Август 14, 2019 09:45 Asia/Dushanbe

Қисмати 855 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 38-41

 

38

وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ لَیَقُولُنَّ اللَّـهُ  قُلْ أَفَرَأَیْتُم مَّا تَدْعُونَ مِن دُونِ اللَّـهِ إِنْ أَرَادَنِیَ اللَّـهُ بِضُرٍّ هَلْ هُنَّ کَاشِفَاتُ ضُرِّهِ أَوْ أَرَادَنِی بِرَحْمَةٍ هَلْ هُنَّ مُمْسِکَاتُ رَحْمَتِهِ  قُلْ حَسْبِیَ اللَّـهُ  عَلَیْهِ یَتَوَکَّلُ الْمُتَوَکِّلُونَ

 

Агар аз онҳо бипурсики ,чи касе осмонҳо ва заминро офаридааст, қатъан хоҳанд гуфт; Худо. Бигу; пас оё дар он чи ҷуз худо мехонед, андешидаед,ки агар худо бихоҳад ба ман зараре бирасонад,оё онҳо метавонанд он зарарро бартараф кунанд? Оё агар ( хайр ва ) раҳматеро барои ман бихоҳад,оё онҳо метавонанд раҳматашро боз доранд ? бигу ; Худо маро кофӣ аст. Аҳли таваккул танҳо бар Ӯ таваккул мекунанд.

 

Дар идомаи ояҳои пеш,ки дар бораи ҳидоят ёфтагон ва гумроҳон буд,ин оят ба мавзуъи муҳиме ишора карда ва мефармояд; мушрикон, холиқияти худоро қабул доштанд ва муътақид буданд,ки Худованд, ҷаҳон ва аз ҷумла инсонро офаридааст, аммо гумон мекарданд ашё  ё афроди дигар дар сарнавишти онҳо нақш доранд ва гӯё Худованд,пас аз офариниши ҷаҳон, идораи умури башаррро ба инҳо вогузор карда ва худ аз тадбири умури ҷаҳон канор рафтааст.

Мушрикон он рӯз ва имрӯз, чизҳоеро мепарастанд ва мехонанд,ки на қудрат доранд зиёнеро аз инсон дур кунанд ва на метавонанд нафъе ба инсон бирасонанд. Чи бутҳои сангине ва чубие замони Паёмбар (с) ва чи бутҳое маъбадҳои ҳиндувони имрӯз, ҳеҷ як заррае дар рафъи мушкилоти башар нақш надоранд. Истодан дар баробари бутҳо ва парастиши онҳо,сабаби инҳирофи инсон аз масири ҳақ ва суқут ва ҳалокати ӯ мешавад.

Поёни оят мефармояд; аммо муъминон баҷои таваҷуҳ ба он чизҳое,ки худ махлуқи Худо ҳастанд ва монанди дигар махлуқот,таҳти тадбири иллоҳӣ ҳастанд, танҳо ба Худо таваккул мекунанд. Онҳо пас аз саъй ва талош барои анҷоми дурусти вазифаҳои худ, натиҷаҳои корҳоро ба Худо месупоранд ва аз Ӯ мехоҳанд ончиро хайр аст,барои онҳо муқадар фармояд.

Аз ин оят меомӯзем;

Бутпарастон холиқияти Худовандро қабул доштанд, аммо барои бутҳо нақши рубубият ва шафоъат қоил буданд ва онҳоро ба унвони воситаи миёни худ ва Худо мепарастиданд.

Суду зиёни инсон ба дасти худост,на ончи мо тасавур мекунем ва ба зоҳир мебинем,лизо ба ҷои иттико ва таваккул ба чизҳое,ки ҳамонанди мо махлуқанд, фақат ба Худо таваккул кунем.

 

39

 

قُلْ یَا قَوْمِ اعْمَلُوا عَلَى مَکَانَتِکُمْ إِنِّی عَامِلٌ فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ

Бигу ; қавми ман! Шумо ҳарчи дар тавон доред ( бар ҳасби имконоти худ ), амал кунед, ман низ ( ба вазифаи худ ) амал кунем. Пас ба зуди хоҳед донист.

 

40

 

مَن یَأْتِیهِ عَذَابٌ یُخْزِیهِ وَیَحِلُّ عَلَیْهِ عَذَابٌ مُّقِیمٌ

 

Ки чӣ касеро азоби хоркунанда ( дар дунё ) биёяд ва азоби пойдор ( ва доим дар қиёмат ) бар ӯ фуруд ояд.

