Қисмати 856 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 42 -45
Қисмати 856 сураи муборакаи " Зумар " ояти 42- 45
42
اللَّـهُ یَتَوَفَّى الْأَنفُسَ حِینَ مَوْتِهَا وَالَّتِی لَمْ تَمُتْ فِی مَنَامِهَا فَیُمْسِکُ الَّتِی قَضَى عَلَیْهَا الْمَوْتَ وَیُرْسِلُ الْأُخْرَى إِلَى أَجَلٍ مُّسَمًّى إِنَّ فِی ذَلِکَ لَآیَاتٍ لِّقَوْمٍ یَتَفَکَّرُونَ
Худованд, рӯҳи мардумро ба ҳангоми маргашон ба таври комил мегирад ва ( рӯҳи) касеро,ки намурдааст,ба ҳангоми хоби ӯ ( мегирад .) пас ( рӯҳи ) касеро,ки марг бар ӯ қатъӣ шуда, нигоҳ медорад ва он дигареро то замони муаян ( ба ҷисми ӯ ) боз мегардонад. Бешак дар ин амр,барои гурӯҳе,ки меандешанд, нишонаҳое ( аз қудрати Худо ) аст.
Ҳамонтавре,ки мефармояд, Худованд арвоҳро ба ҳангоми марг қабз мекунад ва арвоҳи зиндагонро низ ба ҳангоми хоб мегирад. Аммо арвоҳи касонеро,ки фармони марги онҳоро содир карда, нигаҳ медорад, дар натиҷа онон мемиранд ва арвоҳи дигареро,ки фармони марги онҳоро содир карда, нигаҳ медорад, дар натиҷа онон мемиранд ва арвоҳи дигареро,ки фармони идомаи ҳаёташон дода,то саромади муаян ба баданҳояшон боз мегардонад.
Дар баҳси тавҳид ва ширк,яке аз масоиле,ки Қурон бар он таъкид дорад,ин аст,ки ҳаёт ва марги инсонҳо фақат ба дасти Худост ва дар ин кор ҳеҷ шарике барои Худо вуҷуд надорад.
Қурон дар ин оят ба ду буъди инсон яъне ҷисм ва рӯҳи ӯ ишора мекунад. Ба ҳангоми марг, робитаи рӯҳ ва ҷисми шумо қатъ мешавад.
Ҷисм аз байн меравд, аммо рӯҳи шумо тавассути худо қабз мешавад ва то рӯзи қиёмат,ки ба ҷисме ҳамонанди ҷисми шумо мулҳақ шавад, назди худо мемонад.
Албатта шумо дар тули зиндагии худ, ҳар рӯз як марги воқеъиро таҷриба мекунед ва он ҳангоме аст,ки ба хоб меравед. Дар хоб, иртиботи рӯҳи шумо бо ҷисми шумо ба камтирин ҳадди худ мерасад, ба тавре,ки гӯё дар хоб мемиред ва ба ҳангоми бедор шудан, дубора зинда мешавед.
Тамоми инсонҳо дар хоб,рӯё мебинанд ва чи басо дар олами рӯё, ба нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон сафар кунанд, хушҳол шаванд ва биханданд,ё ғамгин шаванд ва бигирянд. Ин амр низ нишонаи истиқлоли рӯҳ аз ҷисм аст. Зеро тамоми ин рӯйдодҳо беон,ки ҷисм ҳаракате анҷом диҳад,иттифоқ меафтад.
Лизо хоб яке аз нишонаҳои қудрати худованд аст,ки агар дар он таамул ва тафаккур шавад,аз як сӯ,дарси ибрате барои инсон аст,ки бидонад чи бисёр афроде буданд,ки хобиданд ва дигар аз хоб бар нахостанд,ӯ ҳам мумкин аст,ки хобаш ба марг бианҷомад. Аз сӯи дигар,далеле бар буъди ғайри модии инсон аст,ки дар ояҳо ва ривоятҳо,аз он ба рӯҳ таъбир шудааст.
Аз ин оя меомӯзем,ки;
Ҷисм ва рӯҳ ду ҳақиқати мустақил ҳастанд ва ҳангоми марг ё хоб аз ҳам ҷудо мешаванд.
Ҳангоми марг,ҷисми инсон аз байн меравад,вале рӯҳ пас аз марг боқӣ мемонад.
Хоб, бародари марг аст. Дар хоб, инсон ҳолати заифе аз маргро таҷриба мекунед.
Хоб ва бедорӣ пас аз он, ҳар рӯз барои ҳамаи инсонҳо рӯх медиҳад,аммо танҳо инсонҳои хирадманд ва аҳли андеша дар ин падидаҳо таамул мекунанд ва аз онҳо дарс мегиранд.
43
أَمِ اتَّخَذُوا مِن دُونِ اللَّـهِ شُفَعَاءَ قُلْ أَوَلَوْ کَانُوا لَا یَمْلِکُونَ شَیْئًا وَلَا یَعْقِلُونَ
Оё ( мушрикон) ба ҷои Худо, (бутҳоро ) шафиони ( худ ) гирифтаанд? Бигу; оё агар молики ҳеҷ чиз набошанд ва қудрати таақул надошта бошанд ( боз ҳам шафеи шумо хоҳанд буд ) ?
44
قُل لِّلَّـهِ الشَّفَاعَةُ جَمِیعًا لَّهُ مُلْکُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ثُمَّ إِلَیْهِ تُرْجَعُونَ
Бигу тамоми шафоатҳо аз они худост. Фармонравои осмонҳо ва замин барои Ӯст, сипас ба сӯи Ӯ боз гардонда мешавед.
