Қисмати 857 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 46-50
Қисмати 857 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 46-48
46
قُلِ اللَّـهُمَّ فَاطِرَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ عَالِمَ الْغَیْبِ وَالشَّهَادَةِ أَنتَ تَحْکُمُ بَیْنَ عِبَادِکَ فِی مَا کَانُوا فِیهِ یَخْتَلِفُونَ
Бигу; Худовандо!Эй офаринандаи осмон ва замин Эй донои ниҳон ва ошкор, ту дар миёни бандагонат дар ончи ихтилоф мекарданд, доварӣ хоҳи кард.
Дар ояҳои қабл сухан аз танафури мушрикон аз нигоҳи тавҳидӣ ва дилбастагии онон ба худоён ва воситаҳои мавҳуми дунявӣ буд. Ин оят дар идома хитоб ба Расули Худо мефармояд; аз онҳо рӯйи дигарон ва ба даргоҳи Худованди якто,ки офаринандаи осмонҳо ва замин ва огоҳ аз ҳамаи асрор аст,рӯй биёвар,ки Ӯ дар рӯзи қиёмат, миёни бандагон дар мавриди ончи,ки ихтилоф мекарданд, доварӣ хоҳад кард.
Дар қиёмат,ҳоким ва фармонравои мутлақ Худост ва Ӯ аз ҳамаи асрор огоҳ аст. Бо доварии Ӯ ихтилофҳо поён меёбад. Дар додгоҳи қиёмат,гумроҳони лаҷуҷ роҳе барои инкори ҳақиқат надоранд ва ба иштибоҳ будани роҳу равиши худ эътироф ва иқрор мекунанд, аммо ин эътироф, дигар сӯде ба ҳоли онон надорад.
Аз ин оят меомӯзем;
Бар хилофи касоне,ки ба ғайри Худо дил супурдаанд, ба Худованде,ки офаридагори олами ҳастӣ аст, рӯй биёварем ва ба Ӯ таваҷуҳ кунем.Он,ки осмон ва заминро офарида,бар ҳамаи умури махлуқоташ аам аз умури зоҳирӣ ё пинҳонии онҳо огоҳ аст.
Доварии Худованд дар мавриди инсонҳо бар пояи илм ва огоҳӣ аст, аз ошкор ва ниҳони инсонҳо.
47
وَلَوْ أَنَّ لِلَّذِینَ ظَلَمُوا مَا فِی الْأَرْضِ جَمِیعًا وَمِثْلَهُ مَعَهُ لَافْتَدَوْا بِهِ مِن سُوءِ الْعَذَابِ یَوْمَ الْقِیَامَةِ وَبَدَا لَهُم مِّنَ اللَّـهِ مَا لَمْ یَکُونُوا یَحْتَسِبُونَ
Ва касоне,ки ситам кардаанд, агар тамоми ончи дар замин аст ва ҳамонандашро бо он дошта бошанд,ҳамаи онро барои раҳоии Худ аз азоби сахти рӯзи қиёмат, фадия хоҳанд дод.Ва Дар он рӯз аз сӯи Худованд, барои онҳо чизҳое ошкор мешавад,ки ҳар гиз гумон намебаранд Ва ҳисобашро намекарданд ,
48
وَبَدَا لَهُمْ سَیِّئَاتُ مَا کَسَبُوا وَحَاقَ بِهِم مَّا کَانُوا بِهِ یَسْتَهْزِئُونَ
Ва Дар он рӯз бадии ончи,ки муртакиб шудаанд,барои онон ошкор хоҳад шуд ва ончиро ба тамасхур мегирифтанд,ононро фаро хоҳад гирифт.
Дар идомаи ояҳои қабл,ки дар бораи доварии Худованд ва қиёмат буд,ин оят мефармояд; ҳамаи касоне,ки дар золим буданд, гирифтори сахттарин азибҳо хоҳанд шуд ва чи басо азобҳое дар қиёмат барои онҳо ошкор шавад,ки ҳатто қаблан тасавурашро ҳам намекарданд.
Вожаи зулм дар фарҳанги Қурон, ҳам шомили зулми фикрӣ ва эътиқодӣ мешавад, монанди ширк ва куфр/ ҳам шомили зулм ба дигарон дар сатҳи хонавода ва ё ҷомиъа / аммо равшан аст,ки зулми фикрӣ ва фарҳангӣ, хатар ва осеби бисёр бештар аз зулми иҷтимоӣ аст. Зеро дар хеле аз маворид,зулми иҷтимоӣ қобили ҷуброн аст, аммо зулми фарҳангӣ гоҳ инҳирофи наслҳо ва ҷавомеъро дар пай дорад ва ҷомиъаофарин аст. Лизо ислоҳ ва ҷуброни он низ сахттар аст.
Албатта кайфари сахти бадкорон, бар асоси адли Худованд аст ва Худо ҳатто ба золимон ҳам заррае ситам намекунад. Лизо идомаи оят мефармояд; ин кайфар, таҷасуми корҳои бади онон дар дунёст,ки имрӯз ба шакли оташи дузах намоён шудааст. Онҳо то вақте,ки дар дунё буданд,ба фикри ҷамъи амвол ва дороиҳо буданд ва гумон мекарданд,ки бо доштани сарвати бисёр ба саодат хоҳанд расид, лизо ончиро дар бораи қиёмат мешуниданд ва ҳушдорҳоеро,ки дар қиёмат мекарданд, мавриди тамасхур қарор медоданд. Онҳо ҳушдорҳои афроди дурусткор дар бораи қиёматро,мавҳумоти инсонҳои ҷоҳил ва ғайри мутамадин мешумурданд.
