҳастанд, хештандорӣ кунад. Дар айни ҳол ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад,ки чунин фарде дучори лағзиш шуда ва нохоста гирифтори гуноҳ шавад.
Тақво дар ҳақиқат монанди сипаре аст,ки разманда дар даст мегирад то худро аз рагбори тирҳои душман нигад дорад,аммо чӣ басо тирҳое,ки сипар наметавонад монеъи онҳо шавад ва ба бадан асобат мекунад.
Муҳим он аст,ки разманда, сипар дар даст, ҳамвора муроқиби худ аз ҳамлаи душман бошад.
Бо ин ҳол,чӣ басо афроде,ки сипари тақворо бар замин мегузоранд ва аз хостаҳои нафсонӣ ва васвасаҳои шайтонӣ пайравӣ мекунанд.
Аммо лутфи бузурги Худованд, шомили ҳоли парҳезгорон мешавад ва ба хотири талоши онҳо дар ҷиҳати ҳифзи худ аз гуноҳ, дар мавориде,ки нохоста гирифтори гуноҳ мешаванд, ононро мебахшад ва дар эътои подош ба онҳо,беҳтар аз коре,ки анҷом додаанд,ба онон подош медиҳад. Зеро ҳамвора ният ва ангезаи онҳо,бартар аз кори неке будааст,ки мувафақ ба анҷоми он шудаанд.
Аз ин оя меомӯзем,ки;
Муҳим, қасд ва ангеза ва ҳадафи инсон аст. Яъне агар ӯ дар ҷиҳати иҷтиноб аз гуноҳ, саъй ва талош кунад, Худованд корҳои бади ӯро нодида мегирад ва корҳои неки ӯро ба наҳви аҳсан подош медиҳад.
Пок шудан аз гуноҳ ва осори суӣ онҳо, муқадимаи дарёфти лутфи иллоҳӣ аст.
36
أَلَیْسَ اللَّـهُ بِکَافٍ عَبْدَهُ وَیُخَوِّفُونَکَ بِالَّذِینَ مِن دُونِهِ وَمَن یُضْلِلِ اللَّـهُ فَمَا لَهُ مِنْ هَادٍ
Оё Худованд, барои бандаҳояш кофӣ нест? Ва ( кофирон ) туро аз ғайри Худо метарсонанд. Ва ҳар,киро Худованд гумроҳ кунад,ҳеҷ ҳидояткунандае нахоҳад дошт.
37
وَمَن یَهْدِ اللَّـهُ فَمَا لَهُ مِن مُّضِلٍّ أَلَیْسَ اللَّـهُ بِعَزِیزٍ ذِی انتِقَامٍ
Ва ҳар,киро Худо ҳидоят кунад, ҳеҷ гумроҳкунандае барои ӯ нест. Оё Худованд шикастнопазир ва соҳиби интиқом нест?
Дар идомаи оятҳои қабл дар хусуси муқоисаи аҳли имон ва куфр, ин оят хитоб ба Паёмбари акрам (с) мефармояд; Онҳо ба ҷои пазириши сухани ҳақ, дар мақоми муқобила бо ту баромада ва туро таҳдид мекунанд, дар ҳоле,ки Худованд барои ту кофӣ аст ва беизни Ӯ, касе наметавонад ба ту особе бирасонад, чунонки дар гузашта, ҳазрати Иброҳим (а) ро аз сухтан дар оташ/ ва Мусо (а) ро аз хатари Фиръавни ситамкор ва ҷабор / ва ҳазрати Исо (а) ро аз ба дор овехта шудан муҳофизат кард.
Идомаи оят дар бораи ҳидоят ва залолат мефармояд; ҳар кас ҳидояти иллоҳиро бипазирад ва пайравӣ кунад, аз гумроҳ шудан дар амон хоҳад буд ва ҳар кас ҳидояти иллоҳиро напазирад,ба сарманзили саодат роҳ нахоҳад ёфт,ҳар чанд гумон кунад, ҳидоят ёфтааст.
Поёни ин оятҳо бар ин нукта таъкид мефармояд,ки магар мушрикон ва кофирон намедонанд,ки ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд дар баробари Худо биистанд ва бар иродаи ӯ ғолиб шаванд? Ва магар намедонанд,ки Худованд аз касоне,ки дар баробари паёмбарони иллоҳӣ ва таъолими онҳо биистанд, интиқом мегирад ? ва интиқоми Ӯ ҳамон гумроҳ шудани онҳост.
Аз ин оятҳо меомӯзем;
Агар инсон мутеъ ва бандаи Худо бошад, Худованд умури ӯро кифоят ва кафолат мекунад.
Инсони муъмин, дар баробари таҳдидҳои душман,ба Худо такя мекунад ва ба ҷои он,ки маруби қудрат ва имконоти душман шавад,бо умед ба Худо ва тавакал бар Ӯ, дар роҳи ҳақ истодагӣ мекунад.
Гумроҳ шудани инсон, бемуқадима нест. Балки ӯ бар асари амалкарди нодурусти худ, аз нури ҳидоят маҳрум шуда ва ба инҳироф ва бероҳа кашида мешавад.