Ин ояҳо ба ин нукта ишора доранд,ки бояд дар баробари боварҳо ва рафторҳои нодурусти ҷомиъае,ки дар он зиндагӣ мекунем, бояд Паёмбари акрам (с) аз ҷониби Худованд маъмур шуд,ки ба ақвом ва хешон ва дӯстонаш бо қотеъият эълом кунад,ки ман парастиши бутҳоро намепазирам ва фақат дар баробари Худои ягона таъзим мекунам.

Агар гумон мекунем,ки роҳи шумо дуруст аст,ба роҳ ва равиши худ идома диҳед, ман ҳам бар пояи имон ба Худо,кори худро идома медиҳам то  бибинем,ки поёни кори мо ва шумо чӣ мешавад.

Ин оят шабеҳи ояи ( Оини шумо барои худатон ва оини ман барои худам ) аст,ки Паёмбари акрам (с) бо эъломи он, аз ҳар гуна созиш бо мушрикон ё таслим шудан дар баробари оини нодурусти онон, ба сироҳат ва қотеъият,эъломи безорӣ мекунад.

Дар идома, Паёмбар (с) ба мушрикон ҳушдор медиҳад,ки муроқиби кори худ бошед,зеро ҳам дар ин дунё гирифтори қаҳри иллоҳӣ хоҳед шуд ва ҳам дар охират/ албатта агар дучори кайфар шавед, натиҷа кори худи шумо ва интихоби худатон аст ва Худованд аз рӯи зулм,касеро кайфар намедиҳад.

Аз ин ояҳо меомӯзем ;

Инсони муъмин, бо ирода, мусамам ва қавӣ аст ва дар муҳити олуда ва ба анвоъи мафосид ва инҳирофот ҳазм намешавад.

Чунин касе аз афкор ва боварҳои нодурусти ҷомиъа ранг намепазирад.

Роҳбарони иллоҳӣ, мавозеъи худро бо қотеъият эълом мекарданд. Онҳо дар хусуси боварҳои диннӣ, аҳли муомила ва созиш набуданд ва заррае ақибнишинӣ намекарданд.

 

41

إِنَّا أَنزَلْنَا عَلَیْکَ الْکِتَابَ لِلنَّاسِ بِالْحَقِّ فَمَنِ اهْتَدَى فَلِنَفْسِهِ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّمَا یَضِلُّ عَلَیْهَا وَمَا أَنتَ عَلَیْهِم بِوَکِیلٍ

 

Мо ( ин ) китобро барои ( ҳидояти ) мардум, ба ҳақ бар ту нозил кардем. Пас ҳар,ки ҳидоят шавад,ба суди худи ӯст ва ҳар,ки гумроҳ шавад,танҳо ба зиёни худ гумроҳ мешавад ва ту бар онҳо вакил нести .

 

Ин оят ба вазифаҳои Паёмбар (с) дар дарёфти ваҳӣ ва иблоғи он ба мардум ишора карда ва мефармояд ; Худованд , ончиро,ки барои ҳидояти мардум лозим будааст, бар пояи ҳақ ва ҳақиқат, ба Паёмбараш (с) ваҳӣ кардааст ва Ӯ низ бекаму кост онро ба гуши мардум расонда ва дар қолиби китоб, мактуб ва мондагор шудааст.

Дар ин миён, иддае сухани Ӯро мепазиранд ва аз ҳидояти иллоҳӣ дар зиндагии худ баҳраманд мешаванд ва иддае аз рӯи таасуб ё тақлиди нобаҷо ё душманӣ ва лаҷоҷат,зеро бо пазириши он намераванд ва дар гумроҳӣ боқӣ мемонанд.

Табиӣ аст орзуи паёмбар,ки муалим ва роҳнамои дилсузи башар аст, имон овардани ҳамаи мардум аст, аммо вақте бархе афрод намехоҳанд имон биоваранд,наметавон онҳоро ба ин кор маҷбур кард ва худро қайими умури оннон донист.

Аз ин оя меомӯзем;

Асоси Қурон, баёни ҳақ ва табйини ҳақоиқи ҳастӣ аст. Матолиби он саропо ҳақ аст ва ҳеҷгуна ботиле дар он роҳ надорад. Қурон ба ин манзур нозил шудааст,ки башар бо таваҷуҳ ба раҳнамудҳои он,роҳи дурустро биёбад ва ҳидоят шавад.

Инсонҳо дар интихоби роҳи худ озоданд,албатта бояд масулияти роҳеро,ки интихоб мекунанд ва осор ва паёмадҳои онро бипазиранд.

Вазифаи паёмбарон, иблоғи ваҳии иллоҳӣ аст, на иҷбори мардум ба пазириши он.