Аммо имрӯз,ки дар саҳрои маҳшар ҳозир шудаанд, ба чашми худ мебинанд,ки ончиро ба тамасхур мегирифтанд, онҳоро сахт гирифтор сохта ва чизҳоеро,ки дар дунё касб кардаанд, дар инҷо ба корашон намеояд.
Аз ин ояҳо меомӯзем ;
Қудрат ва сарвати дунё, дар охират ба ҳеҷ коре намеояд, гарчи ҳамаи сарвати кураи замин, дар ихтиёри инсон бошад.
Кайфарҳои дузахӣ,ҷилвае аз корҳои бади дунявии инсон аст.
Рӯзи қиёмат,рӯзи кашф ва зуҳур аст ва дар онҷо тамоми асрор ошкор мешавад. Дар қиёмат, ҳақоиқи биҳишт ва дузах барои башар равшан мешавад.
Муроқиб бошем аҳком, боварҳо ва арзишҳои диниро ба тамасхур нагирем,ки дар қиёмат мояи андуҳ ва ҳасрати мо хоҳад шуд.
49
فَإِذَا مَسَّ الْإِنسَانَ ضُرٌّ دَعَانَا ثُمَّ إِذَا خَوَّلْنَاهُ نِعْمَةً مِّنَّا قَالَ إِنَّمَا أُوتِیتُهُ عَلَى عِلْمٍ بَلْ هِیَ فِتْنَةٌ وَلَـکِنَّ أَکْثَرَهُمْ لَا یَعْلَمُونَ
Пас чун осебе ба инсон бирасад, моро мехоҳанд. Сипас ҳангоме,ки аз ҷониби худ неъмате ба Ӯ атто кунем, мегуяд; бар пояи дониш ва кордонии худам ин неъмат ба ман дода шудааст. Чунин нест балки он неъмат, озмоише аст барои Ӯ вале бештари онон намедонанд,
50
قَدْ قَالَهَا الَّذِینَ مِن قَبْلِهِمْ فَمَا أَغْنَى عَنْهُم مَّا کَانُوا یَکْسِبُونَ
Ба рости касоне,ки пеш аз онон буданд, низ ин суханро гуфтанд, вале ончиро ба даст меоварданд, сӯде барои онҳо надошт.
Ин ояҳо ба яке аз вижагиҳои инсонҳои носипос ишора карда ва мефармояд; умуми инсонҳо танҳо дар замони сахтӣ ва мушкилот ба ёди Худо меафтанд ва Ӯ ро мехонанд. Аммо ин амр мувақатӣ аст ва ҳангоме,ки мушкилоташон ба ёди Худо меафтанд ва Ӯро мехонанд. Аммо ин амр мувақатӣ аст ва ҳангоме,ки мушкилоташон бартараф шавад,Худоро фаромуш мекунанд ва мегуянд ; ин илм ва кордонии худам буд,ки муҷиби рафъи мушкилотам шуд ва ин неъматҳо ва имконотҳоро ба даст овардам.
Қурон дар посух ба ин афроди камзарфият ва худписанд мефармояд; ончи ба шумо дода шуда,асбоби озмоиши шумост то мушахас шавад,ки дар амал,шукри неъматҳои худоро ба ҷо меоваред ё онки неъматҳои Ӯро куфрон ва носипосӣ мекунед.
Идомаи ояҳо мефармояд ; ин наҳваи бархурд бо неъматҳои иллоҳӣ, дар тули таърих низ собиқа дошта ва касоне,ки ба молу сарват ё мақом ва манзалате расидаанд,Худоро фаромуш карда ва гумон кардаанд ончиро ба даст овардаанд,метавонад дар дунё ва охират,онҳоро кифоят кунад. Дар ҳоле,ки ончиро ба даст овардаанд, метавонад монеъи таҳуқуқи ирода ва хости иллоҳӣ дар бораи онҳо шавад ва на дар охират метавонад онҳоро аз кайфари аъмоли бадашон раҳоӣ бахшад.
Аз ин ояҳо меомӯзем;
Дар фишорҳо ва ҳаводис ва сахтиҳои зиндагӣ, инсон ба заъф ва нотавонии худ пай мебарад.
Ин фишорҳо, муҷиби бедор шудани инсон ва шукуфоии фитрати Худоҷӯии Ӯ мешавад, дар натиҷа Худоро садо мезанад ва ба Ӯ рӯй меоварад.
Рифоҳ ва осудагии инсон,заминае барои ғафлат аз ёди Худо ва ғурур ва худбинӣ аст.
Сахтиҳо ва неъматҳо ҳар ду асбоби озмоиши инсон ҳастанд то ҷавҳари воқеиӣ ӯ ошкор шуда ва афроди сипосгузор ва носипос аз ҳам мутамоиз шаванд.