Аз назари таърихӣ, мушрикон бутҳоро воситаи миёни худ ва Худо дониста ва мегуфтанд; мо бутҳоро мепарастем то барои мо назди Худо шафоат кунанд. Дар воқеъ мушрикон бутҳои сангӣ ва чубиро намоде аз умури муқаддас медонистанд,ки бо таъзим дар баробари онҳо,заминаи ҷалби таваҷуҳи онҳо фароҳам мешавад.
Қурон дар ин ояҳо дар посух ба ин тафаккури нодуруст мефармояд; ин,ки чи касе ё чи чизе метавонад миёни шумо ва Худо восита шавад, ба дасти Худост,на он,ки шумо ҳар чизеро бихоҳед восита қарор диҳед.Ба хусус ҳангоме,ки ашёи беҷон монанди бутҳоро мепарастед, бутҳое,ки на ақл ва шууре доранд ва на тавони анҷоми коре/ агар шумо мепазиред,ки тамоми ҳастиро Худо офарида ва танҳо Ӯ молик ва ҳокими ин ҷаҳон аст, чаро ба суроғи махлуқоти беҷони Ӯ меравед ва аз онҳо шафоат металабед? Ба ҳар ҳол, шафеъ барои шафоат кардан бояд аз ҷониби Худо иҷоза дошта бошад. Бар асоси ояҳои Қурон, паёмбарони иллоҳӣ метавонистанд миёни инсон ва худо восита шаванд ва ин кор ба изни Худо будааст, чунон,ки дар саргузашти ҳазрати Юсуф (а), бародаронаш дар поёни моҷаро аз кори худ пушаймон шуданд ва падарашон ҳазрати Яъқуб (а) ро воситаи миёни худ ва худо барои омурзиши гуноҳонашон қарор доданд.
Аз ин оятҳо меомӯзем;
Қурон асли шафоатро рад намекунад,балки шафоати бутҳо ва ончиро мушрикон мепурсиданд, радд мекунад.
Воситаи миёни мо ва Худо, бояд бартар аз мо бошад,на пасттар аз мо/ ҳам дарк ва шуур дошта бошад, ҳам тавоноии кумак кардан ва баровардани хостаҳои мо/ чигуна аз бутҳо ва ё дигар мавҷудоте,ки на ақл ва шуур доранд ва на қудрат, метавон интизори кумак дошт? Низоми ҳастӣ,бар пояи асбоб ва иллал аст, аммо таъсиргузории асбоб ва илал низ ба дасти Худост.
45
وَإِذَا ذُکِرَ اللَّـهُ وَحْدَهُ اشْمَأَزَّتْ قُلُوبُ الَّذِینَ لَا یُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ وَإِذَا ذُکِرَ الَّذِینَ مِن دُونِهِ إِذَا هُمْ یَسْتَبْشِرُونَ
Ва ҳар гоҳ худо ба ягонагӣ ёд шавад, дилҳои касоне,ки ба охират имон надоранд, безор ( ва мутанафир ) мешавад ва ҳар гоҳ аз ғайри Ӯ ёд шавад,ба ногоҳ шодмон мешавад.
Дар ин оят, эҳсоси нохушоянди мушрикон ва мункирони маод бар хурд бо тавҳид, мунъакис шудааст. Мефармояд; ҳангоме,ки номи Худованди ягона бурда мешавад, дилҳои касоне,ки ба охират имон надоранд,мутанафир мегардад,аммо ҳангоме,ки аз маъбудҳои дигар сухан ба миён меояд, ғарқ дар сурур ва шодӣ мешавад. Мушрикон ва бисёре аз афроди сустимон,ки фақат дунёро мебинанд ва ба охират бовар надоранд, ҳар гоҳ дар бораи Худо ва илм ва қудрати беинтиҳои Ӯ сухан гуфта шавад,ибрози нороҳатӣ ва безорӣ мекунанд. Зеро дили ингуна афрод ба Худо муҳкам нест ва гумон мекунанд корҳо аз дасти дигарон бар меояд,на Худо! Дар зиндагӣ ба ҳар касе такя мекунанд, аммо ба Худо тавакул намекунанд. Онҳо дар баробари Худованде,ки офаридагори ҷаҳон аст, сари таъзим фурӯд намеоваранд, аммо дар баробари инсонҳо ва афроде ҳамонанди худ, зону мезананд ва таъзим мекунанд. Дар воқеъ ёд ва номи касоне,ки дорои мақом ва мавқеъият ва ҷойгоҳи бартаре ҳастанд, барои онҳо мояи ифтихор аст ва ҳарчи битавонанд худро ба онҳо наздиктар кунанд, эҳсоси шодмонии бештар карда ва мепиндоранд,ки ба саодат расидаанд. Нуқтаи муқобили онҳо муъминоне ҳастанд,ки аз шунидани номи Худованди ягонаи олим, шуру нишот меёбанд ва ҳозиранд ҳарчи доранд, дар роҳи Ӯ нисор кунанд. Номи Худо барои онон сурурофарин аст, ҷонашро муаттар ва қалбашро равшан месозад.
Аз ин оя меомӯзем;
Аз нишонаҳои имони воқеъӣ ин аст,ки бибинем бо ном ва ёди худо ором мегирем ва дилхуш мешавем,ё ном ва ёди ғайри Худо, муҷиби шодмонӣ ва сурури мо мешавад!
Агар дастури Худоро кучак бишуморем ва ба онҳо беэътиноӣ кунем ва қавонини башариро бартар бидонем, гирифтори ширк шудаем,гарчи иддаъои имон кунем.