Қисмати 858 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 51-53
Қисмати 858 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 51-53
51
فَأَصَابَهُمْ سَیِّئَاتُ مَا کَسَبُوا وَالَّذِینَ ظَلَمُوا مِنْ هَـؤُلَاءِ سَیُصِیبُهُمْ سَیِّئَاتُ مَا کَسَبُوا وَمَا هُم بِمُعْجِزِینَ
Пас ( натиҷаи ) корҳои баде,ки муртакиб шуда буданд,ба онон расид ва касоне аз инон,ки ситам карданд,ба зуди ончи анҷом додаанд,ба онон хоҳад расид ва онон наметавонанд моро дармонда кунанд.
Дар ояҳои қабл, сухан аз мардуми носипосе буд,ки дар сахтиҳо худоро ёд мекунанд,аммо дар рифоҳ ва неъмат,Худоро фаромуш карда ва неъматҳоро аз худ медонанд,на аз ҷониби Худо! Ин оят дар идома мефармояд; он сахтиҳо ва мушкилоте,ки ба онон расида буд,натиҷаи корҳои худашон буд, чунон,ки дар оянда низ натиҷаи зулмҳое,ки дирӯз карда ва имрӯз мекунанд,ба онон хоҳад расид. Албатта натиҷаи аслӣ ва ниҳоии аъмолашон,дар қиёмат онҳоро дар бар хоҳад гирифт ва онҳо набояд гумон кунанд,ки метавонанд дар дунё ва охират аз натиҷаи қаҳри худ бигрезанд.
Аз ин оят меомузем;
Ҳамонтавр,ки дар низоми модии табиат,қонуни амал ва аксуламал ҳоким аст,дар мавриди корҳои инсон низ ин суннати иллоҳӣ ҳоким аст.Лизо ҳар кунише, вокуниши мутаносиб бо худро дар пай дорад.,ки инсон дер ё зуд бо он рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Неъматҳо аз ҷониби Худост, аммо сахтиҳо ва мушкилот натиҷаи тасмимот ва иқдомҳои нодурусти худи мост.
52
أَوَلَمْ یَعْلَمُوا أَنَّ اللَّـهَ یَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَن یَشَاءُ وَیَقْدِرُ إِنَّ فِی ذَلِکَ لَآیَاتٍ لِّقَوْمٍ یُؤْمِنُونَ
Оё надонистаанд, ки Худованд рӯзиро барои ҳар, ки бихоҳад, густурда ё танг месозад? Ҳамоно дар ин амр барои касоне, ки имон меоваранд, нишонаҳое аст.
Дар оятҳои қабл омада буд, ки иддае неъматҳоро ба илми худ нисбат медоданд, ин оят дар радди ин дидгоҳи нодуруст мефармояд: асли ризқ аз ҷониби Худо ва ба дасти Ӯст, лизо ин гуна нест, ки ҳарки илм дошта бошад, ба ризқ ва рӯзӣ мерасад.
Албатта инсон мувазаф аст ба касб ва дониш ва кушиш ва талош дар умури зиндагӣ аст ва Худованд афроди ҷоҳил ё коҳил ва беамалро дӯст надорад, дар ин ҳол, инсон набояд гумон кунад, ки ҳамаи чиз тобеи хост ва ирода ё кушиш ва талоши ӯст.
Ризқ, он чизе аст, дар ниҳод ба инсон мерасад ва тобеи авомили мухталифи фардӣ ва ичтимоӣ аст ва Худованд бар асоси ҳикмати худ, онро байни мардум тақсим мекунад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Вазифаи мо кушиш ва талош барои касби маош аст, аммо мизони бархурддории ҳар кас аз ризқ, тобеи ҳикмати илоҳӣ аст.
2 – Адолати илоҳӣ дар ризқ, ба маънои яксон будани рӯзии ҳамаи мардум нест, балки Худованд бар асоси авомили мухталифе, ки дар низоми ҳастӣ қарор дода, ризқи афродро мутафовит муайян мекунад, албатта Ӯ аз ҳар кас ба мизоне, ки ба ӯ ризқ ва рӯзӣ дода, саввол ва бозхост мекунад.
53
قُلْ یَا عِبَادِیَ الَّذِینَ أَسْرَفُوا عَلَى أَنفُسِهِمْ لَا تَقْنَطُوا مِن رَّحْمَةِ اللَّـهِ إِنَّ اللَّـهَ یَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِیعًا إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِیمُ
"Эй Паёмбар!" бигу: эй бандагони ман, ки бар нафси худ зиёдаравӣ "Ва ситам" кардаед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед, ҳамоно Худованд ҳамаи гуноҳонро мебахшад, зеро Ӯ бисёр омӯрзанда ва меҳрубон аст.
Ин оят яке аз умедбахштарин оятҳои илоҳӣ аст, дар инҷо Худовад бо лаҳниоканда аз ниҳояти лутф ва муҳаббат, оғуши раҳматашро ба рӯйи ҳамагон боз карда ва фармони авфи умумиро содир намудааст. Ин оят хитоб ба ҳамаи гунаҳкорон ва ксоне, ки ба худ зулм кардаанд, мефармояд: роҳи бозгашт ҳамвора боз аст ва лутф ва раҳмати илоҳӣ ба гунае аст, ки ҳеч кас набояд аз раҳмати Ӯ ноумед шаванд ва гумон кунад, ки Худо ӯро намебахшад.
Оре дарҳои ғуфрон ва раҳмат ба рӯйи ҳамаи бандагон кушодааст, муҳим ин аст, ки инсон бифаҳмад хато карда ва ба худ ояд. Ҳангоме, ки ҳолати пушаймонии воқеӣ дар инсон эҷод шавад ва тасмим бигирад, ки таъғири масир дода ва аз роҳи хато боз гардад, заминаи мағфират ва бахшиши илоҳӣ фароҳам мешавад ва Худованд ӯро меомӯрзад.
Ин аз алтофи Худованд аст, ки инсонҳои гунаҳкорро, бандагони худ хитоб мекунад, монанди падаре, ки аз корҳои фарзандаш нороҳат аст, аммо барои даъвати ӯ ба тарки корҳои зишт мегуяд: ҳарчӣ бошад ту фарзанди ман ҳастӣ ва ман гузаштаи туро мебахшам, кушиш кун аз ин ба баъд ингуна хатоҳоро такрор накуни.
Дар воқеъ ҷумлаи "Бар хеш ситам кардаед" ки дар ин оят омада, аз ин нукта ҳикоят мекунад, ки эй инсон рафтори зишт ва нописанди ту, ба касе ҷуз худат зиён намерасонад, пас бар худат ситам макун ва ба фикри худат бош.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Раҳмати илоҳӣ маҳдуд нест, балки ҳамаи бандагони Худоро шомил мешавад ва ихтисосе ба муъминон надорад.
2 - Омӯрзиши гуноҳон, иқтизои раҳмати илоҳӣ аст, лизо ноумед аз раҳмати Худо ҷоиз нест ва гунаҳкорон набояд дар ҳеч ҳолате аз раҳмати Худо ноумед шаванд.
3 – Гуноҳ, навъе ситам ба худ ва хориҷ шудан аз масири эътидол ва миёнаравӣ аст.
4 – Касе, ки бо гуноҳ, аз дастуроти илоҳӣ нофармонӣ мекунад, дар ҳақиқат ба худаш зиён мерасад, на ба Худованд.